Фанни Иқтисоди миллӣ

Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва тадқиқоти мониторинги пастшавии камбизоатӣ

Ба хотири баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Э.Ш.Раҳмонов Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ таҳия гашт. Ноилшавӣ ба ҳадафҳои ин Ҳуҷҷат самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи асосии Стратегияи паст намудани камбизоатӣ афзоиши даромади воқеӣ дар мамлакат, тақсимоти одилонаи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини афзоиши сатҳи зиндагии гурӯҳи аҳолии аз ҳама камбизоат мебошад.

Ҳукумат чор унсури асосиро муайян намуд, ки онҳо дар якҷоягӣ узви Стратегияи паст намудани камбизоатиро ташкил медиҳанд.

Якум, ҳавасмандкунии рушди босуръат ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ боадолати иқтисодӣ бо роҳи ҷалбкунии захираҳои меҳнатӣ ба хотири афзоиш додани содироти мол аз ҷумҳурӣ;

Дуюм, таъмини самаранок ва боадолати хизматрасониҳои иҷтимоӣ;

Сеюм, дастгирии суроғадори гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ;

Чорум, идоракунии босамар ва баланд бардоштани бехатарӣ.

Ба хотири арзёбӣ намудани дастовардҳо дар бахши мубориза бар зидди камбизоатӣ Ҳукумат чанд нишондиҳандаи камбизоатиро интихоб намуда, ҳар яки онҳоро миқдоран меъёр гузошт, ки дар давоми мӯҳлати муайян ба онҳо ноил шудан лозим аст. Ин нишондиҳандаҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид чун Ҳадафи Рушди Ҳазорсола пазируфта шудаанд.1)[1]*

Нишондиҳандаҳои асосии Ҳадафи Рушди Ҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замимаи китоб оварда шудаанд.

Шиносоӣ бо рақамҳои дар Замима овардашуда нишон медиҳад, ки дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли 2005 нисбат ба соли 1999 чунин пешравиҳо ба назар мерасанд:

оид ба афзоиши даромадҳои воқеии аҳолӣ — маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1,9 баробар афзудааст;

оид ба идоракунии пайдарҳами макроиқтисодие, ки ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуда, барои афзоиши даромади аҳолӣ зарур аст – сатҳи беқурбшавӣ аз 26,3% ба 7,1% паст фуромадааст; қарзҳое, ки бонкҳо пешкаш намуданд аз 3,6% то 7,3% нисбат ба ММД афзудаанд (бо арзи миллӣ);

оид ба беҳсозии сифати хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ ва дастраскунӣ барои аҳолии камбизоат – касалиҳои арақаи шикампеч (домана) ва партифи АВС 4,2 баробар, касалии табларза 7,6 маротиба кам шудааст;

оид ба таъмини дастрасшавӣ ба хизматрасониҳои боэътимод дар соҳаи инфраструктура барои камбизоатҳо – миқдори телефонҳои сайёр (мубил), шумораи истифодакунандагони алоқаи Интернет.

Гурӯҳи нишондиҳандаҳое, ки вазъи ҳозира ва дар ояндаи дарозмуддат бояд дастрас шаванд дар ҷадвали 8.4. оварда шудаанд.

Ҷадвали 8.4.

Нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба паст намудани

сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон

Нишондиҳанда Cоли 2001 Нишондиҳандаи мақсадноки миёнамӯҳлат барои соли 2006 Нишондиҳандаи мақ-саднок барои соли 2015
Ҳиссаи аҳолии камбизоат,% 83 751 60
Бо таҳсилоти ибтидоӣ фаро гирифтаанд, % 77,7 82 90
Фавти кӯдак ба ҳар 100000 нафар навтаваллудшудагон (с.2000) 36,7 32 25
Фавти модар ба ҳар 100000 нвфар навтаваллудшудагон 43,1 40 35
Фоизи аҳолие, ки аз хизмати тиббии репродуктивӣ бархурдор мешавад 21,8 24 30
Ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД, % 30 40 60
Фоизи аҳолие, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дастрас аст 51,2 58 80
Сатҳи шуғли аҳолии қобили меҳнат, % 56 59 65-70

1) Тавре, ки иброз доштем, соли 2003 аҳолии камбизоат 64% ҳиссаи онро ташкил намуд.

Муаммои камбизоатӣ тақозо мекунад, ки дар қатори муайян намудани нақшаи чорабиниҳои дар Стратегия дарҷгардида ҳолати воқеии сатҳи камбизоатӣ аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда шаванд. Ба ин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи омори ҷумҳурӣ бо иштироки Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор тадқиқоти махсус оид ба масъалаи сатҳи зиндагии аҳолӣ интихобан гузаронида шуда буд. Аз ҷумла, соли 1999 дар 2000 хонаводаи ҷумҳурӣ масъалаи амиқ омӯхтани муаммо ва сабабҳои камбизоатӣ санҷида шуд.

Азбаски арзёбӣ намудани сатҳи камбизоатӣ ва муайян намудани теъдоди аҳолии камбизоат дар Тоҷикистон дар давраи гузариш баъзе нуқтаҳои баҳснок дорад, мавриди таҳқиқотгузаронӣ омилҳои зиёди таъсирбахш ба инобат гирифта шуда, ҳамаи онҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо карда шуданд:

1. Омили даромад (даромади оила аз рӯйи манбаъҳои он дар маҷмӯъ);

  1. Амволи дар ихтиёри худ доштаи аҳолӣ (мавҷудияти амволи манқул ва ғайриманқул, шароити манзили истиқомат ва хизматрасонии коммуналӣ);
  2. Захираҳои инсонӣ, ки маънои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, гирифтани маълумот, фаъолияти касбӣ, шуғл ва мавҷудияти бекориро дар худ мегирад.

Дар ин бахш яке аз хулосаҳо чунинанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «баландшавии сатҳи камбизоатӣ бо сабаби камшавии даромад» ба «баландшавии сатҳи камбизоатӣ дар самти камшавии молу мулк» ё «камбизоатӣ дар равияи коҳиши захираҳои инсонӣ» ба якдигар мутобиқу мушояат намекунанд.

Бинобар ин мониторинги паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар қатори омӯхтани муаммо ва сабабҳои камбизоатӣ, бояд на танҳо аз рӯйи даромад, балки инчунин, бо назардошти мавҷудияти амвол, дараҷаи маълумотнокӣ, ҳолати ҳифзи саломатӣ, тайёрии касбии аҳолӣ низ сурат гирад.

Ба хотири мониторинги Стратегияи паст намудани камбизоатӣ дастрас намудани маълумоти дақиқ нишондиҳандаҳои мушаххас пешкаш шуданд, ки ин чунин мавзӯҳои сатҳи зиндагиро фаро мегиранд:

  • демография,
  • маълумотнокӣ,
  • саломатии аҳолӣ,
  • рушди бозори меҳнат,
  • хизматрасонии манзил ва коммуналӣ,
  • бартариятҳои хоҷагии хонавода,

дастрасӣ ва истифода аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ.

Маҳз аз рӯйи ҳамингуна саволнома соли 2002 санҷиши сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи пешкашнамуда ва дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё гузаронида шуд.

Пурсиш дар 6000 хонаводаи1)[2]* ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 2000 хонаводаи шаҳрҳо ва дар 4000 хонаводаи деҳот бо фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат гузаронида шуд. Ин санҷиш «Тадқиқоти Мониторинги паст намудани камбизоатӣ» ном гирифтааст. Аз рӯйи шумораи хонаводаҳои фарогирифташуда мониторинги мазкур дар ҷумҳурӣ тадқиқоти калонтарине ҳисоб меёбад, ки ба хотири омӯхтани сатҳи зиндагии аҳолӣ доир гашта буд.

Хонавода ва оила мафҳумҳои гуногунанд: хонавода ин гурӯҳи одамоне мебошад, ки якҷоя зиндагӣ намуда, маблағҳои муштараки пулиро барои таъмини эҳтиёҷоти зарурӣ, масалан, барои хӯрок истифода мекунанд. Хонавода шарт нест, ки оила ҳисобида шавад. Фарқи байни мафҳумҳои «хонавода» ва «оила» дар чунин омилҳо ифода меёбад:

  • хонавода метавонад аз як нафар шахс иборат бошад, ҳол он ки оила камаш ду нафарро дар бар мегирад;
  • аъзоҳои хонавода зарур нест, ки хешу табор бошанд, аммо барои аҳли оила мавҷудияти хешу таборӣ ҳатмист.

Ҷадвали 8.5.

Тақсимоти аҳолӣ ва хонаводаҳо дар миқёси воҳидҳои марзию маъмурии Тоҷикистон (аз рӯйи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2000)

Воҳидҳои асосии маъмурӣ Аҳолӣ, ҳазор нафар Ифода бо фоиз Шумораи хонавода Ифода бо фоиз Шумораи миёнаи аъзоёни хонавода
Тоҷикистон 6132,0 100,00 1047020 100,00 5,86
ВМКБ 206,1 3,36 30933 2,95 6,66
Вилояти Суғд 1875,5 30,59 365136 34,87 5,14
Вилояти Хатлон 2149,5 35,05 307322 29,35 6,99
Душанбе 563,1 9,18 139239 13,30 4,04
НТҶ 1337,8 21,82 204390 19,52 6,55

Ҷадвали 8.6.

Шумораи хонаводаҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳоти Тоҷикистон (аз рӯйи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2000)

Воҳидҳои марзию маъмурӣ Шумораи хонавода Тақсимот бо фоиз
Шаҳр Деҳот Ҳамагӣ Шаҳр Деҳот Ҳамагӣ
Тоҷикистон 359807 687213 1047020 34,6 65,64 100,00
ВМКБ 4630 26303 30933 0,44 2,51 2,95
Вилояти Суғд 117955 247181 365136 11,27 23,61 34,87
Вилояти Хатлон 65576 241746 307322 6,26 23,09 29,35
Душанбе 139239 000 139239 13,30 0,00 13,30
НТҶ 32407 171983 204390 3,10 16,43 19,52

Маъхаз: Обследование мониторинга сокращения бедности 2002, саҳ 32.

Гузаронидани чунин тадқиқоти мониторингӣ ва дастрас намудани маълумоти навтарин барои муайян намудани сатҳи зиндагии воқеӣ ва ҳадди ақали рӯзгузаронӣ иттилооти муҳимеро пайдо намуда, барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали рӯзгузаронӣ» заминаи илмӣ муҳайё намудааст.

Тавре, ки иброз доштем, ташхиси мониторинги коҳишёбии камбизоатӣ (с. 2002) ба тариқи интихоб 6000 хонаводаи ҷумҳуриро дар бар гирифт, аз ҷумла 2000 хонавода дар шаҳрҳо 33,4% ва 4000-66,7% ташкил дод. Аз рӯйи сохтори минтақавию ҷуғрофӣ ҳамаи воҳидҳои марзию маъмурӣ дар миқёси 5 воҳиди маъмурӣ ВМКБ, ш. Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ фаро гирифта шудаанд, ки барои муқоисаи байни минтақавии нишондиҳандаҳо мусоидат мекунад (ҷадвали 8.5, 8.6). Дар миқёси воҳидҳои маъмурию марзӣ аз ҳама зиёд хонаводаҳо 2120 адад дар вилояти Суғд (35,3%) ба қайд гирифта шудаанд, дар вилояти Хатлон 1680 адад (28,0%), Ноҳияҳои тобеи марказ — 1160 хонавода (19,3%), дар вилояти ВМКБ ҳамагӣ — 240 хонавода ташхис гардид, ки (4%)-ро ташкил медиҳад, дар шаҳри Душанбе-800 хонавода (13,3%). Ташхис ба тариқи интихоб бо роҳи ҷамъоварии иттилоот ба саволҳои пешниҳодшуда сурат гирифт. Саволҳои ташхис ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти аҳолиро дар бар гирифта, мавзӯъҳоеро фаро гирифт, ки бевосита ба сатҳу сифати зиндагӣ, шароити хонаву ҷой, хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи саломатӣ, дастрасӣ ба маълумот, шуғл, амволи зарурӣ ва дигар ҷабҳаҳои шароити зиндагӣ вобаста аст. Саволу саволнома ба се суроға тааллуқ доштанд:

  1. Саволҳо ба хонавода;
  2. Саволҳои инфиродӣ;
  3. Саволҳо ба ҷамоатҳо (мақомоти ҳокимияти давлатӣ)

Шумораи саволҳо дар ҳар бахш ҳар гуна, масалан, барои тавсифи шароити хонаю ҷой 22 савол, нақлиёти ҷамъияти 4 савол, сатҳи зиндагӣ 11 савол, саволҳои инфиродӣ 43 савол, саволҳо ба ҷамоатҳо 14 савол, ҳамагӣ 97 саволи асосӣ пешниҳод шуда, баъзеи онҳо ба зерсаволҳо тақсим шуда буданд. Дар маҷмӯъ 120 савол гузошта шуд. Гурӯҳҳои корие, ки аз мутахасиссони махсус омодагашта иборат буда (10 гурӯҳ), ба гузаронидани ташхиси мазкур муттасаддӣ буданд, дар давраи аз 5 август то 20 сентябри соли 2002 ин корро доир намуданд. Бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор натиҷаҳо ҷамъбаст шуданд.

Арзёбии сатҳи зиндагӣ аз рӯйи 2 нишонаи асосӣ — молик будан ба амвол ва харҷи маблағ дар хонаводаҳо гузаронида шуд. Аз рӯйи ақидаи дар урфият вуҷуддошта — «Панҷ панҷа баробар нест» — ҳамаи 1,4 млн. адад хонаводаҳои мамлакат ба панҷ қисм (панҷа) тақсим шуда, ҳар яке баробари 20%, яъне панҷяки шумораи хонаводаҳоро ташкил мекунад. Инро квинтил1)[3]* ном гузоштанд.

Квинтилҳои аҳолӣ дар асоси коэффитсиентҳои амвол барои гузаронидани тадқиқоти мониторинги пастшавии камбизоатӣ чун василаи асосии таҳлилкунии маълумотҳо хизмат мекунад.

Шохиси (индекси) амвол чун нишондиҳандаи умумии вазъи иқтисоди хонавода қабул шудааст.

Натиҷаҳои ташхиси хонаводаҳо аз рӯйи нишонаҳои пешбаришуда нишон доданд, ки аз ҷиҳати соҳиб будан ба амвол мардум аз маҳалли истиқоматаш – шаҳр ё деҳот ба тарзи куллӣ фарқ мекунад. Дар гурӯҳи аз ҳама камбизоат (квинтили 1-ум) аҳолие қарор дорад, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад — 99,2%, дар шаҳрҳо бошад ҳиссаи мардуми қашшоқ ҳамагӣ 0,2% -ро ташкил мекунад (ҷадвали 8.7.).

Ҷадвали 8.7.

Тақсимшавии квинтилҳо дар шаҳру деҳот ва минтақаҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон (% аз шумораи аҳолӣ)

Квинтилҳои аҳолӣ
1 2 3 4 5 дар маҷмӯъ
Таносуби квинтилҳо дар шаҳру деҳот
дар ҷумҳурӣ 100 100 100 100 100 100
дар шаҳрҳо 0,8 6,0 16,6 30,8 80,4 26,9
дар деҳот 99,2 94,0 83,4 69,2 19,6 73,1
ВМКБ 3,7 4,4 5,8 2,8
Вилояти Суғд 24,2 37,1 37,7 33,5 26,1 31,7
Вилояти Хатлон 47,9 36,6 34,0 30,3 19,6 33,7
ш. Душанбе 0,1 1,0 2,4 6,7 36,8 9,4
НТҶ 27,8 25,3 22,2 25,0 11,7 22,4

Маъхаз: Обследование мониторинга сокращения бедности 2002, саҳ-39

Ташхисҳо нишон доданд, ки мардум бартариятҳои ҳаёти иҷтимоии худро ҳаргуна тасвир мекунанд, аммо гуфтан лозим аст, ки ингуна тасаввурот дар минтақаҳои алоҳида ба тарзи гуногун маънидод мешавад. Масалан барои аҳолии шаҳри Душанбе масъалаи оби тоза дар ҷойи 1-ум меистад, ки ба он 85,8%-и аҳолӣ овоз додааст, дар ҷойи 2-ум сиёсати зидди маводи мухаддир (83,5%-и ҷавобҳо), дар ҷойи 3-юм таъминоти барқ (81,5%) меистад. Аҳолии вилояти Хатлон масъалаҳои бартарӣ доштаро чунин гурӯҳбандӣ намудааст: обтаъминкунӣ дар ҷойи 1-ум, ёрии озуқа дар ҷойи 2-юм, ташкили ҷойи кор — ҷойи 3-юм. Дар вилояти Суғд ва НТҶ аҳолӣ «ташкили ҷойи кор»-ро бартарияти аввалин меҳисобад, обтаъминкуниро дар ҷойи 2-юм. Дар ВМКБ, ки 45% масоҳати ҷумҳуриро ташкил мекунад ва дар он 3% аҳолӣ зиндагӣ мекунад, чун минтақаи кӯҳӣ масъалаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳсозии роҳи монишгардро аз ҳама муҳим мешуморад, масъалаи обтаъминкунӣ бошад дар ҷойи 13-ум меистад.

Масъалаи ҷойи кор барои аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳама муҳим мебошад, ки бинобар ин 97% -и пурсишшудагон ин масъаларо аз ҳама муҳим мешуморанд.

Таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ яке аз самтҳои муҳими таъмини некӯаҳволӣ мебошад. Умуман дар ҷумҳурӣ 97,9%-и хонаводаҳо хонаҳояшонро бо барқ рӯшноӣ медиҳанд, ҳамагӣ 2%-и хонаводаҳо чароғи керосиниро истифода мекунанд. Аммо нарасидани барқ маҷбур месозад, ки ба аҳолӣ барқ аз рӯйи меъёр ва нақшаи (графики) маҳдуд ҷудо карда шавад.

Таъмини аҳолӣ бо гармидиҳии марказонидашуда яке аз нишондиҳандаҳои некуаҳволии он ҳисоб меёбад. Фаъолияти марказҳои гармидиҳӣ дар ҷумҳурӣ тақрибан 2 баробар маҳдуд гаштаанд. Агар соли 1989 52,2% хонаводаҳои шаҳрӣ ва 1,7% хонаводаҳои деҳот аз гармидиҳии марказонидашуда баҳравар шуда бошанд, соли 1999 ҳамагӣ 5,9%-и хонаводаҳо аз ин гуна хизматрасонӣ баҳраманд буданд. Солҳои охир масъалаи гармкунии хонаҳо аз гармидиҳии марказӣ ва инчунин бойлерҳои дохили хонагӣ беҳтар шуда истодааст.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар ҷумҳурӣ хонаводаҳо барои гармкунии хона ангишт, ҳезум, хошок ва таппакро истифода мекунанд. Ҳиссаи аҳолие, ки бо ин гуна сӯзишворӣ хонаҳояшонро гарм мекунанд 68,2%-и аҳолиро ташкил мекунад, аз ҷумла дар шаҳрҳо 33% дар қишлоқҷойҳо -85,5%. Барои гармкунии хона таппак ва хошокро 37,4% -и хонаводаҳо, аз ҷумла дар деҳот 48,6%-и хонаводаҳо истифода мекунанд. Дар ноҳияҳои ҷудогона ин таносуб ҳаргуна мебошад, ки аз ҷадвали 8.8, 8.9 ва 8.10 мушоҳида кардан мумкин аст. Сӯзишворие, ки аҳолӣ барои хӯрокпазӣ истифода мекунад, дар ҷумҳурӣ дар ҳолати гуногун қарор дорад. Дар қатори газ ва барқ истифодаи таппак махсусан дар қишлоқҷойҳо ба чашм мерасад, масалан, аз рӯйи ташхиси мониторингии соли 2002 барои хӯрокпазӣ дар деҳот 47,9% ҳезум, 31,4% таппак ва 6,2% ғӯзапоя ташкил мекунад.1)[4]*

Сатҳи баланди электрикунонӣ дар давраи ҳокимияти шӯравӣ ба даст омада бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ маҳалҳои аҳолинишин вуҷуд доштанд, ки ба нерӯи барқ дастрас набуданд. Агар умуман дар мамлакат соли 2002 98,9% аҳолӣ ба нерӯи барқ таъмин бошад ҳам, дар ВМКБ аз рӯйи тадқиқоти соли 1999 (ТОУЖ) танҳо 45% аҳолӣ ба қувваи барқ дастрас буд.

Дар давраи аз соли 1996 то 2002 дар маҳалҳои аҳолинишини вилоят 26 адад НБО-ҳои хурд сохта шуданд, ки дар натиҷа соли 2002 92,7% аҳолӣ бархурдори рӯшноӣ гашт. ( Ниг. ба замимаи 7).

Сатҳи зиндагии мардум аз шароити хонаву ҷой ва хизматрасониҳои коммуналӣ вобаста аст. Ба ин хотир мавриди ташхишгузаронии ҳолати ин масъала ба таври мушаххас таҳлил гашт, аз ҷумла ҳиссаи аҳолие, ки соҳиби хона ё як қисми хона, соҳиби квартираи алоҳида, квартираи коммуналӣ, дар хонаҳои барок, дар хобгоҳҳои умумӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд, инчунин ҳолати хонаю ҷойи аҳолӣ аз нуқтаи назари аз кадом мавод – деворҳои лойӣ, аз чӯб, аз девори бетонию оҳанӣ, аз хишти пухта ё санг сохта шудааст, аз кадом мавод бомпӯш шудааст, санҷида шудаанд. Инчунин хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла дастрас будани хонаҳои истиқоматӣ ба гармидиҳии марказонидашуда бо барқ, қубури об, канализатсия, таъминкунӣ бо оби гарм, таъминкунӣ бо газ ва плитаҳои барқӣ, мавҷудияти ҳоммомхона, душхона. Масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва бехатарии он яке аз бартариятҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз рӯйи ташхиси мониторинги соли 2002 оби нӯшокиро аз қубури обгузар дар хона ё ҳавлии худ 50%-и аҳолӣ соҳиб аст, 8,2%-и аҳолӣ обро аз чоҳ истифода мекунанд, 29%-и аҳолӣ дар ҷумҳурӣ обро аз ҳавзу обамбор, дарё, ҷӯйбор истифода мекунад, ки барои саломатӣ манбаъҳои хатарнок мебошад. Ҳиссаи ин гуна аҳолӣ дар деҳот 37,7%-и аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ҷадвали 8.8.

Сохтори сӯзишворие, ки хонаводаҳо барои хӯрокпазӣ истифода мекунанд, бо ифодаи фоиз (аз ҷумла дар шаҳрҳо ва қишлоқҷойҳо)

Намудҳои сӯзишворӣ

Тибқи санҷиши сатҳи зиндагӣ, с.1999(ТОУЖ)

Тибқи санҷиши сатҳи зиндагӣ, с.2000 (МИКИ)

Тибқи санҷиши мониторинги паст- шавии камбизоатӣ,с. 2002 (ОМСБ)

ҳамагӣ шаҳр деҳот ҳамагӣ шаҳр деҳот Ҳамагӣ шаҳр деҳот
Газ 9,4 23,2 4,2 11,9 36,3 3,1 13,2 32,4 3,8
Нерӯи барқ 15,9 43,4 5,6 26,6 47,4 19,1 22,1 46,2 10,3
Ҳезум 43,3 22,6 51,0 42,0 13,3 52,4 36,7 13,7 47,9
Ангишт 0,2 0,2 0,1 0,1 0,0 0,1 0,1 0,1 0,0
Керосин 0,2 0,6 0,1 0,1 0,0 0,2 0,2 0,2 0,2
Таппак 17,6 5,9 21,9 18,8 2,4 24,7 23,2 6,6 31,4
Ғӯзапоя 12,3 3,9 15,5 4,4 0,7 6,2
Дигарҳо 1,4 0,4 1,7 0,4 0,5 0,4 0,1 0,0 0,2

Маъхаз: Обследование мониторинга сокращения бедности – 2002. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан. Азиатский Банк Развития. — Душанбе, 2003. саҳ. 105.

Ҷадвали 8.9.

Усули гармкунии хона дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,%

ВМКБ Суғд Хатлон Душанбе НТҶ дар маҷмӯъ
Батареяи гармкунии марказӣ 0,4 1,6 0,1 45,0 1,3 6,5
Бойлерҳои обӣ дар дохили хона 2,9 1,5 0,4 1,1 0,2 0,9
Гармкунакҳои барқӣ 11,7 7,6 10,5 26,6 6,8 10,8
Печкаҳои ангиштӣ 0,9 5,6 0,2 2,3 1,4 2,6
Печкаҳои ҳезумсӯз 78,5 21,0 38,1 12,5 28,2 28,2
Печкаҳои хасу хошок ва таппаксӯз 4,7 25,5 50,3 11,4 59,9 37,4
Дигарҳо 0,9 37,1 0,5 1,1 2,2 13,7
Дар маҷмӯъ 100 100 100 100 100 100

Маъхаз: Обследование мониторинга сокращения бедности – 2002. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан. Азиатский Банк Развития. — Душанбе, 2003. саҳ. 104.

Ҷадвали 8.10

Усули гармкунии хона дар миқёси квинтилҳои аҳолӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Квинтилҳои аҳолӣ дар маҷмӯъ
1 2 3 4 5
Батареяи гармкунии марказӣ 0 0,2 0,2 0,4 23,5 6,5
Бойлерҳои обӣ дар дохили хона 0 0 0,1 1,0 2,6 0,9
Гармкунакҳои барқӣ 0,4 0,4 1,2 5,1 35,1 10,8
Печкаҳои ангиштӣ 1,2 3,1 3,3 3,5 1,9 2,6
Печкаҳои ҳезумсӯз 29,3 29,4 36,8 39,1 13,3 28,2
Печкаҳои хасу хошок ва таппаксӯз 56,1 51,5 46,4 38,9 8,5 37,4
Дигарҳо 13,0 15,5 12,1 12,0 15,1 13,7
Дар маҷмӯъ 100 100 100 100 100 100

Маъхаз: Обследование мониторинга сокращения бедности – 2002. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан. Азиатский Банк Развития. — Душанбе, 2003. саҳ. 104.

Хулоса, ташхиси мониторинги камбизоатӣ дар асоси кӯшиши муштараки Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ ва Бонки Рушди Осиё доир гардид.

Ташхиси камбизоатӣ ҷараёни мараккаб ва комплексӣ буда, сатҳи зиндагии шахсони алоҳида ва умуман ҷомеаро дар бар мегирад, аммо танҳо бо роҳи муайян кардани даромаду хароҷот маҳдуд намешавад. Камбизоатӣ бояд аз ҷиҳати имкониятҳои дастрасшавии аҳолӣ ба натиҷаҳои тараққиёти замонавӣ арзёбӣ гардад. Ташхисе, ки дар ин бахш дар боло зикр гардид, на танҳо иттилооти омориро ҷамъбаст намуд, балки саволеро дар бораи арзёбии камбизоатӣ ба миён гузошт, ки ба он худи аҳолӣ андешаи худро баён намояд.

Маводи дар натиҷаи ташхис ҷамъовардашуда диққати ҳам аҳолӣ, ҳам ҳукумат ва инчунин донорҳои байналмилалиро ба худ ҷалб намуда, зарурати андешидани чораҳои зарурии иловагиро ба он чӣ ки дар ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани камбизоатӣ дарҷ гаштааст, ба миён овард.

Тақсимоти аҳолӣ аз рӯйи квинтилҳо нисбат ба тақсимот аз рӯйи хароҷоткунии маблағ, ки дар тадқиқотҳои соли 1999 ҷой дошт, ҳолати тамоман нави вазъро нишон дод. Аввало фарқи куллии сатҳи зиндагии аҳолии шаҳр ва аҳолии сокини деҳотро нишон дод. Маълум гардид, ки 5,1% аҳолии шаҳр ба ду гурӯҳи (квинтили) поёнӣ рост меояд, 60% аҳолӣ бошад – ба гурӯҳи аз ҳама сербизоат (квинтили панҷум) рост меояд. Дар қишлоқҷойҳо вазъият баракс мушоҳида мешавад: зиёда аз нисф, яъне 52,9%-и аҳолӣ ба гурӯҳи аз ҳама камбизоат тааллуқ дошта, ҳамагӣ 5,4 % аҳолӣ ба гурӯҳи бойтарин ҳисоб мешавад.

Таҳлили сохтори гурӯҳҳои аз ҳама камбизоати аҳолӣ муайян намуд, ки дар ин ҷо камбизоатӣ асосан дар оилаҳои серфарзанд ва нафақахурон дида мешавад. Ба ду гурӯҳи (квинтили) аз ҳама паст 49,6% хонаводаҳое, ки 5 нафар ва аз он зиёда фарзанд доштанд, дохил шуданд, 10,1% хонавода ба гурӯҳи аз ҳама бой дохил шуданд. Зиёда аз 43% одамони солхӯрда дар синни 65 сола ва боло ба гурӯҳи аз ҳама қашшоқ (ду гурӯҳи поён) ва 15,6% — ба гурӯҳи аз ҳама бой тааллуқ доштанд.

Пурсишҳо ақидаҳои худи одамонро дар бораи сатҳи камбизоатӣ чунин шарҳ медиҳанд: 53,3% аҳолӣ худашонро «камбизоат» арзёбӣ намуда бошанд, танҳо 0,2% аҳолӣ худро соҳиббизоат (бой) ҳисобиданд.1)[5]*

Маълумотҳо оид ба квинтелҳо вобаста ба амволи аҳолӣ асосёфта буданд, барои таҳлили самараи вазъи иқтисодӣ истифода шуда, дар дигар бахшҳои сатҳи зиндагӣ, чунончӣ, шароити манзил, тандурусттӣ, маълумотнокӣ, шуғл, даромад истифода шуданд.

Дар ҷараёни пурсишҳои хонавода мардум дар бораи самтҳои афзалиятноки барномаҳои ҳукуматӣ доир ба паст намудани камбизоатӣ ақидаҳои худро баён намудааст. Аз рӯйи ҷавобҳои гирифташуда чунин самтҳои бартариятнок инҳо мебошанд: обтаъминкунӣ, ташкил намудани ҷои кор, кӯмакрасонии озуқа, беҳсозии ҳолати роҳҳои мошингард ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ.

  1. * 1)Њадафҳои Рушди ҳазорсола –ҳуҷҷати муҳиме мебошад, ки аз ҷониби 191 кишвари ҷаҳон моҳи сентябри соли 2000 қабул гардида, чун баёнгари нуқтаи назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои сулҳ, бехатарӣ, инкишоф, ҳифзи муҳити зист, ҳуқуқи инсон ва идоракунӣ ҳадафҳои рушдеро муайян намудааст, ки амалӣ намудани онҳо дар қадами аввал зарур ва ногузир аст. Ин ҳадафҳо афзалияти рушдро, ки ба он ҷомеаи башарӣ бояд то соли 2015 ноил гардад, мушаххас намудаанд. Барои он ки ин ҳадафҳо амалӣ шаванд, талошҳои фаъол ва ҳамоҳангшудаи ҳам кишварҳои мутараққӣ ва ҳам рў ба инкишоф зарур аст. СММ, Бонки Љаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ин ҳадафҳоро асоси фаъолияти худ донистаанд.

    Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ҷаҳон ба Изҳороти (Декларатсияи)Њазорсола ҳамроҳ шуда, барои гузаронидани мониторинг нишондиҳандаҳоро пешбарӣ намудааст.

  2. 1)*«Хонавода» мафҳуме мебошад, ки дар амалияи байналмилалӣ қабул шуда, дар ҷараёни барўйхатгирии аҳолии Тоҷикистон соли 2000 нахустин бор ба инобат гирифта шуда буд. Тибқи маълумотҳои соли 2000 дар ҷумҳурӣ 6.132 ҳазор аҳолӣ бошад, шумораи хонаводаҳо 1.047 ҳазор адад буда, дар онҳо 6.086 ҳазор нафар (99,3%) аҳолии мамлакат зиндагӣ мекард.
  3. *1) Квинтил – ин тарзи тақсими шартии маҷмўи таҳқиқшавандае мебошад, ки ба 5 гурўҳ ҷудо карда шуда, ҳар яке 20% аҳолиро дар бар мегирад: квинтили якум — 20% аҳолии «аз ҳама камбизоат», квинтили панҷум бошад,- аҳолии «аз ҳама бой»:
    • Квинтили якум – «аз ҳама камбизоат»,
    • Квинтили дуюм,
    • Квинтили сеюм,
    • Квинтили чорум,
    • Квинтили панҷум –«аз ҳама сербизоат»

  4. * 1) Обследование мониторинга сокращения бедности, 2002, саҳ. 105.
  5. 1)*Обследование мониторинга сокращения бедности – 2002. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан. Азиатский Банк Развития. — Душанбе, 2003. саҳ. 15-16.
0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *