Фании Информатика

Кор бо автофигураҳо

Нақша:

  1. Истифодаи имконоти графикаи векторӣ ва автофигураҳо.
  2. Гурӯҳбандии объектҳои графикӣ.
  3. Тармими ҳаҷм ва соя.
  4. Истифодаи объекти WordArt. Хатҳо. Рангубори хатҳо.
  5. Сохтани диаграмма.
Истифодаи имконоти графикаи векторӣва автофигураҳо

Графикаи векторӣдарMsWord.Агар бо таҳриргари растрии Ms PaintBrash кор карда бошед, он ҳангоми сураткашӣ дар Ms Word хеле кам ёри мерасонад. Сабаби асосӣ он аст, ки таҳриргари графикии Office 2000 бо графикҳои векторӣ кор мекунад ва амалиёти он на бо нуқтаҳо, балки бо объектҳо сурат мегиранд. Ҳамин хатҳо, давраҳо, камонҳо ва чоркунҷаҳо чун объектҳои мустақил амал мекунанд ва ба нуқтаҳои алоҳида тақсим намешаванд. Аз ин ҷост, ки барои кор бо онҳо малакаи корбарии аз таҳриргарони номбурда фарқкунанда лозиманд. Усули кор дар он бо усули кор дар таҳриргари графикии CorelDraw наздиктар мебошад

Истифодаи автофигураҳо

Тарзҳои ба матнҳамроҳкунии фигураҳои геометрӣ.Барномаи Word боз имконият медиҳад, ки ба матни хҳуҷҷат фигураҳои геометрии гуногун аз қабили хати рост, чоркунҷа, давра ва ғайра илова карда шаванд. Барои сохтани фигураҳо дар Word лавҳаи махсусиРисование(Расмкаши) пешбинӣ карда шудааст. Одатан ин лавҳа дар қисми поёнии равзанаи Word ҷойгир карда мешавад ва намуди зеринро дорад:

Автофигураҳо.Автофигура гуфта дар Ms Word гурӯҳи тасвирҳои геометриро меноманд, ки фигураҳои асосиро дар худ шомил кардаанд:

  • хатҳои гуногун;
  • хатҳои пайвасткунанда;
  • хатҳои самтдори фигуравӣ;
  • рамзҳои блоксхемаҳо;
  • ситорачаҳо ва нишонаҳо;
  • баромадҳо ва ғайра.

Гузоштани автофигура

Барои ба ҳуҷҷат гузоштани автофигураи дилхоҳ кифоя аст, ки:

  • ба тугмаи Автофигуры –и лавҳаи таҷҳизоҳои Расмкашӣ пахш карда шавад;
  • аз рӯйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, ки Автофигура бояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад. Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.
Гурӯҳбандии объектҳои графикӣ. Тармимиҳаҷм ва соя

Гурӯҳбандӣчист?Ms Word имконитяи гурӯҳбандии якчанд объектҳои графикиро дорад. Баъди грӯҳбандӣ, ин гурӯҳи аз якчанд объектҳо таркибёфта, чун объекти графикии ягона рафтор меунад.

Масалан, якчанд намуди объектҳоро гирифта, амали гурӯҳбандиро иҷро мекунем.

Барои он ки давра ё чоркунҷа сохта шавад бо истифодаи Автофигуры:

  • ба тугмаиАвтофигуры–и лавҳаи таҷҳизоҳоиРасмкашӣпахш карда шавад;
  • аз рӯйхати пайдошуда фигураи лозима интихоб карда шавад;
  • ба он мавқеи ҳуҷҷат, киАвтофигурабояд ҷой гирад, пахш карда шавад;

Пахшкунии яккаратаи тугмаи муш автофигураи андозааш стандартиро мегузорад.

Агар ин маъқул набошад, он гоҳ:

  • ба тугмаи чапи муш пахш кардан лозим;
  • тугмаро сар надода, бо нишондиҳандаи муш, ки аллакай шакли + -ро дорад . фигураи андозааш дилхоҳро гузоштан лозим аст. Автофигура андозаашро то озод накардани тугмаи муш тағйир медиҳад.
  • дар лавҳаиРисованиеба тугмаи -Выбор объекта (интихобкунии ) пахш кардан лозим аст. Ба тугмаи чапи муш пахш карда истода объектҳои лозимаро бо муш пахш кунед. Баъди сар додани тугмаи муш объектҳо қайд карда мешаванд.
  • ба тугмаи рости муш ба ин гурӯҳ пахш кунед ва аз менюи контекстӣ аз фармонҳоиГруппировкаамалиГруппировать–ро интихоб кунед. Натиҷаи тадбиқӣ ин аз он иборат мешавад, ки ҳамаи объектҳои қайдшуда ба объекти ягона табдил меёбанд.

Гурӯҳбандиро ба фармониРазгруппировать, бекор кардан мумкин аст. Дар ин ҳол гурӯҳҳои ба як гурӯҳ ҷамъшуда ҳамон хел ба қисмҳо тақсим мешаванд, ки ҳар яки онҳо метавонанд дар ҷойҳои дилхоҳ дар алоҳидагӣ гузошта шаванд.

ФаромниПерегруппироватьаз нав объектҳои ҷудошударо. Ки бо фармониРазгруппироватьҷудо шудаанд, ҳамҷоя мекунад.

Иловакунии матн ба автофигураҳо

Агар лозим бошад, ки автофигураи гузошташуда дар худ матне дошта бошад, Ms Word барои ин имконитяи махсуси иловакунии матн ба автофигураро ба воситаи майдониНадписьдорад.

Барои он, ки матн ба автофигураи дилхоҳ (ба ғайр аз хатҳо ва нимхатҳо) илова карда шавад, чунин амалҳоро иҷро кардан мумкин аст:

  • ба фигура ба тугмаи рост пахш карда шавад;
  • аз менюи контекстӣ фармониДобавить текстинтихоб карда шавад;
  • матни лозима дохил карда шавад;

Тармимиҳаҷм ва соя

Сохтани эффектиҳаҷм.Барои сохтани эффекти ҳаҷм чунин амалҳоро бояд иҷро кард:

  • объекти лозима қайд карда шавад, яъне ба он бо тугмаи чапи муш пахш кард;
  • дар лавҳаиРасмкашӣ,ки дар расми 13.1. нишон дода шудааст ба тугмаи —Объемпахш бояд кард;
  • аз номгӯи кушодашуда эффекти лозимаро интихоб бояд кард (рас.13.3.)
  • пахши майдониНастройка объемадар экран лавҳаиНастройка объема-ро пайдо мекунад (рас. 13.4.)
  • ин лавҳа имконият медиҳад, ки ҳаҷм мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш, ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз ин лавҳа инчунин Ҳаҷм фаъол ва инкор карда мешавад.Расми 13.3. Рӯйхати Объем
  • Барои инкор кардани Ҳаҷм, инчунин кифоя аст, ки дар номгӯиОбъембандиНет объемапахш карда шавад.

Гузоштани соя. ЛавҳаиРисование,бо обьекти дилхоҳ соя илова менамояд. Ин ба воситаи аз рӯйхатиТень,ки дар расми 13.5. нишон дода шудааст, сояи лозимаро интихоб намудан лозим аст.

  • Барои тоза кардани сояи мавҷуда, ба тугмаиНет тенипахш бояд кард;
  • пахши тугмаи муш ба майдониНастройка тенидар экран боз як лавҳаи таҷҳизотҳоиНастройка тенипайдо мекунад (рас. 13.6.).
  • ин лавҳа имконият медиҳад, соя мувофиқи хости истифодабаранда шаклаш, рангаш, ҷойгиршавиаш, самташ интихоб карда шавада. Аз ин лавҳа инчунин соя фаъол ва инкор карда мешавад.

Истифодаи объектиWordArt

Дар байни тугмаҳои лавҳаи Расмкашӣ тугмае мавҷуд аст, ки бо ёрии он ба матни ҳуҷҷат объекти ба воситаи барномаиWordArtсохташударо илова ва таҳрир намудан мумкин аст. Ин тугма тугмаи -Добавить объектWordArt (Иловакунии объектиWordArt) аст.WordArt-барномаи махсусе мебошад, к и бо ёрии он матни начандон калон дар шаклҳои гуногуни бадеӣнавишта ва тасвир карда мешавад.

Ҳангоми пахш намудани тугмаи дар экран равзанаи Коллекция WordArt (рас.13.7. ) кушода мешавад. Дар равзанаи барномаи WordArt услубҳои гуногуни навишти матнҳо оварда шудаанд. Аз байни онҳо ягон услуби ба мақсад мувофиқро интихоб намуда тугмаиOK-ро пахш намудан лозим аст. Дар натиҷа дар экран равзанаи дигар пойдо мегардад (рас. ), ки он равзанаи дохилкунӣ ва тағйирдиҳии матни WordArt ном дорад. Дар майдони кории ин равзана ба ҷои матни стандартии«Текст надписи»матни заруриро дохил намуда, тугмаиOK-ро пахш бояд кард. Матни дар равзана дохилкардашуда бо услуби интихобкардашуда ба матни умумии ҳуҷҷатиMSWordҳамрох карда мешавад.

Хатҳо. Рангубори хатҳо. Сохтани диаграмма

Менюи Автофигуры –и лавҳаи Рисование чанд навъи лавҳаи сураткаширо дорост. Ба категорияиЛиниитаҷҳизотҳои зерин шомиланд:

Ин таҷҳизотхо барои кашидани хатҳои рост ва каҷ, нимхат, хатҳои самтдор.

  • Хати рости дилхоҳ ба воситаи таҷҳизотиРисованная кривая-кашида мешавад.
  • Барои гирифтани хати суфта, ки қисмҳои дандонадор ва ивазкунии самт надоранд, таҷҳизотиПолилиния— истифода мешавад;
  • Агар дақиқии калон ва тарзи қулайи идоракунии намуди хат лозим бошад,

Лаваҳаи Хатҳои менюи

  • иҷрои амали инъикос ва даврзанӣ.

Ба нимхат ва хатҳои каҷ матн илова кардан ва бадалкунии онҳо ба дигар автофигура мумкин нест.

Барои кашидани хатҳои рост, каҷ, нимхат, хатхои самтдор чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаиРисованиеба тугмаиАвтофигурыпахш карда, фармониЛинии ва баъд таҷҳизоти лозима, масаланКрываяинтихоб кунед;
  • аввал фигураро қайд намуда, бо муш он мавқее, ки бояд гиреҳ ҳосил шавад, пахш кардан лозим аст;
  • барои он, ки хати каҷ сарбаста нашавад, ба нуқтаҳои дилхоҳи он ду маротиба бояд пахш кард;
  • барои сарбаста кардани шакл дар наздикии нуқтаи аввалаи он бо муш пахш кард.

Тағйир додани ранги объект

Барои тағйир додани ранги хат аз тугмаи —Цвет линииистифода бурдан мумкин аст.

Сохтани диаграмма

Диаграмма гуфта намуди дилхоҳи тасвири графикии маълумотҳои ададиро меноманд. Диаграмма бо он маълумотҳое, ки дар асоси онҳо сохта шудааст, доимо алоқаманд мебошад. Ҳангоми тағйир додани қимати маълумотҳо, ба таври автоматӣ намуди диаграммаҳо низ тағйир меёбад. Барои сохтани диаграммаҳо чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  • дар лавҳаи таҷҳизотҳоиСтандартӣпахш намуфдани тугмаи —Добавитьдиаграмму (Иловакунии диаграмма);
  • аз менюи барномаи Ms Word Вставка►Рисунок►Диаграмма.

Барномаи Ms Word имконият медиҳад, ки диаграммаҳои намудашон гуногун, ба монандӣ диаграммаҳои доиравӣ, сутуншакл, нуқтавӣ, графикӣ ва ғайра сохта шаванд.

Диаграммаи дар асоси маълумотҳои мисоли (мавзӯи11.4.)Ҳисобкуниҳо дар ҷадвалиMsWord: Миқдори маҳсулотҳои истеҳсолкардаи хоҷагии деҳқонии «Хоро» дар солҳои 2000-2005.Талаб карда мешавад, ки миқдори умумии истеҳсоли маҳсулотҳо ёфта шавад.

Саволҳо

  1. Графикаи векторӣ чист?
  2. Графикаи растрӣ чист?
  3. Фарқият байни онҳо?
  4. Истифодаи имконоти графикаи векторӣ.
  5. Барои кушодани фигураҳои кадом лавҳа пешбинӣ карда шудааст?
  6. Чӣ тавр фигураҳои геометриро ба матни ҳуҷчати Ms Word ҳамроҳ кардан мумкин аст?
  7. Гурӯҳбандӣ чист? Объектҳоро чӣ гунна гурӯҳбандӣ кард?
  8. Гурӯҳбандиро чӣ гуна инкор кард?
  9. Ҳаҷм ва сояро чӣ гуна сохт?
  10. Навиштаҷот барои чӣ лозим?
  11. Навштаҷот-ро чӣ гуна истифода бурд?
  12. WordArtчӣ гуна баронома аст? Онро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин?
  13. Кадом намуди хатҳоро сохтан мумкин?
  14. Шакл ва намуди хатҳоро чӣ гуна тағйир додан мумкин?
  15. Хатҳоро чӣ тарз ранг кард?
  16. Диаграмма чист?
  17. Бо кадом роҳҳо диаграммаро сохтан мумкин?
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *