Афсонахои точики

Афсонаи НАХӮТАК

НАХӮТАК

Буд набуд дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндаги мекард. Онҳо
фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму гусса мегузашт.

Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе так-тақ,
мекунад. Деҳкон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад.
Зани деҳқон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники
пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи зсбо ва кулчаи равганин овард. Дар рӯи суфа
кӯрпачаи мулоим партофта, пирамардро ба нишастан даъват намуд.

Пирамарди ришсафед чой нӯшид, нон хӯрд, ба чолу кампир миннатдорӣ
изҳор карду ба сиҳо гуфт:

  • Худоё, ҳар нияте, ки дошта бошед, амалӣ гардад!

Ҳамин тавр, воқсан, орзуи деринаи деҳқону занаш амалӣ шуда дар ҳонаи
онҳо писаре таваллуд шуд, ки хурдакак буд ва падару модараш ӯро Нахӯтак
ном ниҳоданд.

Содҳо гузашт ва Нахӯтак ба корҳои хона ба модараш ёрӣ мерасонд. Агар
модараш ба об равад, писарак сатилро аз ӯ пештар гирифта ба ҷӯй медавид.
Модараш мастоба пухтан хоҳад, Нахӯтак давида биринҷ меовард.

Боре модараш бо гӯшти қима угро пухта, хост, киба саҳро барои шавҳараш
барад, ҳамон замон Нахӯтак омаду гуфт:

  • Модарҷон, ман мебарам!

Ӯ табакчаро бо хӯрок ба сараш гузошту ба саҳро рафт. Роҳравон суруд
мехонд, Мардум ҳайрон буданд, ки дар роҳ гӯё сурудхонон табақе медавид!
Касе, ки табақро мебарад ба назар наменамуд.

Нахӯтак ба саҳро расил ва давида ба назди падараш омада гуфт:

  • Бишин падарҷон, хӯрок кӯр! Ман медаравам!

-Тудосро бардошта наметавонӣ! — табассум кард падараш.

  • Метавонам! — ҷавоб медиҳад Нахӯтак.

Товакте ки падараш хӯрок хӯрд, Нахӯтак нисфи замини гандумро даразлд.
Падараш хушҳол шуда, офарин гуфт ба писараш.

Нахӯтак ба хона баргашт. Дар рох хушхол боз суруд мехонд. Ногаҳои ба
Ӯ Гург рӯбарӯ шуд. Гург гурусна буд. Вай писаракро даст гирифт, вале фурў
бурда натавонист, Нахӯтак дар байни дандонаш банд монд.

Гург аз гуруснагӣ медавид ва дар роҳ рамаи гӯсфандонро дид. Ҳамин ки
вай гӯсфандеро хост даҳан занад, Нахӯтак аз байни дандонҳои Гург дод зад:

  • Эй амаки Чӯпон! Гург гӯсфанди туро хӯрдан мехоҳад!

Чӯпон ин садоро шунида, Гургро ронд. Гург боз рафтан гирифт. Дар ҷое
дид, ки рамаи бузҳо мечаранд. Ҳамин ки Гург Бузичаеро хӯрдан хост, Нахӯтак
боз дод гуфт:

  • Эй бузҳо! Эҳтиёт шавед! Гург Бузичаро мехӯрад!

Ин садоро Бузи шохдори калон шунида, шохҳои худро рост карда ба сӯи
Гург давид. Гург гурехт.

Ҳар куҷо ки Гург медавид ва бо дондони тези худ чизе гирифтан мехост,
Нахӯтак аз байни дандонҳои ӯ дод мегуфт.

Гург ба зўр медавид. Аз гуруснагӣ беҳол шуд. Вай аз ин писарак безор шуд
ва чӣ тавр халос шуданашро намедонист. Хост, ки ӯро аз байни дандонҳояш
туф кунад, нашуд,

Нахӯтак дар байни дандонҳои Гург мустаҳкам ҷойгир шуда буд. Гург
сарашро меҷунбонд, ки вай ба замин афтад, ин ҳам нашуд,

Гург боз давид. Аз пеши роҳаш як чуқурӣ баромад. Гург истод. Кӯшид,
ки писаракро бо забонаш аз байни дандонаш бароварда ба чуқур тела диҳад.
Нахӯтак ба чукурӣ афтид.

Гург ҳам хушҳол шуду боз гурехт.

Нахӯтак дар таги чуқурӣ монд ва намедонист, ки аз он ҷо чӣ хел барояд.
Писарак баланд садо бароварда аз дигарон ёрӣ хост.

Пас аз фурсате дид, ки дар лаби чуқурӣ Пирамарди ришсафеде пайдо шуд.
Ба дасти ӯ асо буд. Нахӯтак хушҳол шуду бо садои баланд ҷеғ зад:

  • Бобоҷон! Эй бобоҷон! Асоятонро ба ман дароз кунед! Ман даст гирифта
    мебароям.

Муйсафеди ришдарози ришсафед, ин ҳамон сеҳргаре буд, ки падару модари
Нахӯтак ӯро зиёфат карда буданд. Муйсафед фаҳмид, ки ӯро касе ҷег мезанад.
Сехргар ба даруни чуқурӣ нигоҳ карду писаракро дид. Ҳамон замон асояшро
ба чуқурӣ дароз кард.

Наҳӯтак ба асо сахт часпиду зуд ба берун баромад.

Писарак ба Пирамарди сеҳргар ташаккур гуфту ба сӯи хона давид.

Падару модараш Нахӯтакро дида бисёр хушҳол шуданд. Аз шодӣ барои
мардуми деҳа зиёфат доданд,

Ҳама хушҳолӣ карданд: Нахӯтак боз ба хона баргашт!

Мо ҳам ҳамроҳи онҳо хушҳолӣ мекунем!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *