Афсонахои точики

Афсонаи ТӮТИҲОИ СУХАНГӮ

ТӮТИҲОИ СУХАНГӮ

Рост буд дурӯғ буд, дар як замони қадим як подшоҳ буд
Вай се зан дошт. Чанд бор лолаҳо дар кӯҳсор рӯида рӯи хазонро
диданд ва сабзаҳо дар марғзор дамида хушк шудаанд, аммо
дар тамоми ин муддат аз ҳеҷ кадом зани ӯ фарзанде нашуд.

Охир дили подшоҳро хори гами бефарзандӣ рахна наму;
дар сари ӯ хаёлҳои парешони андӯҳовар сайр кардан гирифт.
Вай як рӯз баъд аз фикри дурударозе, вазири дасти росташро
ба наздаш ҷег зада гуфт:

  • Дӯсти азиз, ба худи ту маълум аст, ки ман фарзандталаб!
    ҳастам, вале то ҳол аз дидани рӯи мубораки фарзанд дилам
    хурсандона назадааст. Рав, тамоми оламро тай карда барою!
    барои ман зане пайдо кун, ки вай чашми маро бо дидани чеҳраи
    ягон писар, ё ақаллан духтаре чор накунад.

Вазир ин гапи подшоҳро шунида, тааҷҷуб карду гуфтанӣ
шуд, ки охир аз куҷо ин хел занро пайдо мекунад, вале гапи
подшоҳро рад кардан баробари ба худ марг талабидан буд,
бинобар ин чизе нагуфта, ноилоҷ ба кофтукови зани дилхоҳи
подшоҳ баромада рафт.

Вай ҳануз аз мамлакати подшоҳ берун нашуда, аз як деҳа
гузашта истода буд, ки сӯҳбати духтарон ба гӯшаш расид.
Истода нигоҳ кард, ки дар лаби ҷӯи равон се духтари подачӣ
нишастаанд.

  • Агарподшоҳмаро ба занӣ гирад, — мегуфт яке аздухтарон,
  • як дег ош пухта медиҳам, ки тамоми халқи мамлакаташ хӯрда
    сер мешаванду боз зиёдатӣ карда мемонад.
  • Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, — мегуфт духтари дуюм.
    як гилем дӯхта медиҳам, ки паҳн кунанд, рӯи дунёро гирад,
    ҷамъ кунанд, дар пӯчоқи писта ҷой шавад.
  • Агар полшоҳ маро ба занӣ гирад, — мегуфт духтари сеюм.
  • як писар ва як духтар зоида медиҳам: зарринкокул, холдор.
    ҷехраи нозакинашон монанди офтоб оламро равшан мекунад.

Вазир ин гапҳоро шунида, хурсанд шуду зуд аз роҳаш
баргашта. ба пеши подшоҳ шитофт.

  • Эй полшохи аъзам,-гуфт вазир ба назди ӯ даромада, —
    кофта гаштани рӯи ҷаҳон лозим нашуд. Дар мамлакати худатон
    дар фалон кишлоке се духтари подачӣ будааст.

Баъл вазир ба подшоҳ гапҳои духтаронро як-як гуфта
дод.

Поашоҳи бефарзанд шод шуда, амр кард, ки духтари
фарзанл ваъдакардаро гирифта биёранд. Фармони ӯро иҷро
карзанл. Подшоҳ ҳафт шабу рӯз тӯй дода, духтарро никоҳ
караа гирифт.

Рӯзҳо гузашт, ҳафтаҳо гузашт, моҳҳо гузаштанду вақту
соати таваллуд кардани зани фарзанд ваъда кардаи подшоҳ
наздик шудан гирифт.

Дарин вақт подшоҳ ба шикор рафта буд. Шавқи шикор ба
ӯ ғалаба карда, дар як шикоргоҳи серсайд муддати дароз овора
монд.

Дере нагузашта духтари подачӣ як писар ва як духтар
таваллуд кард. Дар ҳақиқат мӯйҳои наврӯидаи заррину бачагон
чун шӯълаи оташ медурахшиданд, чеҳраи офтобгунашон
атрофро равшан мекард, ҳар ду дар байни абрувонашон яктогӣ
холи сиёҳмушкин доштанд.

Се зани аввалаи подшоҳ баробари дидани ин хел бачагони
ғалатӣ, дар оташи рашку ҳасад сӯхтанду фикр намуданд, ки
баъд аз ин подшоҳ ҳар сеи онҳоро «ҳамин қадар сол гузашту
шумо ба ман фарзанд таваллуд накардед»-гуфта аз дами теғ
мегузаронад. Онҳо бо ҳамин фикр, дар қасди нест кардани

бачагон афтоЛа, дояро харида гирифтандва ба ӯ фармуданд, ки
писарчаю духтарчаро ба ягон ҷои дурдаст бурда нест кунад.

Баъд занҳо як гурбаю як сагбачаро ёфта, ба ҷои бачагон
гузоштанд ва ба подшоҳ хабар фиристоданд, ки зани ваъдагиаш
як гурбаю як сагбача таваллуд кард.

Подшоҳ чунин хабари нохушро шунида, бисёр гамгин
шуд ва ба қосидон гуфт, ки дам фурӯ бурда, чизе нагӯянд, ки
дар шаъни вай айби калон аст. Баъд подшоҳ ба қасраш гашт;
омада, фавран амр дод, ки вазири дасти росту зани зоидаашро
ба зиндон андозанд.

Доя бошад, бачагонро аз кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои бео-
бу беканор гузаронида, ба як ҷои хеле дурдаст гирифта мебур;
Вай аз як маргзор гузашта истода, бо як подачӣ вохӯрда мон,
Подачӣ дар дасти кампир ду кӯдаки гирёнро дида пурсид.

  • Эй кампир, чаро дар ин ҷойҳои бекасу беодам ду кӯдак;
    ширмакро кашола карда гаштӣ? Инҳо киҳоянд, ба куҷо бур,
    истодаӣ?

Кампиразтаёқи подачӣ тарсида, аввал дудила шуда истод
баъд ноилоҷ ҳақиқати воқеаро гуфта дод ва ними тиллои аз
занҳои подшоҳ гирифтагиашро ба подачӣ дароз намуда, зори
кард, ки ин сирро ба касе нагӯяд.

Подачӣ пинҳон доштани ин сирро ваъда кард гуфт:

« Бачагонро ба ман деҳ, онҳо фарзандони ман мешаван,
Ба занҳои подшоҳ ягон латтаро ба хун тар карда бурда нишон
деҳу гӯй, ки гуфтаашонро иҷро карда омадӣ.

Подачӣ ба ӯ як баррачаро кушта дод. Кампир парпечҳо!
кӯдаконро хунолуд карда, бурда ба занҳои подшоҳ, ҳамчун
аломати кушта шудани кӯдакон, нишон дод.

Подачӣ кӯдаконро ба хонааш оварда, бо шири гӯсфандо!
парвариш кард. Солҳо мегузашт. Бачагон, ҳар қадар ки

калонтар мешуданд, ҳамон андоза ҳусну ҷамоли онҳо зиёдтар
мешуд.

Подачӣ барои бачагон иморатҳои хушрӯй сохт ва як боғи
сермеваю сердарахт парвариш карда расонид. Бачагон дар
боғи зебо сайр карда дилхуш мешуданд. Кайфашон чоқ ва
ғамашон дур буд.

Рафта-рафта хоҳару додарон ба камоли балоғат расиданду
баъд аз ин писар тиру камон гирифта, ба шикор мерафтагӣ
шуд. Вай дар байни кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва дар бешаҳои
бесару нӯг гашта, ҳар хел ҷондорҳоро шикор карда меовард.
Духтарсайдҳоро тоза намуда, таомҳои гуноғун мепухту падару
додарашро ба сари дастурхон ҷеғ мезад. Сонӣ ҳар се хӯрда.
бароҳат чақ-чақ карда менишастанд.

Рӯзе подшоҳ дар як дараи кӯҳӣ шикор карда истода, аз
дур ҷавонеро дида монд, ки нури рӯяш гирду атрофро равшан
мекард. Вай дар умри худ ин хел ҳодисаро надида буд ва б;
тааҷҷубу ҳайронӣ ба сӯи ҷавон асп ронд.

Ҷавон ба сӯяш омада истодани як марди солхӯрдаи
савораро дида, пешвоз рафта боадабона салом дод. Подшох
пурсид, ки вай кист ва дар куҷо истиқомат дорад.

  • Ман писари як подачӣ ҳастам, — гуфт ҷавон, — хонаи мо
    дар ҳамин наздикиҳо, дар байни як марғзор воқеъ шудааст.

«Кошкӣ ман ҳамин хел писаре медоштам» — фикр кар,
подшоҳ ва захми дилаш тоза шуд, оҳи сарде кашид. Ҷавони
нозанини холдор ба ӯ хеле маъқул шуда монд. Подшоҳ бисёр
фикр накарда, ӯро ба қасраш ба меҳмонӣ таклиф кард.

  • Агар падарам рухсат диҳад, меравам, — гуфт ҷавон
    бегоҳӣ баргашта воқеаро ба подачӣ гуфта дод.

Подачӣ ба хаёл ғӯта зад. «Кори нагз нашудааст, — фикр
мекард подачӣ, — беҳтар буд, ки ӯ бо подшоҳ шиносоӣ пайдо

намекард. Оқибати ин хуб намешавад. Аммо илоҷе нест,
гардонидани гапи подшоҳ хатаровар аст». Вай бо ҳамин карор
ҷавонро бароварда, ба меҳмонӣ ғусел кард. Ба қасри подшоҳ
меҳмон шуда омадани як ҷавони дар ҳусну ҷамол беназир зуд
дарбайни бошандагони қаср овоза шуд. Занҳои калони подшоҳ
мӯи заррину холи мушкини ӯро дида, фаҳмиданд, ки ин ҳамон
писари подшоҳ аст. Ба дилашон алав афтода, ба хонаи доя
рафтанд.

  • Канӣ гӯй! — гуфт зани аз ҳама калонии подшоҳ
    дандонҳояшро шақаррос занонида,-ҷон ширин-мӣ, тилло
    ширин?
  • Ҳам ҷон ширину ҳам тилло ширин, — ҷавоб дод кампир
    тарсидаю ларзида.
  • Агар ҷон ширин бошад, — гуфтанд занҳо, — рости гапро
    гӯй: ту кӯдакони подшоҳро чӣ кор кардӣ?

Кампир ҳис кард, ки сирраш фош шудааст. Ноилоҷ
хакикати воқеаро ҳикоя карда дод.

  • Бамани мӯйсафед раҳм кунеду аз як қошуқ хунам гузаред,
    -гуфт кампир, — Ман ин дафъа шумоёнро ба муроду мақсадатон
    мерасонам.

Занҳои подшоҳ ба кампир тиллои зиёде ваъда карда,
хотирҷамъ шуда рафтанд.

Кампир ҳамон замон ба бозор рафта, сӯзан, усмаю сурма
хариду аз кӯҳу биёбон гузашта, ба назди боғи подабон омад.

Духтардар як кунҷи боғ мева мегундошт. Ногаҳон ба гӯши
ӯ овози баланду ҷарангосии касе расид, ки «молҳои атторӣ,
сакичу сӯзан, усмаю сурма» гуфта фарёд мекард. Духтар ба
назди дарвоза омада, аз қабати панҷараи он нигоҳ кард, ки
халтаеро дар китфаш гирифта як кампири фартут истодааст.

  • Духтари азизам, — гуфт доя, — ба бошандагони боғ хабар
    деҳ, ки як кампир аз шаҳр ҳар гуна молҳои атторӣ овардааст.
  • Дарин ҷо ғайр аз ман каси дигар нест,-гуфт духтар.
  • Наход? — кампир худро бисёр дар тааҷҷуб мондагӣ бари!
    нишон дод, — Ҳамеша ҳамин хел ту танҳо-мӣ?
  • Ҳа, ҳамеша ҳамин хел, акаам ҳар рӯз ба шикор барома;
    меравад, падарам бошанд, ба ҷойҳои дур мол ронда, ҳафтаҳо
    намеоянд, ман аз пагоҳ то бегоҳ танҳоям.
  • Ҳай-ҳай, — гуфт кампир,-аз танҳоӣ зиқ шуда кафида
    рафтан мумкин аст. Ба ту оинаи ҷаҳоннамо лозим аст, ки ба
    пешат монда тамоми оламро тамошо карда шинию хафагӣ аз
    дилат равад. Ин хел оина ҳузури ҷон аст.
  • Ман он қадар ҳам хафа намемонам-куя, — гуфт духтар, —
    рӯз то беғоҳ ба ҳар хел корҳо овора шуда, зик ҳам намешавам.
    Албатта, оинаи шумо гуфтагӣ мебуд, нағз мешуд. Аммо онро
    аз куҷо меёбам?

-Ёфтанашон қадардушворнест, — гуфт кампир, -бародарат
сайёд будааст, илтимос кун, наход, ки оварда надиҳад. Агар
«не» гӯяд, гиря кун, оби дидаи туро дида, раҳмаш меояду
албатта, хоҳиши туро иҷро мекунад.

Ин гапҳо кайфи духтарро тағйир доданд. Дар дили то
ҳоло орому осудаи вай ҳар гуна хоҳишҳо пайдо шуда, ӯро
мушавваш карданд.

Бегоҳӣ духтарак ба пешвози додараш набаромада, дар
кунҷи суфа гиря карда нишаст.

  • Ба ту чӣ шуд, чаро гиря карда нишастаӣ! — пурсид
    бародараш.
  • Чӣ хел гиря накунам, — гуфт духтарак сарашро аз байни
    зонуҳояш бардошта,-шумоён маро партофта мераветон, ман
    рӯз то бегоҳ танҳо зиқ шуда менлшинам. Дар дунё оинаи
    ҷаҳҳоннамо гуфтагӣ чизҳо будааст, агар ин хел оина дар пешам
    мебуд, дунёро дида менишастаму ин кадар зиқ намешудам.

Гапи духтар ба додараш маъқул афтиду ӯ пагохии рӯзи
дигар ба кофтукови оинаи ҷаҳоннамо баромада рафт. Рафт,
рафт, аз як ағбаи барфин гузашт, аз ду ағбаи барфин гузашта.
оқибат ба кӯҳе расид, ки монанди булӯр шаффоф буд. Дар таги
кӯҳ, дар лаби чашмае, ки ҳар чиро чун оина акс мекард, асо бар
даст як кампир меистод.

  • Салом, модари нек, — гуфт ҷавон ба кампир.
  • Салом, гуфт кампир, — агар салом намедодӣ, туро ба як
    табақи булӯрин мубаддал мекардам, бо кадом мақсад омадӣ.
    куҷо рафта истодаӣ?

Ҷавон мақсадашро фаҳмонид.

  • Вазифаи хатарноке ба зиммаат гирифтаӣ, — гуфт кампир,
  • ин оина дар дасти девон аст, вале хотирҷамъ бош, ман ба ту
    мадад мерасонам. Мана, ин асои маро гир, он туро нонамоён
    мекунад. Ана қафои ин кӯҳи булӯрин манзили девҳост. Рав,
    номаълум карда, ба қасри шоҳи девҳо дарою вақте ки ҳамаашон
    дар хоб шуданд, оинаро гирифта омадан гир. Ҷавон асоро
    гирифта равон шуд…

Хоҳараш оинаи ҷаҳоннаморо дида, бисёр шодӣ кард. Дар
оина ҳар киро ва ҳар чиро, ки мехост, дида метавонист.

Подшоҳ ҷавонро якчанд рӯз надида, хеле пазмон шуда
буд. Вай кас фиристода, ӯро ба қасраш гирифта бурд.

Ҳаминвақт занҳои калонии подшоҳ «меҳмони шавҳарамон
кӣ бошад?» гуфта нигоҳ карданд, ки подшоҳ бо писараш гарму
чӯшон чақ-чақ карда нишастаанд. Онҳо аз нав ба даҳшат
афтода, тозон ба хонаи кампир рафтанд.

  • Ту ноҷинс, боз ҳам моро фиреб додӣ! — гуфтанд ба сари ӯ
    мушт бардошта, — Акнун мо адаби туро медиҳем.
  • Хотирҷамъ бошед, — гуфт кампир, — ин дафъа вай аз дасти
    ман сихат намемонад…

Ногаҳон духтарак овози шиноси кампирро шинохта,
назди дарвоза тохта омад.

  • Вай-вай, очаҷон! — гуфт ӯ кампирро хурсандона пешвоз
    гирифта, — гапатон рост баромад, ин оинаи ҷаҳоннамо чизи
    ғалатӣ будааст.
  • Ҳоло, ин ҳеҷ гап не, — гуфт кампир, — дар дунё чизи аз ин
    ҳам ғалатӣ ҳаст. Ба акаат гӯй, ки ба ту як ҷуфт тӯтии сухангӯй
    гирифта биёрад. Тӯтиҳо бисёр ҳикояҳои ширин мегӯянд, гӯш
    карда, кайф мекунӣ.

Бача боз оби дидаи шашкатори хоҳараки ягонаашро дида.
раҳмаш омаду ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй баромада рафт.
Рафт, рафт, ба ҳамон кӯҳи булӯрин расида, бо хамон кампир
вохӯрд.

  • Ин дарди ту бедаво аст, — гуфт кампир,-агар ба ҷони
    ҷавонат ҷабр накарданӣ бошӣ, гашта рав! Бисёр одамони далер
    ба ҷустуҷӯи тӯтиҳои сухангӯй рафта нобуд шуданд.
  • Не, — гуфт ҷавон, — ман номарднестам, ки аз роҳам гардам.
    Факат гӯед, ки ба кадом тараф равам.
  • Нарав! — такрор кард кампир, — Беҳуда нобуд мешавӣ!
  • Не, маро ҳеҷ чиз нигоҳ дошта наметавонад, — гуфт ҷавон
    ва боз як бор аз кампир илтимос кард, ки роҳро нишон диҳад.
  • Аз паҳлӯи рости кӯҳи булӯрин гузашта рав, — гуфт
    кампир.

Ҷавон бо роҳи гуфтагии кампир рафта, ба як ҷои хушобу
ҳавои сабзу хуррам расид. Дар як боғи калон ҳайкалҳои
хушрӯйи сангини бисёр гузошта шуда буданд. Ногаҳон ба
гӯши ӯ овози маҳини форами ду ҷонвар расид:

  • Хоҳар!
  • Ҷони хоҳар!
  • Ин ҷавони кӯтоҳфикр ҳам ба кофтукови мо омадааст.
  • То зонуяш санг шавад.

Ҳамин дам ҷавон ҳис кард, ки то зонуяш санг шуда монд.

Ҷонварон такрор мекарданд:

  • Хоҳар!
  • Ҷони хоҳар!
  • Вай мехоҳад моро дастгир карда равад.
  • То миёнаш санг шавад!

То миёни ҷавон санг шуд.

  • Хоҳар!
  • Ҷони хоҳар!
  • Ин ҷавон мехоҳад, ки моро ба қафас андохта, ғуломи
    хоҳараш кунад.
  • Тамоман санг шавад!..

Духтарак як ҳафта интизор шуд, ду ҳафта интизор шуд,
як моҳ гузашт, аз додараш ному дараке набуд. Вай ғамгину
ҳайрон шуда, ба оинаи ҷаҳоннамо нигоҳ кардан гирифт, яке
дид, ки додараш дар як боғи бошукӯҳ дар байни ҳайкалҳои
сангини бисёр санг шуда мондааст. Вай бо ғами зиёд «оҳу-
воҳ» ба пешонааш якта заду ҳамон замон роҳи он боғро бо
оинаи ҷаҳоннамо муайян кард ва либосҳои мардона пӯшида,
баромада рафт. Рафт, рафт, ба назди кӯҳи булӯрин, ба назди
ҳамон чашма расид.

  • Ҳа, духтарам, — гуфт кампир ба чашми ӯ бодиққат нигоҳ
    карда,-барои чӣ ин хел либосҳои мардона пӯшидаӣ ва ба куҷо
    роҳ пеш гирифтаӣ?

Духтар рӯи чун барги гул нозуку зебояшро бо оби
дидагонаш тар карда, воқеаи санг шудани акаашро гуфта дод.

Кампир як дақиқа фикр карда гуфт:

  • Аз паҳлӯи рости ин кӯҳ гузашта, ба манзили тӯтиҳо
    мерасӣ. Ба боғ наздик нашав, ки ту ҳам санг мешавӣ. Аз дур

истода бо тамоми овозат номи акаатро гирифта фарёд ку
Пас муроди ту ҳосил мешавад.

Духтарак равон шуд. Вай ба наздикии боғомада, бо тамом
овозаш номи акаашро гирифта, чунон баланд фарёд кард, к
гирду атроф ба ларза даромад. Ҳамон лаҳза ҳамаи ҳайкалҳо!
сангин ҷон дароварданд ва:

  • Аҳ, ин чӣ хел овозе буд? — гуфта ба тарафи лонаи тӯтихӣ
    равон шуданд. Ҳар кадомашон ман мегирам гуфта ҳамдигарр!
    тела дода, ба тӯтиҳо даст дароз мекарданд.
  • Хоҳар!
  • Ҷони хоҳар!
  • Овози ин духтари либоси мардонапӯш ба ҳама!
    қурбониҳои мо ҷон бахшид.
  • Дигар мо қудрати санг карданро надорем.
  • Ягона илоҷ ба он духтар таслиму мутеъ шудан аст.
  • Каси дигар ба соҳибӣ кардани мо ҳақ надорад.

Талабгорон ин гапҳои тӯтиҳоро шунида, ба тақдирашо!
тан доданду ба зинда шуданашон шукр карда, монда рафтанд.

Духтар тӯтиҳоро гирифта, ҳамроҳи акааш ба хонаашон
омад.

Подшоҳ ба дидори бача пазмон шуда, пайваста ӯро
ҷустуҷӯ мекард. Вай аз омада мондани ӯ хабар ёфта, даррав
кас фиристонду оваронду сабаби муддати дароз ғоиб шуда
рафтанашро пурсид. Бача воқеаи аз сараш гузаштаро гуфта
дод.

  • Магар ту хоҳар ҳам дорӣ? — пурсид подшоҳ ва аз сурати
    ҳол огоҳ шуда ба ӯ фармуд, ки пағоҳ вай хоҳару падарашро
    ҳамроҳ гирифта биёрад. |

Рӯзи дигар, вақте ки подачию духтараш дар тараддуди
рафтан буданд, тӯтиҳо ба гап даромаданд. |

  • Хоҳар!
  • Ҷони хохар!
  • Ҳамин вақт дар қасри подшоҳ аҷоиб корхое шуда
    истодааст.

Подачикю писару духтар даррав оинаи ҷахоннаморо нигоҳ
карда диданд, ки ба таомҳои тайёр, канду ширавор чою мева.
ба пояндозу кӯрпаҳо заҳр пошида истодаанд.

Аз таги дарвоза то меҳмонхонаи қаср пояндози дарозе
паҳн карда шуда буд.

Подачӣ ба рӯи пояндоз қадам намонда, аз паҳлӯи он
гузашта рафт. Писару духтар аз қафои он роҳ гаштанд.

Дармеҳмонхона кӯрпачаҳои шоҳиюатлас, кимхову бахмал
партофта шуда буд. Меҳмонон ба рӯи кӯрпачаҳо нагузашта,
дар пойгаҳ ба рӯи гилем нишастанд.

Ҳар хел таомҳои болаззаг оварданд. Меҳмонҳо ба онҳо
нигоҳ хам накарданд.

Подшоҳ бошад, духтарро дидан замоно нағз дида буд ва
аз ин рӯ ба ҳамаи ин эътибор надода, фақат ба рӯи хандони вай
менигарист.

Вакте, ки меҳмонон хеста рафтанӣ шуданд, подшоҳ онҳоро
нигоҳ дошта гуфт:

-Не. шумо ҳеҷҷонамеравед! Духтарро манба занӣ мегирам.
Ҳозир фармон медиҳам, ки тӯю тамошои калон барпо намуда,
мардуми ҳафт кишварро ба тӯй хабар кунанд.

Подачӣ ин гапҳоро шунида, ноилоҷ ба подшоҳ ҳақиқати
ҳолро кушод. Вай ҳамаи воқеаҳои шудагиро як-як нақл карда
гуфт:

  • Эй подшоҳи аъзам, инаш писари шумо ва инаш духтари
    шумо аст. Шумо дар вақташ бовар карда будед, ки занатон
    гӯё гурбаю сагбача зоида бошад. Кадом одам сагу гурба
    зоидааст!

Подшоҳбодаҳони яла, ҳайрону пушаймон накли подачиро
гӯш карда, фармон дод, ки се занашро гирифта биёранд. Занхо
тарсидаю ларзида, ба ғуноҳашон иқрор шуданд.

Бо амри подшоҳ модари бачагон ва вазири дасти ростро.
ки дар зиндони сарду торик қариб ба мурдан наздик шуда
буданд, озод карда оварданд.

Баъд подшоҳ гунаҳкоронро ба ҷазо расонида гуфт:

  • Фарзандони азизи ман ёфт шуданд, равед, духтари
    қолинбофро биёред, қолинашро паҳн кунед, ки рӯи ҷаҳонро
    гирад, духтари ошпазро ёфта биёред, оше пазад, ки тамоми
    мардуми олам сер шавад!

Тӯю тамошои калон барпо гардид. Мо ҳам он ҷо будем,
дар рӯи қолин нишастем, оши палав хӯрдему кайфу тамошо
кардем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *