Афсонахои точики

Афсонаи ЛАКУ ПАК

ЛАКУ ПАК

Буд-набуд, як Лаку як Пак буд. Онҳо зану шавҳар буданд. Лаку Пак духтари дӯстрӯе доштанд. Ҳуснаш расо буд, вале ақлаш норасо буд. Зебоии духтар ба дуру наздик овоза шуду ба хонаи Лаку Пак хостгор омад.

  • Духтарам, — гуфт Лак, -ба ту хостгор омад. Рафта об биёр. Чаққон бош, ки хостгорҳо духтари бадаступо будааст, гуфта туро хуш карданд.

Духтар кӯзаро гирифта, тозон ба лаби ҳавз рафту об гирифта истода, фикр кард, ки «раваду хостгорҳо маро хуш кунанд, тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зоям, писарчаам
калонакак шаваду аз дасташ дошта, ба хонаи падару модарам меҳмонӣ биёям, модарам ҷонӣ бибӣ, калонакак шудӣ, дастёрак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем, гуфта, ба дасташ кӯзача диҳаду
ба лаби ҳавз равон кунад. Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам гуфт пояш лагжида ба ҳавз ғалтаду ғарқ шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли
мане, рӯям сиёҳе!» гуфта доду фарёд бардошту шаш қатор оби дида рехт.

Модар мунтазири духтар, хостгорон мунтазири чой. Пак ба рӯи ҳавлӣ баромаду овоз баровард:

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Ин духтарамон барои об рафта буд. Рав, бин, чаро дер кард?
  • Хуб шудааст.

Лак ба лаби ҳавз рафт. Дид, ки духтарашон оби дидаам шаш қатор гиря карда нишастааст.

  • Ҳа, духтарам, чӣ шуд ба ту, барои чӣ гиря карда нишастаи -пурсид Лак.
  • Эй модарҷон, ман гиря накунам, ки гиря мекунад?! — ҷавоб дод духтар.
  • Об гирифта истода фикр кардам, ки раваду хостгорҳо маро хуш кунанд, тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зоям писарчаам калонакак шаваду аз дасташ дошта, бахонаи шумоҳам
    меҳмонӣ биёям, шумо ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёрак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем, гуфта, ба дасташ кӯзача диҳед ба лаби ҳавз равон кунед. Бачаякам биёяду аз ҳавз об мегирам
    гуфта пояш лағжида ба ҳавз ғалтида гарқ шавад, баъд ман чи кор мекунам, ба шавҳарам чй ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане, рӯзам сиёҳ шуде!
  • Вой бар акли расоят модаракат қурбон шавад!-гуфт Лак ба паҳлуи духтараш нишасту гирён шуд.

Пак як дам нигоҳ кард, ду дам нигоҳ кард, аз духтараш дарак нашуд, хесту ба лаби ҳавз омад. Омада дид, ки духтару зан дар лаби ҳавз зор-зор гиря карда нишастаанд.

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!

Чӣ шуд, ки модару духтар ин хел зор-зор гиря кард нишастетон?

  • Ой ҷони Паке! — гуфт Лак. — Мо гиря накунем, ки гиря кунад?! Гӯш кунед ин духтараки баақли мо чӣ мегӯяд!
  • Ҷӣ мегӯяд, Лак? — ҳайрон шуд Пак.
  • Мегӯяд, ки раваду хостгорон ӯро хуш кунанду тӯю тамошо шавад, сонӣ як писарча зояд, писарчааш калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи мо меҳмонӣ биёяд, ман ҷони бибӣ, калонакак шудӣ, дастёрак шудӣ, рафта об биёр, чой кунем гуфта, ба дасташ кӯзача дода, ба лаби ҳавз равон кунам, бачаякаш биёяду об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз афтаду ғарқ шавад, баъд ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане-рӯзам сиёҳ шуде!

Шаш катор оби дида рехта, гиря карда нишастааст.

-Ой падаракат садқаи ақли расоят шавад! — гуфта Пак ҳам дар паҳлуи зану лухтараш нишаста зор-зор гиря кард.

Се кас — Лаку Паку духтар ончунон баланд навҳаву гиря карданд, ки хостгорхо шунида, ҳайрон шудаву хавотир шуда, ба лаби ҳавз омаланд. Омада диданд, ки соҳибони хона зану шавҳару духтар шаш қатор оби дида рехта, гиря карда нишастаанд.

  • Чӣ гап шуд? Чаро шумоён гиря карда нишастаед? — пурсиданд онҳо.
  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Ба инҳо гапи духтарамонро гуфта деҳ!
  • Мо гиря накунем, ки гиря кунад? — гуфт Лак. Гӯш кунед ин духтараки баақламон чӣ мегӯяд.
  • Духтаратон чӣ мегӯяд. Лак? — пурсиданд меҳмонҳо.
  • Мегӯяд, ки раваду хостгорон ӯро хуш кунанду тӯю тамошо шавад, сонӣ, як писарча зояд. Писарчааш калонакак шаваду аз дастакаш дошта, ба хонаи мо меҳмонӣ биёяд, ман ҷони бибӣ
    калонакак шудӣ, рафта об биёр. чой кунем гуфта, ба дасташ кӯзача дода, ба лаби ҳавз равон кунам, бачаякаш биёяду об мегирам гуфта, пояш лағжида ба ҳавз афтаду гарк шавад, баъд
    ман чӣ кор мекунам, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам?! Вой бар ҳоли мане-рӯзам сиёҳ шуде!

Хостгорҳо ин гапро шунавида:

  • Бай, бай акли ин духтар ҳуснаш барин расо будааст гӯён тӯйро пеш гирифтанд.

Тӯй шуд, тамошо шуд. Духтарро асп савор карда, ёр ёр гуфта, гирифта рафтанд.

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!

-Бе духтарамон зиқ шудем-ку, — оҳи сард аз дили пурдард кашид Пак.

  • Хайр, рафта бинем-чӣ? — гуфт Лак, — шумо рафта камтар равған биёред, ман як табак санбӯса пазам, гирифта барем Духтаракамон санбӯсаро ёд кардагист.

Пак як пиёла гирифта, пеши равғанфурӯш рафт.

Равғанфурӯш як қадоқ равған чен карда, ба пиёлаи Пак андохт, як қадар равған зиёдатӣ кард.

  • Камакак, ҳаккатон монд, инро чӣ кор кунам? — пурсид равғанфурӯш.
  • Мана ба ин ҷо андозед, — ғуфт Пак пиёларо чаппа кард: пушташро дошт.

Равғанфурӯш бақияи равғанро ба пушти пиёла рехт. Пак оварда ба дасти занаш дод.

  • Пак, Пак! — Ин равғани овардагиат ҷудо кам-ку? — гуфт занаш. -Ба санбӯса намерасад.
  • Кам не, азизакам, дар даруни пиёла ҳам ҳаст.

Лак пиёларо рост карда, дарунашро диданӣ шуд, ки як камакак равғани дар пушти пиёла будагӣ ҳам рехт.

Бе равған санбӯса намешавад. Лаку Пак дуру дароз маслиҳат карда, қарор доданд, ки хуб мешуд як рӯймол нони гарм пухта баранд.

Лак хамир карду хобонда ба Пак гуфт:

  • Шумо танӯр тафсонда истед, хамир, ки расид. ман нон баста мечаспонам.

Пак ба ҳавлӣ баромаду ҳезум шикаста, хост ба танӯр андохта даргиронад, дид: даруни танӯр тафсидагӣ барин суп-сурх — ин шӯълаи офтоб буд дар даруни танӯр. «Ин худаш тафсидагӣ-ку, фикр кард Пак, — Роҳ дар пеш, то нон бастани Лак як хоб карда гирам». Ҳамин хел фикр карду сӯи суфаи зери тут дароз кашида, баҳузур хоб кард.

Лак бошад, нон рост карда, пеши танӯр овард. Дид танӯр суп-сурх тафсидагӣ. Ба танӯр нон часпонда мунтазир шуд.

Як соат нигоҳ кард, ду соат нигоҳ кард, ҳеҷ не ки нон сурх шавад. Пак аз хоб сер шуда хеста, пешаш омад.

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Нонат сурх нашуд?
  • Не, чӣ кор кунем?! — пурсид Лак.
  • Ҳамин танӯра канда, ба китфамон барем, нон дар раҳ
    пухта мемондагист.

Ҳамин хел карданд.

Як замон хешовандони домод диданд, ки падару модари келинашон як танӯри калона бардошта омада истодаанд. Тозон баромада, танӯри пур аз хамирро аз китфи онҳо гирифта, ба як сӯ монданду худашонро бо иззату ҳурмат ба хона дароварда обу зиёфат карданд. Шаб шуд. Барои Лаку Пак ҷойгаҳи баланд андохтанд.

Лаку Пак ба ҷойгаҳ даромаданд.

  • Ҷонакам, ба деворҳои хона дуруст нигоҳ кун, чанд ҷо кафидагӣ, аз ҷойҳои кафидагӣ шӯълаи моҳтоб даромадааст.
  • Хушк шуда кафидагист-дия? Бечора духтарамон! Ақлаш нарасидааст, ки равған карда монад.
  • Лак, о Лак! Ман дар дахлез як кӯзача равган дидам, хез ба ҷойҳои кафидаи девор мемолем.
  • Хуб шудааст, Пак, хезед!

Ба даҳлез рафта, як хумча равған ёфта, гирифта даромаданду ба деворҳои хона аз боло то поён равған молиданд.

Кӯзачаро ба даҳлез бурда ду хуми калонро дида монданд.

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Ин духтарамон ақлаш ба ҳама чиз мерасад. Вай фикр кардааст, ки мо, падару модараш, аз роҳи дур чанг зер карда омадагӣ, оббозӣ карданамон лозим. Ана бин, ду хуми калон об тайёр карда мондааст. Биё оббозӣ кунем, хурсанд шавад. Ба ақли духтарамон ҷонам фидо! Оббозӣ мекунем, хурсанд мешавад, — гуфт Пак.

Лаку Пак хумҳоро бардошта пеши ташноб оварда, оббозӣ карданд.

  • Аҷаб оби ширин!-гуфт Пак
  • Оби ин ҷӯйҳо ширин будааст-дия! — гуфт Лак.

Лаку Пак оббозӣ карданду даромада хоб рафтанд.

Саҳар шуд. Офтоб баромад. Соҳибони хона болои суфаи рӯи ҳавлӣ қолини пату кӯрпачаҳои мулоим партофта, дастархон густурда, чой ҷӯшонда, тайёр карда монданд. Як дам нишастанд, ду дам нишастанд, як соат шуд, ҳеҷ не ки меҳмонон хеста бароянд. «Ба инҳо чӣ шуда бошад?» гуфта, рафта диданд. ки Лаку Пак ба кӯрпачаҳо часпида мондаанд. Чунон сахт часпидаанд, ки ҷунбида наметавонанд. Дар болояшон занбӯрҳо вижжас зада парида гаштаанд.

Соҳибони хона ҳайрон шуданду баъд фаҳмиданд, ки меҳмонашон об гуфта, аз сарашон ширинӣ рехтаанд. Лаку Пакро як илоҷ карда аз кӯрпаҳо канда гирифтанду об гарм карда, оббозӣ доронда, хушк кунонда, ба хонаашон гусел карданд.

Аз ин воқеа чанд рӯзу боз чанд ҳафта гузашт, як рӯз духтари Лаку Пак дар ҳавлии шавҳараш танҳо монд. Пагоҳӣ аз ҷояш хеста, ба дасту рӯйшӯӣ хушаш наомаду дасти ношуста ба хӯрокхӯрӣ сар кард. Ҳамин лаҳза гӯсола сарашро аз даруни оғил бароварда баа гуфт

  • Оҳ, ин гӯсолаи бадбахт рӯи ношуста хӯрок хӯрдани маро фаҳмид. акнун ба ҳама мегӯяд, оҳ ман шарманда шудам! — гуфта духтар ба сӯи хонаи падару модараш тохт.

Тафсидаву арақ карда, омада воқеаро гуфта дод.

  • Лак, Лак!
  • Ҷони Пак!
  • Дар ҳақиқат кори ганда шудааст! — гуфт Пак. — Илоҷе ёфтан даркор.

Лаку Пак маслиҳат карданду духтарашонро пеш андохта, ба қозихона омада, воқеаро нақл карда, аз қозӣ хоҳиш намуданд, касеро ки ин сирро овоза кунад, ҷазо диҳад.

  • Ин кор аз дасти як худи ман намеояд, — гуфт қозӣ ба Лаку Пак. — ман дар шаҳр манъ кунам ҳам, дар мамлакат манъ карда наметавонам. Ба пеши подшоҳ равед, ки метавонад дар тамоми
    мамлакат манъ кунад.

Лаку Пак духтарашонро пеш андохта, ба пеши подшоҳ рафтанд.

Подшоҳ арзи Лаку Пакро шунавида, фармон баровард, ки рӯи ношуста хӯрок хӯрдани духтари Лаку Пак овоза карда нашавад.

Ҷарчиҳо шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гашта, фармони подшоҳро эълон карданд.

Дар як мамлакати калон аз ҳафт то ҳафтодсола аз сирри духтари Лаку Пак хабар ёфтанд.

Лаку Пак бошанд, то хол боварӣ доранд, ки сир духтарашон ба касе ошкор нашудааст.
Ҳамин хел соддаҳо ҳам ҳастанд дар ин рӯи дунё.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *