Фанни Экология

Фанни экология

Фанни экология

Нақша:

  1. Мафҳум ва таърихи мухтасари фан.
  2. Омилҳои экологи.
  3. Алоқаманди ва вазифаҳои фанни экология.
  4. Усулҳои омўзиши фанни экология.

Экология илмест, ки  муносибати организмҳои зиндаро байни худ ва бо муҳити атроф ва инчунин муносибати инсонро ба биосфера меомўзад.

Дар боробари дигар фанҳои биологи, экология низ фанни ҷавону тезинкишофёбанда ба шумор меравад. Экология ин таъсири байни якдигарии организмҳоро бо худ ва муҳити зист меомўзад.

Экология калимаи юнонии «Oikos»  хона, ё макони зист «logos» илм буда, соли 1886 аз ҷониби олими юнони Эрнест Геккел пешниҳод шудааст.

Аз замонҳои қадим яъне аз пайдоиши мафҳуми экология баҳсу мунозираҳо оид ба мустақилии ин фан сар зада буд.

Баъди далелҳои зиёд олимон ба як хулосаи даркори омада, мустақилии онро дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX ҳамчун фанни биологи эътироф карданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки макони зисти организмҳои зинда ин табиат мебошад. Организмҳои зинда ба муҳити атроф таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, таъсири одаму ҳайвон, ҳайвону растани.

Вазифаи экология омўхтани ҳамин таъсиррасони ба табиат мебошад. Дар замони ҳозираи тараққиёти илму техника, ки афзоиши аҳоли, зиёдшавии заводу фабрикаҳо бештар ба чашм мерасанд, ҳамзистии организмҳоро бо табиати атроф бетаъсир гузоштан намемонанд.

Дар назди организмҳои зиндаи маскуни табиат муҳофизат ва риоя намудани қоидаҳои мавҷудбудаи табии ба вуҷуд омадааст.

Акнун муҳофизати табиат масъалаи  муҳими давру замон гаштааст, ки риоя ва истифодабарии сарватҳои табиии мавҷудбуда вазифаи ҳар фарди ҷомеаи имрўза гаштааст.

Мутахассиси ҷавон  на танҳо ғамхориро дар бораи табиат изҳор кунад, балки ба атрофиён низ ин қоидаҳои заруррии муҳофизати муҳити атрофро фаҳмондан  тавонад.

Мо ҳамаи маводу масолеҳи барои зиндаги даркориро аз табиат мегирем (хўрока, либос, маводи сохтмони барои макони зист ва ғайра). Ана ҳамин масолеҳ ва маводҳо, боигариҳои табиатмаҳсуб меёбанд. Истифодаи оқилона ва  пайдоишу захираи ин боигариҳо бар дўши ҳар як фарди ҷомеа гузошта шудааст.

«Ҳамаи он чизе, ки ҷомеа истифода мебарад, маҳсули ду элемент аст маҳсулоти табиат ва меҳнат» (К. Маркс ва Ф. Энгельс). Меҳнат шарти асосии ҳастии ҷамъият ва ҷудонопазири табиат мебошад.

Табиат бошад, сарчашмаи қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии инсон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин шароитҳо водор менамояд, ки ҷомеаи имрўза ба омўзиши экология ва ҳифзи муҳити зист ҳаматарафа омода бошад. Чунки надонистани қонунҳои экологи ва риоя накардани онҳо боиси аз байнравии занҷири ҳамзистии табии мегардад. Риоя накардани қонунҳои асосии экологи,  вайронкунии худидоракунии табии  боиси аз байн рафтани  баъзе  намудҳои растаниву  ҳайвонот ё боигариҳои табии мегардад. Масалан: шикори бераҳмонаи паррандагон, истифодаиғайриоқилонаи оби нўшоки, буридани растаниҳои гуногун, озмоиши яроқҳои атоми, сўзонидани ҷангалҳо, партофтани партовҳои саноати ба муҳити атроф ва ғ.

Танҳо бо сабаби дигаргуншавии ҳолати экологии биосфера ва таъсири бевоситаи омили антропогени аз аввали асри VII то охири асри XX 63 намуди  ширхўрон, 94 намуди паррандагон ва 250 намуди дигар ҳайвонот нест шудаанд, ки боиси аз байн рафтани намудҳои нодири олами ҳайвонот ва наботот гардидаанд.

Омилҳои  экологи. Омилҳои экологиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд.

  1. Омили биотики.
  2. Омили абиотики.
  3. Омили антропики ё анропогенни.

1.Омили биотики- ин омилест, ки таъсири ҳамдигарии организмҳои зиндаро меомўзад. Масалан: растаниҳои сабз – хўроки ҳайвонот буда, ҳайвоноти растанихўр – хўроки дарандаҳо мебошанд.

2.Омили абиотики омилест ки таъсири табиати ғайризиндаро ба табиати зинда меомўзад, (ҳаво, об, хок, шамол, фишор) ва ғайра.

3.Омили антропики ё антропогени омилест, ки таъсири гуногуни инсонро ба табиати атроф меомўзад. Инсон барои ҳаётгузаронии худ бисёр қонунҳои худидоракунии табииро вайрон мекунад.

Яъне  табиати атрофро ба худ мутеъ карда ба ин рафтор ҷараёни обро дигаргун сохта иншоотҳо месозад, ки дар натиҷа вайроншавии биоценозҳои мавҷуда, зери об  заминҳои кишт ба амал меояд.

Ҳайвонотҳои гуногунро хонаги карда ба ҳамзистии муҳити атроф ва ин намуд таъсири манфи мерасонад. Партовҳои гуногунро ба ҷўй ва каналҳо партофта, ба худ ва ҳайвоноту растаниҳои оби зиён меоварад. Инсон бояд ба ҳамаи рафтори худ назар карда на табиатро мутеи худ созад, балки ҳамчун дигар организмҳо мутеи табиат бошад. Инсон дар натиҷаи зиндагии оромонаи худ бештар ба табиат зиён меоварад.

Дар натиҷаи фаъолияташ ба муҳит гази карбонат хориҷ мекунад, аз табиат хўрока, либоса ва масолеҳи сохтмони мегирад. Ҳамаи ин боиси аз байнравии худидоракуни ва худбарқароршавии табии мегардад. Бунёдсози гулгашту чаманзор, кабудизору боғҳо  ин  инсоният мебошад.

Зарари расонидани организмҳои зиндаи табиат аз тарафи дигар организмҳо пўшонида мешавад. Бо ин алоқаманди дар табиат баробарвазнии биологи таъмин гашта, мувозинати экологи нигоҳ дошта мешавад.

Вазифаҳои фанни экология

  1. Барқарор намудани мувозинати экологи дар табиат
  2. Дар табиат тағйир додани муносибати инсон ба муҳит
  3. Ҳифзи сарватҳои табии (об, ҳаво, замин, олами ҳайвонот ва наботот, микроорганизмҳо ва ғ.)
  4. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табии
  5. Аз методҳои химияви ба методҳои биологи гузаштан
  6. Танзими оқилонаи нуриҳои минерали ва моддаҳои заҳрнок
  7. Васеъ намудани чораҳо зидди эрозия
  8. Ҷори намудани технологияи кампартов ва бепартов
  9. Тозасозии газҳои сўхта
  10. Истифодаи партовҳо
  11. Кам кардани оқибатҳои зарарноки кори нақлиёт
  12. Нигоҳ доштани намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот
  13. Ҷори намудани низоми назорати доимии экологи
  14. Ба вуҷуд овардани пойгоҳҳои илми
  15. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли.

Экология мисли дигар илмҳо усулҳои омўзиши худро дорост.

  1. Саҳрои ё мушоҳидави – дар саҳро гузаронида мешавад.
  2. Лаборатори ё таҷрибави – таъсири як омил ё бисёромилҳо низ ба назар гирифта мешавад.
  3. Таҷрибави, математики ва моделсозии биологи — вазифаи ин усул сохтани моделҳои гуногун оиди таркиб, шумора ва рафтори популиятсияҳо, таҳқиқи силсилаҳои экологии (биосеноз, биогеосеноз, экосистема). Роҳҳои гуногуни ба ҳамтаъсиркунии омилҳои экологиро бо муҳити зист бо маълумотҳои дақиқ (схемави, сифри, нуқтаги) муайян месозад.

 

Ҷумҳурии мо ҷумҳурии аграри буда, фаъолияти хоҷагидори бояд дар риоя ва нигоҳдории қонунҳо ва баробарвазнии биологи ба роҳ монда шавад.

Аз ин рў, ҷори намудани тафаккури экологи ва баландбардории маърифати экологии сокинони ҷумҳури аз давраи мактаб то мутахассисони амалкунандаву оянда зарурияти хос дорад.

Дар иҷлосияи ассамблеяи СММ соли 1972, 5 – уми июнро рўзи байналмилалии муҳофизати муҳити атроф эълон кардааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *