Афсонахои точики

Афсонаи ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ

ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ

Буд-набуд, як рӯбоҳаке буд. Дар қарибиҳои лонаи хирс лонаяке дошт. Рӯбоҳак ҳар рӯз шишту хезу гашту гузору қаду комати ҳамсояашро тамошо карда, ба андеша мерафт: қувваи бузурге дорад ин ҷонвари худо, чӣ хеле, ки одамон мегӯянд, «Кӯхро занад, талқон мекунад», аммо ӯ боре надидааст, ки ин кувва дар ҷое истифода шуда бошад. «Гирду атроф пур аз замин, киштукор кунӣ, олам-олам ҳосил мегирӣ, фикр карда рӯбохак. — равам пеши хирсу гӯям, ки биё, ҳамсоя ягон чиз корему ҳосилашро ғундошта, зимистон хӯрда, хоб кунем! Агар дилашро гарм гирифта, дурустакак фаҳмонам, розӣ мешавад».

Рӯбоҳак ҳамин хел фикр карду пеши хирс рафт.

Хирс ба таклифи Ӯ розӣ шуд. Замин шудгор карданд, лаблабу коштанд. Об доданду нигоҳубин карданду мунтазир шудана. Вақташ расиду лаблабу пухт. Рӯбоҳак аз хирс пинҳонӣ якта лаблабу кофта гирифту хӯрда дид, ки канд барин ширин. Ҳирсаш боло гирифту рӯбоҳ, ки буд, дар фикри ҳилла шуд.
«Номи ман рӯбоҳ не! — гуфт, -агар ин хирси содаро фиреб дода, ҳосилро якта намонда, худам соҳибӣ накунам».

Рӯбоҳ хирсро ба сари замин даъват карду баргҳои сабзу тозаи лаблабуро бо шавқ нишон дода гуфт:

  • Эй шарик, сар сари сарашро мегирӣ, ё бехбеҳи бехашро?
  • Сар-сари сарашро, — ба баргҳои тару тоза бо ҳавас нигоҳ карда гуфт хирс.

Хирс баргҳои лаблабуро якта намонда канда гирифту, ба ҷувол андохта ба хонааш бурд.

Рӯбоҳ бошад лаблабуро ба хонааш бурд ва хар гаҳ, ки дар дилаш завқи хӯрдани гӯшти мурғ пайдо мешуд, ба бозор бурда фурӯхта, мурғ харида, кайф карда хӯрда мегашт.

Рӯзҳо мегузаштанд, тирамоҳ охир шуду зимистон омад, баъд бӯи баҳор ба машоми рӯбоҳак расиду хирс ба ёдаш омад. Хирсро ба ёд оварда пешаш рафту гуфт:

  • Шарик боз айёми киштукор омад, замин интизори мост.

Хирс гуфт:

  • Аз он ҳосиле, ки мо соли гузашта гирифтем, ман бахра набурдам, бемазза буду хӯрда нашуд, бароварда партофтам.
  • Ин хел бошад, биё гандум мекорем, — гуфт рӯбоҳ, — аз гандум бомаззатар хӯрдание даролам нест. Нони ҳамин гандум ҷони одамизодро зинда медорад.

Хирс ба рӯбоҳ бовар кард. Ҳарду боз замин шудгор карданд, гандум коштанд. Гандум сабзид, неш дод, дона баст пухт. Пухта буд, ки рӯбоҳ ба хирс гуфт:

  • Сар-сари сарашро мегирӣ ё бех-бехи бехашро мегирӣ?

Хирс, ки соли гузашта сар-сари сарашро гуфта, фиреб хӯрда буд, гуфт:

  • Ман ин навбат бех-беҳи бехашро мегирам.

Ҳамин хел сараки гандум насиби рӯбоҳ шуду тану решааш ба хирс монд. Он чӣ, ки ба хирс монд, ба ягон эҳтиёҷи вай ба кор нарафт. Ҷони нодон дар азоб гуфтаанд. Ҳоле, ки хирс баъди ғундошта гирифтани коху решаи гандум дошт, далели нн ҳақиқат буд.

Лекин ин ҷо боз як хақикати дигар ҳаст. Хирси фиребхўрда карор дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо рӯбоҳ шарик нашавад. Ошноии рӯбоҳу хирс бо ҳамин тамом шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *