Афсонахои точики

Афсонаи точикии ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ

ХАРГӮШИ ШЕРДИЛ

Харгӯшчае буд, харгӯшчаи тарсончаке. Шохчае тирсӣ карда шиканад ё паррандае қанот занад ва ё порчаи барф дарахт афтад, як қад мепариду гирён мешуд. Баъд калон шуд, ҷасорат пайдо кард ва як рӯз калонӣ карда гуфт

  • Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам!

Вай ин суханонро бо овози баланд такрор карда, ба беша баромад.

  • Чӣ ту аз гург ҳам наметарсӣ? — пурсид харгӯши пир.

Аз гург хам, аз рӯбоҳ ҳам, аз хирс ҳам наметарсам! — ҷавоб дод харгӯшча. — Агар гургро бинам, пора карда мепартоям.

  • Ту нодон! — гуфт харгӯши пир.

Ин замон як гург омада монд. Гург гушнаву хаста буд.
«Кошкӣ акаллан як харгӯш вомехӯрд» мегуфт ӯ дар дилаш ва нохост ба гӯшаш овози харгӯш расид. Вай боз истоду ва поида-поида пеш омадан гирифт.

Гург наздик омада шунид, ки як харгӯшчаи каҷ чашми думкалта ӯро пора карда хӯрданист.

  • Исто, ҳозир ман ба сари ту об мерезам! — гуфт гург.

Харгӯшча ба болои кунда барома, Гуш кунед, эй тарсончакҳо, гӯш кунед, ман ба шумо як
чизи аҷиб нишон медӣҳам …Ман… Ман…

Ҳамин вақт гургро дида, гапашро гум карду нафасаш гашт. Аз тарс мисли хаппак лӯнда шуда, аз шохи баланд ба болои сари гург афтод. Афтоду поён ҷаҳида рафт, ба пушташ нигоҳ накарда мегурехту мегурехт, қувваташ намонд, лекин истода наметавонист, гумон дошт, ки гург аз ақибаш давида меояд ва ҳамин замон ӯро дошта мехӯрад.

Вай чашмонашро пӯшида, ба таги буттае афтоду аз ҳуш рафт ва баъди чанд вақт ба ҳуш омада. ҳайрон шуд, ки Гург уро чаро нахӯрдааст.

Гург бошад, вақте ки харгӯш ба болои сараш афтод, гумон кард, ки касе ӯро парронд ва бо тамоми қувваташ ба тарафи дигар гурехта рафт.

Харгӯшча чӣ хел шудани воқеаро пай бурду ба пеши харгӯшҳо баргашта худро тавсиф кард.

Шариконаш гапи ӯро маъкул дониста, сар ҷубонданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *