Афсонахои точики

Афсонаи ДОНАК

ДОНАК

Буд, набуд, як бача буд, номаш Баҳром буд. Вай як рӯз як бозикунӣ
рафту як донаки зардолу ёфт. Онро ба модараш нишон дода гуфт:

  • Модарҷон, ин донакро шикаста хӯрам ё кишт кунам?

Модараш маслиҳат дод:

  • Нашикану бурда ба замин шинон, об андоз, ниҳол шуда мебарояд, пар-
    вариш кун, дарахти калон мешавад, мева мекунад, ҳузур карда хӯрда мегардӣ.

Баҳром хуб гуфта, донакро бурда гӯр карда, об доду гуфт:

-Эйдонак, агар то омадани ман насабзӣ, кофта мегираму шикаста мехӯрам!

Чанд вақт гузашту омада дид, ки донак сабзидаасту ниҳол шудааст.
Ниҳолро дида, пеши модараш омада гуфт:

  • Модарҷон, донак ниҳол шудааст, ниҳолро канда, чиллаку шоф карда,
    бозӣ мекунам.
  • Накан! — гуфт модар. — Об деҳ, ниҳол дарахт шавад, дарахт мева кунад,
    меваҳои онро мазза карда мехӯрӣ.

Бача омаду ниҳолро об дода гуфт:

-Эйниҳолак, агар то омадани ман дарахт нашавӣ, аз решаат канда мепар-
тоям.

Чанд вақт гузашту бача омада дид, ки ниҳол дарахти калону сершох шу-
дааст.

Дарахтро об дода гуфт:

-Эй дарахт, агар то омадани ман гарки мева нашавӣ, афтонда ҳезум меку-
наму ба хона мебарам, модарам месӯзад.

Боз чанд вақт гузашту бача омад. Омад, ки дарахт ғарқи мева шудааст.
Хурсанд шуда, ба болои дарахт баромаду зардолу хӯрда шишт.

Ҳамин вақт як албастӣ худро ба шакли кампири кӯр дароварду ба китфаш
халта, ба дасташ асо гирифта, ба таги дарахт омад. Ба таги дарахт омада, фикр
кард: «Ин бачаро нест карда, дарахташро соҳиб мешаваму меваашро хӯрда ме-
гардам».

Албастй ҳамин хел фикр карду ба Баҳром гуфт:

  • Писарҷон, аз раҳи дур омадам, ҳалқам қоқ шуд, камтар зардолу деҳ…

Бача якгала зардолу чида, ба пеши кампир партофту гуфт:
Ана, онаҷон, гиред, хӯред!

  • Ой бачам, — гуфт кампир, — ман як пиразани оҷиз, чашмонам намсби-
    нанд. дастонам намегиранд, худат фаромада, ба дастам надиҳӣ, ман ёфта на-
    метавонам.

Бача аз дарахт фаромада, зардолуҳоро чида, ба кампир дароз кард. Дароз.
карда буд, ки албастӣ дасташро дошта гирифту ба халтааш андохта, ба китфаш
партофта бардошта рафт.

Албастӣ ба ҳавлиаш расида, халтаро як сӯ монду ба дег равған андохта,
алав кард.

Вай алав карда истода буд, ки Баҳром халтаро шикоф карда берун шуду
тохта рафта, ба болои сафедор баромад.

Кампир омада, ба калта нигоҳ карда дид, ки бача нест. Ин тарафро кофт,
он тарафро кофт, дар ҳеҷ ҷо наёфт.

  • Писарҷон, ҳо писарҷон, куҷо рафтӣ? — пурсид кампир.

Бача аз болои сафедор гуфт:

  • Ман дарин ҷо.

Албастӣ дид, ки бача дар шохи аз ҳама баланди дарахт, пойҳояшро бозӣ
зоронла шиштааст.

  • Писарҷон ба он ҷо чи хел баромадӣ?
  • Бели оҳанинро тасфондам, ба рӯяш шиштам, бел боло парид, худро дар
    болои дарахт дидам, — ҷавоб дод бача.
  • Ин кори осон будааст-ку! — гуфта, албастӣ бели оҳанинро тафсонду ба
    рӯяш савор шуда буд, ки сӯхту мурд.

Бачаи зирак бо ин тадбир, ҳам худаш, ҳам дарахташро аз албастӣ халос
карду шоду хуррам зардолу хӯрда, зиндагӣ карда гашт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *