Фанни Иқтисоди миллӣ

Ширкати оффшорӣ

Муассисаҳои тиҷоратие, ки дар марказҳои «офф-шор» ташкил карда шудаанд, ба худ номи «Ширкатҳои оффшорӣ»-ро гирифтаанд. Истилоҳи «ширкати оффшорӣ» истилоҳи ҳуқуқӣ ба шумор намеравад. Мафҳуми ширкати оффшорӣ ва мақоми он бо қонуни махсус ё дигар санадҳои меъёрӣ муайян карда мешавад. Ширкати оффшорӣ – ин ширкате мебошад, ки нисбати мамлакати қайди худ ғайрирезидент ба ҳисоб рафта, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудааст. Аммо ин ширкат бояд барои чунин озодкунӣ ҳамасола маблағи муқарраркардаеро пардохт намояд. Дар ширкатҳои оффшорӣ пеш бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобдорӣ ба ҳадди камтарин расонида шудааст (Ирландия, Швейсария). Дар баъзе марказҳо талаботи пеш бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ умуман мавҷуд нестанд (ҷазираҳои Антил ва Нормандӣ, Либерия, Лихтенштейн, Панама). Ба ширкатҳои оффшорӣ дар ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои худ ҳам ба манфиати иштирокчиёни он ва ҳам ба манфиатҳои шахсии ширкат озодии пурра пешниҳод карда шудааст. Онҳо метавонанад тамоми амалиётҳои савдо ва молявиро дар тамоми ҷаҳон амалӣ намоянд. Бартарии асосии ширкатҳои оффшорӣ чунинанд: имконияти бастани қарордодҳои савдо бо шартҳои имтиёзнок, дар мӯҳлати камтарин амалӣ намудани амалиётҳои молиявии байналхалқӣ тибқи асъори харидор ва фурӯшанда, дар ҳамон ҷо аз ҳисоб баровардани тамоми хароҷотҳое, к ибо бастани шартномаҳо алоқаманданд, махфӣ будани соҳибон, ки бо сабабҳои гуногун дар додани иҷозатнома ва пешниҳод намудани ҳуқуқҳои истисноӣ ба ширкат ва ҳамзамон истисно накардани имконияти фурӯхтани молҳоро дар дигар мамлакатҳо ё бо дигар тамға дар ҳамон мамлакат, аҳамияти калон дорад.

Ширкати оффшорӣ бо мақсадҳои аниқу муайян таъсис дода мешавад. Ин мақсадҳо чунинанд:

  • Ба ҳадди камтарин расонидани пардохти андозҳо;
  • Амалӣ намудани вазифаҳои тиҷоратии тамоюли касбӣ, масалан байроқи мувофиқ;
  • Ташкили ширкатҳои холдингӣ;
  • Таъсиси имиҷ (байналхалқӣ ё миллӣ);
  • Ба даст овардан ва нигоҳ доштани амволи ғайриманқул аз номи ширкати оффшорӣ;
  • Таъмин намудани махфияти таъсиси ширкати оффшорӣ, яъне махфӣ будани номи соҳиби он, суратҳисобҳои бонкӣ ва ғ.;
  • Зарурияти тиҷоратии алоқаманд бо давр зада гузаштани ташкилотҳои гуногун ва эмбарго аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият ё молҳо;
  • Баланд бардоштани самаранокии амалиётҳои савдо ва молиявӣ.

Шаклҳои бақайдгирии ширкати оффшорӣ бо мавҷудияти ду низомҳои ҳуқуқии глобалӣ дар ҷаҳон муайян карда мешавад:

  • ҷазиравӣ ё англо-саксонӣ;
    • континенталӣ ё франко-олмонӣ. Тобишҳои ҳуқуқии маҳаллӣ маҳз аз низоми дар доираи ҳуқуқи мазкур қабулшуда вобаста мебошанд. Принсипҳои асосие, ки ба асоси таснифоти шаклҳои бурдани тиҷорат гузошта шудаанд, ва фаъолияти ширкати оффшориро муайян мекунанд, дар доираҳои ҳуқуқи ҷазиравӣ ва континенталӣ аз бисёр ҷиҳат монанд мебошанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

а) принсипи шахси ҳуқуқӣ, маънии онро дорад, ки субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ новобаста аз муассисон вуҷуд дорад. Соҳиби ширкати оффшорӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ на бевосита, балки тавассути шахси ҳуқуқие, ки аз тарафи ӯ идора карда мешавад ва масъулиятро дар доираи дороиҳои худ бар дӯш дорад, ворид мегардад;

б) принсипи «масъулияти маҳдуд», ки маънии онро дорад, ки тамоми шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии соҳибкорӣ ба муассисаҳо бо ҷавобгарии пурра ва муассисаҳо бо ҷавобгарии маҳдуди соҳибмулкон тақсим мешаванд. Шаклҳои омехтаи соҳибкорӣ низ метавонанд мавҷуд бошанд: ширкат ба боварӣ (ширкати коммандитӣ), ҷамъият бо масъулияти иловагӣ;

в) принсипи «кушода/пӯшида», маънии онро дорад, ки ширкати «пӯшида» ширкати хусусӣ ба ҳисоб меравад, ширкати «кушода» бошад – ин ширкати оммавӣ бо фурӯши кушоди саҳмияҳо аст.

Мақоми андозии ҳар як ширкат бо меъёри резидент будан ва меъёри ҳудудӣ муайян карда мешавад. Меъёри резидент будан пешбинӣ мекунад, ки ширкат резидент ҳисоб карда мешавад, агар соҳибӣ кардан, идоракунӣ ва назорат аз болои он дар ҳудуди мазкур амалӣ карда шавад. Ширкатҳои резидентии мамлакати мазкур нисбати тамоми даромадҳои худ, ки ҳам дар ҳудуди ин мамлакат ва ҳам дар хориҷи он ба даст меоранд, дар дохили мамлакат андозбандӣ карда мешаванд. Меъёри ҳудудӣ пешбинӣ менамояд, ки дар мамлакати мазкур танҳо он даромадҳое андозбандӣ карда мешаванд, ки дар ҳудуди он ба даст омадаанд.

Се намуди ширкатҳои оффшорӣ мавҷуданд:

  • ширкати ғайрирезидентӣ (поп Non-Resident);
  • ширкати аз андозҳо озодкардашуда (exetpt);
  • ширкати бизнеси байналхалқӣ (International Business Company).

Ширкати ғайрирезидентӣ – ин ширкате мебошад, ки соҳибмулкаш ғайрирезидент ба ҳисоб меравад. Дафтари асосӣ (марказӣ)-и чунин ширкат, чун қоида дар дигар мамлакат ба қайд гирифта шудааст. Барои чунин ширкат имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ карда мешаванд. Он вазифадор аст ҳар сол тафтиши аудиторӣ гузаронад, ки аз рӯи натиҷаҳои он андозҳо пардохт карда мешаванд.

Ширкате, ки аз андозҳо озод карда шудааст ин ширкати ғайрирезидентӣ мебошад, ки барои он андозбандии имтиёзнок ҷорӣ карда шудааст (ё аз пардохти андозҳо пурра озод карда шудааст, ё фоизи на он қадар баланди андоз аз фоидаро пардохт менамояд) ва ӯҳдадор аст, то ҳар сол тафтишоти аудиториро гузаронад.

Ширкати бизнеси байналхалқӣ — ин ҳамон ширкати оффшорӣ мебошад. Он низ ғайрирезидентӣ ба шумор меравад, аз андозҳо пурра озод карда шудааст, аммо вазифадор аст, то ҳар сол боҷи муқарраркардашударо пардохт намояд.

Ширкатҳои азим, ки дороиҳои байналхалқӣ доранд, моликияти худро бо роҳи таъсиси холдингҳои оффшорӣ ташкил менамоянд. Вазифаи асосии холдинги оффшорӣ ҷорӣ намудани идоракунии корхонаҳои фаръии хориҷӣ ба сифати зинаи марҳилавӣ байни онҳо ва соҳиби интиҳоӣ ба ҳисоб меравад. Ширкатҳои оффшорӣ бисёр вақт бо реинвойсинги савдоӣ машғул мешаванд.

Реинвойсинг – ҷараёни ҳаракати молҳо аз таҳвилгар ба харидор мебошад, ки ширкати оффшорӣ дар он танҳо барои ба расмият даровардани шартнома ва суратҳисобҳо истифода карда мешавад. Ширкати асосӣ (яъне модарӣ) бо ширкати оффшорӣ шартнома барои тамоми мол аз рӯи нархи ягона мебандад, ширкати оффшорӣ бошад, бо харидорони мамлакатҳои гуногун барои миқдорҳои муайяни ин мол шартнома мебандад. Ширкати асосӣ фоидаи муқарракардаро ба даст меорад, дар суратҳисоби ширкати оффшорӣ бошад, фарқияти аз шартномаҳои алоҳида бадастомада меистад, ки аз андозбандӣ пурра бароварда мешавад. Ширкатҳои оффшорӣ на танҳо бо реинвойсинги савдо машғул мешаванд. Онҳо флоти киштӣ доранд, барои суғурта кардани хатарҳои худ (агар имконияти ба арзиши аслӣ ё интиқоли маҳсулот дохил кардани ҳаққи суғуртавро дошта бошанд) филиалҳои суғуртавии оффшорӣ таъсис медиҳанд, ширкатҳои лизинги оффшорӣ ташкил мекунанд (агар захираҳои инвеститсионии ширкати оффшорӣ барои дастрас намудани таҷҳизот барои ширкати асосӣ истифода бурда шаванд).

2. Ширкати ҳуқуқии котиботӣ

Дар як қатор мамлакатҳо (Ирландия, Гибралтар ва ғ.) қонунгузории оффшорӣ амал мекунад, ки ба қайд гирифтани ширкатҳои бизнеси байналхалқиро бе ҳуқуқи фаъолият дар мамлакати бақайдгирӣ ва дар ин асос озод намудани онҳо аз андозҳо ва ҳисобдориро иҷозат медиҳад. Хизматрасониҳои котиботӣ – ин маҷмӯи хизматрасониҳои маъмурӣ мебошанд, ки пешниҳод кардани суроғаи ҳуқуқӣ ва ташкили расман ба қайд гирифтани ширкат, нигоҳдории ҳуҷҷатҳои низомномавие, ки барои нишон додан ба мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ заруранд, қабул ва фиристодани муросилотҳо, ташкил ва супоридани эъломияҳои андоз ва ҳисоботи солона, инчунин хизматрасонии ҳуқуқшиносро дар бар мегиранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ манфиатҳои соҳиби ширкати оффшориро дар мақомотҳои ҳукуматӣ намояндагӣ мекунад, соҳибмулконро дар бораи тағйирёбиҳои ҷорӣ дар қонунгузорӣ, тартиби ҳисобдорӣ ва ғ. хабардор мекунад. Ширкати ҳуқуқии котиботӣ метавонад ба шумораи зиёди ширкатҳои оффшории ба қайд гирифташуда хизмат расонад. Соҳибмулки чунин ширкати оффшорӣ танҳо бо ташвиши бурдани суратҳисоби бонкӣ маҳдуд мешавад. Барои кушодани суратҳисоб дар бонк тасдиқ намудани (апостилирование) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ талаб карда мешавад. Тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳо – ин тасдиқ намудани давлатии ҳуҷҷатҳо баъд аз тасдиқи нотариалии онҳо мебошад. Ҳуҷҷат дар бораи қонунигардонии ширкати бақайдгирифташуда тибқи меъёрҳои байналхалқӣ апостил ном дорад. Моҳиятан апостил – ин тасдиқномаи муассисаи давлатии мамлакати қайди ширкат, масалан, котиби давлатии штат мебошад, ки қонунбудани ҳуҷҷатҳои қайди ширкатро тасдиқ мекунад.

3. Намояндагии доимӣ

Дар мамлакатҳои гуногун фаъолияти ширкати хориҷӣ метавонад аз номи ӯ бо ба қайд гирифтани намояндагии доимӣ ё бе чунин бақайдгирӣ пеш бурда шавад. Истилоҳи «намояндагии доимӣ» танҳо барои муайян намудани мақоми андозии шахси ҳуқуқии хориҷӣ истифода карда мешавад ва арзиши ташкилӣ-ҳуқуқӣ надорад. Филиал, намояндагӣ, ҳар ҷои дигари амаликунии фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста аз он, ки оё чунин фаъолият тибқи қонунгузории мамлакати мазкур ва созишномаҳои байналхалқӣ дар бораи бартараф кардани андозбандии дукарата таҳти мафҳуми «намояндагии доимӣ» дохил мешавад ё не, ба сифати намояндагии доимӣ эътироф карда мешаванд. Барои ҳадафҳои андозбандӣ факти мавҷуд будан ё набудани аккредитатсияи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аҳамият надорад. Намояндагиҳои доимии ширкати хориҷӣ худашон андозсупоранда ба ҳисоб намераванд, чунки онҳо шахси ҳуқуқӣ нестанд. Аммо роҳбарони чунин намояндагиҳо дар назди мақомоти андоз барои фаъолияте, ки ширкати хориҷӣ тавассути намояндагии мазкур амалӣ мекунад, ҷавобгарии пурраро бар дӯш доранд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *