Афсонахои точики

Афсонаи БУЗАКИ БОАҚЛ

БУЗАКИ БОАҚЛ

goat

Дар як деҳае Бузаке буд. Соҳиби вай хеле зани хасис ва ҷоҳил буд. Та-
моми рӯз ба вай танҳо як бандча алафи хушк медоду халос, аммо вақти дӯшидан
тамоми шири ӯро дӯшида, боз ба пистонаш бо мушт мезад.

Бузро соҳибаш шаш рӯз дар огил медошту танҳо рӯзи ҳафтум барои ча-
ридан ба саҳро мебаровард. Як рӯз Бузак дар саҳро машгули алафҳӯрӣ буд, ки
ба наздаш Гӯсфанде омад ва ба Буз салом дод. Вай чунон харобу лоғар буд, ки
танҳо пӯсту устухон дошту тамоми қабурғаҳояш намудор буданд.

Буз ҳам бо эҳтиром ба саломи Гӯсфанд ҷавоб дод ва гуфт:

  • Аз нигоҳ кардан ба ту шарми кас меояд. Дар бадани ту ҳар ҷо-ҳар ҷо
    қабзаи мӯй боқӣ мондаасту халос ва ҳамин ҳам ба ту вазнинӣ мекунад.

Аз Буз чунин суханҳоро шунида, Гӯсфанд гуфт:

-УЭҳ Бузак, Бузак, ту аввал ба худат як нигоҳ кун, баъд ба дигарон гап зан.
Ту бубин, ки дар тани ту аз тани ман дида мӯйи бисёр нест.

Буз аз ин суханҳои Гӯсфанд шарм дошт. Онҳо ҳар ду дӯст шуданд ва ба
ҳамдигар аз рӯзгори худ нақлҳо карданд. Байни худ маслиҳат карданд, ки аз
зиндагонии сахти худ роҳи халосиро бояд ҷӯянд ва аз хонаи соҳибони худ гу-
резанд.

  • Ба куҷо қам мегурезем? — пурсид Гӯсфанд.

Буз бо шохаш ба дуриҳо ба кӯҳ ишора карда гуфт:

  • Падарам доим мегуфт, ки дар кӯҳистонс, ки аз дур менамояд чарогоҳи
    хеле хуб ҳаст, дар он ҷо оби ширин, ҳавои тоза ва алафзори каб-кабуд ҳаст.
    Агар мо баон ҷо расем, то охири умр чун дар ҷаннат умр ба сар мебарем.

Суханҳои Буз ба Гӯсфанд хсле маъқул афтод. Онҳо ҳар ду якҷоя ба сӯи кӯҳсор
роҳ гирифтанд, Мерафтанд ва ногаҳон дар роҳ чангу ғуборро диданд ва ба якди-
гар гуфтанд:

  • Ин чӣ бошад?

Наздиктар рафта диданд, ки Гўсолас будааст. Гӯсола низ бениҳоят харобу
дард-манд менамуд, ки сутунмӯҳрааш чун дандонаҳои арра ба назар мерасид.

Бузу Гӯсфанд ба ӯ салом доданд, аммо Гӯсола ба ҷавоб танҳо калла
ҷунбонду халос ва пурсид:

  • Ба куҷо рафта истодаед, дӯстон?

Буз ҷавоб дод:

  • Шумо аз мо калонтар, аввал шумо гӯед!

-Эй, хоҳарҷон, тамоми ҳафта кор карда истодаам. Имрӯз хӯҷаинам иҷозат
дод, ки як рӯз истироҳат кунам. Ба саҳро меравам ва мехоҳам камтар боқувват
шавам.

Бузу Гӯсфанд ба Гӯсола нақл карданд, ки онҳо қарор додаанд, ки аз
соҳибашон гурезанд. Гӯсола гуфт:

  • Ба дили ман ҳам ин талхию сахтиҳои ҳаёт задаст. Аз саҳарии барвақт то
    фурӯ рафтани офтоб кор мекунӣ, шудгор мекунӣ, шабона вақти баргаштан ба
    ту боз аробаро бо ҳезуми бисёр бор мекунад. Мебинӣ, ки дар охур чизи кироисе
    нест. Аз танам тамоми қувватам рафтааст. Вақтҳои охир ҳамеша фикр мекардам,
    ки чи тавр аз ин ҷабру зӯроварӣ халос шавам. Ана шумоёнро вохӯрдам, акнун
    ман ҳам ба кӯҳ меравам.

Бузу Гӯсфанд хеле шод шуданд. Онҳо секаса ба роҳ даромаданд ва хеле роҳ
гашта ниҳоят ба кӯҳ расиданд. Чи хеле ки Буз накл карда буд, ҳақикатан ҳам,
табиати кӯҳсор хсле дилрабо буда, ҳавои тоза, оби софи равон ва алафи кабуди
бисёр дошт. Онҳо дарҳол шикамсерӣ хӯрок хӯрда, аз оби мусаффо нӯўшиданду
дар баландие зери чинор истироҳат карданд.

Ин лаҳза ҳамаро хоб бурд. Буз дар хобаш дид, ки соҳибаи ҷоҳилаш ба ӯ ҳуҷум
карда мегуфт: «Ин қадар рӯз ту куҷо гум шуда рафтӣ, акнун ба ҷои рӯзхои набуда-
аттуро медӯшам! — ва ўро калтаккорӣ мекард. Дар ҳамин ҷо Буз бо тамоми овозаш
фарёд кард. Гӯсолаву Гӯсфанд бедор шуда, Бузакро бедор карданд. Буз дарҳол
бедор шуду гуфт:

  • Худоро шукр, ки хобам будааст.

Гӯсола, Буз ва Гӯсфанд дар кӯҳистон озодона зиндагӣ мекарданд. Ҳеҷ кас
онҳоро нороҳат намекард, аз пагоҳ кор намефармуд. Дар муддати кӯтоҳ онҳо
серӣ хӯрок хӯрданд. Гӯсола бошад, чунон фарбеҳ шуда рафт, ки худписандона
худро шоҳи ҳайвонҳо ҳис мекард. Як шаб вай ба Бузу Гӯсфанд гуфт, ки дар
оғил ӯ нафастанг шуда истодааст ва мехоҳад дар таги чинор хоб кунад.

Шабона якбора барф борид ва хело хунук шуд. Пагоҳӣ Бузу Гӯсфанл ба-
ромада диданд, ки Гӯсола наҷунбида хоб рафтааст ва ҳатто забонаш намегашт.

  • Чӣ кор мекунем ӯро? — гуфт Гӯсфанд.
  • Ӯро ҳатман дар назди оташ гарм кардан лозим, — гуфт Буз ва ба болои
    чинор баромада, ба дуриҳо нигоҳ кард, дид, ки аз дур аз дохили горе дуд меба-
    рояд.
  • Ана! — фарёд кард Буз. — Дуд менамояд, яъне оташ ҳам ҳаст.

Буз тез аз чинор фаромала, бо Гӯсфанд якҷоя Гӯсоларо ба сӯс, ки дуд на-
мудор буд, гирифта рафтанд.

Дар роҳ онҳо дар дарахтс пӯсти Паланг, Гург, Хирс ва Рӯбоҳро овехта ди-
данд ва барои он ки Гӯсола гарм шавад ҳамаашро ба болои ӯ пӯшиданд.

Вақте ки ба ғор даромаданд диданд, ки ғор аз ҳайвонҳои ваҳшӣ пур асту дар
тахт шохи ҳайвонот- Бабр нишастааст. Маълум шуд, ки дар ин ҷо ҳайвоноти
ваҳшӣ ҳафтае як маротиба базм ороста бо навбат хӯрокиҳо тайёр мекарданд ва
имрӯз навбати Рӯбоҳ буду ӯ чизе наоварда буд.

Ҳайвонот Рӯбоҳро муҳокима мекарданд:

  • Тубарои чӣ имрӯз хӯрданӣ наовардӣ? Мо акнун туро мехӯрем.

Рӯбоҳ бошад худро сафед мекард:

  • Ман дар ҳар куҷо будам, аммо чизе наёфтам, агар худи Худо ёрдам на-
    кунад, банда чӣ кор мекунад?

Дар ҳамин лаҳза ба ғор Буз, Гӯсфанд ва Гӯсола даромада омаданд. Онҳоро
дида Рӯбоҳ хеле хурсанд шуд ва хандон гуфт:

  • Меҳмонони гиромӣ, ман шӯҳӣ кардам. Ана бинед, хӯроки шоми имрӯза
    худаш ба наздамон ҳозир шуд. Чӣ хел гӯшти Буз бомазза, равгани Гӯсфанд му-
    лоим, ронҳои ин Гӯсола чӣ хел фарбеҳу сергӯшт.

Ҳайвонҳо шодона овоз бароварда ба Бузу Гӯсфанду Гӯсола дандон тез
карда ҳуҷум оварданд.

  • Акнун мо тамом, — нидо карданд Гӯсфанду Гов.

Аммо Бузаки доно ба пеш баромада гуфт:

  • Гӯш кунед, ман қассоб ҳастам ва фармоиш гирифтаам, ки шастоӣ пӯсти
    Хирсу Палангу Гург ва Рӯбоҳро тайёр кунам ва то охири ҳафта гирифта барам.
    Худоро шукр, моро ба горе овард, ки ин гуна ҳайвонҳо хсле бисёранду ман
    сарсон шуда намекобам. Агар бовар накунед, мана, ман аз ҳар кадоме яктоӣ
    дорам, — гуфта Буз аз болои Гӯсола пӯстҳоро гирифта нишон дод.

Аз ин ҳамаи ҳайвон тарсида, аз гор оҳиста баромада гурехтанд ва танҳо
шоҳи ҳайвонҳо — Паланг дар ҷояш монд ва ӯ низ бо тарс ба Буз нигоҳ мекард.
Акнун мехост аз ҷояш хеста гурезад, ки дарҳол Гов бо шохаш ӯро ба девор тела
кард ва Бузу Гӯсфанд ӯро шох мезаданд. Паланг аз тарс фарёд кард:

  • Рафиқон! Маро озод кунед, кавл медиҳам, ки дар ин кӯҳсор ягон ҳайвони
    ваҳшӣ намемонад.

Бузу Гӯсфанду Гов ба қавли шоҳи ҳайвонҳо бовар карда, ӯро озод карданд.
Онҳо аз ғолибият шоду мамнун ба конаи куд баргаштанд. Аммо ҳайвоноти
ваҳшӣ ҳама ҷамъ шуда маслиҳат карданд:

Чӣ хел мо аз пораи гӯшт тарсидем? Биёед, якҷоя онҳоро несту нобуд ме-
кунем, — гӯён бо сарварии шоҳашон, ки аз қавлаш гашта буд, ба сӯи хонаи Бузу
Гӯсфанду Гов омаданд.

Онҳоро аввалин шуда Буз дид. Ӯ ба Гову Гӯсфанд фармуд, ки ба болои
чинор бароянд ва худаш ба болои кӯҳ баромад.
Ҳайвонҳои ваҳшӣ омада диданд, ки дар хона ҳеҷ кас нест, ба Рӯбоҳ гуф-
танд:

  • Туфол бин, канӣ инҳо дар куҷоянд?
    Рӯбоҳ нишаста ба фолбинӣ сар карду боқимонда ҳамаи ҳайвонҳо ба даҳони
    ӯ нигоҳ мекарданд. Дар ҳамин лаҳза аз осмон садои бадвоҳима баромада, ба
    сари ҳайвонҳои ваҳшӣ чизе бо овоз фаромад. Ин Гов буд, ки аз тарс аз шохи
    дарахт ғалтида, аз қафояш Гӯсфандро низ кашола карда буд.

Буз бошад худро гум накарда фарёд зад:

  • Доред, доред, фолбинро доред!

Аз ҳолати ногаҳонӣ ҳайвоноти ваҳшӣ тарсида, чунон роҳи гурезро пеш
гирифтанд, ки дигар хоҳиши дубора омадан надоштанд.

Бузак, Гӯсфанд ва Гов хушбахтона дар кӯҳсор зиндагӣ карданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *