Афсонахои точики

Афсонаи ШЕР, ШАҒОЛ ВА РӮБОҲ

ШЕР, ШАҒОЛ ВА РӮБОҲ

Шер ки подшоҳи ҳайвонот буд, рӯзе бемор шуду ӯро маҷоли ши-
кор кардан намонд. Дар ин ҳол удайчии дарбори худ Рӯбоҳ ва дастурхончиаш
Шағголро даъват карда гуфт:

  • Солҳои дароз шумо аз дастурхони ман нону навола хӯрдед, имрӯз, ки
    ман бемору беҳолам, ғами хӯроки маро хӯрданатон лозим аст.

Рӯбоҳ бо адаб замин бӯсида, аз пеши Шер баромада рафт ва дашту саҳроро
гашта, ба Оҳуе рӯ ба рӯ омада гуфт:

  • Ҳазрати подшоҳи аъзам бемор шуданд ва аҳд карданд, ки баъд аз ин
    хуни раияти худро нарезанд ва ба гӯшту равғани онҳо оби даҳон наёмезанд, ба
    шукри ин марҳамати зоти олӣ ба мо лозим аст, ки рафта арзи ташаккур намо-
    ем. Биё, ки ба адо кардани ин вазифа ману ту аз дигар ҳайвонҳо пештар равем

Оҳу розӣ шуд ва ҳар ду ба тарафи дарбори Шер раҳсипор гардиданд…

Вакте ки онҳо ба пеши Шер расиданд, Рӯбоҳ сар хам карда, арзи ташаккур
кард ва баъд аз вай Оҳу ҳам ба пеши Шер сар хам карда буд, ки Шер дасти худ-
ро ёзонд ва ба як фишор ҳалкуми вайро дарронд…

Баъд аз баромадани ҷони Оҳу Шер ба Шағол гуфт:

  • Ту, ки дастурхончии дарбори мо мебошӣ, ин таомро тақсим кун!

Шағол гуфт:

  • Шуш, ҷигар, гурда, дил, тан аз они ҳазрати подшоҳ аст, сару гарданаш аз
    они удайчӣ ва барои фақир почаҳояш басанда…

Шср бо шунидани ин тарзи тақсимот дар газаб шуда, чанголи худро ёзон-
ду ҳалқуми шағолро ҳам дарронд. Дандон ва забони вайро рез-резкунон гуфт:

  • Ҳоло ту мехоҳӣ бо ҳамин забонат гӯшти раияти маро тақсим намоӣ ва бо
    ҳамин дандонҳоят дасту пои ӯро хоӣ?!

Баъд аз ин ба Рӯбоҳ нигоҳ карду фармуд:

  • Акнун ин хизматро ту адо кун!

Рӯбоҳ бо таъзим гуфт:

Ҷаҳонпаноҳо! Шуш, ҷигар, дилу гурдаи Оҳу барои таоми пагоҳии шумо,
тану тӯшу ронҳояш барои таоми нисфирӯзиатон ва каллаву почаҳояш таоми ша-
бонаи Шумо, ҳазратам, барои ин банда саломатии шумо, зоти олӣ, басанда аст.

Шер бо шунидани ин суханҳо қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт:

  • Эй вазири соҳибтадбири ман, ин гуна тақсими одилонаро ту аз кӣ омӯхтӣ?

Рӯбоҳ ҷавоб дод:

  • Аз кӣ мешуд? Аз гардани шикастаю шиками даридаи Шағол омӯхтам!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *