Афсонахои точики

Афсонаи РОБИЯИ ЧИЛГАЗАМ

РОБИЯИ ЧИЛГАЗАМ

Буд-набуд, як подшоҳи сангдилу мағрур буд. Осори хашму газаб чеҳраи ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекард. Вай ҳамаро бад медид ва факат ягона касе, ки як андоза дӯст медошт, ин писараш -шоҳзода Бобораҳим буд.

Вакте, ки Бобораҳим калон шуд, подшоҳ ӯро ба корҳои давлатиаш шиносо карда, ҳамаи боигариашро нишон дод. Вай писарашро ба хазинааш бурд. Дар хазина сандуқҳои аз тилло,
нукра ва ҳаргуна чизҳои қиматбаҳо пуропур мавҷуд буданд. Вай писарашро ба ҳуҷраҳое бурд, ки гилемҳои зебою хушсифат, шоҳиҳои ҳарири гулдор, пӯстинҳои камёб, табақу кӯзаҳои
пурқимат ҷамъкарда шуда буданд. Подшоҳ ҳамаи ҳуҷраҳояшро ба Бобораҳим нишон доду факат як ҳуҷраашро нишон надода, аз пеши дари маҳками он гузашта рафт. Бобораҳим ҳайрон шуд, вале ҷуръат накард, ки ба подшоҳ саволе диҳад. Вай баъд аз ин ҳамеша «дар он хона чӣ бошад» гуфта фикр мекардагӣ шуд.

Шоҳзода боварӣ ҳосил кард, ки падари ӯ ягон сирре дорад. Ҳисси кунҷковӣ ӯро бисёр азоб медод. Оқибат вай қарор дод, ки аз падараш номаълум карда, сирри он ҳуҷраро фаҳмида гирад.

Подшоҳ як рӯз баъди шикори дурудароз сахт хоб карда монд. Бобораҳим аз кисаи ӯ калидро кашида гирифту рафта, ҳуҷраро кушода даромад. Ҳуҷра он қадар калон набуд ва дар он гилемҳо паҳн карда шуда буданд. Дар девораш сурати калони як духтари багоят нозанин овехта шуда, чеҳрааш чун акси моҳ дар оби ором дурахшон буд, чашмони сиёҳаш чун ситора барқ мезаданд, мӯи сиёҳи дарозаш бадани ӯро якчанд бор печонида гирифта буд. Духтари нозанин худи зинда барин ниғоҳ мекард. Бобораҳим ба ҳайрат афтода, беҳуш шуда, ба замин афтод.
Вай баъди чанд вакт ба худ омада, баромада, дари ҳуҷраро қулф заду калидро оварда, ба кисаи падар андохт. Аз ҳамон вақт сар карда, Бобораҳимро шинохтан душвор буд. Беғамии бачагона, шӯхӣ ва хурсандии ӯ гум шуда рафт. Вай одамгурез шуда монд. Ҳеҷ чиз шавқи ӯро намекашид, хоб надошт, рӯз аз рӯз харобу беҳол мешуд. Дере нагузашта, подшоҳ ҳис кард, ки писараш сиррй ҳуҷраи дарбастаро фаҳмида гирифтааст.
Вай Бобораҳимро ба наздаш ҷеғ зада пурсид:

  • Росташро гӯй, ки ту ба ҳуҷраи ман нишон надодагӣ даромадӣ ё не?
    Ҳа, падар, ман тоқат карда натавониста, бе иҷозати шумо ба он ҳуҷра даромадам, — гуфт Бобораҳим.
  • Оҳ, ту бадбахт, кори нағз накардӣ! — фарёд кард подшоҳ.
  • Акнун ҳоли ту чӣ мешавад?!
  • Падар, духтари нозанин шабу рӯз аз пеши чашмам дур намешавад. Агар шумо маро дӯст доред гуфта дихед, ки вай кист, чӣ ном дорадва чӣ хел бусидан мумкин аст? — зорӣ кард Бобораҳим.
  • Вай нозанин Робияи чилгазамӯй ном дорад, — гуфт подшоҳ, — мегӯяд, ки ҷои зиндагонии ӯ бисёр дур аст. Агар бо осмон парида рафтан мумкин гардад ҳам, ҳафт шабу ҳафт рӯз ба сӯи маҳтоббаро паридан лозим мешавад. Ҳавлиаш дар як теппа бино карда шуда, чун қалъа деворҳои баланд дорад. Дарвозаи қалъа маҳкам карда намешавад, онро палангон посбонӣ мекунанд. Худи ҳавлиро аждаҳое муҳофизат менамояд.

Робия хостгорҳоро қабул намекунад. Вай эълон кардааст, ки шавҳарро худаш интихоб карда мегирад. Дар бораи вай фикру хаёл накун, илоҷе карда ӯро аз ёдат барор!-гуфт полшоҳ ба писараш.

Вале ҷавонӣ бе орзу намешавад!

Як вакт ба гӯши Бобораҳим расид, ки дар байни мардуми мамлакаташон Сангсабур ном дуредгаре дар қасди сохтани аспи паррандаи чӯбин афтодааст. Вай инро шунида, ба пеши падараш шитофт.

  • Падар, шумо ҳокими тавоно, аз дастатон ҳар чӣ меояд. Дуредгарони тамоми мамлакатро ҷамъ кунеду ба онҳо бахшишҳои зиёд ваъда карда, фармон диҳед, ки аспи чӯбини парранда сохта диҳанд. Ман м ҳам, ки ба назди Робия парида рафта, толеамро санҷида бинам.

Подшоҳ ба писари дӯстдоштааш не гуфта натавонист. Вай фармон дод, ки ҳамаи дуредгарони мамлакаташро ҷамъ карда, амр диҳанд, ки дар байни се рӯз аспи чӯбини паррандае созанд.
Ҳар кас, ки фармони ӯро иҷро мекунад, аз хазинаи подшоҳ инъоми зиёде мегирад. Агар баъди се рӯз асп тайёр нашавад, дуредгарон ба ҷазо расонида мешаванд.

Дуредгарон ду шабу ду рӯз дар бораи чӣ хел сохтани аспи парранда фикр карданд. Вале ҳар қадар ки фикр накарданд, ҳеҷ илоҷашро ёфта натавонистанд. Мӯҳла подшоҳ тамом мешуд, рӯзи сеюм наздик меомад, аз зиндагӣ даст мешустан.

Аввали рӯзи сеюм аз як қишлоқи дурдаст дуредгари ҷавон паҳлавонписар Сангсабур омада гуфт:

  • Ман чӣ хел сохтани ин аспи паррандаро медонам, аммо ин корро танҳо карда наметавонам.
  • Мо ба ту ёрӣ медиҳем,-гуфта дуредгарон ба кор сар карданд. Онҳо чунон бисёр буданд, ки ба ҳар якеашон сохтани фақат ягон қисмати асп лозим омад. Пагоҳӣ асп тайёр шуд. Аспро бо тантана ба пеши подшоҳ бурданд. Подшох ба Сангсабур амр дод, ки аспро имтиҳон кунанд.

Аспи чӯбин худи зинда барин ҳаракат мекард. Вай на фақат рӯ-рӯи замин медавид, балки ба ҳаво баромада парид мегашт.

Подшоҳ ниҳоят хурсанд шуда ба Бобораҳим гуфт:

Хайр писарам, акнун рафта толеатро озмой

Бобораҳим, бегоҳӣ, вакте, ки моҳи тобон дар осмони кабуд шуд, ба асп савор шуда, бо падараш хайрухуш кард.
Сангсабур ба ӯ гуфт: Агар боло париданӣ шавӣ, гӯши рост ва агар поён фаромаданӣ шавӣ, гӯши чапи аспро тоб деҳ.

Дар масофаи хеле баланд, дар болои абрҳо моҳтоббаро аспи аҷибе, ёли фахида ва думи дарозашро ҷавлон дода, парида мерафт. Асп чунон тез мепарид, ки Бобораҳим дар болои кадом мамлакатҳо парвоз кардани худро муайян карда наметавонист.

Вай ҳамин хел шаш шабу рӯз парвоз кард. Охири рӣзи ҳафтум асп каме поён фаромад. Вақте ки офтоб шишта моҳ баромад, Бобораҳим дар поён як шаҳри калонро дид. Дуд монанди гулдаста аз шаҳр боло шуда, ба сӯи осмон мерафт. Шоҳзода фикр кард, ки вақти ба замин фуромадан расидааст
ва гӯши чапи аспро тоб дод. Асп ба як канори шаҳр фуромад. Мардуми шаҳр ҳама нахобида буданд ва гурӯҳ-гурӯҳ дар кӯчаҳои шаҳр сайр мекарданд.

Бобораҳим аз замин ба осмон нигоҳ карда, дар осмони тира ду моҳ тобон буд, яке равшантар ва дигараш каме хиратар метобид. Бобораҳим дар ҳайрат монда, аз одамон мепурсид, ки ин чист.

Маълум мешавад, ки ту инҷоӣ нестӣ, — гуфт як раҳгузар ба Бобораҳим, — моҳи хира ин моҳи ҳақиқӣ, моҳи равшан акси чеҳраи Робияи чилгазамӯй аст.

Ин нур аз равзани шифти хонаи у берун гардида, дар осмон тобон мешавад.Худи Робия куҷост ва ӯро чӣ хел дидан мумкин аст? пурсид Бобораҳим.

-Ҳавлии ӯ дар он теппа воқеъ аст. Вале роҳи ҳавлии ӯро палангҳои бадхайбат посбонӣ мекунанд ва дар даромадгоҳи ҳавлиаш як аждаҳои калон хобидааст.

Наход. ки ӯро дидан илоҷ надошта бошад! — гуфт Боборахим.

Дидан мумкин, — гуфт раҳгузар, — худи ӯ ногоҳ дар байни мардум пайдо мешавад, вай ба шаҳр омада, дар кӯчаҳо мегардад. Ин хел шабҳо мардуми мо дар орзуи дидани дидори Робия дер хоб накарда, дар кӯчаҳо мегарданд. Ҷое, ки аз он Робия мегузарад, аз нури рӯи тобони ӯ чун рӯзи равшан мешавад. Ҳама ба пешвози ӯ мешитобанд, ҳар кӣ кӯшиш мекунад, ки ӯро бинад, дили каси дидагӣ шоду хуррам мешавад.

Ҷавоне нест, ки ақаллан як бор бо Робияи нозанин чашм ба чашм шуданро орзу накунад. Вале Робия ба ҳеҷ кас рост нигох намекунад. Вай оҳиста-оҳиста аз шаҳр гузашта, ба ҳавлиаш меравад.

Бобораҳим ба суханони ин мард гӯш дода истода, ҳис кард, ки бисёр гушна мондааст. Вай ба ошхона бо аспи аҷоиби худ рафтан намехост. Метарсид, ки мабодо диққати мардумро ба
худ ҷалб накунад. Аз ин рӯ, ба шиноси наваш муроҷиат карда гуфт:

  • Як хоҳиши маро иҷро кун! Мана, ин тиллоро гирифта, як ошхонаи наздик раву даҳ-понздаҳ сихкабоб хар. Барои он ки кабоб хунук нашавад, як алавдони лахчадорро ҳам харида биёр!

Он мард илтимоси Бобораҳимро иҷро кард. Баъд Бобораҳим ба аспаш савор шуда, алавдонро ҳамроҳи кабобҳояш ба дасти чапаш гирифта, ба дасти росташ гӯши рости аспро тоб дод.

Асп паррандавор ба осмон рафт. Бобораҳим мехост, ки ба канори шаҳр фуромада, кабобро хӯраду баъд аспашро пинҳон карда ба шаҳр пиёда даромада ояд. Асп паридан ҳамоно, лахчаи фурӯзони алавдон пош хӯрду ёли асп даргирифт.

Бобораҳим тарсида, алавдону кабобро ба замин партофт ва саросемавор гӯши чапи аспро тоб дод. Асп ҳамон замон ба замин фаромад. Оташ аз ёл ба гардани чӯбини асп гузашт ва дар як лаҳза тамоми чӯб оташ гирифта рафт. Ин ҳодиса чунон тез рӯй дод, ки шахси ба шоҳзода кабоб
оварда додагӣ, ҳанӯз онсӯтар нарафта аспи оташгирифтаро дида монд. Ва у ба тарафи Бобораҳим шитофт, вале дер монд ва асп алакай тамоман сӯхта хокистар шуда буд.

Бобораҳим инро дида зор-зор гиря кард. Баъд шиносаш ӯро тасалло дода ба шаҳр таклиф намуд. Онҳо ба як ошхона расиданд. Бобораҳим як табақ ошу як чойник чой хоҳиш кард. Ҳар ду ба хӯрдан машғул шуданд.

Ҳамин вақт як моҳ дар осмон хомӯш шуд. Халк ба ҷунбишу ҳаяҷон омад. Даме нагузашта, як қисми шаҳр равшан шуда рафт.

Робия ба шаҳр омад!-гуфт бо овози баланд шиноси шоҳзода. -Нигоҳ кунед, тарафи мо равшан шуда истодааст, маълум мешавад, ки Робия ин ҷо меояд.

Гирду атроф чунон фурӯзон гашт, ки чашм хира мешуд. Ҳамин лаҳза Бобораҳим Робияи чилгазамӯйро дида монд. Робия ба ҳамон расме, ки вай дар хонаи махфии падараш дида буд, тамоман монандӣ дошт. Аз чеҳраи сафеди нур меборид, чашмонаш ситоравор дурахшон гардида,
кокулҳои бисёри шабгунаш то худи замин расида, чанд бор аз сару дасту гарданаш печида аз пасаш чун пӯпаки абрешимӣ овезон буданд. Нигоҳи гарму форами Робия дар чеҳраҳои тамошобинон сайр менамуд, вай гӯё касеро ҷустуҷӯ мекарду вале ёфта натавониста, ба роҳи худ давом мекард.

Бобораҳим ба ҳаяҷон омада, ба сафи пеш зада даромаду харисона ба Робияи нозанин чашм дӯхт. Аммо Робия ба рӯи ӯ як боре ҳам нигоҳ накарда, гузашта рафт. Ҳанӯз Робия дуруст аз назарҳо ғоиб нашуда, шаҳр ба торикӣ ғарқ шуд.

Бобораҳим ғамгину малул баргашта, дар чойхона дароз кашид, вале хобаш намебурд.

«Магар Робия маро дар байни ин анбӯҳи калони мардум пайхас карда метавонист,—фикр мекард вай, Як илоҷ карда, ба қалъаи вай даромада мемондаму ба ӯ якка ба якка гапзанон мекардам, дар он сурат мумкин буд, ки ӯ ба ман муҳаббат бандад, аммо чӣ хел ба пеши ӯ медароям? Охир аспам сухта рафт-ку. Фақат саҳарӣ хоби ӯ бурд ва тамоми рӯз бедор нашуд.

Акнун Бобораҳим бо Робия дар як шаҳр зиндагӣ менамуд. Вай ҳар шаб Робияро интизор шуда, кӯшиш мекард, ки илоҷе карда, диққати ӯро ба худ ҷалб намояд. Вале Робия ба ин ҷавон аҳамияте намедод ва нигоҳи ӯ ягон бор қам дар рӯи Бобораҳим банд намешуд. Бобораҳим аз ноомади кораш андӯҳгин шуда, шабҳои дароз хобаш намебурд ва баъд аз ин тамоми рӯз хоб намешуд.Риши Бобораҳим расида, мӯи сараш дароз шуда, ба девонаҳо монанд шуда рафт.

Подшоҳи тавоно, падари Бобораҳим, шабу рӯз баргаштани писарашро интизорӣ мекашид. Вай баъди се ҳафтаи парида рафтани Бобораҳим, хеле маъюс шуда монд. Сангсабур бошад, аз подшоҳ зиёдтар хавотир гардид. Вай медонист, ки агар аспи ихтироъ кардаи ӯ ногаҳон шикаста, Бобораҳим ҳалок шуда монад, аз дасти подшоҳ зинда халос намешавад.

Сангсабур ба касе чизе нагуфта карор кард, ки ба ҷустуҷӯи Бобораҳим баромада равад. Шабона, вақте ки моҳ ба рӯи осмон ба шино кардан сар кард, вай номаълум карда, ба сӯи маҳтоббаро равон шуд. Баъди якчанд рӯзи рафтани Сангсабур подшоҳ боз ҳам зиёдтар зиққу бесаришта шуда, ба вазиронаш гуфт:

Амр мекунам, ки Сангсабур ҳамроҳи дуредгарони мамлакат аспи наве сохта, ба ҷустуҷӯи Бобораҳим парида равад.

Ба подшоҳ хабар доданд, ки Сангсабур ба куҷое гум шуда рафтааст. Вай дар ғазаб шуда фарёд зад. Ба ҷустуҷӯи писарам чопарҳоро равон кунед, гӯед , ки то хабарашро наёбанд, гашта наоянд!

Подшоҳ аз хобу хӯрок монда, тамоми рӯзҳо малул менишаст. Сангсабур бошад, чанд моҳ роҳ гашта, охир ба канори як дарёи калон расид. Ногоҳба гӯши ӯ нолаи ҳазине расид. Истода нигоҳ кард, ки як парранда дар рӯи об ҷасту хез мезанад. Сангсабур ба дарё даромад ва камонашро ба сӯи паррандаи ғарқшудаистода дароз кард ва уро ба лаби дарё кашида гирифт. Парранда ба чизе банд шудагӣ барин дар ҷои худ беҳаракат монд. Сангсабур хам шуда, сабаби парида нарафтани онро
фаҳмиданӣ шуд. Дид, ки парранда ба як тори мӯи дарози сиёх печида мондааст.

Ҷавони дуредгар тори мӯйроба дасти худпечонида, болҳои паррандаро кушодан гирифт,-дарозии тори мӯй чил газ буд. Охир, ин мӯи Робияи чилгазамӯй-ку. — фарёд кард Сангсабур. — Маълум мешавад, ки ман дуруст рафта истодаам.

Паррандаи озодгарди худро афшонду болу парашро паҳн карда, ба сӯи абрҳо парвоз кард.

Акнун Сангсабур дилпурона қад-қади дарё рафтан гирифт. Ана офтоб ҳам дар паси кӯҳҳои дури барфин ғоиб шуд, рӯи заминро торикӣ фаро гирифт. Ногаҳон чашми Сангсабур ба нуре, ки гулдаста барин аз замин баланд шуда ба осмон дакка мехӯрд, афтида монд. Вай бо завку ҳайрат шитобон ба тарафе, ки аз он ҷо нур баланд шуда буд, равон гардид. Сангсабур ба шаҳр даромад ва ҳамон замон нури аҷоибу ғароиб гум шуда рафт. Мардум ба ҳаяҷон омада, аз паҳлӯи тохта мегузаштанд ва фарёд мебардоштанд.

  • Робия, Робия омада истодааст!

Якбора як сӯи шаҳр чун рӯз равшан гашт ва ҳамон лаҳза Сангсабур дар байни мардуми роҳ кушода истодагӣ Робияи нозанинро дида ҳайрон шуда монд. Сангсабур бо ҳаяҷон ба рӯи нурпоши духтар нигоҳ мекард. Тассуми Робия чунон дилрабо буд, ки паҳлавонон тамоман мафтун гардида, ягон даҳон ҳам гап зада натавонистанд. Робия ба Сангсабур тамоман наздик шуда, дурудароз ба
рӯи ӯ нигоҳ карда истод ва баъд бошитоб ба сӯи ҳавлиаш равон шуд.

Робия ҳеҷ вақт ба шаҳр баромада, ин хел тез гашта нарафта буд. Дар байни мардум овозае паҳн шуд, ки Робияи чилгазамӯй ногаҳон касал шуда мондааст.

Бобораҳим, чун ҳамеша, дар байни мардум буд. Ҳанӯз дар дили ӯ умеди як илоҷ карда, диққати Робияро ба худ кашидан хомӯш нашуда буд. Вай доимо аз чеҳраи ӯ чашм наканда, ба сафи пеши тамошобинон мегузашт.

Ин бегоҳ вай ба тарафе, ки Робия чашм андохта буд, ба ҳасад нигоҳ карда, як шахси чанголуду хаста, вале хеле зебову Баҳодурро дида монд. Вай ӯро шинохт, он Баҳодур Сангсабур буд. Бобораҳим баъди вохӯрӣ хабари дар бораи падараш овардаи Сангсабурро бепарвоёна гӯш карда, ба вай амр дод, ки роҳи ба даст овардани Робияи нозанинро ёбад.

Чанд рӯз гузашт. Офтоб фурӯ мерафт, шаб медаромад, пеши дарвозаҳои ҳавлии Робия кушода намешуданд ва ӯ дигар ба кӯчаҳои шаҳр қадам намегузошт. Мардум бесариштаю пазмон шуданд. Баъд одамони солхӯрдаву обрӯманди шаҳр ҷамъ шуда фикр карданд, ки ба сари Робияи нозанин чӣ ҳодиса омада бошад.

  • Ягон касро ба ҳавлии ӯ фиристода, воқеаро фаҳмидан арур аст, — ба хулоса омаданд пирон.

Онҳо ба чор канори шаҳр ҷарчиҳо равон карданд. Ҷарчиҳо фарёди баланде бароварда мегуфтан,

  • Кадом одами далеру баҳодур майли ба қалъаи Робия рафтан дорад?

Инро шунида, дар канори шаҳр одамони зиёде ҷамъ шуданд. Баъзеҳо мехостанд, ки аз паҳлу
гузашта, ба аждаҳо ҳамла карда, ба қалъа дароянд. Баъзеҳо тамошои ин хел одамони ҷасури далерро орзу мекарданд. Ба ин ҷо Бобораҳиму Сангсабур ҳам омаданд.

  • Оҳ, агар ҳозир аспи паррандаам мешуд, аз ҳама пеш ба назди Робияи нозанин расида мерафтам! — гуфт ба Сангсабур Бобораҳим.
  • Акнун ин ҳеҷ илоҷ надорад, — гуфт Сангсабур ба Боборахим.-аспи паррандаи туро садҳо устоҳои аз тамоми мамлакат омадагӣ якҷоя сохта буданд. Ба хона баргард, мо ба у аспи дигар сохта медиҳем.
  • То он вакт ягон кас ба пеши Робия медарояду ӯро соҳибӣ мекунад гуфт Бобораҳим, — не ман гашта намеравам!

Дар ин муддат аллакай бисёр ҷавонҳои номдори шаҳр бахтозмоӣ карда, ба пеши Робия даромаданӣ мешуданд, лекин палангҳои посбон хашмгинона ҳамлакунон онҳоро наздик
шудан намемонданд.

Сангсабур инро дида, аз дасти чапаш тори мӯи чилгазаро кушода, ба дасти росташ печониду нотарсона ба сӯи дарвозаҳо равон гардид.

Палангҳо чанголҳои бадҳайбати худро бардошта ба дарафтоданд. Сангсабур бо шамшери дар дасти рост нигодоштааш ба онҳо ҳуҷум карда, ба замин афканд. Тамошобинон ба ҳаяҷон омаданд ва садои баланд бароварда, паҳлавони ҷасуру чолокро табрик карданд.

Вале ногаҳон садоҳои ҳаяҷономези хурсандӣ ба доду фиғони ваҳмангез мубаддал шуда фашшасу ҳуштак зада, нафаси оташбор кашида, аз сӯрохи биниаш дуд бароварда, ба тарафи Сангсабур аждаҳои даҳшатовар хазида меомад. Вай синаи васеашро боло бардошта, ба Сангсабур ҳамла карданӣ шуд.

Баҳодури нотарс бисёр фикр накард, ба пешвози аждаҳо давиду шамшерашро ба шиками он халид. Аждаҳо наърае кашида, ба замин афтод. Нафаси оташбори ӯ хомӯш шуд. Роҳи Робия кушода шуд. Мардум тӯда-тӯда шуда худро ба қалъа андохтанд.

Ба қалъа аввал занҳо даромаданд. Робияи чилгазамӯй дар хонаи аз ҳама дарун сарашро ба рӯи зонуҳояш хам карда, хомӯш менишаст. Занҳо ҳол пурсӣ мекарданд. Вале ӯ на сарашро мебардошту на чизе мегуфт. Он вақт занҳо аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба пеши мардум барояд.

  • Эй Робияи нозанин, ба айвон баромада, ба рӯи кӯрпаҳои баланд шин, ба болиштҳо такя кун ва рухсат деҳ, ки майли дидори туро доштагӣ аз пешат гузашта равад.

Робия ба айвон баромада, ба рӯи ҳафт кабат кӯрпача ва болиштҳои пари қу такя карда нишаст. Кокулҳои чилгаза сар то пои ӯро пӯшида аз айвон поён шуда, ба худи замин мерасиданд.

Аз пеши Робия мардум аз ҳафтсола то ҳафтодсола, бо навбат гузаштан гирифтанд ва ҳама бо муҳаббати зиёд ӯро тамошо намуда, ӯро ҳолпурсӣ мекарданд.

Ба пеши Робия шитобон либосҳои зебою қиматбаҳо пӯшида, шоҳзода Бобораҳим омад. Вай дар назди Робия истода монда, чашми умед ба рӯи ӯ дӯхта истод. Вале Робия аз ҷояш наҷунбид ва ба ӯ назар ҳам накард. Танҳо Сангсабур ба пеши Робияи нозанин шитоб намеовард. Вай аввал ба лаби ҳавз рафта, дасту рӯи дар задухӯрди гарму ҷӯшон чанголуд шудаи худро шуст ва аз ҳама охир ба
пеши айвон омад. Робияи чилгазамӯй омада истодани Сангсабурро дида, сарашро бардошт, чеҳрааш чун шафақ тобон шуд, чашмонаш ба пешвози баҳодуркалон кушода шуданд. Вай кокулҳои
чилгазаашро ғундошта ба қафояш андохту аз ҷояш хеста, таъзимкунон ба Сангсабур гуфт:

  • Эй паҳлавони накӯкор, туро муборакбод мекунам!

Ҳамин хел мардум донистанд, ки Робияи чилгазамӯй устоди ҳунарманд, созандаи аспи паррандаи чӯбин, одами нек наҷотдиҳандаи паррандаи ғарқшудаистода, паҳлавони далер, мағлубкунандаи палангу аждаҳо — Сангсабурро шавҳари худ интихоб кард.

Дар рӯи олам аз Сангсабур хушбахттар касе набуд.

Халк барои Робияи чилгазамӯй ва баҳодури ҳунарманд Сангсабур тӯи калоне барпо карданд. Ба ин тӯй Боборахим ҳам бо дили озурда иштирок намуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *