Афсонахои точики

Афсонаи ДӮСТОНИ ХИЁНАТКОР ВА ДУХТАРИ ПОКДОМАНИ БОЗУРГОН

ДӮСТОНИ ХИЁНАТКОР
ВА ДУХТАРИ ПОКДОМАНИ БОЗУРГОН

Буд-набуд, дар як замоне, дар як маконе як бозургон буду як қозӣ. Онҳо бо ҳам дӯст буданд, як пора нону як пиёла чойро бе ҳам намедиданд. Дӯстони бозургону қозӣ овозаи олам шуда буд.

  • Ана, ин дӯстии ҳақиқӣ, дӯсти ҷонӣ ҳамин қадар мешудагист, — мегуфтанд мардум.

Бозургон ҳар замон ба шаҳрҳо ва мамлакатҳои дигар сафар карда, мол мебурду мол оварда, ба дасти фурӯшандагон медод ва аз фоидае, ки аз ин муомила ба даст меовард, рӯзгори осуда дошт.

Ӯ як писар дошту як духтари соҳибҷамол. Як рӯз дӯсташ иро ба хонааш даъват карда, баъди он ки дастархони пур аз неъматро ғундоштанд, ба ӯ гуфт.

  • Дӯсти азиз, чунон ки мебинӣ, писарам калонакак шудааст, ин навбат мехоҳам ӯро бо худ бибарам, то ки оламу одамро бинаду кору бори маро мушоҳида карда, ҳунар омӯзад, ҳунари
    тиҷорат омӯзад.
  • Кори дуруст мекунӣ, — гуфт қозӣ, — тиҷорат манфиат дорад, ҳар касе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, бигзор писар ҳунари падарро биомӯзад. Писарат ҷавони ҳушёр, зирак.
    ҷоятро мегираду ту дар ин синну соле, ки дорӣ, аз машаққати сафарҳои дур халос мешавӣ
  • Мақсади ман ҳамин, — гуфт бозургон, — ман аз писарам умеди калон дорам. Ту медонӣ, ки мо равем, зану духтарам дар хона танҳо мемонанд. Бовар дорам, ки аз ҳолу рӯзгорашон
    хабардор шуда меистӣ.

Хотирҷамъ бош аз ин ҷиҳат, дӯсти азиз, — гуфт қозӣ. Сайъ мекунам, ки онҳоро мушкиле пеш наояд.

Ду-се рӯз аз миён гузашт, қозӣ зану духтари дӯсташро хабаргирӣ омад. Дарвозаи бузургонро тақ-тақ зад, зани бозургон дарвозаро кушода, қозиро бо хушнудӣ ба хона таклиф кард. Қозӣ ҳол пурсид, ки чӣ эҳтиёҷе дорад ва ин лаҳза чашмаш ба духтари бозургон афтоду дилаш ларзид. Худоё, ин чӣ ҳусну ҷамоле! Қади алиф, чашмони сиёҳи калон-калони дурахшону абрувони пайвастаи тобон, чеҳраи шир барин покизаю софе, хуллас ӯ дар умри худ ин хел зебоии дилафрӯзро надида буд, ба
як дидан диду ба сад дидан ошиқ шуд.

  • Хоҳарам, ин оши нозанин дар танҳоӣ аз гӯлӯи ман намегузарад. Шумоён барои ман азони худӣ, агар ҳамроҳ нашаветон, ман ба табақ даст дароз намекунам.

Зани бозургон суханони дӯсти шавҳарашро ду накарда, ба духтараш гуфт:

  • Духтарам, Меҳрбону, дастатро бишӯй, биё, ҳамроҳашон ош хӯр.

Қозиро ду чашмаш ба рӯи духтар буд, ош аз гулӯяш намегузашт.

У хайрухуш карда, ба хонааш рафт. Духтар аз пеши чашм дур намешуд. Ӯ сабру қароро гум кард. Қозӣ шаб фикр карду рӯз, рӯз фикр мекарду шаб. Аз хӯрду хоб монд. Ахволи Маҷнуни номурод ба сараш омад, ки дар ғами ишки Лайлӣ дар ба дар буду саргардон.

Билохир кампири золе хотираш расид, ки бо фиребгариву ҳиллакориҳо байни мардум шӯҳрат дошт. Аз пасаш кас фиристоду ба хонааш оварда маслиҳат пурсид:

Кампир гуфт

  • Ман метавонам ҳиллае ба кор бурда, духтарро ба хонаи шумо биоварам. Он тарафаш ба ақлу ҳунари шумо вобаста аст.
  • Эй кош ҳамин тавр мешуд! — гуфт қозӣ. — Агар натиҷае ба даст ояд, аз сарат тилло мерезам.

Кампири золи маккор хесту ба хонаи бозургон рафт.

  • Маро ҷаноби қозӣ фиристодаанд, — гуфт ӯ ба зани бозургон, — ҷанибашон духтарҳои гузарашонро ҷамъ карда, зиёфат медиҳанд, мумкин дида бошед, чорбоғи мисли биҳишт сабзу хуррам доранд. Ҳамаи ин ба хотири духтари шумо. Гуфтанд, ки рав, духтари дӯстам бозургонро гирифта биё, падару бародараш рафтагӣ, зик шудагист, биёяд, ҳамроҳи духтарҳо дилхушӣ кунад, дилаш кушода шавад. Ман ҳам аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан гуфта ин ҷо омадам.

Зани савдогар хушҳол шуда ба духтараш гуфт:

  • Духтарам, Меҳрбону, хез либосҳои наватро пӯш, ҳамроҳи холаат рав, сайру тамошо мекунӣ, ғубори дилат мебарояд.

Меҳрбону, ки аз нигоҳҳои тезу тунди қозӣ дилаш рамида розӣ нашуда гуфт

  • Эй модар, поям намекашад.

Модараш гуфт:

  • Қози амакат ташвиш кашида, духтаронро даъват карда, хостанд туро хурсанд кунанд, ту рафтан намехоҳӣ?! Хез рав, маътал нашаванд.

Меҳрбону ноилоҷ либос иваз карда, ҳамроҳи кампир рафт. Вақте ки рафта ба ҳавлии қозӣ даромаданд, кампир гуфт: Духтарам, ту ба ин хона даромада дам гирифта ист, ман
ба чорбоғ гузашта, аз омаданат хабар медиҳам. Меҳрбону баробари дарро кушодан қозиро дар миёни хона дида ҳайрон шуд.

  • Даро, даро духтарам, — гуфт козӣ, — ман ба ту гап дорам.

Духтарак чӣ кор карданашро надониста, пеши дар истода монд. Қозӣ пешаш омада, аз бозӯяш дошта, ӯро ба дарун кашида гуфт:

  • Натарс, духтарам, дилам мехоҳад як-ду чизро ба ту гӯям.

Духтар ҳаросида худро ба ақиб кашида:

  • Шумо аз ман чӣ мехоҳед? — гуфта пурсид.
  • Мехоҳам, ки дили маро фаҳмӣ. Хости парвардигор ҳамин будааст, ки ман ба ту ошиқ шавам. Ҳарчанд кардам, оташи диламро паст карда натавонистам. Ин дили саркаш маро маҷбур кард, ки ҳиллае ба кор бурда, туро ба ин ҷо биёварам.
  • Акнун ки омадӣ, ба ҳоли ман раҳм кун.

Духтар гуфт

  • Магар умеди падари ман аз шумо ҳамин буд?
  • Не! — гуфт қозӣ. — Падарат мехост, ки ман аз ҳоли шумоён хабардор бошам. Ман ваъда додам. Лекин ишк зӯрӣ кард, ваъдаам шикаст.
  • Ҳоло ҳам дер нашудааст, монед ман равам! Шумо ҳам худро ба даст гиреду тавба гӯед.
  • Эй духтар, ман чанд рӯз аст, ки тавба мегӯяму астагфуруллоҳ, медонам, ки гуноҳи азим аст ин барои ман.

Лекин ҳеҷ қуввае дар олам бо қувваи ишқ баробар шуда наметавонистааст.

Духтар дид, ки ба қозӣ илоҷи маъқул кунонидани гап набудааст, баромада рафтанӣ шуд. Қозӣ пеши роҳи ӯро гирифта, гуфт:

  • «Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» гуфтагӣ гапҳо ҳаст. Ба зорӣ нашуд, ту албатта аз ман зар намегирӣ, дар ин миён зӯрӣ мемонад.

Қозӣ ба духтар наздик шуд, Меҳрбону кафи дастонашро ба манаҳи қозӣ пахш карда, миёнашро ба кафо кашиду бо пои росташ ба шиками ӯ кӯфт. Қозӣ гурсӣ пуштнокӣ ба замин афтод. Меҳрбону ҷароғпояе пайдо карда, ба сари қозӣ зада, ба ақибаш нигоҳ накарда, баромада рафт.

Қозӣ, ки аз зарби чарогпоя аз ҳуш рафта буд, баъди чанд вақт ба ҳуш омада, фикр кард, ки агар тадбире наҷӯяду воқеаро ҳамин хел монад, ҳам бозургон душмани қаттолаш мешаваду ҳам пеши мардум бадному беобрӯ шуда мемонад. «Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд қогазу қалам гирифта.
Дар ҳаққи духтар тӯҳматкориҳое навишт, навишт ки аз боғе рафтааст, духтараш Меҳрбону худро озод ҳис карда, ба корҳои ношоиста машғул мешавад. Ҳарчанд ба ман насиҳатам, гӯш надод, дар ин миён, дӯсти азизам, ҳам номи ту бад ҳам номи ман. Бовар дорам, ки чораи инро зуд мебинию
доғи беобрӯию шармандагиро аз номи мо мебардорӣ. Қозӣ номаро ба дасти чопар дода фармуд, ки беист асп давонда, ба ҷое боз наистад, ҳар чӣ зудтар ба дасти бозургон расонад. Бозургон, ки қозиро дӯсти ҷонии худ дониста буд, ба навиштаҳои бовар кард, хашмгин шуда, дар сари хашму
ҷаҳл ба писараш фармуд, ки ҳамин лаҳза ба шаҳрашон бираваду ба ҳеҷ кас, ҳатто ба модараш нагуфта, хоҳарашро ба ягон гӯшаи дурдасти хилват бурда кушта гӯр карда, баргардад. Бародар, бародар аст. Ба хоҳараш дилаш сӯхт. Аммо Ӯ ҳамин хел тарбия гирифта буд, ки амри падар воҷиб аст. Наметавонист аз фармони падар сар тобад.

Дарҳол роҳ пеш гирифту нисфишабӣ ба хонаашон рафт ва дари ҳавлиро тақ-так зад. Меҳрбону бедор шуду ба ҳавлӣ баромада, овози бародарашро шунавида дарвозаро кушод. Акааш чизе нагуфта, ӯро ба болои асп кашиду пеши зин фурӯ хобонда, аспро ба канори шаҳр ронд. Рафт, рафт ба домани кӯҳе расид, аспро нигоҳ дошт ва кордашро аз гилофаш кашида, хост синаи хоҳарашро дарронад, аммо дасташ карахт шуду хайр, дар ин гӯшаи дурдаст ягон ҳайвони дарранда мехӯраду
меравад гуфт. Меҳрбонуро аз пеши зин ба замин партофту асп ронда рафт.

Зани бозургон бошад, пагоҳӣ бедор шуда, духтарашро дар бистари хобаш надиду чор тарафро кофта, дар ҳеҷ ҷой наёфт ва ҳамон замон бо чашми гирёну дили бирён ба хонаи Қозӣ омад.

Қозӣ фаҳмид, ки чӣ ҳодисае рӯй додааст, дар дилаш хурсанд шуд, вале худро ба нодонӣ зада, гуфт:

  • Эй хоҳари азиз, чӣ нохушие рӯй дод, ки ин хел гирёну нолон ба пеши ман омадед:

Зани бозургон гуфт.

-Рӯзам сиёҳ, духтарам Меҳрбону гум шуд, падараш биёяд, чӣ ҷавоб мегӯям?

Қозӣ гӯё воқеаи нохуше рӯй надода бошад, гуфт:

  • Шумо ин қадар ғам нахӯред, хоҳарам, духтарамон, Меҳрбону, дар ҳусну ҷамол яктои ҷаҳон аст, ба ин хел духтар ҳазор ҷавон ошиқ мешавад, аз он байн ягонтааш унс гирифта, ҷое рафтагист. Худо хоҳад меёбем, ҷазои он ошиқи нобакорро медиҳем. Шумо хотирҷамъ бошед, ҷавоби ин қисаро ба бозургон ман мефаҳмонам. Ин вазифаи мушкил бар гардани ман.

Зани савдогар ин гапҳои қозиро қабул накарда гуфт.

Ҳаргиз ин бону аз он духтарони сабукфикру чашми рӯяшон беҷо не, ки ба касе забон як карда, хонаи падару модарро тарк кунад. Ин хел духтари боҳаё, баору номус кам ёфт мешаванд.

Қозӣ дар чавоби ин суханон гуфт:

  • Шумо ин хел фикр накунед, хоҳарам, дар рӯи оила ҳархел ҳодисаҳои гайричашмдошт рӯй медиҳад. Ҷавонони бебоки беандеша кам нестанд, бо ҳазор ҳиллат духтарро ба худ моил мекунанд, агар духтар моил шавад, бо зӯрӣ гирифта мебаранд ё медузданд. Магар ҳамин хел вокеаро нашунидаед?

Шунида буд зани бозургон ин қабил воқеаҳоро, вале инро ҳам медонист, ки духтараш аз ҷумлаи он духтарони маъсума аст, ки бе маслиҳати падару ризоияти модару бародар ҳаракате намекунад, хилофи хости онҳо амал карданро дар худ раво намебинад.

Зани савдогар аз гуфтахои қозӣ қонеъ нашуда, бо дили пуралам ба хонааш баргашту худ ба ҷустуҷӯи духтар машгул шуд, ҷое намонд, ки ӯ нарафта бошаду суроғ накарда бошад, вале бенатиҷа.

Чанд рӯз гузашту писарашу шавҳараш баргаштанд. Зан гирёну нолон вокеаи гум шудани Меҳрбонуро гуфта дод. Ба хилофи чашмдошти ӯ бозургону писараш ғавго набардоштанд.
Ғамгину хашмгин буданд, аммо тағдираш ҳамин будаст гуфтанду аз паи кору рӯзгори худ шуданд.

Инхоро ин ҷо мемонему қиссае аз Меҳрбону мегуем.

Меҳрбону дар байни кӯҳҳои баланди бадвоҳима тарсону дар қабати буттаҳо пинҳон шуда, шабро рӯз карда саҳарӣ пайроҳае дарёфта таваккал раҳ пеш гирифт. Нисфирузи гушнаву хаставу ташна ба таги як чанор расид, ба сӯи паҳноии саҳро мерафт. Рӯй шусту об хӯрд ва ҳамон лаҳза дар рӯи сабза
мулоими канори чашма хобаш бурд. Намедонад, чӣ кадар хоб рафта бошад, ногоҳ овозе ба гӯшаш расида, бедор шуда чашмонашро молида, аз ҷой хест.

Ҷавони камбағалнамое, ки банди ҳезум ба пушт бардошта ба ҳайрат ба рӯяш нигариста пурсид.

  • Ту инсӣ, ҷинсӣ, девӣ, париӣ, дар кӯҳсори бе касу кўи куҷо ҳозир шудӣ?

Мехрбону гуфт

  • Ман на инсаму на ҷинсам, на деваму на парӣ фарзанди одам ҳастам. Ба ин ҷо ман худ наомадаам, маро оварда хӯроки гургу паланг шавад гуфта, партофта рафтанд.

Ҷавон пурсид:

  • Пас ту ҳоло чӣ кор кардан мехоҳӣ?

Сарам гаранг, тамоми баданам месӯзад, намедонам чӣ кор кунам, куҷо равам, дардамро ба кӣ гӯям? — ҷавоб дод Мехрбону.

  • Ин тавр бошад, ба хонаи мо биё, — гуфт ҷавон, ки Аҳрор ном дошт.
  • Ман ба дасти одамони гургтабиат ба ин ҳол гирифтор шудам, метарсам, ки боз аз дасти ягон каси дигар зарар бинам «моргазида аз аргамчини ало метарсад мегӯянд», — гуфт Мехрбону
  • Натарс! — гуфт Аҳрор, — падару модари ман одамони заҳматкаш, дилашон софу нияташон пок. Онҳо ягон бадиро бо ту равон намебинанд.

-Тучӣ? — пурсид Меҳрбону

Ман? агар нашунидаӣ, ки «ранг бину! — гуфт Аҳрор.

Магар худат намебинӣ! гуфт Аҳрор. Агар Ман он гуфтагиҳоят мебудам, духтари нозанинеро мисли ту дар хилват дучор шуда, худро нигоҳ медоштам?!

Мехрбону ба Ахрор бовар карда, ҳам равон шуд.
Падару модари Аҳрор диданд, ки писарашон як духтари соҳибчамоли мохитобонро бо худ овард, аввал хушҳолона пешвоз гирифта, дастархон кушода, рӯи дастархон обу нон гузошта, баъде, ки духтар сер шуда, худро қадре осуда ҳис кард. Аз ӯ пурсиданд, ки фарзанди кист, чӣ хел шуда, ба ин тарафҳо омада мондааст?

Мехрбону саргузаштро як-як гуфта дод. Дили падару модару Аҳрор ба ӯ сӯхт. Гуфтанд, ки ҳарчи аз дасташон ояд барояш мекунанд. — Ман рафта падаратро меёбам, — гуфт падари Аҳрор

Мехрбону розӣ нашуда гуфт.

Аз ин мурод ҳосил намешавад. Падарам ба қозӣ сахт дусти дорад, ғайр аз гапи ӯ ба гапи ягон каси дигар бовар намекунад. ман дар ҳамин хонаи зиндагӣ карда гардам, ҳар чӣ, ки аз дастам ояд мекунам он тарафаш аз такдиру пешонаам.

Ахрору падару модараш ин хоҳиши Меҳрбонуро бо ҷону дил кабул карданд.

Аз рӯзе, ки Мехрбону ба хонаи Аҳрор омад, қуввати Аҳрор гӯё дучанд афзуд. Аз пагоҳ то бегоҳ заҳмат мекашид, алаф медаравид, мол мепоид, ҳатто аз ҷону ҳимати ҳакку ҳамсояро адо мекардагӣ шуд.

-Ин Аҳрор аслан ҷавони хуб буд, мегуфтанд ҳамдеҳагонаш. Ҳоло аз пештара ҳам хубтар шудааст, ба ҳама ёрирасон. Меҳрбону аз рӯзи аввал ҳис кард, ки Аҳрор ба ӯ бо чашмони меҳр менигарад ва ба хотири ӯ барои рӯзгори оила ва падару модараш чӣ кӯшишҳое намекунад. Ӯ дар нахуст қадре ҳаросид ва хавотир шуд, вале ботадриҷ фахмид, ки ин ҷавони покдил ҳеч хилофи хоҳиши ӯ коре нахоҳад кард. Хотирҷамъ шуд, «ангур аз ангур ранг мегирад, мегӯянд», ғайрати ӯ ҳам рӯз то рӯз афзун мегардид, пайваста бо дӯхтудӯзу пухтупазу рубу чин машғул мешуд. «Ёр аҳл шавад, кор саҳл шавад» мегӯянд, чор нафар падару модару Аҳрору Меҳрбону аҳл шуда, хонаашонро обод карданду, рӯзгорашонро осуда.

Як пагоҳӣ, вақте ки Ахрор дар тараддуди ба саҳро рафтан буд, Меҳрубону ба ӯ як сабат гули садбарг тақдим кард. Аҳрор сурх шуда, гулро бӯй карду як рӯбоӣ хонд:

Садбарги сафеди саҳариро чӣ кунум?!
Ман бе ту ҳаёту зиндагонира чӣ кунум?!
Мардум зи худо умри дароз металабанд.
Ман умри дарози гамқатира чӣ кунум?!

Мехрбону хандида ба хона даромада рафт. Ин воқеа дар пеши падару модари Аҳрор рух дод.

  • Вақташ расид, — гуфт падари Аҳрор.

Вақташ расид, — гуфт модари ӯ.

Чолу кампир байни худ маслиҳат карданду ҷавононро пеши худ шинонда, муддаои дилашонро гуфтанд.

  • Ман солҳои дароз дар тамоми олам гашта, барои худ зан кобам, мисли Меҳрбону духтаре пайдо карда наметавонам, гуфт Аҳрор.

Меҳрбону ба сукут рафт: «сукут аломати ризо».

Рӯзи дигар тӯйро пеш гирифтанд. Тӯй шуд, тамошо хурсандӣ шуд, хушбахт буд Аҳрор, хушбахт Меҳрбону Хушбахт буданд падару модар.
Ахрор ҷӯрае дошт, бо номи Абдулло. Абдулло шаби тӯи Меҳрубонро дида монду «Вох!» гуфт:

-Индухтар мебоист азони ман бошад. Ман агар ӯро соҳиб нашавам, ин зиндагӣ бароям-ҳаром». Абдулло аз ҳамин рӯз дар фикри ба даст овардани Меҳрбону шуд.

Абдулло бо Аҳрор меҳрубон шуд, ба ӯ пайваста суханҳои ширин мегуфт. Мегуфт, ки «соате туро набинам зик мешавам. Ту худро аз мо, ҷӯраҳоят дур накаш! Ба ту пул ё ягон чизи дигар лозим бошад, чӣ кадар хоҳӣ, медиҳам». Хуллас Абдулло кӯшиш мекард, ки ба магзи дилу ҷони Аҳрор ҷой гирад.

Вай рӯзе аз Аҳрор пурсид:

  • Оё занат ёди падару модар намекунад? Агар ягон рӯз ба ватанаш, ба пеши падару модараш рафтанӣ шавад, ту медонӣ, ман аспу ароба дорам, гирифта мебарам.

Ахрор ба Абдулло гуфт:

  • Ман ҳеҷ гоҳ аз падару модару ватанаш ба ӯ савол намекунам, ки дилаш озурда нашавад.

«Инхел бефаҳм набош, -гуфт Абдулло, -худат гуфтӣ, ки ӯ аз авлоди одамони баобрӯст, падари ӯ ба ту падар, бародараш ба ту бародар, ту бояд онҳоро бинӣ ва худро ба онҳо шинос намоӣ.
Онҳо бояд духтару домодашонро дида хурсанд шаванд. Як рӯз Аҳрор писараки навзодашро ба дасташ гирифта, ба паҳлуи занаш нишасту оҳ кашид.

  • Ин хел оҳи бадард кашидед, чӣ шуд ба шумо? — пурсид Меҳрбону
  • Дилам мехоҳад, ки падару модари ту ҳам ин хел як набераяки дӯстрӯяшонро бинанду донанд, ки духтарашон сиҳату саломат, шавҳар дораду фарзанд. Чӣ қадар хурсанд мешаванд онҳо!
  • Ман ҳам ҳаминро мехоҳам, — гуфт Меҳрбону, — лекин замин сахт асту осмон баланд. Онҳо, ки маро аз даргоҳашон ронданд, нохост даромада равам, чӣ мегуфта бошанд, бовар дорам, ки ин дафъа зада мекушанд.
  • Ман ба ин бовар надорам,ба ҳар ҳол «аз карнайчӣ як пуф» як санҷида дидан лозим.

Аҳрору Меҳрбону чанд муддат дар сари ин маслиҳат буданду як рӯз Абдулло ба Аҳрор хабар дод, ки пагоҳ ба тарафи зодгоҳи занаш сафар карданист, метавонад зану писарчаашро пеши модараш барад.

Аҳрор ин хабарро ба занаш расонид. Меҳрбону дар ҷавоби қатъӣ карда гуфт, ки ба каси бегона ба ҷое намеравад.

Аҳрор гуфт:

  • Ту аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бош! Абдулло ба ман бегона не — ҷӯраи ҷонии ман аст, чӣ кадар ман ба худам бовар кунам ҳамон кадар ба вай бовар мекунам.

-Падари ман ҳам ба қозӣ бовар дошт, — гуфт Меҳрбону лекин дар урфият «бовар макун ба дӯстат, коҳ ҷо кунад ба пӯстат» мегӯянд рост будааст.

Ин хел бошад, ман ҳамроҳ меравам Аҳрор занаш

Меҳрбону дили бедилон розӣ шуд.

Абдулло пагоҳӣ аробаашро ронд. Меҳрбону писарчааш дар даст ба ароба савор шуд. Аҳрор дар паҳлӯи ӯ нишаст. Абдулло ароба ронд.

Рафтанд, рафтанд, бегоҳӣ ба доманаи сабзу хуррами кӯҳе расиданд.

  • Ин шаб ин ҷо меосоем, пагоҳ ҳаракат мекунем, — гуфт Абдулло.

Дастархон кушоданд. Абдулло доруе бо худ гирифта буд, ки кас хӯрад беҳуш мешуд.

Вай ҳиллае кард, доруро ба Аҳрор хӯронд. Аҳрор беҳуш шуда афтод. Абдулло худ ба худ гуфт: «Ба худо шукр, ҳазор шукр, ки имшаб ба орзӯҳоям мерасам наздик шуда, дасти ӯро гирифта гуфт.

  • Аз рӯзе, ки ту дар деҳаи мо пайдо шудӣ. ман ба ту шайдо шудам. Гарчанде ин Аҳрори сарватнодидаю лаззати давлатро начашида сазовори ту нест.

Мехрбону ҳарчанд зӯр зад, дасташро аз дасти пуркуввати Абдулло халос карда натавонист. Сипас гуфт.

  • Дастамро сар деҳ, писарчаамро хобонам.

Абдулло дасти ӯро сар дода мунтазир шуд. Мехрбону муд кард, ки писарчаашро мехобонад. Онро оҳиста рӯи замин гузошту бо тамоми кувваташ рӯ ба гурез ниход. Абдуло аз қафояш тохт. Чоҳе дар пеш буд. Меҳрбону худро ба чоҳ андохт. Абдулло ба сари чоҳ расида гуфт.

Нияти ман ҷиддӣ набуд. Ту духтари аз куҷо омада будӣ, донистан хостам, ки чӣ андоза ба дӯсти ман вафодорӣ.

  • Мехрбону аз дарун гуфт:
  • Ман кӯре ҳастам, ки як бор асо гум кардаам, дигар гум намекунам. Ҳар чӣ мегӯӣ, ҳарҳаракате мекунӣ бехуда. Беҳтараш шавҳарамро ба ҳуш биёру моро сиҳату саломат ба манзил расон. Бар акси ҳол худо мезанадат, расвои олам мешавӣ.

Агар набароӣ, писарчаатро мекушам! — таҳдид кард Абдулло

  • Бадтар аз хуку гург аст инсоне, ки инсонро мекушад,бадтар аз деву аждараст инсоне, ки кӯдакро мекушад, — шунавид Абулло дар ҷавоб.

Мехрбону башаст партофта рафт. Дили кӯдак аз зарбу тарс аз харакат монд. Фигони Меҳрбонуба осмон печид. Пагоҳӣ овози гиряву нолаи ӯ ба гӯши чӯпон расид, ки дар он наздикиҳо рама мечаронд. Чӯпон ба лаби чоҳ омада, сарашро болои чоҳ хам карда суроби занеро дида гуфт:

Ту кистӣ?

Меҳрбону гуфт:

  • Агар одами нек бошӣ, илоҷе куну маро аз даруни ин чоҳ барор.

Чӯпон нӯги расанро дароз кард. Меҳрбону ба миёнаш баста, кӯдаки беҷонашро ба синааш пахш кард, чӯпон ӯро кашида гирифт. Меҳрбону лабони тафсонашро ба рӯи фарзанди аз ҷон ширинтараш часпонда, зор-зор гиря карду бо дастони ларзон ӯро ба хок супурд. Баъд ба чӯпон рӯ оварда гуфт:

  • Некие, ки ту барои ман кардӣ, тамоми умр аз ёдам намеравад ва агар корам барор кунад, туро ёфта, некиятро бармегардонам. Акнун мехоҳам ба болои он нағзие, ки ба ман кардӣ, як нагзии дигар кунӣ, либоси маро гиру, ба ҷояш сару либоси чӯпонӣ бидеҳ.

Чӯпон одами хуб буд, рафта ба духтар сару либоси чӯпонӣ овард.
Меҳрбону кокулонашро ҷамъ карда, ба сараш печонда, салла баста ҷомаю чоруқ пӯшида, ба ҷое омад, ки Абдулло шавҳарашро беҳуш карда буд. Абдулло набуд, ароба набуд, шавҳараш набуд. Паи аробаро гирифта рафту баъди чанд соат ба шаҳр расид ва ҳавлиашро ёфта, назди дарвозааш нишаст. Дере нагузашта, падараш баромада ӯро дида монду ба чашмони сиёҳи дурахшонаш нигоҳ карда пурсид:

  • Эй бача, чаро ин ҷо нишастаӣ, ба кӣ кор дорӣ!

Меҳрбону аз ҷояш хеста гуфт

  • Ман як ятими бекас, мехоҳам хизмати касеро карда, рӯз гузаронам.

«Чӯпонбача» ба бозургон маъкул шуд. Гуфт:

  • Ин тавр бошад, даро ба ҳавлии мо, ба мо хизматгор даркор.

«Чӯпонбача» ба аҳли оила маъқул шуд. Ба сидқ хизмат мекард. Ҳикояҳои аҷиб мегуфт озодакор буду ширинсухан. Абдулло аз сари чоҳ баргашта, доруе ба бинии Аҳрор дошта ӯро ба ҳуш оварда гуфт

  • Зане, ки аз кӯча меёбӣ, ба кӯча мерафтааст. Вай инс буд, дев буд-мӣ, чӣ махлуке буд. Мақсадаш аз ту писардор шуд: макони париҳо рафтанӣ будааст.

Аҳрор зорӣ карда гуфт

  • Эй ҷӯраи ҷон, ман дар умри худ аз ин кӯҳсор дур нарафтаам, ту шаҳрро дидаю дар мамлакатҳо гаштӣ. Агар дар ҳақиқат ҷӯраи ҷонии ман бошӣ, маро ба шаҳри падару модари духтар бар, шояд ӯ ба хонааш рафта бошад.

Абдулло аввал не гуфт, баъд фикр кард, ки зану бачаи Аҳрор аз чоҳ баромада натавониста, пӯсида мераванд, сирри онҳо ҳеҷ гоҳ ошкор намешавад, пас чӣ зарар дорад, ба шаҳр духтар ӯро мебараду дар айни замон корҳои худашро ҳам буд карда бармегардад ва пеши Аҳрор бегуноҳ мемонад.

Аҳрор дашту биёбон тай карда, ба шаҳри бозургон расид ва баъди он ки пурсуҷӯ карда, ҷои ҳавлии бозургонро муқаррар карданд, дар назди он ҳавлӣ боз истоданд.

Бозургон меҳмондӯст буд, омадагонро хуш қабул карду ба наздашон қозиро даъват кард. Баъди обу зиёфат бозургон ба меҳмон гуфт.

  • Мо як хизматгоре дорем, ки бисёр нақлҳои шири мекунад, мехоҳам, ки шумо меҳмонони азиз, ин нақлҳо ширинро шунавида, хушҳол шавед.
  • Бисёр хуб, бисёр хуб, — гуфтанд меҳмонон.

Бозургон Меҳрбонуро пеши меҳмонон хонда гуфт.

  • Аз ҳамин афсонаҳоят якеро гӯй, ки дили меҳмонони азим хуш шавад.

Писаре хоҳарашро ба як кӯҳи калон гирифта бурда куштанӣ шуда, боз хоҳар, ки бўд дилаш нашуд, хайр худаш мурда меравад ё ягон ҳайвони вахши мехӯрад гӯён дар ҳамон ҷо партофта рафт.

Духтар гушнаю ташна, ҳайрону сарсон мегашт. Рӯзе ӯро як деқонписар дида монду ба хонааш бурда зан карда гирифт. Дар оилаи онҳо писарчаи зебо таваллуд шуд. Деҳқонписар ҷавони меҳнатӣ, баодоб буд.

Духтар аз ҳаёт розӣ буд, вале ёди ватан ва дидори падарў модараш ӯро гамгин мекард. Вай рӯзе дар ин бора ба шавҳараш ҳиҷрат кард ва шавҳараш мувофики табъи дили занаш кор карданӣ шуда, ӯро ҳамроҳии як дӯсташ ба ватанаш бурданӣ шуд. Дар роҳ маълум гардид, ки дӯсти шавҳараш побанди
ишқи зан гашта, бо нияти бад ба ӯ ҳамроҳӣ карда будааст. Вай ба занак дастдарозӣ карданӣ шуд, аммо занак гурехта худро ба чоҳе партофт. Мардак ҳарчанд росту дурӯғ гуфт, зорӣ карду дӯғ зад, занак аз чоҳ берун нашуд. Мардак дар ғазаб писараки дӯстрӯяки ӯро бо зарб ба болои модараш партофта рафт. Бачаи бечора ҳалок шуд.

Ин вакт писари бой — Абдулло аз ҷояш тохта хеста:

Ту лаънатӣ, дурӯг мегӯӣ, хез гум шав! — гӯён ба сари афсонагӯй мушт кашид.

Ахрор бо дастони пуркқувваташ ӯро ба ҷояш шинонда, ба чӯпонписар рӯ оварда гуфт

  • Гӯй, гӯй сонӣ чӣ шуд?
  • Сонӣ, — гуфт чӯпонписар, — пагоҳӣ шуду як чӯпон овози гиряи занакро шунида, ӯро аз чоҳ кашида гирифт. Писарчаро дар ҳамон ҷо гӯр карданд. Занак дар сари қабри вай бисёр-
    бисёр гиря карда, баъд аз чӯпон сару либоси чӯпонӣ талабид ва пӯшида ба хонаи падараш равон шуд.

Ҳамон вакт Қозию Абдулло

  • Дар хонае, ки як побараҳнаи аблаҳро гӯш мекунанд, мо намеистем, — гуфта рафтанӣ шуданд, ки бозургон онҳоро нигоҳ дошта гуфтанд.
  • Якдамакак шинетон, ин чӯпонбача қиссаи духтари маро гуфта истодагӣ барин, фаҳмам духтари бечораи ман куҷо Ман духтари бечораи шумо, — гуфта Меҳрбону ба хонаи дарун даромаду либосҳои чӯпониро кашида, либосҳои занона пӯшид, модарашро, ки дар фироқи ӯ месӯхт, ба оғӯш гирифт.Ааз чашмони ҳарду ашки хурсандӣ равон шуд, дуру дароз ҳамдигарро бӯса карданд.

Бозургон ҳақиқати ҳолро фаҳмида, дар ғазаб шуд. Вай кирдори қозию писари бойро ба тамоми шаҳр эълон кард ва онхоро ба ҷазои сахт расонид ва ба духтараш узри зиёде гуфта, ӯро навозиш кард. Чӯпонеро, ки Меҳрбонуро аз чоҳ кашида гирифта буд, оваронда инъомҳои қимматбаҳо дод.

Некон ба муроду максадашон расиданд, бадон ҷазои бадиашонро кашиданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *