Афсонахои точики

Афсонаи БОИ ЗОЛИМ ВА КАЛИ ЗИРАК

БОИ ЗОЛИМ ВА КАЛИ ЗИРАК

boi-zolim

Сух набуд як зан буд. Шавҳараш бармаҳал вафот карда, се писараш
ятим монд. Зан хунобаи дил хӯрда, бо нӯги дуку захми сўзан фарзандонашро
калон кард. Онҳо ба воя расиданду охирин торҳои мӯи сари зан ҳам сафед шуд.
Рӯзе кампир ба писаронаш гуфт:

  • Акнун шумоён калон шудаед, ман бошам, пир шудаам, дастони бемадо-
    рам дигар чарх гардонда наметавонанд, чашмони хираам дигар сӯрохи сӯзанро
    намебинанд, равед, мардикорӣ кунед, нони худро ёфта хӯред.

Писари калониаш ин гапро шунида гуфт:

-Модарҷон,мантанисиҳат,дастонипурқувват дорам, меравам, мардикорӣ
мекунам, ҳар чӣ ёбам гирифта меорам.

Кампир нон пухт, ба як рӯймол баста ба писараш доду ўро гусел кард.
Ҷавон рафт, ба шаҳр расид, пурсуҷӯ карда, ҳавлии як бойро ёфта, дарвозаашро
тақ-тақ кард. Бой баромада дид, ки як ҷавон истодааст, пурсид:

  • Ба ман чӣ кор дорӣ?

Ҷавон гуфт, ки:

  • Ман мардикор ҳастам.

Бой пурсид:

  • Ҷуфт ронда метавонӣ?
  • Метавонам, — ҷавоб дод ҷавон.

Бой ҷавонро ба хонааш дароварда, гуфт:

  • Хуб, ман туро мардикор мегирам, вале як шарт дорам, агар қабул кунӣ
    молу пули зиёд медиҳам, агар қабул накунӣ, ба роҳат рав.

Ҷавон гуфт:

  • Шартатонро гӯед.

Бой гуфт:

  • Ман ҳар чи фармоям, мекунию хафа намешавӣ, намеранҷӣ! Агар хафа
    шавӣ гӯшу биниатро мебурам, агар ман аз ту бо сабабе хафа шавам, ту гӯшу би-
    нии маро мебурӣ.

Ҷавон камс фикр карда розӣ шуд. Ҳамон шаб хоб кард, рӯзи дигар бой
саҳарии барвакт ӯро аз хоби ширин бедор карда, якто нон дода гуфт:

  • Хез кор кун!

Ҷавон хест, бо фармоиши бой ба як хар гандум, ба барзаговон югу сипор-
ро бор карда, ба саҳро рафта истода буд, ки бой гуфт:

  • Ҳамин рӯз ҳамаи гандумро ба замин мепошӣ, баъд як хар ҳезум карда
    гирифта меорӣ!

Ҷавон хуб гуфту рафт. Вай бӯзбалаи боқуввати меҳнатӣ буд, хеле заминро
ҷуфт кард, гандум пошид, ба кӯҳ баромада, як дараҳти дӯлонаро галтонд, май-
да карда ба хар бор карду ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой ба пешвоз баромада
пурсид:

  • Хайр монда нашудӣ? Хафа нашудӣ?

Ҷавон баъди ин қадар кори зӯр монда шуда буд. Вале шартро ба хотир
оварда:

  • Не, монда нашудаам, хафа нашудаам, — гуфт.

Рӯзи дигарӣ ҳам бой ӯро барвақт бедор карда, ҳамон корҳоро фармуд.
Ҷавон фармудаҳои ӯро базӯр иҷро карда, аввали шаб баргашт. Чанд рўз аҳвол
ҳамин буд. Меҳнати зӯр ҷавонро бемадору беҳод кард.

Як рӯз бевақт шуду вай ҳезум карда натавонист, маъюсу гамгин баргашт.
Бой баромада дид, ки ҳезум нест дар газаб шуду пурсид:

  • Барои чӣ ҳезум наовардӣ?
  • Бевақт шуд, ҳезум карда натавонистам.

Бой ӯро хеле дашном доду баъд пусид:

  • Хафа шудӣ?

Косаи сабри ҷавон лабрез шуда буд, вай дигар тоқат карда натавониста
гуфт:

  • Баин азоб чӣ қадар тоқат кардан мумкин аст, ту золим будаӣ!

Бой:

-А, ту хафа шудаӣ! — гӯён дарҳол гӯшу бинии ӯро бурида, бароварда пеш
кард. Ҷавон бо гӯшу бинии бурида, ба хонааш омад. Кампир ӯро ба ин ҳол
дида, доду фигонааш ба осмон печид,

Ҷавон воқсаи шудагиро гуфта дод. Писари миёна дар газаб шуда гуфт:

  • Ту аз танбалӣ ба ин ҳол афтодаӣ, ман ба ҷои ту рафта хизмат мекунам,
    шартҳои бойро иҷро карда, аз ӯ пули зиёд мерӯёнам.

Вай хеста ба хонаи бой равон шуд. Ба хонаи бой расида дари ӯро тақ-тақ
кард. Бой баромада пурсид.

  • Ба ман чӣ кор дорӣ?

Писарак гуфт:

  • Ман омадам, ки ба ҷои акаам ба шумо хизмат кунам.

Бой дар пеши ӯ низ ҳамон шартро монд. Писарак қабул кард. Вай ҳам ҳар
рӯз ба хар гандум, ба барзаговон югу сипорро бор карда, ба сари замини бой
равон мешуд. Ҷуфт меронд, дон мепошид ва бегоҳӣ як хар ҳезум карда барме-
гашт. Чанд вақт ҳамин хел давом кард. Рӯзе ҷавон беҳад монда шуда, ҳезум
карда натавонисту ба хонаи бой бе ҳезум омад.

Бой баромада дид, ки хизматгор ҳезум наовардааст, норозӣ шуда гуфт:

  • Барои чӣ бе ҳезум омадӣ?

Ҷавон дар ҷавоб гуфт:

  • Монда шудам.

Бой дар ғазаб шуда, ӯро хеле ҳақорат доду пурсид:

  • Хафа шудӣ?

«Тоқати ин ҷавон низ тоқ шуда буд, вай дигар сабр карда натавониста гуфт:

  • Албатта, кас аз ин зулму таҳқир хафа мешавад!

Бой дарҳол гӯшу бинии ӯро бурида, бароварда пеш кард.

Ҷавон гирёну нолон ба пеши модараш омад. Фиғони дилхароши кампир
баланд шуд, вай ба бинию гӯши буридаи фарзандаш нигоҳ карда мегуфт:

  • Хонаат сӯзад бой, рӯзи некиро набинӣ, бой!

Писари хурдии кампир, кал буд, гуфт:

  • Акаҳо шумо сустӣ кардед, нодонӣ кардеду ба ин ҳол афтодед, ман рафта
    шарти бойро иҷро мекунам.
  • Нарав, ту ҳам ба ин ҳол гирифтор мешавӣ, ҳар сеят ин хел бе гӯшу биннӣ
    шавед, ман чӣ кор мекунам?! — гуфт модараш ӯро рафтанӣ намонд.

Кал гӯш накарда баромада рафт. Омада дари бойро тақ-тақ кард. Бой ба-
ромада пурсид.

  • Ҳа, кал, ба ман чӣ кор дорӣ?

Кал гуфт:

  • Акаҳои ман омада хизмати шуморо ба ҷо оварда натавонистанд, ман
    мехоҳам ба ҷои онҳо хизмат кунам.

Бой ӯро дароварда, ҳамон шарташро гуфт. Фардо шуд. Бой саҳарӣ калро
бедор карда, ба ҷуфтронӣ фиристод. Кал ба сари замин омада, як хар гандуми
бойро ба чуқурие рехту дар сояи дарахт хоб кард. Бегоҳӣ шуд, кал юғу сипори
бойро шикаста, ба хар бор карда омаду хӯҷаинашро ҷеғ зад.

  • Мана, ҳезум, гиред! — гуфт.

Бой пурсид:

  • Эй калҷон, ин ҳезуми қоқро аз куҷо ёфтӣ?

Гуфт:

  • Ҳамон юғу сипоратонро шикастаму ҳезум карда овардам.
  • Барои чӣ ин тавр кардӣ?! — газабашро базӯр нигоҳ дошта гуфт бой.
  • Хӯҷаин магар хафа шудед?

Бой ғазабашро фурӯ нишонда гуфт:

  • Не, хафа нашудаам.
  • Хафа нашуда бошед, — гуфт кал, — то пагоҳ як ҷуфт сипори дигар тайёр
    карда монед.

Кал боз пагоҳии барвақт ба ҷуфтронӣ рафт, гандумро рехта баҳузур хоб
карду бегоҳӣ юғу сипорро ҳезум карда баргашт. Бой дарун-дарум сӯхт, аммк»
чизе нагуфт.

Як рўз кал ҷуфт ронда истода, фикр карду якс аз барзаговони бойро кушт,
гӯшташро ба ҷуволи гандум андохт, ба хар бор кард, юғу сипорро шикаста, ба
болои он баста, баргашт.

-Эй кал, як барзагови дигар канӣ?

  • Куштам, — гуфт кал, — гӯшташ дар ин ҷувол, магар хафа шудед?

Бой дандон ба дандон монда гуфт:

  • Не, хафа нашудаам.

Кал ҳамин хел ҳар рӯз гандуми бойро мерехт, юғу сипорашро мешикаст,
барзаговашро мекушт. Бой дид, ки хонахароб шуда истодааст, ба занаш гуфт:

  • Ин кал ҳама чизҳои моро нобуд кард. Тоқати ман тоқ шуда истодааст,
    хафа шуданам маълум мешаваду гӯшу биниамро мебурад, ягона роҳи халосӣ аз
    дасти ӯ гурехта рафтан аст.

Занаш маслиҳати ӯро маъқул донист. Аввали шаб бою занаш бору банда-
шонро тайёр карда, чизҳои қиматбаҳояшонро дар як сандуқ андохтанду охири
шаб гурехта рафтанӣ шуда, хоб карданд.

Хобашон, ки бурд, кали ҳушёр чизҳои сандуқро бароварда, дар як ҷо
пинҳон карду худаш ба даруни сандуқ даромада, хоб кард.

Бою занаш нимишабӣ хестанд, бору бандашонро гирифта, роҳи гурезро
пеш гирифтанд. Рафтанд, рафтанд, аз хонаашон анча дур шуданд, монда шу-
данд. Дар як ҷои сояву салқин истоданд, то дам гиранду баъд роҳашонро давом
диҳанд.

Бой ба занаш гуфт:

  • Чой ҷӯшон, ягон чиз хӯрем.
  • Кал мешуд, ҳезум меовард, — гуфт занаш.

Кал ин гапро шунида, аз сандуқ овоз баровард:

  • Ман дар ин ҷо ба хизмататон тайёр!

Бой аз ин ҳодиса дар газаб шуда фарёд кард:

-Эй кали лаънатӣ, як анбор галлаамро як дон намонда несту нобуд кардӣ,
боз як сандуқ чизҳои қиматбаҳоямро ғорат карда, аз қафои мо омадӣ! Ту инсоф
дорӣ ё не?

-Эй хӯчаин, мебинам, ки хафа шудаед, — гуфт кал.

Бой худдорӣ карда натавониста, боз ҳам баландтар фарёд кард:

  • Баъди ҳамаи ин номаъқулии ту ман хафа нашавам, кӣ хафа мешавад?!
  • Ана шартро бой додед! — гуфт кал кордро аз миёнаш кашида, гӯшу би-
    нии бойро бурида партофту ҳамин хел аз бой интиқоми акаҳояшро гирифта, ба
    муроду максадаш расид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Это не обыкновенно .Я просто в шоке

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *