Фании Информатика

Забони барномасози

Соли 1991 корпаратцияи М.S барои хаводорони компютер забонхои барномасозии V.B-ро пешниход намуд. Соли 1992 верцияи 2-уми ин забон пахн гардид, ки вай нисбат ба верцияи 1-умаш имкониятхои зиёдтар дошт.

Верцияи 3-уми V.B соли 1993 баромад. Дар он асбобхои пур иктидортар мавриди истифода карор доштанд. Холо бошад, вкрцияхои 4-5 ва 6-уми Visual Basic истифода мебаранд, ки хар кадомашон аз хам дигар ба воситаи тавоннои ва имкониятхои худ фарк мекунад. V.B системаи нави барномасозии буда, бо ёрии он барномахои даражаи мураккабиашон гуногунро сохтан мункин аст. Ба воситаи ин забон на танхо барномахо, балки замимахои Windovs-ро низ хеле осон сохтан мункин аст. V.B аз зумраи он забонхои аввалини барномасозии сифатан нав мебошад, ки тавасути он барномахо дар асоси идоракунии ходисахо сохта мешавад.

Ходисахо гуфта амалхои мукаррарии (интихоби командахо, пахнкунии тугмахои муш дар равзанахо, чойивазкунии нишондихандаи муш ва гайра.) Windovs-ро меноманд, ки онхо бояд аз тарафи истифодабарандагон ичро карда шуд.Дар ин маврид барномасозии бештар ба сохтани замимахои W/Sшабохат дошт аз мачмуи микробарномахои (пратсидурахо) ба хам алокаманд иборат аст.

Баъзе терменхои истифодашаванда.

  1. Форма дар V.B –ин равзанаи барои сохтани интерфесй барнома аз тарафи истифодабаранда.
  2. Объект-ин элементи мебошад, ки дар формаи V.B бо ёрии воситахои идоракунии сохта мешавад.
  3. Хосият-ин характеристикаи объекти V.B мебошад. Масалан: ном ё ранг.
  4. Воситахои идоракунии-асбобхои мебошад, ки барои сохтани объект дар форма истифода мешавад.

Мухити Visual Basic 6.0

V.B ро аз руи камандаи зерин ба кор Шуру мекунад.

Пуск-Программы-Microsoft V.B 6.0-Microsoft V.B 6.0 Дар ин маврид мухити интегиронидашудаи V.B 6.0 Integrated Development Enviroment (IDE)пайдо мешавад.

Дар вақти ба кор даровардани барномаи M.S VB.6.0 дар экран равзанаи робитавии New Project (лоиҳаи нав)пайдо мешавад. Ин равзана аз 3 тугмаи қабати иборат аст.

1.New – (нав)- барои сохтани лоиҳаи нав.

2.Existing- (мавҷудбуда)- барои кушодани лоиҳаи мавҷуда.

3.Recent – (дар вақти охир сабтшуда)-дар ин қабат рӯйхати лоиҳаҳои дар вақти охир кушода шавад.

Ҳангоми ба V.B ворид гаштан дар навбати аввал бо муҳити интегронидашудаи раванди кори он IDE рӯ барӯ мешавем. Дар маркази равзанаи V.BIDE майдони дизайнери форма User – Form ҷойгир аст.Форма элементи маркази ва асоситарини барнома дар VBба хисоб меравад Ҳар гуна ходиса махз дар хамин равзана амали хохад гашт,
САТРИ МЕНЮ

Хамаи командахое, ки барои сохтани барномахо дар мухити V.B 6.0 зарур аст дар ин чо оварда шудааст. Дар байни онхо бандхои стандартие вучуд дорад, Ки бештари равзанахои WINDOWSхос аст ва инчунин бандхое мавчуданд,ки барои ташкил ба корандозӣва мушохидаи барнома пешбини шудаанд:

1.Project (Лоиха)

2.Run (Бакорандозӣ)

3.Debug (Атлатка)

4.File (Файл)

5.Edit (Правка)

6.View (Вид)

7.Format (Формат)

8.Query (Запрос)

9.Diagram (Диаграмма)

10.Tools (Сервис)

11.Add-Ins (Настройка)

12.Window (Окно)

13.Help (Справка)

TOOL BOX ПАНЕЛИ ЭЛЕМЕНТХОИ ИДОРАКУНИ (ОБЪЕКТХО)

Бо ёрии ин панел барномасоз метавонад ба форма ин ё он намуди барномаи худро мураттаб кунад. Агар панели мазкур дар мухити V.B мавчуд набошад, он гох онро бо яке аз тарзхои зеринпайдо кардан мумкин аст:

  1. бо командаи View – Tool Box
  2. бо пахши тугмаи Tool Box аз панели асбобхои стандартӣ

ПАНЕЛИ АСБОБХОИ TOOL BAR

Бо ёрии тугмахои ин панели асбобхобидуни меню ин ё он амалро танхо бо пахши як тугмаи мувофик ба чо овардан мумкин аст. Дар IDE асосан 4-панели асбобхо мавчуд аст:

  1. Debug
  2. Edit
  3. Form Editor
  4. Standart

Панели Debug- ин панел имкониятивасеъи назорати кори барнома ба монанди санчиши кимматхои тагйирёбандахои чори, ичрои кадам бакадам нигохдории муваккатии кори барномаро дар ягон кадами муайян ва гайраро дорад.

Панели Edit – ин панел барои кор бо матни барнома пешбини шудааст. Масалан: Амалхои нусхагири ,буридан,чустучу ва ивази калимахоро дар матни барнома ичро кардан мумкин аст.

Панели Form Editor- ин панел барои дар форма чойивазкунии элементхои идоракунанда тагйирдихии андозаи онхо баробаркунии сархади форма нигаронида шудааст.

Панели Standart- ин панел унсури асосии мухити V.B 6.0 ба хисоб рафта бо воситаи он амалхои мухталифро ичро кардан мумкин аст.

МЕНЮХОИ АСОСИИ V.B 6.0

Менюхои асосии V.B хамчун менюи дигар барномахои WINDOWS низ дар шакли тасма дар поении сатри сарлавха чойгир шудааст.

Дар тарафи чап менюи файл чойгир шудааст. Бо ёрии ин меню сохтан, кушодан, Чоп кардан ва сабт кардани лоихахомумкин аст.

Зерменюи файл аз инхо иборат аст:

FILE

New project-сохтани лоихаи нав

Open project- кушодани лоиха

Save project-<имя проекта> сабткунии лоиха

Print-чопкуни

Print setup-батанзимории чопкуни

Exit-баромадан аз V.B

Дар менюи Edit корхои стандарти бо буфери ивазкуни ичро мешавад.Буридан, нусха бардоштан,гузоштан ва гайра.

EDIT

Undo- бекор кардани амали охирин ичрошуда (отменить)

Redo-баркароркардани амали бекоркардашуда (вернуть)

СUT-бурида гирифтан(вырезать)

Copy-нусха бардоштан ба буфери ивазкуни (копирование)

Paste-гузоштани объект аз буфери ивазкуни (вставить)

Remove- чойивазкуни (перевестить)

Delete-хорич кардан (удалить)

Select all-чудокуни (виделить все)

Find-чустучу (найти)

Replase-ивазкуни(заменить)

Менюи Wiew барои намудор ва нопадид кардани равзанахо ва панелхои идоракуни.Зерменюи Wiew аз инхо иборт аст:

WIEW

Code-равзанаи тахрири матни барнома (код) барои тартиб ва тахрири матни барнома пешбини шудааст. Кушодани равзанаи коди объекти тугмаи муш дар болои хамин объект амали карда мешавад.

Object-кушодани форма (объект)

Tool Box- панели элементхои идоракуни

Tool Bar-панели асбобхо

Дар менюи Project командахои идоракунии лоиха ва элементхои он

гурухбанд карда шуданд.Зерменюи Project аз инхо иборат аст:

PROJECT

Add Form-хамрохкунии форма (добавить форма)

Add File- хамрохкунии файл (добавить файла)

Project properties-хосияти лоиха (свойта проекта)

Менюи формат барои колаббандии объект дар форма истифода бурда мешавад.Зерменюи формат аз инхо иборат аст:

Format

Alige-баробаркуни (виравнять)

Horizontal Spacing-интервали горизонтали(горизонтальная интервал)

Vertical Spacing-интервали вертикали (вертикальная интервал)

Center in Form-Марказонидани форма

Order- объекти чудокардашударо ба боло ё ки поении форма равона кардан.

Зерменюи Debug аз инхо иборат аст:

DEBUG

Step into-кадам ба протседура даромада.

Step Over-кадам ба протседура надаромада

Step out-кадам ба протседура баромада.

Зерменюи Run аз инхо иборат аст:

RUN

Start

Break

End

Restart

Зерменюи QUERY аз инхо иборат аст:

RUN

Clear Results

Verify sql syntax

Зерменюи DIAGRAMM аз инхо иборат аст:

New Next annotation

Arrange Selection

Arrange Tables

Зерменюи Tools аз инхо иборат аст:

TOOLS

Add procedure

Procedure Attrebutes

Зерменюи Add Ins аз инхо иборат аст:

Visual data Manager

Add In Manager

Менюи Window

Split

Tile Horizontally

Tile Vertecally

HELP

Context

Search

About V.Basic

Элементи идоракунии TOOL BOX.

Панели элементхои идоракунии ин асбобхои асоситарин барои сохтани замимахо дар форма мебошад. Панели элементи идоракуниро бо командаи зерин View-Tool-box.

Элементи идоракунии TEXT BOX.

Барои дохилкунии ва райдо кардан информатсияи матни дар форма объекти майдони матни пешбини шудааст. Барои сохтани чунин объек дар IDEтугмаи Text Box аз панели элементхои идоракуни истифода бурда мешавад. Информатсияро ба майдони матни чунин роххо дохил

кардан мункин аст.

  1. Ба равзанаи properties
  2. Дар вакти ичрошавии коди барнома
  3. Дохилкунии ба майдон аз тарафи истифодабаранда.

Майдони матни ин элементхое, мебошанд, ки дар бисёри вактхо истифода бурда мешавад. Элементи Text Box аз элементи Label бо хосиятхои гуногун фарк мекунад. Барои нишондодани намуди худуди майдони матни хосияти Border Style истифода мешавад.

Хосияти Appearance гавсии майдони кориро муайян мекунад.

Back Color

Fore Color-барои иваз кардани ранги фон ва матни ба элементи Text Box дохилшавандаро истифода мебаранд, бо ёрии хосияти Alignmentинформатсияи дар элемент мавчуд бударо аз тарафи рост ва чап баробар кардан мумкин аст. Барои ивазкунии андоза ва намуди гирифти дар майдони матни нишон дода шуда аз хосияти Fontистифода мебаранд. Аслан майдони матни барои дохилкунии информатсия ба як сатр пешбини шудааст. Хосиятхои Multi Line Scrol Bar-и элементи идоракуни Text Box барои дохилкуни инфарматсия ба якчанд сатр ва хатто блоки калони инфарматсияхои матни истифода мешаванд. Дар вакти дохилкуни матн ба сатри нав бо ёрии тугмаи Enter гузошта мешавад.

Барои сохтани майдони матни дар V.Basic ки он барои дохилкунии паролхо пешбини карда шудаанд, аз ду намуди хосиятхо истифода бурдан мумкин:

  1. Pass Word Char
  2. Max Length
  3. Аломатхои дар мавкеи гузошташавандаро нишон медихад.
  4. Адади максимали символхои ба майдон дохилшавандаро муаян мекунад.

Дар Ms. V. Basic бо ёрии хосияти Tool Tip Text матни фахмондадихи,ки дар поении курсор пайдо мешавад, сохтан мумкин аст.

Элемети идоракуни COMMAND BUTTON

Барои сохтани тугмахои идоракуни дар форма элементи идоракуни COMMAND BULTON истифода мешавад. Навиштачоти чойгиршавандаи дар тугма аз хосияти Coption дода мешавад. Аз 255 символ зиёдшуда наметавонанд. Баъд аз сохтани тугма ва муаян шудани номи он ба мо лозим мешавад, ки вазифаи ин тугмаро муаян кунем. Барои тугмахои идоракуни клавишхои дохилшударо муаян кардан мумкин аст. Дар ин вакт барои пахшкуни тугма лозим мешавад, ки камбинатсияи клавишхои зеринро пахш кунем: Alt+<клавиша>.

Барои нишон додани клавиш дохилшави лозим аст, ки дар вакти номгузори тугма ба майдони Caption пеш аз клавиши дохилшави символи & гузорад. Яке аз тугмахои дар форма сохташударо фаол намудан мумкин аст. Барои ин аз хосияти Pefault ва ифодаи True истифода мебарем. Барои ичрошавии ин каманда тугмаи Enter-ро пахш кардан кифоя аст. Бо истифодаи хосияти Cancel абекти формаро тугмаи бекоркуни (отмена) кардан мумкин аст. Барои идоракунии намуди берунаи тугма хосияти Stule истифода мешавад. Ин хосият ду ифодаро дар бар мегирад:

  1. Standart
  2. Caption

Аз ифодаи стандарт барои номгузории тугма аз матн истифода мебарем. Аз ифодаи Grapical барои номгузори тугма аз тасвирхои графики хосияти Picture истифода мебарем.

Элементи идоракунии LIST BOX

Элементи идоракуни LIST BOX дар форма чойгир шуда ин руйхат мебошад. Барои чойгиркунии руйхат ба форма элементиLIST BOX истифода мешавад. Ба рухат маълумотхороба як сутун ёякчанд сатрхо чойгир кардан мумкин аст. Микдори сутунхо аз хосияти Columns дода мешавад. Агар элементхои руйхат ба обект чудо шуда нагунчад дар ин маврид тасмахои тобдихи пайдо кардан мумкин. Ба руйхати сохташуда аз хосияти Listхамаи элементхои руйхат аз тарафи истифодабаранда дохил карда мешавад. Аз хосияти Sortea ва ифодаи True маълумотхо аз руи алфавит дохил карда мешавад. Барои хамрох кардани элементхо ба руйхат методи Add Item пешбини шудааст, ки синтаксиси он чунин аст:

Name List Add Item виражение [,index]

Name List – номи руйхате ки аз хосияти Name дода шудааст.

Виражение – элементи руйхат.

Index – раками тартибии элемент дар руйхат.

Агар ин параметр нишон дода нашавад элемети ба охири руйхат дохил карда мешавад. Дар V. Basic элементхои руйхатиро низ хорич кардан мумкин. Барои ин Remove itim истифода мешавад. Синтаксиси он чунин аст:

Name List Remove Itim Index

Remove Itim – хоричкуни.

Index – раками тартибии элементе ки аз руйхат хорич карда мешавад. Шахрхо Remove Itim 1

Барои хоричкуни хамаи элементхои руйхат яъне тоза кардани руйхат аз методи Clear истифода бурдан мумкин. Name List Clear. Барои идоракуни ба намуди берунаи руйхат хосияти Stule истифода мешавад, ин холат ду ифодаро дар бар мегирад.

  1. Руйхати одди аз ифодаи стандарт интихоб мешавад.
  2. Аз ифодаи Check Box руйхат ба намуди байракча сохта мешавад.

Элементи идоракунии COMBO BOX

Руйхати намуди Combo Box –ро руйхати кушодашаванда ё майдони руйхат мегуянд.Руйхати кушодашавандаро аз тугмаи дартарафи рост чойгир шуда кушодан мумкин.Аз майдони руйхат элементхоро натанхо интихоб кардан балки ба он чо элементхои дигарро низ дохил кардан мумкин.Аз хосияти Style барои идоракунии намуди руйхат истифода мебаранд.Хосияти Style информатсияхои зеринро кабул карда метавонад:

1.0-DropDown Combo-руйхати одди истифодабаранда метавонад ба майдони матн маълумотро дохил намояд,ё Ки руйхатро кушода элементхоро интихоб кунад.

Элементи интихобшуда дар майдони матн намудор мешавад.

  • Simple Combo-Дар ин намуди руйхат элементхо дар намуди кушода пешниход мегардад.Агар хама элементхо ба майдон нагунчад,он гох тасмаи тобдихи пайдо мешавад.
  1. DropDown List – кушодашаванда.

Элементро ба руйхат дар вакти сохтани объекти Combo Box дохил карда мешавад.

Намудхои руйхати Combo Box
Style 0 Style1 Style2

Элементи идоракунии Check Box

Барои чойгиркунии дар объект маълумотхое, ки варианти гуногуни чавобхо доранд, объектхои байракчаро истифода мебаранд. Барои чойгиркунии чунин объектхо дар форма аз элементи идоракуниCheck Box истифода мебаранд. Байракчахо ба истифода барои интихоби чавоби дуруст имконият медихад.

Дар вакти интихоби чавоби дуруст истифода ба элементи интихобшуда байракча мегузоранд. Дар вакти нагузоштани байракча ба элемент чавоби нодурустро ифода мекунад. Байракчахоро дар форма як то ё бо гурух истифода бурдан мумкин.

Элементи идоракунии Option Button

Объектхои намуди Option Button – ро калидхо мегуянд, чунки дар ин намуди объект истифодабаранда метавонад аз якчанд бандхои имконпазир яктоашро интихоб кунад. Барои чойгиркунии чунин объектхо дар форма аз элементи идоракунииOption Button истифода мебаранд. Барои ба форма чойгиркунии якчанд гуруххои объекти Option Button хар яке гуруххоро ба объект – кантенерхо чудо кардан лозим. Масалан: Frame ё ки Picture Box. Дар ин маврид барои сохтани гуруххо аввал ба форма худудро чойгир карда баъд аз он объектхоиOption Button-ро чойгир мекунем.

Label – инфарматсияи матни.

Чойгиркунии матн ба форма (сарлавха, навиштачотба майдон) бо ёрии тугмаи Label ба амал оварда мешавад. Матне, ки ба объект дохил карда мешавад, аз хосияти Caption дода мешавад. Харфхои инфарматсияи матни аз хосияти Font муаян карда мешавад. Бо ёрии хосияти Fore Color ва Back Color ранги шрифтва фони элемент дода мешавад. ХосиятиBorder Stule худуди объекти Label-ро муаян мекунад. Хосияти Appearance гавсии матнро иваз карда метавонад. Хосияти Alegnment матни элемети идоракуниро аз тарафи рост чап баробар кардаметавонад. Инфарматсияи матни объектиLabel андозааш калон ва ба якчанд сатрхоро ташкил дода метавонад. Адади максималии символхои он 65528 то мешавад.

Элемети идоракунии Line

Дар Ms. V. Basic 6.0 ба форма имконияти чойгиркунии хатхо, росткунчахо, доирахо, элипсхоро дорад. Барои хамрохкуни ба форма хатхо тугмаиLineаз панели элементхои идоракуни Tool Box истифода мешавад. Нишондихандаи мушро ба чои саршавии хатхо гузошта бо пахши тугмаи муш хати зеринро хосил менамоем. Хосияти Border Width имконияти ивазкунии гавсии хатхоро дорад. Барои ивазкунии ранги хатхо аз хосияти Border Colorистифода мебаранд. Бо ёрии хосияти Border Stule намуди хатхоро нишон додан мумкин.

Элементи идоракунии Shape.

Барои хамрохкунии ба форма фигурахои гиометри тугмаи Shape дар панели элементи идоракуни пешбини шудааст. Бо ёрии ин тугма дар форма имконияти сохтани росткунчахо эллипс, доира, квадрат ва гайрахо мумкин аст. Барои чойгиркунии ба форма яке аз фигурахои дар боло зикршуда командаи зеринро ичро кардан лозим аст:

  1. Тугмаи Shape-ро аз панели элементи идоракуни пахш мекунем.
  2. Нишондихандаи мушро ба он чое, ки объект гузошта мешавад ва тугмаи мушро пахш карда истода кашола кардан лозим.
  3. Барои додани формаи зарури ба объект аз хосиятхои Shape ягонтои ин кимматхоро додан лозим.
Кимматхои хосият Фигурахоигеометри
0 – RESTANGLE РОСТКУНЧА
1 – SGUARE КВАДРАТ
2 – OVAL ЭЛЛИПС
3 – CIRCLE ДОИРА
4-ROUNDED RESTANGLE РОСТКУНЧАХОИ ДОИРАШАКЛ
5-ROUNDED SGUARE КВАДРАТИ ДОИРАШАКЛ
Контури фигурахо

Бо ёрии хосияти Fill Style накшахои пуркуни бо интихоби кимматхои зерин додан мумкин:

Кимматхо Накшхои пуркуни
0- SOLID
1-TRANS PARENT
2-HORIZONTAL LINE
3-VERTICAL LINE
4-UPWARD DIAGONAL
5-DOWNWARD DIAGONAL
6-CROSS
7-DIAGONAL CROSS

Элементи идоракунии Image

Дар Ms.V.B барои дар форма ҷойгиркунии тасвирҳои графики элементҳои идоракунии image ва pictyre box истифода мешавад.Объекти image имконияти дар форма ҷойгиркуниитасвирҳои графикиро доранд

Элементи идоракунии хам барои чойгиркунии тасвирхо ва хамчун объект-контенерхо барои дигар объектхо истифода мешавад.Ба объекти Image тасвирхои графикиро дар вакти сохтани замима ё,Ки бо ёрии барнома дар вакти ичрошавии он гузоштан мумкин.Барои гузоштани тасвирхо дарвакти сохтани объект истифодабарии ду усул мумкин аст:

  1. Аз хосияти Picture истифода бурда гузоштан мумкин.
  2. Истифодабарии тасвирхои графикие,Ки дар дигар замимахо сохта шудаанд ва бо ёрии буфери ивазкунии Windows гузошта шудаанд.

Барои чойгиркунии тасвирхо ба объекти Image дар вакти ичрошавии замима хосияти Picture ва функсияи Load Picture истифодамешаванд.Синтаксиси он чунин аст:

Image 1. Picture = Load picture ( «Номи файл» )

Барои тоза кардани элементи идоракунии Image аз тавирхои ба он гузошташуда аз функсияи Load Picture истифода бурдан мумкин.

Барои ба танзимории хосиятхои тасвирхои ба форма чойгиршуда аз хосияти Stretch истифода бурдан мумкин.Асосан киммати False гузошта шудааст.Дар вакти дохилкунии илова ба андозаи объекти Image андозаи объекти Image андозаи тасвир дигархел намешавад.Агар киммати Trueгузошта бошад дар вакти иловакунии андозаи объект андозаи тасвир дигаргун мешавад.

Элементи идоракунии Picture

Элементи идоракунии Picture дар форма чойгир шуда хосиятхо ва методхои гуногунродорад. Онро бо ёрии тугмаи Picture Box аз панели элементи идоракунии Tool Box гузоштан мумкин.Ин элементро барои максадхои зерин истифода бурдан мумкин:

1.Барои чойгиркунии тасвирхои графики

2.Хамчун контейнер барои дигар элнментхои идоракуни

3.Дар намуди равзанаи графики барои хоричкунии матн элементхои графики ва аниматсияхо

Барои гузоштани тасвирхои графики бо ёрии элементи идоракунии Picture итифода бурда мешавад. Киммати он номи файли графики мебошад.

Барои тасвиркунии расмхо дар объекти Picture ва Load Picture истифода бурда мешавад.Синтаксиси он чуни наст:

Picture1.Picture = Load Picture ( «Номи файл» )

Объекти Picture –ро хамчун равзанаи графики истифода бурдан мумкин.Ба дохили он матнхоро ва элнмнтхои графикиро хамрох кардан мумкин.Барои баровардани матн ба равзанаи графики методи Print пешбини шудааст. Методи Paint Picture барои сохтани аниматсияхо дар равзанаи графики истифода бурда мешавад.

Элементи идоракунии стандартии MICROSOFT

Хамаи элементхои идоракуни дар мавзуъхои гузашта дида шуда дар панели элементи идоракуни чойгир шуда буданд.Ба гайр аз ин элементхо ба V.Bгурухи элементхое ,Ки барои сохтани барномахо пешбини шудаанд,дохил мешавад.Онхоро элементхои идоракунии стандартии MS мегуянд.Бо ёрии онхо сохтани панели идоракуни сатри вазъи равзана,чойгиркунии маълумотхо бо усулхои гуногун мумкин аст.

Элементи идоракуни Вазифа
1 2
Animation Барои сохтани видеоклипхои бесадо

пешбини шудаанд

Cool Bar Хамчун контейнер барои дигар элементхои идоракуни ва барои сохтани панели асбобхо хизмат мерасонад
DTPicter Барои дохилкунии сана бо даст ё,Ки интихоби аз элементи идоракунии Month View
Image Combo Варианти хубкардашудаи майдони руйхатхо.
Image List Руйхати тасвирхои графики барои истифодаи дигар элементхои идоракуни.
List View Руйхат барои татбик намудани батанзимори намуди беруна
Month View Элементи идоракуни дар намуди календар
Progress Bar Индикатори холат
Slider Элемент дар намуди харакаткунанда(палзунок)
Status Bar Хати холат
Tab Strip Барои сохтани дар форма тугмахои кабати (вклатка)
Tree View Маълумотро дар намуди дарахтшакл пешниход мекунад
Tool Bar Барои сохтани панелхои асбобхо истифода мешавад.
Updown Барои сохтани тугмахои стрелкадор нукта дар вакти пахши онхо киммати ракамхо дигар мешавад.

Барои хамрохкунии элементхои идоракунии стандартииMICROSOFT ба панели элементхои идоракуни ин амалхоро ичро кардан лозим аст:

  1. Аз меюи Progect командаи Components-ро интихоб кардан лозим.
  2. Аз равзанаи робитавии Components ба тугмаи кабатии Controls барои гуруххои зерин байракча гузоштан лозим:

Microsoft Windows Common Controls 6.0

Microsoft Windows Common Controls 2.6.0

Microsoft Windows Common Controls 3.6.0

  1. Тугмаи OK-ро пахш кардан лозим. Элементхои идоракуни интихобшуда ба панел хамрох карда мешавад.

Элементи идоракунии Image Combo.

Элементи идоракунии Image Combo хамчун обекти Combo box майдони руйхат мебошад. Фаркияти ин ду обектхо дар он аст, ки ба элементи Combo box ба руйхати кушодашаванда натанхо матн балки обектхои графикиро низ хамрох кардан мумкин аст. Тасвирхое ки дар руйхатиImage Combo истифода мешавад ба элементи идоракуни Image List чойгир карда мешавад.

Image List

Элементи идоракунии Image List руйхате мебошад, ки дар он тасвирхои графики чойгир карда мешавад. Тасвирхое, ки ба ин обект чойгир карда мешавад, дар вакти ичрошави дида намешавад. Барои он ки ин обект факат барои нигохдори истифода мешавад.

Ба руйхати графикии Image List файлхои графикиихамагунаро чойгир кардан мумкин аст.Масалан: нишонахо,нишондихандахои муш,файлхо дар формати GIF,JPEG

Элементи идоракунии стандартии Progress Bar.

Баъзе корхои замимахо суст ичро карда мешавад Масалан: Коркардри хачми калони маълумотхо ё,Ки интихоб аз барои маълумотхое,Ки информатсияи калонро доранд.Дар чунин мавридхо истифодабарандаи замимахо ба форма бо истифодаи тугмаи Progress Bar индикаторхои холатро хамрох кардан мумкин аст.

Хосиятхои асосии элементи идоракунии Progress Bar инхоянд:

Haght- баландии индикатор

Widht- дарозии индикатор.

Min- киммати минималии хосияти Value.

Max- киммати максималии хосияти Value.

Value- ин хосият барои кадом кисми индикатор рангубор карда мешударо муаян мекунад.

Элементи идоракунии Slider

Элементи идоракунии Slider тугмаи харакаткунанда мебошад, Ки бо ёрии он ба барнома камматхои адади дохил кардан мумкин. Барои идоракунии намуди берунаи обект аз хосиятхои зерин истифода мебаранд:

  1. Border Style- идаракунии худуд дар атрофии обект. Дар вакти сохтан худуд намешавад.
  2. Orientation- барои чойгиркунии горизонтали ё Ки вертикалии обект.
  3. Tick Style- барои таксимкунии линейкаи обект

Элементи идоракунии стандартии Tab Strip

Microsoft V. Basic 6.0 имконияти сохтани формахои дорои якчанд тугмахои кабати имконият дорад. Ин намуди обектхоро дар вакти чойгиркуниимаълумотхои хачмашон калон, барои гурухбанди намудани маълумотхои асоси ва бисёр истифода мешуда истифода бурдан мумкин.

Барои сохтани чунин обект ба форма элементи идоракунии Tab Strip хизмат мерасонад.

Элементи идоракунии Month View

Элементи идоракунии Month View обекти календар мебошад, ки бо ёрии он санаро интихоб кардан мумкин аст. Дар кисми бодои он тугмахои стрелкадор чойгир шудаанд. Бо ёрии онхо дида баромадани моххо мумкин аст. Дар кисми поении обекти калиддор санаи чори чойгир шудааст.

Барои идоракунии намуди берунаи калиддор хосиятхои асосии зерин истифода мешавад:

Show Today- дар вакти интихоби киммати True дар кисми поени калиддор санаи чори намудор мешавад.

Show Week Numbers- бо интихоби киммати True дар тарафи чапи калиддор сутуне пайдо мешавад, ки дар он ракамхои хафта чойгир шудааст.

Show Rate- кадамро муаян мекунад.

Дар форма бо истифодаи хосиятхои Month Rows ва Month Columns якчанд моххоро чойгир кардан мумкин аст. Максимум12 мох ба як форма чойгир кардан мумкин.

Элемети идоракунии стандартии Up Down

Элемети идоракунии Up Down барои дохилкунии инфарматсияхои раками аз тарафи истифодабаранда пешбини шудааст. Ин гунна обектхо аз ду тугмаи стрелкадор иборат буда онхо ба 2 самт равона шудаанд.

Х

124

Ин гуна обектхо танхо барои бо якчояги бо дигар элементхои идоракуние, ки барои дохилкунии инфарматсияхои раками пешбини шудаанд, хизмат мерасонад.

Масалан: Барои дохилкунии ракамхо ба майдонхои матни истифода бурдан мумкин. Дар ин холат бо хар як пахши тугмаи стрелкадори ба боло равона шуда, киммати додашуда зиёд мешавад ва бо пахши тугма ба поён равона шуда киммати додашуда ба раками муайан кам мешавад.

Элементи идоракунииUp Down-ро ба самти горизонтали чойгир кардан мумкин. Дар ин холат тугмаи ба тарафи чап нигаронидашуда барои кам шудани киммат ва ба тарафи рост нигаронидашуда барои зиёд шудани киммат хизмат мерасонад.

Increment- кадам

Max- киммати максималии дохилшаванда

Min- киммати минималии дохилшаванда

Orientation- бароимуайянкунии чойгиршавии элементи идоракунии ба самтхои гаризонтали ва вертикали.

Value- барои шуморидани киммати дохилшуда ба элементи идоракунииUp Down.

Намуди маълумот дар Visual Basic. Тағирёбандаҳо ва намудҳои онҳо. Константаҳо барои тавсифи тагирёбандахо оператори зеринро истифода мебаранд:

Dim тагирёбанда [А$ номи тагирёбанда]

Дар ин чо:

Dim-калимаи хидмати, ки барои тавсиф кардани тагирёбандахо истифода карда мешавад.

А$- калимаи хидмати, ки барои тавсиф намудани тагирёбанда мавриди истифода карор мегирад.

Номи тагирёбанда- ин навъи маълумот барои тагирёбандаи нишондодашуда. Номи тагирёбанда нодир (яъне набояд бо калимахои хидмати хамчоя шавад), ба хисоб рафта набояд дар рафти ичро программа дучори дигаргуни шавад. Вай хатман аз харфи лотини огоз ёбад ва дар таркибаш нуктахо, фосилахо, харфхои Руси мавчуд набошад, рамзхояш набояд аз 255 зиёд гардад. Муносибати тагирёбандаро ба намуди маълумот муайян мекунанд.

Dim Int. Summa AS Integer

Бо ёрии як оператор якчанд тагирёбандахо аз хамдигар бо вергул чудо карда, тавсиф кардан мумкин. Масалан:

Dim Int, Max Int Min. AS Integer dbl Mat as double.

Дар V. Basic якчанд намуди тагирёбандахо мавчуд аст, ки онхоро «намудхои маълумот» меноманд. Хар як намуди маълумот ба худ хусусияти хосро дорад.

Навъи маълумот барои тағирёбандаи нишондодашуда:

Намуди тағирёбанда

ҚимматҲаҷми хотираИ. пеш аз ба ном
IntegerАдадҳои бутуни порчаи [32768. 32767]1байтInt
LongАдадҳои бутуни порчаи [2147483648, 2147483647 ]4байтLng
SingleАдадҳои даҳӣ порчаи саҳеҳи яккаратаи (7-8 рақамҳои эътимоднок порчаи [ -1.4*10-45, 3*1031]4 байтSng
DoubleАдадҳои даҳӣ бо саҳеҳиии дукарата ( 15-16 рақамҳои эътимоднок) порчаи 5.0*10-324 17*103088 байтDbl
StringСатри рамзҳо1 байт барои ҳар як рамзStr
ByteАдадҳои бутуни порчаи [0.28-1]1 байтByt
DataСана аз порчаи 01.01.100 31.12.99998 байтDtm
ObjectМуроҷиат ба объекти ихтиёрӣ4 байтObj
VariantҚимати ихтиёрӣ16 байтVnt
CurrensyАдад ба шакли пулӣ8 байтCur
BooleanҚиматҳои мантиқӣ True ё False2 байтBln

Бузургиҳое, ки қимматҳояшон дар рафти иҷрои барнома тағир намеёбад, константаҳо номида мешаванд. Онҳо монанди тағирёбандаҳо тавсиф дода мешаванд.

Const номи константа [ As намуди константа]= қимати константа

Функсияи LTRIM, RTRIM ва TTRIM

Функсияи LTRIM барои нест кардан пробели дар сари ифодаи сатрӣ ҷойгиршуда хизмат мерасонад.

Функсияи RTRIM барои нест кардани прбел дар охири ифодаи сатрӣ хизмат мекунад.

Функсияи TTRIM барои нест кардани пробели дар охир ва аввали ифодаи сатрӣ ҷойгиршуда хизмат мекунад.

Дар Visual Basic барои интихоби символ ё символҳо аз ифодаи сатрӣ чунин функсияҳо истифода бурда мешавад: Left, Right, Mid

Операторҳои функсияи зерин чунин навишта мешаванд:

Left ( ифода, адад, символҳо)

Right ( ифода, адад, символҳо)

Mid ( ифода, номери позитсия, адад, символҳо)

Барои ҳисоб намудани символҳо дар ифодаи сатрӣ оператори Left истифода бурда мешавад.

Left ( Конибодом, 4) = кони

Right ( Ко, 5) = бодом

Mid ( Кон, 5, 2) = бо

Len ( Конибодом) = 9

Dim Str город As String

Str город= « Кони. S=0»

For i=1 to Len ( Кони )

К= Mid ( Конибодом, I, 1) If K=0 Then S=S+1

Next i

Text1. Text

Функсияҳои Str ва Val

Функсияи Str- барои табдил додани қимати ададӣ ба қимати матнии маълумот хизмат мекунад. Он чунин истифода бурда мешавад:

Str ( адад)

Str ( 123 )=123

Функсияи Val- барои табдил додани символҳои матнӣ ба қимати ададӣ хизмат мекунад. Он чунин истифода бурда мешавад:

Val ( ифодаи матнӣ)

А= « 10»

В= « 12»

Ptint Str ( a)+Str( b) 1012

Print Val ( a) +Val( b) 22

Массивҳо

Дар забони BASIC имконияти муайян намудани 2-намуди массив мавҷуд аст:

  1. массивҳои динамикӣ

2.массивҳои статикӣ

Сарҳади массивҳои статикӣ дар зинаи коркард гузошта мешаванд ва фа кат дар зинаи нави барнома тағйир додан лозим аст.

Массивҳои динамикӣ сарҳади худро ҳангоми и|рои барнома метавонад тағйир диҳад. Бо ёрии онҳо ба таври динамикӣ андозаи массивро мувофиқи шарти муайян додан лозим аст.

Барои эълони массиви статикӣ оператори Dim, к ибо ёрии қавсҳо, ки пас аз оператор гузошта мешаванд ва дар дохили қавс индекси калонтарин гузошта мешаванд. Аввл Dim баъд номи оператор пас аз он намуди маълумот навишта мешавад.

Dim Mutabar ( 100) AS String

Дар ин ҳолат элементи тағйирёбандаи Mutabar на аз рӯи номаш, балки аз рӯи индексаш фарқ мекунад.

Массивҳои статикӣ фақат ба таври глобалӣ эълон карда мешаванд. Онҳоро ба таври локалӣ дар дохили протсудура эълон кардан ғайриимкон аст.

Дар Visual Basic индекси массив ҳамеша аз нол сар мешавад, яъне нол элементи якуми массивро муайян менамояд. Индекси 1 бошад, элементи дуюми массивро муайян менамояд.

Оператори Option Base имконияти индексгузориро аз 1 сар мекунад. Ин оператор барои мувофиқонамоии забони Visual Basic бо дигар забонҳои

Basic хизмат мекунад, ки дар онҳо индексгузорӣ аз 1 сар мешавад.

Барои муайн намудани сарҳади дигари массив чунин тарзи навиштро истифода мебаранд:

Dim < номи тағйирёбанда > ( < ҳудуди поёнӣ то ҳудуди болоӣ>)

Ҳудудҳои болоӣ ва поёнии нишондодашударо ихтиёрӣ додан мумкин аст. Ин барои он низ хуб аст, ки агар индекс ягон мазмуни муайян дошта бошад.

Мисол:

Dim Birth Day ( 1980-2012)

Visual Basic инчунин имконият медиҳад, ки массивҳои дученака тартиб дода шаванд. Ҳангоми эълони массивҳои бисёрченека ҳудудҳои болоии индексҳои ҳар якашон навишта шуда аз ҳамдигар бо вергул ҷудо карда мешаванд.

Мисол:

Dim A ( 5,7)

Массив ин маҷмӯи элементҳои якхела, ки ба ҳар кадомашон адади натуралӣ гузошта мешаванд. Ин ададҳо индекс номида мешаванд. Ба индекси массив муро|иат намуда бо худи элементи он амал и|ро намуда мешавад.

Массивҳои динамикӣ дар ҳолате эълон карда мешаванд, ки агар андозаи он пешакӣ муайн набошад. Эълони массив ҳам чун динамикӣ имконият медиҳад, ки ченак ва андозаи он дар раванди иҷрои барнома тағйир дода шавад.

Массивҳои динамикӣ дар 2-зина тартиб дода мешаванд. Аввал массивҳо бе нишондоди андозааш муайн карда мешаванд.

Мисол:

Dim Dun Array ( ) AS Variant

Пас аз он бо ёрии операториRe Dim андозаи аслии массив гузошта мешаванд.

Re Dim Dun Array ( 50, 10)

Тарзи навишти оператори Re Dim чунин аст:

Re Dim < номи тағйирёбанда > ( сарҳадҳо) [ As < намуди маълумот>]

Модулҳо ва синфҳо

Модули барномаҳо ё худ модулҳо модулҳои барномавии худро файли матнии ASCII меҳисобанд ва зербарномаҳо, функсияҳо, тағирёбандаҳо ё доимиҳои дохилкардашуда дорад.

Модулҳо худро бо коди барномавии файли матнии ASCII меҳисобанд. Дар инҳо гурӯҳикунонии протседураҳои алоқаманд, ки дар барнома истифода бурда мешаванд, қулай мебошанд.

Коди лоиҳа мумкин аст аз ҷамъи модулҳои барнома иборат бошанд.

Синфҳо ( классы) – худро блоки созандаи асосии модели интихоби барнома, ки дар он ё дар барнома дар намуди баҳодиҳии объект навишта мешаванд, меҳисобанд. Синф нафақат қайдкунии қисмҳои функсияи барньомаҳо дар оюъекти алоҳида, балки имконияти базаҳои модулро васеъ менамояд. Мо метавонем як фрагменти барномаро ҳимоя намоем ва ба дигарҳо ба имконияти барнома дастрас мебошад. Ин ҷараён имконсулятсия номида мешавад. Ба объектҳои барнома дар ООП объекти интихоби барнома конструксия кардашуда хислатҳои объектро дар ҷаҳони ҳақиқӣ вонамуд месозад.

Функсияҳо ва протседураҳо

Бисёр вақт ҳангоми навиштани барномаҳои нисбатан вазнин ё калонҳаҷм дар якчанд ҷойи барнома такроран истифода бурдани баъзе амалиёте зарур мешавад. Барои он ки барои нусхабардории ин гунна амалиёт вақт ва кори зиёдатӣ сарф нашавад, дар забони алгоритмии Basic зербарномаҳоро истифода бурдан мумкин аст.

Зербарнома- ин қисми мустақили барнома мебошад, ки барои ҳалли ягон масъала пешбинӣ шуда, ба он дар рафти иҷрои барнома муроҷиат намудан мумкин аст. Зербарномаҳо ба тарзи махсус аз як гурӯҳ операторҳо, функсияҳо ва фармонҳо тартиб дода шуда, ба онҳо аз нуқтаи сатри дилхоҳи дигар барнома ё зербарномаҳо муроҷиат кардан мумкин аст. Ѓайр аз ин онҳо бояд ҳатман бо оператори Return ба итмом расанд. Баъди муроҷиат ба зербарнома, зербарнома як микдор амалҳои заруриро иҷро мекунад ва баъд аз ба итмом расиданиамалиёт корро ба операторе, ки баъди оператори муроҷиаткунанда истодааст, бармегардонад ва барнома кори худро давом медиҳад.

Барои тартиб додани зербарнома операторҳо, фармонҳо ва функсияҳои дилхоҳро истифода бурдан мумкин аст, лекин оператори охирин ҳатман бояд оператори бозгашт (Return) бошад.

Муроҷиат ба зербарнома.

Барои муроҷиат ба зербарнома дар забони алгоритмии Basic операториGoSub истифода бурда мешавад.

Ситаксис: <рс> GoSub <рс>

Дар куҷо:

<рс>- рақами сатри аввалаи зербарнома аст, ки ба он муроҷиат карда мешавад.

Оператори GoSub дар сатр ё ҷои дилхоҳи барнома истифода шуданаш мумкин аст. Фақат дар барнома ин оператор охирин шуданаш мумкин нест.

Мисол: 10 rem барномаи асосӣ

20 input n

30 GoSub 120: rem муроҷиат ба зербарнома

Бозгашт аз зербарнома.

Барои бозгашт аз зербарнома дар забони алгоритмии Basic оператори Returnистифода бурда мешавад.

Дар забони Basic ду намуди зербарнома мавҷуд аст:

  1. Протседура

2.Функсия

Ҳар як эълони протседура ё функсия сарлавҳа ва сатри ба охиррасии зербарномаро дорад.Фарқият дар забони барномасозии Basic аз Pascal дар он аст, ки дар забони Basic протседураро дар дохили дигар протседура эълон кардан мумкин нест.

Потседура қисмҳои алоҳидаи рамзест, ки ҳар бор ҳангоми муроҷиат кардан ба протседура иҷро мешавад. Ҳар як протседура бо калимаи кории Sub оғоз шуда, бо калимаи кори END ба итмом мерасад. Дар вақти тартибдиҳии барномаҳои мураккаб онҳоро ба якчанд зербарномаҳо-протседураҳои начандон калон ҷудо кардан ба мақсад мувофиқ аст. Онҳоро чанд маротиба аз ягон ҷои барномаи асосӣ даъват кардан мумкин аст. Пас аз иҷрои онҳо идоракуни ба таври автоматӣ ба он ҷои барнома, ки протседура даъват карда шуда буд, бармегардад. Ин гуна протседураҳо-протседураҳои умумӣ номида мешавад. Ба ҳар гуна протседураи умумӣ номи нодирро гузошта, рӯйхати параметрҳои дароянда ва бароянда муайян карда мешавад.параметри барояндаи протседура тағйирёбандаест, ки қиматаш дар натиҷаи кори протседура ҳосил мегардад. Тарзи навишти протседураи умумӣ чунин аст:

Sub номи протседура (рӯйхати параметрҳо)

Коди барномавӣ

END Sub

Протседураи умумӣ метавонад дар таркиби модули барномавӣ(дар файли.frm) ё универсалӣ(дар файли.bas) мавҷуд бошад.

Дар он ҷои барнома,ки протседураро даъват кардан зарур мешавад, оператори даъват навишта мешавад.

Call номи протседура ([рӯйхати параметрҳои даъват])

Дар ин ҷо рӯйхати параметрҳои даъват аз тағйирёбандаҳо, ифодаҳо ё қиматҳои онҳо, ки аз ҳамдигар бо вергул ҷудо карда шудаанд, метавонад бошад.

Эълони протседура

Навишти умумии эълони протседура дар забони Basic чунин аст:

[private/public][static]sub<номи протседура>[(рӯйхати параметрҳо)] [операторҳо] [Exit sub][операторҳо]

End sub

Ҳангоми эълони протседура навиштани операторҳо private ва public шарт нест.

Оператори ғайришартии private/public дар нусхаи васеъкардашудаи

Visual Basic маъно дорад.

-Оператори public барои истифодаи протседура дар дигар модулҳо низ имконият медиҳад.

-Оператори Private барои эълони протседура ва истифодаи он дар модуле, ки дода шудааст, имкон медиҳад.

-Оператори ғайришартии Static қимати тағйирёбандаи локалиро дар байни даъвати протседура нигоҳ медорад. Агар калимаи хидматии Static истифода нашавад, онгоҳ натиҷаҳои локалӣ дар хотира нигоҳ дошта намешаванд.

Мисоли оддии эълони протседураи Sub Example proc

Variable A=Variable A+1

Print Variable A

End Sub

Ҳар навбати эълони ин протседура бо ёрии оператори Example proc дар экран рақами 1-ро аз чоп мебарорад.Агар ба эълони протседура тағирот дарорем, эълони протседура чунин намудро мегирад:

Static Sub Example proc

Variable A=Variable A+1

Print Variable A

End Sub

Ҳар вақти аз чоп баровардани натиҷаи протседура як воҳиди зиёд карда мешавад.(1,2,3…)

Оператори Exit Sub дар танаи протсдура ба мо вомехӯрад, ки ин оператор ҳангоми ба кор андохтани протседура баъди иҷрои танаи протседура ба охир мерасонад.

Оператор барои ба кор андозии протседура чунин аст:

Номи протседура [рӯйхати параметрҳо]

Рӯйхати параметрҳои ғайришартии протседураҳо пас аз номи протседура дар дохилиқавс меоянд ва онҳо бо аломати вергул ҷудо карда мешаванд.

Эълони функсия

Функсия қисмҳои алоҳидаи рамзе мебошад, ки баъди иҷро намудани ягон амал натиҷаро бармегардонад.

Навишти умумии эълони функсия чунин аст:

[Public/Private] [Static] Function<номи функсия> [рӯйхати параметрҳо] [АS <намуд>] <операторҳо> <номи функсия> =<ифода>

[Exit Function]

<операторҳо>

[<номи функсия>=ифода]

End Function

Фарқи эълони функсия аз эълони протседура дар он аст, ки дар функсия дар сарлавҳаи он намуди маълумот гузошта мешавад. Истифодаи операторҳри Public, Private ва Static дар эълони протседура ба таври аналитикӣ эълон карда мешавад.

Оператори Exit Function ба монанди оператори Exit Sub дар функсия истифода мешавад.

Оператор ба кор андозии функсия аз оператори ба корандозии протседура дар он аст, ки рӯйхати параметрҳои дар функсия мавҷуд буда дар дохили қавс оварда мешавад:

С=Calculate square Root (Arg)

Эълони параметрҳо

Протседураҳо ва функсияҳо метавонанд аз параметрҳо истифода баранд, ки рӯйхати онҳо пас аз номи зербарнома дар қавсҳо дода мешавад. Ҳангоми зарурат намуди онҳо дода мешавад.

Мисол:

Sub Factorial(N As Integer)

End Sub

Дар ин ҷо N дар намуди маълумоти Integer омадааст. Дар забони Visual Basic имконияти истифода бурдани ду намуди даъвати параметрҳо мавчуд аст:

  1. Аз рӯи ном

2.Аз рӯи қиммат

Навишти умумии эълони параметрҳо чунин аст:

[Optional] [By Val/By Ref] <номи параметр>[AS намуди параметр] =<қимати мувофиқи он>

Додани параметр аз рӯи қиммат.

Барои додани параметрҳо аз рӯи қиммат пеш аз номи параметр дар

сарлавҳаи протседура калимаи хидматии By Val нишон дода мешавад. Ҳангоми додани параметрҳо аз рӯи қиммат ин калимаи хидматӣ ҳатман бояд нишон дода шавад.

Function Factorial(By Val N AS Integer) AS Integer

F=1

For i=1то N

F=f*i

Next i

Factorial=F

End Function

Додани параметр аз рӯи ном

Барои он ки параметрҳо аз рӯи ном дода шаванд, пеш аз номи протседура дар эълони протседура калимаи хидматии By Ref гузоштан лозим аст. Агар параметр аз рӯи ном дода шавад, онгоҳ протседураи даъватшуда суроғаи аниқ аз хотира мегирад ва метавонад қиммати ин параметро тағир диҳад.

Sub Factorial (N AS Integer,By Ref F AS Integer)

F=1

For i=2то N

F=F*i

Next i

End Sub

Параметрҳои ғайришартӣ

Дар Visual Basic қобилияти дар сарлавҳаи зербарнома эълон намудани параметрҳои ғайришартӣ мавҷуд аст.

Барои он ки параметри ғайришартӣ эълон карда шавад калимаи хидматии Optional истифода шавад. Баъди оператори Optional омада параметрҳои ғайришартӣ эълон карда мешавад.

Намуди интерфейсҳо

Дар замони ҳозира барои иловаҳои дар муҳити Windows бо ёрии Visual Basic 6.0 3- намуди интерфейс мавҷуд аст:

  • якҳуҷҷата- SDI ( Single Document Interface)
  • бисёрҳуҷҷата-MDI ( Multiple Document Interface)
  • Роҳбалад- Eхplorer

Ҳуҷҷат гуфта дар ин ҳолат намуди таъиншудаи кор бо маълумотҳоро ба назар мегиранд, на ин ки ҳуҷҷати муайянро.

Интерфуйси якҳуҷчата- ин намуди интерфейсе мебошад, ки имконияти кор бо фақат як ҳуҷҷатро медиҳад. Редактори матнии MS WORD мисоли он шуда метавонад. Барои бо як ҳуҷҷат кор кардан бо ин гунна интерфейс зарур аст, ки иловаро якчанд маротиба ба кор андозем. Барои ҳар як намуди маълумот ва ҳуҷҷат намуд ва мувофиқан иловаи он бо интерфейси SDI- ро талаб менамояд. Принсипан ин низ яке аз самтҳои мувофиқ аст, лекин он фақат барои кор бо миқдори ками ҳуҷҷатҳо мувофиқ аст. Ҳангоми пурборкунии миқдори зиёди иловаҳоиSDI хотираи фаврӣ пур мешавад ва илова хеле суст кор мекунад. Интерфейси SDI аз элементҳои зерин иборат мебошад:

  • менюи асосӣ
  • панели асбобҳо бо элементҳои идоракунӣ
  • равзанаи илова барои ҷойгиркунии элементҳои идоракунии малумотҳо
  • элемнти идоракунӣ барои маълумотҳо
  • сатри ҳолат

Интерфейси бисёрҳуҷҷата- махсусияти асосии MDI дар он асос карда мешавад, ки барои ин намуд интерфейс мумкин аст, ки ҳамон як намуд ҳуҷҷатро бисёркарата ббарои ҳуҷҷатҳои мазмунашон гуногун дошта кушода шавад. Ба ҳайати интерфейси MDI элементҳои зерин дохил мешаванд:

  • менюи асосӣ
  • панели асбобҳои идоракунӣ
  • равзанаи асосии илова
  • равзанаи тобеъ
  • элементи идоракунӣ барои маълумотҳои дар равзанаи тобеъ ҷойдодашуда
  • сатри ҳолатҳо

Интерфейси намуди роҳбалад.

Интерфейси намуди роҳбалад барои даромадан ба таркиби дарахтмонанди авлодӣ коркард карда мешавад. Яъне ба онҳо ҷойгиркунӣ вомехӯрад. Ба мисоли ҷойгиркардашуда папка ва файлҳо шуда метавонад. Файлҳо дар папкаҳо ва папкаҳо дар навбати худ дар папкаҳои болоӣ мехобад. Интерфейси иловаи намуди роҳбалад элементҳои зеринро дорад:

  1. менюи асосӣ
  2. равзанаи илова барои ҷойгиркунии элементҳои маълумот
  3. рӯйхати авлодии элементҳои таркиби дарахтмонанд. Ин метавонад папкаҳо ва файлҳо агар онҳо дар таркиби авлодӣ ташкил шуда бошанд. Элементҳои идоракунӣ барои кор бо маълумотҳо ( тугмаҳо, майдон, флажок ва ғайра)
  4. сатри ҳолатҳо
Сохтани MDI барнома.

Барои сохтани MDI барнома ақалан 2-форма мавҷуд аст:

  1. формаи модарӣ
  2. формаи тобеъ

Барои кор бо формаҳои тобеъи гуногун ба лоиҳа ҳамроҳ кардани формаи иловагӣ зарур аст. Сохтани лоиҳа чунин аст:

1.Сохтани лоиҳаи нав файл- New Project ( интихоби намуди проект Standart exe)

  1. Дар лоиҳаи сохташуда аз аввал як форма мавҷуд аст. Хосияти Name тағир медиҳем ба Frm Child, хосияти Caption ба формаи тобеъи MDI
  2. Барои сохтани формаи модарии MDI иҷрои командаи ADD- MDI зарур аст. Ба экран формаи Wizard пайдо мешавад, ки дар он MDI Form- ро интихоб менамоем.
  3. Хосияти Name- ро ба Frm MDI ва хосияти Caption-ро формаи модарии тобеъ табдил медиҳем.
  4. Бо ёрии тугмаи муш дар сатри проект 1 пахш менамоем ва командаи Project- Propeties- ро интихоб менамоем.
  5. Дар оинаи лоиҳа сатри Frm Child- ро интихоб менамоем ва ба параметри хосияти MDI Child параметри True медиҳем.Он гоҳ формаи тобеъ дар дохили формаи модарӣ мебошад.
  6. Дар оинаи лоиҳа сатри Frm MDI- ро интихоб менамоем.
  7. Таҳрири меню бо командаи Tools- Menu Editor ба кор медарорем.

Оинаи менюи Editorпайдо мешавад.

  1. ба майдони Caption &File- ро дохил менамоем.
  2. ба майдони Name Menu File- ро дохил менамоем.
  3. тугмаи Next-ро пахш менамоем.

Имконияти графикӣ дар Visual Basic 6.0. Элементи идоракунии Line ва Shape

Дар Visual Basic 6.0 ба формула имконияти ҷойгиркунии хатҳо, росткунҷаҳо, доираҳо, элипсҳо ва ғайраҳо мавҷуд аст. Барои ҳамроҳкунии хатҳо ба формула тугмаи Line аз панели элементҳои идоракунӣ истифода мешавад. Хосияти Border Widht имконияти ивазкунии ғавсии хатҳоро дорад. Барои ивазкунии ранги хатҳо аз хосияти Border Color истифода менамоем.

Бо ёрии хосияти Border Style намуди хатҳоро нишон додан мумкн аст.

Барои ҳамроҳкунӣ ба форма фигураҳои герметрӣ тугмаи Shape дар панели элементҳои идоракунӣ пешбинӣ шудааст. Бо ёрии ин тугма дар форма имконияти сохтани росткунҷаҳо, элипс, доира, квадрат ва ғайраҳо мумкин аст.

Барои додани шакли зарурӣ ба объект аз хосиятҳои Shape яктоиин қимматҳоро дидан мумкин аст.

Қиматҳои хосиятФигураҳои геометрӣ
  • RESTANGLE
  • SGUARE
  • OVAL
  • CIRCLE
  • ROUNDED RESTANGLE
  • ROUNDED SGUARE
РОСТКУНҶА

КВАДРАТ


ЭЛИПС


ДОИРА

РОСТКУНҶАҲОИ ДОИРАШАКЛ

КВАДРАТИ ДОИРАШАКЛ

Рӯйхати адабиётҳо:

1.Лукин С.Н.-Visual Basic 6.02001г

2.Н.Г.Волчёнков»Учимся программировать: Visual Basic 5″, Москва, ДИАЛОГ-МИФИ, 1998.

Эта книга — для начинающих программистов.

3.Сайлер, Споттс»Использование Visual Basic 6″, Издательский дом «Вильямс», 1999.

Эта книга — для программистов средней руки.

4.Мак-Кинни Брюс»Visual Basic — крепкий орешек»

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *