Фанни Экология

Асосҳои назарявии муҳофизати муҳити атроф

Нақша:

  1. Хизматҳои олимони соҳавӣ
  2. Cаҳми олимони тоҷик дар ин бахш
  3. Мафҳуми оптимум ва нишасти экологӣ
  4. Муҳити зисти организмҳо

«Экология ҳамчун илми табиӣ давраи дуюми ҷавонии худро аз сар мегузаронад.»,- гуфтааст академик С. С Шварц. Чунки донишҳои ибтидоии экологиро мо дар асарҳои файласуфи бузурги юнон – Арасту,

ки ба асри IV то милод, рост меояд пайдо карда метавонем. Дар ин давра Арасту беш аз 500 намуди растаниҳоро тавсиф карда, муносибати онҳоро бо муҳити  зист – хушкӣ ва обӣ муайян кардааст. Баъдтар шогирди Арасту  — Теофраст дар асрҳояш «Сабабҳои растанӣ» ва «Тадқиқот дар бораи растаниҳо» дар бобати гуногунии олами наботот ва  таъсири макони зисти онҳо маълумот додааст. Ҳамин тариқ, маълумотҳои аввалини экологӣ аз давраи ба амал омадани илмҳои ҳаётшиносӣ ибтидо мегирад.

Аввалин систематикҳо А. Сезалпино (1519 1603), Д.Рей (1628 1705) ва Турнефор (1656 — 1708) дар бораи вобастагии растаниҳо ба муҳити зист иттилоъ додаанд.

Дар аввали асри ХХ – баробари гирд овардан ва таҳлили дастовардҳои мутафаккирони замони пеш тараққиёти мунтазами экологӣ ба чашм мерасид.

Ин пешравӣ ба хизматҳои шоёну арзандаи илмии замони пеш ба монанди – «Системаи бинарӣ ё дуномагии олими швед К. Линей. Таълимоти Ж. Ламарк». Таъсири муҳити атроф ба инкишофи эволютсионии олами органикӣ. Асари А. Декандоль «географияи растаниҳо» вобастагӣ доранд. Хизматҳои шоёни олимони рус ба монанди: П. С. Паллас, И. И. Лепехин, М. В.  Ломоносов, К. Ф. Рулье, Н. А. Северцов, Бекетов ва дигарон дар инкишофу тараққиёти фанни экология хеле бузург мебошанд.

П. С. Паллас дар шоҳасари худ «Зоогеография» нисбати 151 намуди ширхўрон,  425 намуди паррандагон ва мигратсия ё кўчиши онҳо ахборот додааст. Хизмати профессори Универистети Москва К. Ф. Рулье – дар навиштани экологияи ҳайвонот нақши  басо муҳим бозидааст, ў дар ин соҳа беш аз 160 корро ба нашр расонидааст.

Шогирди Рулье  Н. А. Северцов соли 1855 монографияи бузурге бо номи «давраҳои  тағйирёбии ҳаёти ҳайвонот»- ро   нашр намуд. Шогирди дигараш Бекетов соли 1896 «Географияи растаниҳо» номи асарро чоп намуд.

Умуман соли 1859 баъди аз чоп баромадани асари бузурги Ч. Дарвин «Пайдоиши намудҳо ва таълимоти эволютсиони» — и ў дар инкишофи илмҳои биологӣ, аз он ҷумла дар экология пешравӣ ба амал омад.

Соли 1877 гидробиологи олмонӣ К. Мёбиус таълимотро дар бораи биосеноз пешниҳод намуд. Организмҳое, ки дар биосеноз зиндагӣ мекунанд, доимо дар робитаи тарафайн қарор доранд ва ба  шароити ҳаётгузаронии онҳо таъсир мерасонанд.

Соли 1859 ботаники машҳур У. Варминг истилоҳи «экология» — ро ба илм ворид намуд. Ба ҳамин давраҳо фаъолияти олими рус В. В. Докучаев рост меояд. Асоси корҳои ў омўзиши геоботаникӣ буда, таълимотро дар бораи «Ландшафтҳо» манзараҳо, ва бо ҳам таъсиркунии олами наботот бо хок пешниҳод намудааст.

Дар садсолаи гузашта инчунин хизматҳои шоёни олими рус Г. Ф. Морозов (соли 1920) асараш «Таълимот дар бораи ҷангал» басо бузург мебошад. Дар ин кор ҷангал ҳамчун хобгоҳи асосӣ ва ҷои зисти умумии организмҳои зинда ҳисобида шудааст. В. Н. Сукачев таълимоти махсусро дар бораи «биогеосеноз» пешниҳод карда, фаъолияти якҷояи организмҳои зинда зоомасса + фитомасса+ микроорганизмҳои заминро муайян намудааст.

Организмҳои зиндае, ки дар сайёраи мо зиндагӣ мекунанд ба пайдоиши табиати кураи замин чун омили асосии ҳаёт таъсири калон мерасонанд. Гардиши моддаҳои биологии табиат ба воситаи фаъолияти ҳаётии продутсентҳо, консументҳо, редутсентҳо, ба амал оварда мешавад. В. И. Вернадский моддаҳои гуногуни табиатро ба моддаҳои зинда ва ғайризинда ҷудо кардааст.

Организмҳои зинда дар биосфера нобаробар тақсим шудаанд. Атмосфераи замин аз омехтаи газҳо иборат буда, аз ҷиҳати кимёвӣ бо ҳам таъсир надоранд. Дар атмосфера ҳамаи ҷараёнҳои метероологӣ сурат мегиранд, ки ҷамъбасти онҳоро иқлим номгузорӣ мекунанд. Нишондодҳои атмосфераро то баландии 20 ҳазор км ба мушоҳида гирифтаанд.

Асарҳои пурарзиши мутафаккирони гузаштаи тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абуали ибни Сино, Алхоразмӣ Носири Хусрав, оиди табиати сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва хусусиятҳои инкишофи онҳо аҳамияти хосае доштанд.

Баъди таъсисёбии АУ. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1951 миқёси таҳқиқотҳои илмии   табиату бойгариҳои ҷумҳур вусъат ёфт.

Тадқиқоте, ки таҳти сарварии академик М. Н. Нарзиқулов дар бораи нест кардани зараррасонҳо бо усули биологӣ анҷом дода шуда буд,  аҳамияти калони экологӣ дорад. Ин усул боиси кам истифодабарии заҳрҳои химиявӣ дар муҳити атроф гашта фоидаи хуби иқтисодӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ  меорад.

Дар Пажўҳишгоҳҳои ҳайвонот ва набототшиносоии Ҷумҳурӣ ба ҳифзи намудҳои нодир ва омўзиши хосиятҳои экологии организмҳои мутобиқкунонидашуда (интродуксентҳо) олимони ин соҳа корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Ҳамин тариқ аз қадимтарин ёдгории хаттии тоҷикон «Авесто» то имрўз аҳли илм нисбат ба омўзишу таҳқиқи муҳити атроф бепарво набуданд, ҳама гуна зуҳуроти табиату ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медоданд.

Дар асри ХХ аз сабаби пурзўр гаштани таъсири инсон ба табиат, истифодаи бераҳмона ва нодурусти сарватҳои табиӣ  боиси аз байнравии аксари намудҳои нодири ҳайвоноту растаниҳо гашта, қонунҳои мавҷудаи биологӣ ва мувозинати  экологӣ вайрон карда мешаванд.

Имрўзҳо инсониятро лозим аст, ки муносибати худро нисбат ба табиат дигаргун сохта роҳҳои дўстӣ ва ҳамкориро  бо муҳити атроф ҷустуҷў намояд.

Аз ин хотир баландбардории маърифати экологии ҷомеа кор ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Танҳо дар ҳамин маврид ў метавонад ба насли наврасу ояндаи худ чизе аз табиат мерос гузорад.

Экология ҳамчун фан аз қисмҳо ё соҳаҳои  зерин иборат аст:

  1. Аутэкология аз калимаи юнонии «autos» — худ ё фард ва экология гирифта шуда, таъсири мутақобилаи фардҳои алоҳидаи ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳоро бо муҳити зист меомўзад. (экологияи фардӣ)
  2. Демэкология аз калимаи юнонии «demos» халқ буда фаҳмонидани шароити тушаккулёбии популятсия ва омўзиши дохилипопулясионӣ гуруҳҳо, сабабҳои тағйирпазирӣ, афзоиш рафтор ва таъсири тарафайни популятсияҳоро ба муҳити зист меомўзад. Дар баъзе сарчашмаҳо ҳамчун «экологияи популятсионӣ» истифода бурда мешавад.
  3. Эйдэкология аз калмаи юнонии «eidos» шакл намуд ва экология гирифта шуда ба омўзиши ҳаматарафаи экологии намуд бахшида шудааст. (яъне экологияи намудҳо)
  4. Синэкология аз калимаи юнонии «syn» якҷоя, ҳамроҳ гирифта шудааст. Экологияи ҳамзистӣ, таркиби пайдоиши инкишофу муносибати организмҳоро дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи онҳоро бо муҳити зист меомўзад. Истилоҳи биосеналогия ҳаммаънои синэкология мебошад.

Дар ин фан шиддати таъсири омилҳо ба фаъолияти зиндагии организмҳо, оптимум ва пессимум омўхта мешавад.

Шиддати омилҳоеро, ки ба фаъолияти организмҳо мусоидат мекунад шиддати оптималӣ ё оптимум меноманд. Шиддати омилҳо аз минтақаи оптималии ҳамин намуд ҳар қадар дур бошад, фаъолияти зиндагии вай ҳамон қадар паст мешавад ва он минтақаро минтақаи тобоварӣ меноманд. Ҳаддеро, ки берун аз он фаъолияти организмҳои зинда ғайри имкон аст, ҳадди болоӣ (max) ё поёнии (min) тобоварӣ мегўянд..

Нишасти экологӣ — мақоми ишғол кардани намуд (популятсия) дар ҷомеа ё биосеноз.

Бештар дар нишастии экологӣ як намуд зиндагӣ ва афзоиш мекунад, ҳарчанд аз фаъолияти дигар намудҳо холи нест.

Ҳаёт дар кураи замин тақрибан 5млрд. сол пеш пайдо шуда, дар раванди эволютсия шаклҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Муқаррар гаштааст, ки дар рўйи замин зиёда аз 1,5 млн. намуди ҳайвон ва беш аз 0,5 млн намуди растаниҳо мавҷуданд. Ҳар намуд дар муҳити ба худ хос умр ба сар мебарад.

Муҳити зист – қисми табиатест, ки организмҳои зиндаро иҳота кардааст ва онҳо дар ин муҳит бо ҳамдигар муносибату фаъолият доранд. Фаъолияти организмҳо дар ин муҳит мувозинат ва баробарвазнии экологиро таъмин менамоянд. Алоқамандии намудҳо дар  

муҳити зист биосеноз, биогеосеноз ва агросенозҳоро ташкил додаанд.

Организмҳои зиндаи табиат  дар чор муҳити зист сукунат доранд:

  1. Муҳити хушкӣ –(олами растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо ва ғ.)
  2. Муҳити обӣ – ҷонварони обӣ (планктонҳо, нектопҳо, бентосҳо)
  3. Муҳити фазоӣ –микроорганизмҳо, паррандаҳо, спораҳо ва ғ.
  4. Муҳити дохилинамудӣ – муфтхўрҳо (эндо ва экзопаразитҳо)

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *