Фании Информатика

Маълумот дар бораи Microsoft Internet Explorer

Оилаи барномаҳои ширкати Microsoft барои кор бо Интернет дар як мӯҳлати хеле кӯтоҳ, яъне тӯли солҳои 1995-1997 сохта шудааст. Дар ибтидо онҳо мисли барномаҳои ширкати Nescape Communication машҳур набуданд. Аммо баъди тавлиди силсилаи барномаҳои Internet Explorer, баъдан ҳамгироии (интегратсия) онҳо ба системаи амалиётии Windows 98 вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Ин махсусан ба бахши русии Интернет тааллуқ дорад. Чунин шуморида мешавад, ки беш аз 70% истифодабарандагон дар ҳоли ҳозир бо барномаҳои Internet Explorer кор мекунанд. Ҳар як барномаи ин оила барои ҳалли масъалаи мушаххас нигаронида шудааст. Ба оилаи барномаҳо барои кор бо Интернет инҳо дохил мешаванд.

-Шореҳи Internet Explorer-барномаи тамошои санадҳои WWW, шабакаҳои минтақавӣ ва интрасет

-барнома барои табодули иттилоот ва кор бо гурӯҳи иттилоотии Outlook Express

барномаи Netmeeting-воситаи гузарондани конференсияҳо тавассути Интернет ва ё дар шабакаи минтақавӣ бо имконоти даъват, интиқоли садо ва тасвири видео;

барномаи Netshow, ки имконият медиҳад дар Интернет санадҳои чандрасонаӣ нишон дода шаванд.

Барои ба кор даровардани шореҳ имкон дорад аз пиктограмма дар мизи корӣ истифода шавад.

Барномаи FontPage Express-муҳаррири санадҳо ба забони NTML.

Барои ба кор даровардани шореҳ имкон дорад аз аз пиктограмма дар Мизи корӣ ё қисми мувофиқи Менюи асосӣ истифода шавад.

Агар компютери шумо ба таври доимӣ ба Интернет пайваст бошад, дар тирезаи браузер саҳифае кушода мешавад, ки тибқи танзими (настройка) ҷорӣ он ҳамчун саҳифаи хонагӣ муайян шудааст. Дар акси ҳол шуморо лозим аст, ки пайвастшавии фосилавиро истифода кунед. Он ба воситаи папкаи системавии «Дастрасии фосилавӣ» (Удаленный доступ) дар барномаи «Мой компьютер» кушода мешавад. Баъди пайвастшавӣ дар равзанаи Internet Explorer саҳифаи хонагӣ кушода мешавад.

Баъдан шумо метавонед ба саҳифаҳо ва сайтҳои дигар ба воситаи гипериқтибосҳо ворид шавед ва ё адреси ресурсро ба панели Адрес ворид кунед.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *