Фании Информатика

Ороиши слайдҳои презентатсия

Нишонагузории слайд, колабҳои ороиш, сохтани заминаи слайд, аниматсия

Нишонагузории слайд(Разметка слайда)- имконият медиҳад, ки слайдҳои намуди гуногундошта сохта шаванд. Агар лозим шавад, ки дар муаррифӣ якчанд слайд сохта шавад ва ҳар яке аз ин слайдҳо бо намуна (макет)-и гуногун сабт шаванд, аз менюиФорматбандиРазметка слайд-ро интихоб намоед, равзанааш дар майдони масъала пайдо мешавад , намунаи мувофиқро интихоб менамоем.

Қолабҳои ороишӣ(Шаблоны оформления) –имконият медиҳад, ки слайдҳои муаррифӣ бо қолабҳои гуногуни ороишёфта сохта шаванд.

Барои истифодаиШаблоны оформления дар слайд чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  1. Слайди лозимаро ҷудо намудан;
  2. Аз менюиФорматбандиОформление слайда-ро интихоб намудан;
  3. РавзанаиДизайн слайдапайдо мешавад:
  4. Аз бандиПрименить шаблон оформления: қолаби мувофиқро интихоб намуда, тугмаи мушакро пахш намудан.

Истифодаи нақшаҳои ранга дар слайд (Цветовые схемы)-имконият медиҳад, ки слайд бо нақшаҳои рангаи гуногун истифода шавад. Барои истифодаиЦветовые схемычунин амалҳоро иҷро намудан мумкин

  • Слайди лозимаро интихоб намудан;
  • Аз менюиФайлбандиСоздать-ро интихоб намудан;
  • РавзанаиСоздание презентациипайдо мешавад;
  • БандиИз шаблона оформления-ро интихоб намудан;
  • РавзанаиДизайн слайдапайдо мешавад;
  • БандиЦветовые схемы-ро итихоб намудан;
  • Аз бандиПрименить цветовую схему нақшаи мувофиқро интихоб намудан.

Истифодаи эффектҳои аниматсия(Эффекты анимации)

Барои истифодаи эффектҳои аниматисия дар муаррифӣ чунин амалро иҷро намудан мумкинПоказ слайдов®Эффекты анимации. Дар майдони масъалаиДизайн слайдаруйхати эффектҳо пайдо мешавад. Бо пахши мушак эффекти мувофиқро интихоб намоед.

Сохтани заминаи слайд(создание фона слайда)- барои сохтани заминаи слайд чунин роҳҳоро истифода бурдан мумкин:

  1. Аз менюиФормат®Фон-ро интихоб намоед;
  2. РавзанаиФонпайдо мешавад ;
  3. Ранги мувофиқро интхоб намуда, тугмаиПрименить-ро пахш намоед.

Ҳангоми пахши тугмаиПрименить ко всем-ранги интихобшуда ба ҳамаи заминаи слайдҳо қабул карда мешавад. Давом дорад……

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *