Афсонахои точики

Афсонаи ДЕҲҚОН ВА ХИРС

ДЕҲҚОН ВА ХИРС

Як Деҳқон буд, вай ҳар сол гандум мекошт. Як соле гандумаш саб-
зида, майса шуда буд, ки Хирсе ба сари кишташ меомадагӣ шуд. Хирс меомаду
ба даруни кишт даромада, поймол карда, хоб мерафт. Деҳқон ӯро медид, вале
зӯраш намерасид, ки пеш кунад.

Гандум пухт, Деҳқон даравид, ба хирманҷо овард, гарам кард, кӯфт, бод
кардва бехта тайёр карда буд, ки ҳамон Хирс ҳозир шуда гуфт:

  • Ассалому алайкум, шарик!

Деҳқон ҳайрон шуда пурсид:

  • Ваалайкум бар салом, ту, чӣ гуна шарик ҳастӣ?

Хирс дар қаҳр шуда гуфт:

  • То ҳоло намедонӣ, ки ман шарики ту ҳастам?!

Деҳқон гуфт:

  • Аз куҷо медонам, ту ҳамроҳи ман кор накарда бошӣ?

Хирс ба ҷои ҳар вақт омада, хоб мекардагиаш рафту якпаҳлу зада гуфт:

  • Ман ҳар рӯз дар ҳамин ҷо мехобидаму гунҷишкҳоро пеш мекардам, на-
    бошад, ҳоло ягон дона ҳам гандум намемонд!

Деҳқон дид, ки аз ин Хирси муфтхӯр илоҷи халосӣ нест, ночор гуфт:

  • Хайр, биё, равем, ҳисса кунем!

Ба сари хирман омаданд. Деҳқон гандумро ду ҳисси баробар карда ба Хирс
гуфт:

  • Канӣ, ҳиссаатро гир!
  • Ман халта надорам, — гуфт Хирс.
  • Ин тавр бошад, ман ба хона рафта барои ҳар дуямон халта меорам, —
    гуфта Деҳқон ба деҳа равон шуд.
  • Рав, ман гандумро посбонӣ карда мешинам, — гуфт Хирс аз паси ӯ.

Деҳқон ба деҳа омаду ба занаш гуфт:

  • Ҳамон Хирс омадааст, нисфи гандуми моро талаб мекунад, илоҷе наку-
    нем, аз нисфи ҳосиламон маҳрум мешавем.

Занаш каме фикр карда, баъд гуфт:

  • Шумо равед, ман коре карда ӯро метарсонам.

Деҳқон ду халта гирифта, ба сари хирман омад. Омада дид, ки Хирс чағгора
канда истодааст.

  • Барои чӣ чағора канда истодаӣ? — пурсид Деҳқон.
  • Ҳиссаи худро ба ҳамин ҷо меандозам, — гуфт Хирс.

Дар ин муддат зани деҳқон бачаҳои қишлоқро ҷамъ карда, ба як хар хокис-
тар бор карду Харро ба тарафи хирман ронд. Ҳамин, ки ба хирман наздик шу-
данд, ба бачаҳо гуфт, ки бо тамоми овозашон ғавғо бардоранд. Худаш лингаи
хокистарро бо таёқ задан гирифт, ки чангаш дар ҳаво печид.

Хирс аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ тарсид, ба чағораи кофтагиаш даромад.

-Эй Деҳқон, ҳеҷ Хирсе надидаед? — фарёд кард занак.

  • Хирс ба шумо чӣ даркор? — пурсид шавҳараш.
  • Духтари Подшоҳ бемор шудааст, ба ӯ равгани Хирс дору будааст, — ҷавоб
    дод зан.

Хирс ин гапро шунида, ба деҳқон гуфт:

-Эй шарик, аз ман хабар надеҳ!

  • Бе хабар додани ман ҳам туро меёбанд, гӯшҳоят намоёнанд, — гуфг
    Деҳқон.

-Эй ошно, досро гиру гӯшҳои маро бур! — илтимос намуд Хирс.

Деҳқон досро гирифту гӯшҳои Хирсро бурид. Ҳамин вақт занаш боз фарёд.
кард:

-Эй Деҳқон, ҳеҷ Хирси порина надидаед?

  • Не, — гуфт Деҳқон.
  • Чӣ дарӯғ мегӯед, пойҳои пешашро мебинам! — овоз дод занак.

Хирс аз тарс ларзида, ба Деҳқон гуфт:

-Эй ошно, зуд пойҳои пешамро бибур!

Деҳқон гуфт, ки:

  • Гӯшҳоятро буридам, боз пойҳоятро бурам, чӣ хел зиндагӣ мекунӣ?

-То тамом шудани ҳамин гандум, сиҳат мешавад, — ҷавоб дод Хирс.

Деҳқон пойҳои Хирсро бурид. Занак боз фарёд кард:

  • Эй Деҳқон, ҳеҷ Хирси перорсолина надидасд?
  • Не, — гуфт шавҳараш.

Занак боз фарёд кард:

  • Чӣ дурӯғ мегӯӣ, ана сараш менамояд?!

-Эй ошно, сари маро набур! — гуфт Хирс. — Ваъда медиҳам, ки дигар асло
ба деҳқонии ту шарик намешавам.

Деҳқон Хирсро сар дод ва бо ҳамин аз даъвогари муфтхӯр халос шуда,
ҳамаи гандумашро ба хонааш гирифта бурд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *