Фании Информатика

Кор бо мушак. Сохтан, барҳам додан ва барқарор намудани папкаҳо

Кор бо мушак. Сохтан, барҳам додан ва барқарор намудани папкаҳо.

Мақсади дарс. Аз худ намудани усулҳои кор бо ёрии мушак ва инчунин омӯхтани усулҳои сохтан, барҳам додан ва барқарор намудани папкаҳо дар мизи корӣ.

Супориши 2.1. Аз худ намудани усулҳои идоракунӣ бо ёрии мушак.

Тартиби кор

1. Як маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак: Нишондиҳандаи мушакро рӯи тугмаи Пуск гузошта тугмаи чапи мушакро як маротиба пахш кунед. Тавре мебинед, рӯйхати асосии Windows пайдо мешавад.

2. Ба ғайр аз ин бо як маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак, объектҳоро ҷудо (выделить) менамоянд. Дар мизи корӣ нишондиҳандаи мушакро рӯи нишонаи папкаи Мой компьютер гузошта як маротиба тугмаи чапи мушакро пахш кунед. Тавре мебинед, нишонаи папкаи мазкур тағйир меёбад. Яъне папкаи мазкур ҷудо карда шуд. Нисбати объекти ҷудокардашуда амалҳои гуногунро иҷро намудан мумкин аст.

3. Ду маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак: Нишондиҳандаи мушакро рӯи нишонаи папкаи Мой компьютер гузошта тугмаи чапи мушакро ду маротиба пахш кунед. Дар натиҷа равзанаи Мой компьютер кушода мешавад, ки дар он нишонаи дискҳо ва дигар дастгоҳҳоро, ки ба компютер пайвастанд, дидан мумкин аст.

Барои пӯшидани равзанаи Мой компьютер тугмаи Закрыть – ро, ки дар қисми болоии равзана ҷойгир аст, як маротиба бо тугмаи чапи мушак пахш намоед.

4. Як маротиба пахш намудани тугмаи рости мушак: Ин амал боиси пайдоиши рӯйхати мавзӯӣ (контекстное меню) мегардад. Нишондиҳандаи мушакро дар чои холигии мизи корӣ гузошта як маротиба тугмаи рости мушакро пахш кунед. Тавре мебинед, рӯйхати фармонҳое пайдо мешавад, ки нисбати объекти мазкур иҷро намудан мумкин аст.

Нишондиҳандаи мушакро рӯи папкаи Мой компьютер гузоред ва тугмаи рости мушакро пахш кунед. Боз рӯйхати фармонҳо пайдо мешавад, лекин ин рӯйхат аз рӯйхати пешина фарқ мекунад. Дар ин маврид рӯйхати фармонҳо, танҳо ба папкаи Мой компьютер тааллуқ дорад.

Нишондиҳандаи мушакро рӯи тугмаи Пуск гузошта тугмаи рости мушакро пахш кунед. Тавре мебинед, рӯйхати пайдошуда аз рӯйхати пешина фарқ мекунад. Ин амалро нисбати ҳамаи объектҳои мизи корӣ – экран, папкаҳои Мой компьютер, Мои документы, Корзина, Панель задач, тугмаи Пуск, бонавбат иҷро кунед.

5.Ҷойивазкунӣ ё худ кӯчиш (перетаскивание). Нишндиҳандаи мушакро рӯи папкаи Мой компьютер гузошта тугмаи чапи мушакро пахш кунед ва дар ҳамин ҳолат нишондиҳандаи мушакро ба дигар ҷой кӯчонед ва пас аз он тугмаи мушакро раҳо кунед. Папкаи Мой компьютер низ бо ҳамроҳии нишондиҳандаи мушак мавқеашро тағйир медиҳад.

Папкаи Мой компьютеро кушоед. Равзанаи Мой компьютер — ро низ аз як ҷой ба дигар ҷой кӯчонидан мумкин аст. Барои ин нишондиҳандаи мушакро рӯи сатри болоии равзана гузошта, тугмаи чапи мушакро пахш намоед ва дар ҳамин ҳолат онро ба дигар ҷой кӯчонед ва пас аз он тугмаи мушакро раҳо кунед.

Супориши 2.2. Сохтан, барҳам додан ва барқарор намудани папкаҳо

Тартиби кор

1. Дар мизи корӣ папкаеро созед ва ба он номи Информатика-ро диҳед. Барои ин нишондиҳандаи мушакро рӯи мизи корӣ гузошта тугмаи рости мушакро пахш кунед ва аз рӯйхати пайдошуда фармони СоздатьПапку – ро интихоб намоед.

Тавре мебинед, дар мизи корӣ нишонаи папка, бо номи «Новая папка» пайдо шудааст. Нишондиҳандаи мушакро рӯи «Новая папка» гузошта тугмаи рости мушакро пахш намоед ва аз рӯйхати пайдошуда фармони Переименовать –ро интихоб кунед. Аз тариқи клавиатура калимаи Информатика-ро ворид намуда тугмаи Enter –ро пахш кунед.

2. Папкаи Информатика-ро ҷудо кунед ва тавассути менюи мавзӯӣ фармони Удалить-ро интихоб намоед. Дар равзанаи пайдошуда барҳам додани папкаи Информатика-ро тасдиқ кунед.

3. Бо ду маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак папкаи Корзина –ро кушоед. Тавре мебинед, папкаи барҳамдодашуда дар Корзина ҷойгир аст. Дар равзанаи Корзина нишонаи папкаи Информатика-ро ҷудо намуда, тавассути менюи мавзӯи фармони Восстановить – ро интихоб кунед.

Тавре мебинед, папкаи Информатика дар ҷои пешинааш барқарор мешавад. Равзанаи Корзина-ро пӯшед

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *