Афсонахои точики

Афсонаи Водареғ

Буд набуд, як замоне дар як маконе як подшоҳ буду як вазир. Зани ҳар
ду вазнин (ҳомиладор) буданд. Вақту соаташ расиду зани подшоҳ духтар зоид.
Зани вазир писар.

Дар ин дунё ҳар чӣ мегузарад, оҳиста-оҳиста бачагии духтару писар гу-
зашту ҳар ду ба воя расиданд.

Як рӯз вазир писари ҷавонашро ба пешаш шинонду гуфт:

  • Ҷигарбандам, шукри Парвардигор, ба синни балогат расидӣ, дил мехоҳад
    ба ту зан гирифта диҳаму тӯю тамошоятро бинем.

Писараш гуфт:

  • Эй падари бузургвор, агар орзуи шумо ҳамин бошад, магар ман метавонам
    не гӯям.
  • Армони дили ман, — гуфт вазир — қудо шудан бо подшоҳ аст. Мехоҳам
    инро ба подшоҳ гӯям.

Писараш гуфт:

  • Ман ҳанӯз ҷавон бошам ҳам дидаам ва шунидаам, ки подшоҳон духта-
    рашонро фақат ба шоҳзодагон медиҳанд, надидам ва нашунидаам, ки подшоҳе
    ба вазирзода духтар дода бошад.
  • Аз ин ҷиҳат, — гуфт вазир, — хотири ман ҷамъ. Мо бо подшоҳ дӯстони
    деринем, боварӣ дорам, подшоҳ хоҳиши маро рад намекунад.

Хулоса вазир ба подшоҳ муддаои дилашро гуфт:

Подшоҳ суханони вазирро шунида, сар хам карду ба хаёл рафт. Ба хаёл
рафту фикр кард, ки «кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз» гуфтаанд. Ман подшоҳам,
магар вазирзода сазовор аст, ки домоди ман бошад? Лекин, мо бо вазир дӯстони
деринем, боре нашудааст, ки ӯ маро ранҷонда бошад, агар ҷавоби рад диҳам,
сахт малӯл мешавад, коре бояд кунам, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
Ҳаминро фикр карду ба вазир гуфт:

  • Дўсти азиз, ман подшоҳам ва лозим аст, ки барои духтарам мувофиқи
    мартабаам маҳр (қалин) гирам, то нагӯянд, ки духтари подшоҳ магар нуқсе ё
    айбе доштааст, ки падараш барояш маҳр нагирифт.

Подшоҳ баъди ин гап маҳри духтарашро гуфт: ҳазор шутури сафед, ҳазор
нди сиёҳ, ҳазор барраи ширбоз, ҳазор гови зотӣ бо гӯсолааш,

оҳубарра, ҳазор байтал, ҳазор гургу ҳазор шоҳин. Аз атласу шоҳию кимхоб
ҳазор либосӣ.

Вазир ин ҳазор-ҳазорҳоро шунавида, ғамгину маъюс ба хонааш баргашт.
Писараш падарашро дар ин ҳол дида, сабаб пурсид. Вазир гуфт:

  • Писарам, барои подшоҳон дӯстӣ бо касоне, ки аз онҳо камтаранд, эъти-
    боре надоштааст. Ман имрӯз бори дигар донистам, ки ин ҳақиқати маҳз аст.
    Баъд вазир ҷавоби подшоҳро ба писараш як-як гуфт:

Вазирзодаро ба ҳоли падар раҳмаш омаду гуфт:

  • Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад! Инро
    гуфта худашро ба сурати қаландар карду шамшеру шашпар, гурзу сипар ги-
    рифта, аз мамлакат баромада рафт.

Даҳ шабу даҳ рӯз ба қадом раҳ рафтанашро надониста, хаёл карда истода
буд, ки саворе бо аспи сиёҳу сару либоси сиёҳ ба сари дуроҳа омад. Ҳар дуяшон
салому алайк карданд.

Вазирзода ба рӯю чашму абрувони ҷавон, ба қаду қомати ӯ нигариста,
қариб буд, ки аз ҳуш равад. Чашмони шаҳло, мижгони дароз, абрӯвони тобон,
рухсораҳои чун себи сурх, рӯи дурахшон — дар бораи чунин ҳусн ҳар чӣ гӯи каи
аст.

Сиёҳпӯш гуфт:

  • Эй бародар, аз куҷо мсоию ба куҷо меравӣ?
  • Ман аз фалон ҷо омадам, ба ҳамин дуроҳа расида, ба кадом тараф раф-
    танамро надониста ҳайрон мондам.

— Тучӣ мақсад дорӣ, ки азми сафар кардӣ? — боз пурсид ҷавони сиёҳпӯш.

Вазирзода саргузашташро гуфта дод:

  • Эй бародар, дар дунё одам барои зан шуда, худашро ба кӯи сарсонӣ ме-
    занад магар? Марди ҳақиқӣ аввал худашро дар майдон нишон медиҳад. Ман
    ба ҷанг рафта истодаам, мехоҳам лашкари подшоҳеро торумор кунам, ки кору
    бораш талаву тороҷи мулкҳои дигар аст. Аз як кас дида ду кас будан беҳ, агар
    хоҳӣ, ба ман ҳамроҳ шав.

Писари вазир қабул кард. Се шабу се рўз роҳ гашта, як бегоҳ ба канори
шаҳре расида, аз асп фаромаданду чодар зада, сӯҳбат карда нишастанд. Рӯз
шуда буд, ки сиёҳпӯш карнай кашида, табли ҷанг зад.

Подшоҳи мамлакат баромада дид, ки ду паҳлавон талаби ҷанг доранд,
зиддашон лашкар кашид.

Ин сиёҳпӯш Водарег ном паридухтар буд, овозаи зебоияш саросари олам
паҳн шуда, садҳо шоҳону шоҳзодагон дар орзуи дидори ҷонфизои ў буданл.
Водарег чил кокулашро зери телпак пинҳон карда, сару либоси сиёҳу ниқоби
сиёҳ пӯшида, ҷанг мекард. Чил рӯз беист меҷангиду баъди ин чил рӯз ба хоби

паҳлавонӣ мерафт. Писари вазир, ки аз ин хабарс надошт, лашкари бешумори
подшоҳро дида, дилаш ваҳм кашиду худ ба худ гуфт:

«- Ман худамро ба доми аҷал задам, як кас бо ин қадар аскар чӣ хел мета-
вонад ҷанг кунад?!»

Вазирзода дар ҳамин хаёл буд, ки Водареғ масолеҳи хӯрок оварда, ба пеши
ӯ монду гуфт:

  • Ман ба ҷанг медароям, бегоҳ як оши палави кори калони дастӣ пухта
    мемонӣ.

Вазирзода хуб гуфту аз паси кор шуд. Водареғ ба ҷанг даромада, дар бай-
ни чанд соат нисфи зиёди аскарони подшоҳро қир кард.

Вазирзода дасту остин барзада бо ҳавсалаи тамом як дег ош пухту ошро
дам партофта, сиёҳпӯшро нигоҳ карда нишаста буд, ки як дев омад: худаш як
ваҷабу ришаш сад ваҷаб.

Омаду аз вазирзода пурсид:

  • Камтар хӯрок надорӣ, ки бисёр гурусна мондам.

Вазирзода, ки чашмаш ба роҳи сиёҳпӯш буд, гуфт:

  • Рав, аз дег як кафгир ош гирифта хӯр.

Дев ҳамаи ошро пақкос хӯрда, дегро чаппа карда монда рафт.

Як вакт вазирзода дид, ки дег хоп-холӣ, ҳайрон шуду «оббо, шарманда
шудам-ку» — гӯён сароссма як деги дигар ош пухт: таг сӯхтаву миён хому боло
ланҷ. Ошро дам партофта буд, ки сиёҳпӯш омада:

  • Ҳа, канӣ оши пухтагиат, бисёр гурусна мондам, — гуфт.

Вазирзода ошро кашида омад, хайр Водареғ вақти хӯрдан гап назаду баъ-
ди хӯрда шудан гуфт:

  • Бародар, ман нагуфта будам, оши нағз паз. Ту чӣ хел пухтӣ?!

Вазирзода чӣ хел ошро хӯрда рафтани девро нақл кард.

Водарег гуфт:

-. Пагоҳ ту ба ҷанг меравию, ман ош тайёр мекунам. Аспи маро гир,
либосҳои маро пӯш, ҳеҷ кас намефаҳмад, ки паҳлавони дигар ҷанг мекунад.

Хайр, пагоҳ вазирзода сару либоси Водарегро пӯшида, ба аспи Водарег
савор шуду ба ҷанг даромада лашкари душманро аз як тараф кир кард. Водарег
палав пухт, тайёр шуда буд, ки дев омада пурсид:

  • Камтар хӯрок надорӣ, бисёр гурусна мондам?
  • Даро дар ошхона ош ҳаст, камтар гирифта хӯр! — гуфт Водарсғ.

Дев ба ошхона даромада буд, ки ин аз пасаш даромада дари ошхонаро
пӯшиду гардани девро чӯт карда», бо шамшер зад, каллаи дев аз танаш ҷудо
шуд, калла:

  • Ҳоло туро бин! Ҳоло туро бин! — гуфта риши садваҷабааш аз думаш ка-
    шол баромада рафт.

Водареғ аспро савор шуда аз паси вай сур кард.

Каллаи дев рафта-рафта ба таги як санги хона барин калон даромада рафт.
Водарег гашта омада, ошу обро тайёр кард, вазирзода аз ҷанг гашта омад, обу
ошро хӯрданд.

Сиёҳпӯш ба асп савор шуда, вазирбачаро ҳамроҳаш гирифта, ҳар ду ба
пеши ҳамон санг рафтанд, ки дев ба зераш рафта буд. Водареғ ба вазирзода
гуфт:

  • Бародар сангро гирифта парто!

Вазирзода ҳарчанд зӯр зад, сангро аз ҷояш ҷунбонда натавонист. Водарсг
аз асп фаромаду як зӯр катӣ сангро гирифта, ба як тараф партофт. Нигоҳ кар-
данд, ки таги санг як чоҳи бетаг. Водарег камандро ба миёни вазирзода баста,
ба чоҳ фаровард. Вай ба нисфи чоҳ расида буд, ки додаш баромад:

  • Сӯхтам! Пухтам! Каш!

Водарег ӯро кашида гирифту камандро ба миёни худаш баста гуфт:

  • Ҳазор сӯхтаму пухтам гӯям ҳам гӯш накарда, расанро то охираш сар деҳ,

Водарсғ ба чоҳ даромад. Ҳамин ки ба нисфи чоҳ расид, доду вояш баро-
мад, вазирзода гӯш накарда, камандро сар додан гирифт. Водареғ ба таги чоҳ
расида, дид, ки ҷӯй равон асту як қалъаи сар ба фалак кашидагӣ, на дар дораду
на сӯрох.

Лаҳзае назди оби равон нишаста, дасту рӯяшро шусту гирди қалъаро як
гашта баромад, ки дар як тахтасанг бо ким-чи хел хат ким чи навишта мондагӣ,
Хатро хонда буд, ки раъду барқ барин садое баромаду аз як тараф шақаррас
карда, дарвозаи сангин кушода шуд. Ба даруни қаср даромад, ки як паризод
болои тахт ҳамон каллаи ришаш садваҷабаро ба багал гирифта, гиря карда
нишастааст. Водареғ даромада, ин ҳодисаро дида, ҳайрон шуда пурсид:

  • Ту кистӣ, инсӣ, ҷинсӣ, парии, паризодӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Дар
    багалат каллаи кӣ?

Духтар гуфт:

  • Ман духтари подшоҳи Мисрам. Номам Райҳонбибӣ. Дар ҳафтсолагиам
    ҳамин дев маро дуздида омада буд, ҳозир ба чордаҳ даромадаам, то ҳамин вақт
    ҳамин дев ба ман нигоҳубин мекард, либос меовард, хӯрок меовард. Касе сари
    Ӯро аз тан ҷудо кардааст. Ман ба мурдаи дев не, акнун аҳволи ман чӣ мешавад,
    гуфта гиря карда истодаам.

Водарег калларо аз ришаш дошта, чунон ҳаво дод, ки аз чашм ноаён шуда,
баъди чанд вақт ба замин афтоду, ба ҳафт қабати замин даромада рафт. Ҳамон

замон аз ҷои даромада рафтаи сари дев панҷсад дев баромад. Водареғ ба дух-
тар гуфт:

  • Туҳоло ҳо ба он баландӣ баромада шин, ман бо ин девҳо ҷангида, онҳоро
    яктарафа карда, баъд ба пешат меоям.

Водареғ шамшерро бараҳна карда, бо девҳо ҷангида, ҳамаашро якта на-
монда зада афтонд.

  • Боз яктогӣ зан, ки ҷонамон тамоман барояд! — гуфтанд девҳо.

Водарег боз яктогӣ зада буд, ки девҳо ҷон гирифта боз ба ҷанг дарома-
данд. Ҳамин хел ҷанг то бевақтии шаб давом кард. Аксари девҳо кушта шу-
данд, лекин даҳ-понздаҳ зӯраш зинда монд.

Саҳар Водареғ аз хобаш хеста, боз ҷанг сар кард ва он даҳ-понздаҳ зинда
мондаро зада афтонд. Девҳо гуфтанд:

  • Боз як бори дигар зан, ки ҷонамон якбора барояд.

Водарег гуфт:

  • Кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Водареғ Райҳонбибиро бо ҳамаи хазинаю дафинаи дев ба як сандуқи ка-
лон андохта ба каманд баст, вазирзода кашида гирифт.

Одамизод шири хом хӯрдааст. Баъзан ҳирси молу ҳиссиёти худбинӣ
ақлашро кира мекунад, Ба сари писари вазир дар як он фикре омад, ки сандуқро
бо чизу чорааш гирифта раваду сиёҳпӯшро аз чоҳ накашад. Бою бадавлат, ки
шуд ҳар чизе, ки дилаш хоҳад ба даст биоварад. Баъд худ ба худ гуфт: «Эй ва-
зирбача. Ба ҳамин дунё омада, акнун якто ҷӯраи ҳақиқӣ пайдо кардӣ, барои
молу мулки дунё шуда, ҳамин хел ҷӯраро партофта рафтан магар аз рӯи инсофу
мардӣ аст?!». Ҳаминро гуфту камандро партофта Водарегро кашида баровард.

Водареғ баромада калиди сандуқро ба вазирзола доду гуфт:

  • Ҳар чизе, ки дар сандуқ ҳаст, аз они ту.

Сипас ба роҳ даромаданд, ба наздикии шаҳри Миср рафта, чодар заданду,
одам фиристода ба подшоҳ хабар доданд, ки духтарат ёфт шуда омад. Подшоҳ
шод шуда, ба истиқболашон баромад.

Баъд ба хурсандии ёфт шудани фарзанди ба ҷону дил баробараш ҳафт
шабу ҳафт рӯз тӯй дод. Ҳафт шабу ҳафт рӯз дар ягон хонадон дег наҷӯшид, аз
ҳафт то ҳафтодсола ҳафт шабу ҳафт рӯз аз деги подшоҳ ош хӯрданд.

Баъд подшоҳ аз Водареғ хоҳиш кард, ки домоди ӯ шавад.

  • Духтари маро бигир, тахти подшоҳӣ ҳам аз они ту, — гуфт.

Водареғ гуфт:

  • Бигзор духтари туро бародарам гирад.

Вазирзода ба полшоҳ рӯ оварда гуфт:

  • Ман мушкиле дорам, падарам барои ман духтари подшоҳи мамлакат-
    ро хостгорӣ кард. Подшоҳ магар нахост, ки маҳри зиёд талаб кард. Ҳазор
    уштури сафеду ҳазор гӯсфанди сиёҳ, ҳазор барраи ширбозу гови зотӣ, ҳазор
    оҳу бо оҳубаррааш, ҳазор аспи нару гургу шоҳину байтал. Агар ман дархости
    подшоҳро муҳайё накунам, падарам назди подшоҳу мардум беобрӯ мешавад.

Подшоҳи Миср суханони вазирзодаро шунида гуфт:

  • Ҷамъ кардани ин қадар молу ҷондор осон нест, лекин Миср — нисфи
    олам, ин ҷо ин корро метавон кард.

Подшоҳ фармуд, ки сар то сари мамлакат гарданду он чӣ ба вазирзода ло-
зим аст, ҷамъ оваранд. Надимону аскарони подшоҳ аз паи кор шуда, фармони
подшоҳро иҷро карда, ҳазор уштури сафеду гӯсфанди сиёҳ, ҳазор аспи нарину,
гургу шоҳину байталро ба мамлакати писари вазир ронда бурданд, тамоми мам-
лакатро чорвои майдаю калону гургу шоҳин пур кард. Одамон ҳайрон шуданд.
Мардум ин қадар гургро дида, ба воҳима афтода, дари ҳавлию хонаҳояшонро
маҳкам карданд. Подшоҳ ин ҳолро дида, даставвал гаранг шуду баъд худро ба
даст гирифта, ба вазир фармуд, ки тӯйро сар кунад.

Ҳамин ки тӯй охир шуд, вақти пеши арӯс даромадани вазирзода расид.
Водареғ бо дӯсташ хайрухуш карду ба ӯ як кордча тақдим карда гуфт:

  • Инро гум накун ва ҳар гаҳ ки дидӣ, Водареғ гўю маро ба хотир биёвар.

Вазирзода гуфт:

  • Ман мехоҳам, ки назди ман нишонае аз ту нею худат бимонӣ. Мо баро-
    дарони ҷонӣ шудем, ман наметавонам бе ту бошам.

Водарег гуфт:

  • Ман ломакон нестам, ватан дорам, рӯзгор дорам, маро интизоранд.

Вазирзода дид, ки азми Водареғ қатъист, бо ӯ гарму ҷӯшон хайрухуш кар-
да, кордчаро ба соқи мӯзааш андохт, то ки вақти кашидану пӯшидани мӯза,
яъне ҳар рӯз ду-се бор бародари паҳлавонаш ба ёдаш расад.

Ҳамон мӯзаашро кашидан замон, Водареғ гуфта монд. Арӯсаш, духтари
подшоҳ, ин номро шунавида гуфт:

  • Водареғ гуфтед? Медонед Водарег кист? Аз рӯи шунидам, паридухтари
    баҳодурест, ки кору бораш кӯтоҳ кардани дасти подшоҳони ғоратгар, ҳар гуна
    дуздону роҳзанҳо будааст.

Вазирзода инро шунида ҳайрон шуд ва баъд:

  • Дарего, сад дарего, бахту саодатам аз пеши мани нофаҳм рафтааст! —
    мўзаи кашидаашро пӯшиду шитобон баромада рафт.

Рафта-рафта ба ҳамон дуроҳае, ки бо Водарсг вохӯрда буд, омаду сӯи роҳе,
ки Водареғ омада буд, ҳафт шабу ҳафт рӯз дам нагирифта, асп давонда ба ҷое

расид, дид, ки чандин ҳазор гӯсфандро чӯпонҳо чаронда гаштаанд. Аспашро
боздошта аз онҳо пурсид:

  • Ин гӯсфандон аз они кӣ?

-Азони Водарсг, — шунавид дар ҷавоб.

  • Ҷои исти Водарег дар куҷо, шумо медонед? — пурсид вазирбача.
  • Не, мо ҷои исти вайро намедонем. Аммо вай ҳар чил рӯз як бор омада, аз
    аҳволи мо хабар гирифта меравад, мо аз тамошои ҳусни ӯ лаззат бурда мегар-
    дем. гуфтанд чӯпонҳо.

Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯз асп давонда, ба ҷое расид, ки галаҳои
уштуру асп чарида гаштаанд. Аз галабонҳо пурсид:

-Ингалаҳо аз они кист?

  • Азони Водарег, — гуфтанд ба ӯ.
  • Ҷои исти Водарегро намедонед?

Галабонҳо гуфтанд:

  • Не, мо намедонем, вай ҳар чил рӯз омада, аз аҳволи мо хабар гирифта, як
    ҷамолашро нишон медиҳад, мо чил рӯзи дигар хурсанд мегардем.

Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯзи дигар рох гашта, ба ҷос расид, ки чил
кас ҷуфт ронда замин шудгор мекунанд. Аз асп фаромада, салому алек карду
камтар об хост.

Обро бошитоб нӯшиду баъд пурсид:

  • Ин замину мулк аз они кист?
  • Аз они Водарсғ.
  • Ҷою маконашро намедонед? — пурсид вазирбача.
  • Не, мо ҷою маконашро намедонем, — гуфтанд ба ӯ.

Вазирзода оҳи бадард кашид, як деҳқони мӯйсафед ба чашмони ӯ зеҳи
монда, пурсид:

  • Писарам ба ту чӣ алам расид, ки ин қадар оҳи бадард кашидӣ?

Вазирзода саргузашташро гуфта дод. Мӯйсафед гуфт:

  • Писарам, савдои мушкиле ба сарат афтодааст, ҳоло ҳам дер не, ба ҷони
    ҷавонат ҷабр кардан нахоҳӣ, аз раҳат гард.

Вазирзода гуфт:

  • Барои ман роҳи бозгашт вуҷуд надорад ё ба максадам мерасам ё сарамро
    дар ин роҳ қурбон мекунам.

Мўйсафед ин гапро шунавида гуфт:

  • Ин хел бошад, писарам, гӯш кун. Боз ҳафт шабу ҳафт рӯзи дигар роҳ раф-
    та, ба дарёи азимс мерасӣ, аз дарё ки гузаштӣ, дар он лаби дарё як суфа ҳаст,
    он ҷои дамгирии Водареғ. Вақте ки ба он ҷо рафтӣ, аспатро ба шохи чанор

мебандӣ, зери он чанор як кас оҳангарӣ карда истодааст, ин одам ошнои ҷонии
Водарсғ аст, макони Водарегро ба ту мегӯяд.

Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯз роҳ гашта, ба он дарё расид, аз дарё гу-
зашта; аспашро ба шохи чанор басту ба тарафи дӯкони оҳангар рафт:

  • Ассалому алайкум.
  • Ваалейкум ассалом, писарам. Биёед! Хуш омадед! Одамҳои ин ҷо барин
    наменамоед, аз куҷо омадеду ба куҷо меравед?

Вазирзода воқсаи аз сараш гузаронидаашро нарсзондаю начаконда гуфта
доду аз оҳангар илтимос кард, ки ҷои зисти Водарсғро гӯяд.

Оҳангар гуфт:

  • Хуб, агар ҳамаи гапҳои гуфтагии ту рост бошаду худат бо Водареғ ошно
    бошӣ, кор осонтар.

Вазирзода гуфт:

  • Ман ба вай шаш моҳ боз шинос, борҳо ҳамнишин будем, нону намак
    хӯрдем, ҳамроҳ ҷанг кардем. Вақти хайрухуш ана ҳамин каламтарошашро дода
    буд.

Баъд оҳангар чил гулмех тайёр карду ба вазирзода дода гуфт:

  • Басуроги Водарег бисёр ту барин касон омада, нобуд шуданд. Вай як аспи
    луччак, як бози тозии луччак дорад, ки аз шаб то рӯз ба чор тарафи дунё чашм
    андохта посбонӣ мекунанд. Ҳамин ки ягон одамро дар наздикии каср диданд,
    чиррос мезананд. Водарег ҳамон замон баромада несту нобуд мекунад. Ба ту ман
    як маслиҳат медиҳам. Агар аз рӯи маслиҳати ман кор кунӣ, мумкин аст, ки ба
    муроду максадат расӣ. Ту як навъ карда, ҳозир ба таги қаср рафта, хандақе кану
    дарунаш даромада шин. Шаб, ки шуд, баъд аз ними шаб саратро барор. Аспи то-
    зиву бози луччак сари туро дида чиррас мезананд. Ту даррав худатро ба зер каш.
    Водареғ мебарояду ба ҳар тараф бо дурбин нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намеби-
    над. Баъд аспу бозашро ҷанг карда, даромада хоб мекунад. Боз ту нисфи танатро
    намоён куну аспи тозию боз, ки чиррос заданд, даррав панаҳ шав. Водарег боз
    мебарояду ба чор тараф нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намебинад, аспу бозашро боз
    сахттар ҷанг мекунад. Ҳамин вақт то сари зонуят намою боз панаҳ шав. Аспи то-
    зиву боз боз аз нав чиррос мезананд. Водареғ боз мебарояду ба чор тараф нигоҳ
    мекунад, баъд ба аспи тозиву боз мегӯяд: Қасам ба номи Парвардигор, агар боз
    дод гўед, баромада бинам, ки касе нест. сари ҳар дуятонро мегирам!

Тубоз каме исту ин навбат аз даруни чуқурӣ давида баро ва зуд гашта панаҳ
шав. Ин дафъа аспу боз сахт чиррос мезананд. Водарег баромада, ба чор тараф
назар мекунад, ҳеҷ касро намебинад, Дар ғазаб шуда, аспи тозию бозашро ме-
кушад. Баъд ту нигоҳ карда шин, то ки хоби Водареғ барад. Сипас, хезу поида

рафта, ба каср даромада бин, хобаш бурдагӣ бошад, чил гулмехро ба замин зада,
чил кокулашро банду, якбора ба банди дилаш савор шав. Водареғ «фуро, ҳар кӣ
бошӣ мегирам» мегӯяд, аммо ту нафаро, гӯй ки қасам хӯр, баъд мефароям. Вай
ҳар хел қасам мехӯрад, нафаро, баъде ки «хайр қасам ба китобчаи бобокалонам,
фаро ман аз тую ту аз ман» гуфт, фаро.

Вазирзода ба қасри Водарег рафта, гуфтаҳои оҳангарро кард ва ҳама кор
мисли гуфтаҳои ӯ шуд. Баъд аз он, ки хоби Водареғ бурд, ба каср даромада дид,
ки Водареғ дар болои тахт. Гулмехҳоро ба замин заду чил кокули Водареғро ба
гулмехҳо баста, худаш ба болои синааш савор шуда, ҳамон кордчаро ба болои
синааш зер карда буд, ки Водарег бедор шуда, ҳамон кордчаро ба болон сина-
аш диду гуфт:

  • Хайр хез, тақдирам бо ту будааст.

Вазирзода гуфт:

  • Не, аввал қасам хӯр, баъд мехезам.

Водареғ касами бисёре хӯрд. Писари вазир гуфт:

  • Не, ҷиддӣ касам хӯр!

Охир, ки нашуд, Водарег гуфт:

  • Китобчаи бобокалонам занад, ки ман ба ту зарар намерасонам.

Вазирбача хесту кокулони Водареғро кушод. Водарег гуфт:

  • Як мулло ҳаст, гирифта биё моро никоҳ кунад.

Вазирбача муллоро гирифта омад, мулло хутба хонда, инҳоро никоҳ кард.
Ба мулло як табақ тилло доданд, қабул накарда гуфт:

  • Ба ман пул даркор не!
  • Ба шумо чӣ лозим, гӯед! — гуфт вазирзода.

Мулло гуфт:

  • Ба ман пулу мол не, маликаи Водарег як маротиба ҷамолашонро нишон
    диҳанд бас.

Ин хабарро ба Водареғ расониданд. Водареғ ҳам ҳафт қабат парда каши-
да, аз паси ҳафт парда рӯяшро ба мулло нишон дода буд, ки мулло аз ҳуш рафт.
Баъди чанд вақт ба худ омада гуфт:

  • Ман ба мақсадам расидам. Хушбахт шавед!

Аз байн як моҳ гузашт. Водарег бо шавҳараш хурсанд зиндагӣ карда гаш-
танд. Як рӯз Водареғ гуфт:

  • Ба ман иҷозат деҳ, галаю рамаҳои дар роҳ дидагиатро хабар гирифта
    биёям, агар ҳар чил рӯз якбор наравам, ҳамааш паҳну пароканда мешавад,

Вазирзода гуфт:

Ин хел бошад, ман худам рафта галаю рамаро хабар гирифта меоям.

Водареғ розӣ шуду сураташро дода, ба шавҳараш гуфт, ки чӯпонҳо,
галабонҳо ҳама муштоқи дидори ваянд, сураташро бинанд шодком мешаванд.
Баъд таъин кард:

  • Дар ҳама ҷо талабгорони ман ҳастанд, баъзеашон бисёр зӯр, суратро
    эҳтиёт куну гум накун, ки ба дасти ягон зӯр афтад, дар ақиби сурат акси роҳи
    мулки маро мебинанду омада туро мекушаду маро гирифта мебарад. Ин гапро
    сахт ба гӯшат гир.

Вазирзода хуб гуфта, хотирҷамъ шуда, вақти бозгашт дар лаби як дарё
сару либосашро кашида, сурати Водареғро дар байнаш монду оббозӣ кард.
Ҳамин вакт чангу тӯпаланг бархоста либоси вазирзодаро чаппа карда, сурати
Водареғро бурда ба дарё партофт. Вазирзода «мани нодон чӣ кор кардам?! Бах-
тамро аз даст додам!» аз карда як не, сад пушаймон шуду аспашро савор шуда,
пеши занаш баргашта, вокеаро гуфта дод. Водареғ гуфт:

  • Сад афсӯс, ҳам ба худат зарар кардию ҳам ба ман. Бо гуноҳи ту моро аз
    якдигар ҷудо мекунанд, чунки ту таъиноти маро аз хотир баровардӣ.

Акнун воқеаро аз сурати Водареғ гап мезанем: талабгорони Водареғ ба
Умеди он, ки шояд ӯро дошта гиранд, ҳам дар рӯи замину ҳам даруни баҳру
дарё дом монда буданд. Вақте ки сурати Водареғро шамол ба дарё андохт, раф-
та ба тӯри подшоҳи Қулзум афтод. Подшоҳ суратро гирифта, дар ақибаш хари-
таи роҳи мулки Водареғро диду ба тарафи ин мулк лашкар кашид.

Як саҳарӣ Водарсг нигоҳ кард, ки гирду атрофро мӯру малах барин аскар
зер кардааст. Водарег хафа шуду рафта дар болои сари шавҳараш гиря карда ни-
шаст, оби чашмаш ба рӯи вазирзода чакиду, як қад парида, бедор шуд. Водарег
вокеаро гуфта дод. Вазирзода баромада дид, ки дар ҳақиқат чор тарафро аскар
зер кардааст. Хайр, зану шавҳар сару абзор карда, ба ҷанг баромаданд, чунон
ҷангиданд, ки аз ҷасади мурдагон чанд теппа пайдо гардиду аз хунашон дарё
ҷорӣ шуд. Бисёр ҷангиданд онҳо ва мондаю бемадор шуданд. Душманон ба ва-
зирзода ҳуҷум карда, зада калам-қалам карданду Водарегро дастгир карда, ги-
рифта рафтанд. Вазирзода оғӯштаи хуну хок нисфи шаб ба ҳуш омад, ки дар бай-
ни мурдаҳо хоб кардааст. Хост бихезад, мадори ҷунбидан надошт. Дар ҳамин
ҳолат хобаш бурд ва як мӯйсафеди нуронӣ ба хобаш даромад:

  • Ҳеҷ гап не, писарам, хезеду аз паи Водарег шавед, — гуфта тану бадани
    вазирзодаро сила карданд, ки ӯ аз пештара ҳам тару тозатар шуда, аз ҷой хест.
    Хесту ҷомаи қаландарӣ пӯшида, ба мамлакати Қулзум рафт.

Акнун вазирзодаро дар ҳамин ҷо монему аз аҳволи Водареғ пурсем.

Подшоҳи Қулзум Водарегро бурду тӯю тамошо сар кард.

Водарег гуфт:

  • Шавҳари ман дирӯзакак кушта шуд. Ман чил рӯз азо мегирам, баъд их-
    тиёри маи ба ту.

Сию нӯҳ рӯзи мўҳлати Водареғ гузашт. Рӯзи чилум подшоҳи Қулзум дар
тараддуди тӯй шуд. Водарег хафаю дилаш хиҷил дар қасри подшоҳ менишаст.

Ҳамин вақт канизаки подшоҳ ба лаби ҳавз баромада, ба офтобаи тиллоӣ
об гирифтанӣ буд, ки қаландаре омада монд.

  • Духтарам, ин тараф биё, ман аз офтобаат об хӯрам. Биё, савоб мегирӣ!
  • Не, оям ҷанг мекунанд, — гуфт канизак.

-Ояат кӣ? — пурсид қаландар.

-Ояам Водареғ — гуфт канизак.

  • Ояаат кай медонад, ки ман аз офтобаат об хӯрдам. Биё, савоб мегирӣ,

гуфту аз дасти канизак офтобаро гирифта, обро нӯшида, ангуштаринашро
номаълум ба офтоба андохта, ба канизак таъин кард: агар ояат ба дастам об
андоз гӯянд, камтаракак об андоз, боз об андоз гӯяд, боз камтар андоз, дуруст-
тар андоз гӯяд, офтобаро чаппа карда, ҳамаи обро резу худат гурез.

Канизак обро бурда буд, ки Водареғ гуфт:

  • Ба дасти ман об андоз.

Канизак камтаракак об андохт.

  • Боз андоз, — гуфт Водарег.

Канизак боз камтаракак андохт.

Водарег «дурустакак об андоз!» — гуфта дод зада буд, ки канизак офто-
баро чаппа карду ҳамаи обро рехту гурехт, ангуштарин рост ба сари ангушти
Водареғ афтод,

Ангуштаринро дида хурсанд шуда, «шукр, ки зинда будааст» — гуфту хеста
сурфаю тахта кушода, тушбера пухт. Баъд тушбераро ба як хурмача бардошту
ба болояш дуто нон монда, ба канизак гуфт:

  • Ин хӯрокро ба меҳмон бару гӯй, ки моҳ дутою ситора тӯда-тӯда.

Канизак тушбераро бардошта мерафт, ки бӯи хушаш ба димоғаш заду
иштиҳояш карнай шуда, шитобон якто нону нисфи тушбераро хӯрд. Баъд хур-
мачаро пеши вазирбача бурда гуфт: — Ояам гуфтанд, ки моҳ дутою ситора тӯда-
тўда.

Вазирзода чанд вақт боз хӯроки гарм нахӯрда буд, тушбераро бо якто нон
покиза хӯрду гуфт:

  • Рафта ба ояат гӯй, ки моҳ яктою ситора ягон-ягон.

Канизак рафта ҳамин гапро расонда буд, ки Водареғ ӯро коҳиш кард:

  • Ҳа бадбахт, якто нону нисфи тушбераро хӯрдӣ-дия!

Канизак тарсида хост бигрезад, Водареғ ӯро дошта гуфт:

  • Хайр ҳеҷ гап не, рафта хоб кун! Гӯй, дигарон ҳам бихобанд, то ки ман
    биосоям.

Баъди он, ки ҳама хобиданд, Водареғ ба саисхонаи подшоҳ рафта, ба
посбонҳо рӯяшро нишон дод, ҳама ҳусни нестдарҷаҳонеро дида, беҳуш шуда
афтоданд, даромаду аспашро ва зину афзорашро бароварда, барои шавҳараш
ҳам якто асп гирифта, пеши ӯ омад. Ҳар ду савор шуда, аз шаҳр баромада раф-
танд.
Рӯз шуд. Подшоҳ бедор шудан замон ба надимонаш гуфт:

  • «Имрӯз мӯҳлати азои Водареғ буд шуд, ӯро биёред, мулло даъват кунед,
    моро никоҳ кунад.

Надимони подшоҳ омаданд, ки Водарег дар ҷояш нест. Рафта саисхонаро
диданд, ки ду асп ҳам нест. Подшоҳ ин хабарро шунавида, ба ғазаб омада, аз
паси Водарег лашкар равон кард. Водареғу писари вазир ба ҷанг даромаданд.
Подшоҳ ҳафт маротиба лашкар равон кард. Водарегу шавҳараш ҳафт мароти-
ба лашкари ӯро аз дами теғ гузарониданд.

Қулзумро ба ҷуз таслим шудан илоҷи дигар намонд. Вазирзода хост сар
аз тани ин подшоҳи бераҳм, ки ӯро кушта, занашро гирифтанӣ буд, ҷудо ку-
над. Писари Қулзум, ки ҷавони нозанину доно буд, сари зону пеши ӯ нишаста
илтиҷо кард:

  • Ману падарам — гуломи шумо, ҳар гаҳ ҳар чӣ фармоед, иҷро мекунем.

Ин гап ба Водарег маъкул шуд. Ба Қулзум даст назада, раҳ пеш гирифтан-
ду ба ватани писари вазир омаданд. Омаданд, ки падару модари вазирзода ба
як ҳоле — дар фироқи фарзанди яккаву ягонаашон ғам хўрдаву нолида, ба мар-
ги худ розӣ шудаанд. Фарзанди азизу келини маҳваши худро дида, шод шуда
аз ҷой хестанд.

Писари вазир тамоми шаҳрро оинабанд карда, эълон кард, ки чил рӯз ҳеҷ
кас дар хонааш таом напазад, ҳама чил рӯз ба даргоҳи вазир омада, оши тӯй
хӯрда рафтанд.

Духтари подшоҳ, ки аз шавҳари шаби никоҳ баромада рафтааш умедашро
канда буд, хабари тӯи домодии ӯро шунавида пеши падараш омаду гуфт:

  • Падари бузургвор! Шумо маро ба писари вазир додаи нахостед, ӯ маҳри
    маро аз шумо зиёд дода бошад ҳам, ба ман дил набасту шаби тӯй ба ман наздик
    нашуда, баромада рафт. Ман духтари подшоҳ, меҳрубонии шавҳарро надида,
    номи беваро гирифтам. Акнун ягон шоҳзода мани беваро талабгор намешавад.

Подшоҳ ин суханони талхро шунавида, чун дар он рӯзе, ки вазир пешаш
хостгор шуда буд, сарашро хам карда ба хаёл рафт. Баъд сар бардошту гуфт:

  • Хаёли ман хом будааст, духтарам, бахти туро барбод додам. Аз гуноҳам
    гузари

Подшоҳу духтарашро дар сари ин гуфтугӯи дилхарош монему аз гуфтугӯи
вазирзодаву Водареғ гап занем.
Баъди тӯй вазирзода ба хаёл рафт. Водареғ ба рӯяш зеҳн монду сабаб пур-

Вазирзода гуфт:

  • Ман духтари подшоҳро дар бистари арӯсӣ ба ҳоли худ монда, рафта бу-
    дам. Ин дам ӯ ба ёдам расид. Ин духтари ба ном шавҳаркарда чӣ ҳол дошта
    бошад?
  • Инро аз падарат пурс, — гуфт Водареғ.

Вазир гуфт:

  • Аз ҳамон рӯз ин ҷониб подшоҳ сархаму ғамгин аст. Ӯ мехост, ки домо-
    даш шоҳзода бошад, ҳоло ҳар шоҳзода духтарро бева пиндошта, ба ӯ талабгор
    намешавад. Духтар дар азоб аст, ба ӯ раҳми кас меояд.

Водареғ ин қиссаи аламангезро шунавида, ба шавҳараш гуфт:

  • Рафтем!

-Ба куҷо? — пурсид вазирзода.

  • Ба мулки Қулзум.
  • Вазирзодаю Водареғ ба ин мулк омаданду ба подшоҳи мулк — Қулзуму
    писари ӯ қиссаи духтари подшоҳи мамлакаташонро нақл карда, фармуданд, ки
    ба духтар хостгор фиристонанд.

Боз тўй шуд, тамсшо шуд, боз чил рӯз мардум оши подшоҳро хӯрданд.

Подшоҳ ба муроду мақсадаш расид. Вазирзодаю Водареғ шоду хуррам
умр ба сар бурда, ба камоли пирӣ расиданд, шумо ҳам бирасед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *