Зарбулмасалу мақолҳо
Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои мӯъҷазу рангин баромадани фикру андеша ба инсон хизмат мекунанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои лозимӣ истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо ба эҷодиёти адибон дохил шуда, вариантҳои мухталиф пайдо кардаанд.
Зарбулмасалу мақолҳо доир ба мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ эҷод шуда, дар онҳо таҷриба ва хулосаҳои инсон аз зиндагӣ инъикос ёфта, ҷамъбасг гардидаанд. Зарбулмасалу мақол мисли намаке дар таъом аст. Вай каломро образнок, дилкаш ва ҷаззоб мегардонад.
Зарбулмасал аз мақол фарқ дорад. Дар зарбулмасал сухан, маънӣ, мақсад пушидаю ниҳон аст. Аз ин хотир дар зарбулмасал маънои зоҳир асосӣ набуда, мақсад ва моҳият дар ботини он аст.
Масалан, «Панҷ панҷа баробар нест» маънои зоҳир равшан асг. Панҷаҳои дасг як хел нестанд, калонанду хурд, бориканду ғафс. Вале ҳадафи асосӣ дар ин ҷо худи инсон асг. Инсонҳо ҳам мисли панҷаҳои дасг якранг нестанд, доно ҳастанду нодон ва амсоли ин.
Мисоли дигар:
- Офтобро бо доман пушида намешавад.
- Офтобро кас ба доман натавонад пӯшид.
- Офтобро пинҳон натавон кард.
- Ҳақиқатро бо сафсатта, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. 2. Чизи нағзу одами хуб ҳаргиз аз назари одамон пушида намемонад.
Дар байни халқ ҳамин се варианти зарбулмасал истифода мешавад, ба мақсади фаҳмидани маънии асосии зарбулмасали боло ба се матни поён мулоҳиза кунед:
- Шарифа гуфт: «Аввал шумо бигӯед». Доя гуфт: «Не, аввал шуморо бояд гуфт». Айнулҳаёт чун сухани доя бишунид, бихандиду гуфт: «Эӣ доя, рози ман бар мало1 афтодааст ва «Офтобро ба гил2 пинҳон натавон кард», «табли пинҳон3 чӣ занам, ки тапгги4 ман аз бом афтод».
Аз «Доробнома»
- Шоҳ ба он мард гуфт: «Ҳикояту китобат тамом шуд». «Ӯ гуфт:
«Оре». Шоҳ гуфт: Акнун ҷавоб шунав, «Офтобро кас ба
доман натавонад пупщц». Ман паёми он ду нопокро шунидам, акнун нигоҳ кун, ки аз ман чӣ ҷавоб менависй.
Аз «Баҳруттаворих»
- Малоҳат: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад». Ҳамаи қишлоқ медонад, ки шумо ошиқи шайдои раис шудаед.
Аъзам Сидқӣ.
Вале дар мақолҳо фикру андеша беибо, ошкоро, бепардаю хоно гуфта мешавад. Масалан, аз одами бекор худо безор; То меҳнат накунӣ, роҳат набинй; Аввал андеша, баъд гуфтор. Дар ин мақолҳои халқӣ мақсад равшан аст ва бе ҳеҷ як душворӣ аз маънии онҳо огоҳ шудан мумкин аст.
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАКОЛХО
Дасти одамизод гул.
Намур бузакам, баҳор мешавад.
Ҷӯянда — ёбанда.
Моҳ бе айб намешавад.
Кӯдак азиз аст, адабаш аз он азизтар.
Забон донй, ҷаҳон донй.
Пурсидан айб нест.
Дӯст гӯяд табарвор, душман гуяд шакарвор.
Аз дӯсти нодон душмани доно беҳтар.
Гап дар калла, на дар салла.
Сад задани еузангар, як задани оҳангар.
- Дасту поӣ зада масолеҳе чанд ба пои кор овардам ва филҷумла кулӯхчинӣ карда, нардбоне ба роҳ андохтам ва суруде ба ёди мастон додам ва «он чӣ дар дег буд ба чумча1 омад» ва бар табақҳои ихлос2 ниҳодам.
Аз «Маҷмуъуламсол»
- Гурусна сар дар дег кард, ки мулоҳиза намояд, ки чӣ таъом аст?
Хаббоз гуфт: Изтироб чисг, «он чӣ дар дег асг, ба чумча меояд».
Аз «Маҷмӯъуламсол»3
- Воҳидов (бо қаҳр): — Хайр, чӣ мехоҳед шумо? Канӣ, фаҳмем? Ба шумо чӣ хел сардор лозим? Ё худатон раис шуданӣ ҳастед?
Сатторамак: — Мақсад ҳамин.
Саидсаркор (ҷиддӣ ва бо қатъият). Бале! Раис шуданй! Мехоҳам худам раис шавам!
Сатторамак: — Гуфтам-ку! Дарди кампир ғӯза.
Набиҷон: — «Он чӣ дар дег аст, ба кафлез меояд».
Абдулмалик Баҳорӣ
ДИЛИ НОХОҲАМ УЗРИ БИСЁР
Касе, ки майлу шавқу ҳаваси иҷрои коре надорад, баҳонаҳои зиёде меоварад.
Ба таҳрики4 қозикалону раису қушбегӣ дар байни аҳолӣ шуриш пайдо шуд. «Дили нохоҳамро узри бисёр» бо одамоне, ки огаҳи ин маънӣ буданд, баҳона ба зуҳур оварда амирро аз қабули ин кор мунҳариф5 сохтанд.
Аз «Наводири Зиёия»
ДИЛИ ОДАТКАРДА БАЛОИ ҶОН
Тарки одат мушкил аст, одам, ки ба чизе хӯ гирифт, тарки он барои ӯ душвор аст.
Вай дар солҳои муҷаррадии худ қиморбоз буд …. Баъди хонадор шуданаш ҳам, ба ҳукми масали «дили одаткарда балои ҷон аст» дар багал ё соқи мукии6 ӯ буҷулҳо пайдо мешуданд …
Сотим Улуғзода.
ДУХТАРАМ, БА ТУ МЕГӮЯМ, КЕЛИНАМ ШУНАВ !
Суханеро ба касе равона карда, ба тариқи киноя ба каси дигар чизеро гушрас карданӣ шаванд, ин зарбулмасал вирди забон мегардад: Ба дар мегӯям, девор бишунав!
1. Шумо одами ҳиллагар будаед, ба ман ба мисоли «духтарам, ба ту мегӯям, девор шунав!» гап задед.
Сотим Улуғзода.
Ё ТИР МЕКАФАД Ё ҶУВОЗ
1. Ё ғалаба, ё мағлубият, ё марг, ё зиндагӣ, ҳарчи бодо бод. Коре, ки ӯ ба ивази ин дастаҳои пул ба ҷо меоварад, низ хиёнат аст, хиёнати аз пештараҳо дучанд сахттар. Аммо садқаи сар, «ё тир мекафад ё ҷувоз», тарсончак ҳеҷ гоҳ рузи нек намебинад.
Фазлндднн Муҳаммадиев.
ЗАР БА САРИ ПУЛОД НИҲӢ, НАРМ ШАВАД
Пул ҳама мушкилиҳоро осон мекунад, бо пул ҳатто одами саркашу сахтгирро ҳам ром метавон кард.
Гармобабон7 берун омад ва зар дар қабз овард ва чун гул дар рӯи ӯ механдид ва чун Моҳу Зӯҳра дар зулмати шаб медурахшид, бо худ гуфт: «Зар бар сари фулод ниҳй, нарм мешавад, зорӣ макуну зӯр мазан, зар бидеҳ!»
Аз «Синдбоднома»
МОРГАЗИДА АЗ РЕСМОНИ АЛО МЕТАРСАД
Одами аз касе, чизе ва ё аз ҷое ранҷидаву зарардида ҳамеша аз он касу чизу он ҷо ҳарос дорад.
- Дилам зи риштаи мубофи ӯ ба ҷон тарсад,
Чунон ки «моргазида зи ресмон тарсад».
Ғании Кашмири
- — Падарат дар вақгаш кор гуфта ҷои гармашро хунук кард, шаҳрро партофта ба қишлоқ омад. Ҳангоми сохтани роҳ ҳалок шуд.
- Ҳунари ман роқсозӣ не-ку, оча?
- «Моргазида аз ресмони ало метарсад», писарам.
Аз «Шарқи сурх»
НАМАК ХӮРДӢ, НАКУН ТУФ ДАР НАМАҚДОН!
Аз касе, ки некӣ дидй, ба ӯ бадӣ накун; обу нони касеро, ки хӯрдй, ба ӯ «Kурнамакӣ макун!
«Намак хӯрдй, накун туф дар намакдон» — мегӯянд. Вале ин марди фиребгар бо вуҷуди ин қадар некиҳо, хонаи ободи Марияро вайрон, зиндагиашро талх гардонд.
Аз «Хорпуштак»
РОСТГУЙРО ҲАМЕША РОҲАТ ДАР ПЕШ АСТ
Бинобар риояи росгӣ ҳамаи он зарҳоро шоҳ ба ман бахшид. Чандин сол аст, ки аз он зарҳо харҷ мекунам, ҳаргиз адо
намешаванд. Аз он замон то ба ин замон хосияти ростиро ба дарвозаи худ навишта мондаам, ки «ростгӯйро ҳамеша роҳат дар пеш аст». Ҳар кӣ бошад, ба ҷуз ростӣ дигар сухан нагуяд.
Аз «Саргузашти Ҳотам»
Мавзӯи иҷтимоӣ дар зарбулмасалу мақолҳо мавқеи асосӣ дорад. Дар онҳо ба таври мушаххас таҷрибаи одамон оид ба зиндагӣ, зулму золимӣ, азобу машаққат ҷамъбаст гардидаанд.
Чанд намуна:
Боӣ аз фарбеҳӣ меноладу камбағал аз лоғарӣ.
Меҳрубониҳои султон — бозии гурба бо мушон.
То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад.
Ҳунар беҳ аз симу зар.
Заминро об вайрон мекунад, одамро гап.
Хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад.
Акнун зарбулмасалҳои зерро бодиққат хонед ва бигуед, ки матнҳои овардашуда ба мазмуни зарбулмасалҳо мувофиқат мекунанд?
НА СИХ СУЗАД, НА КАБОБ
Вақте дар коре нафъи ҳар ду тараф дар назар гирифта шавад, ин зарбулмасалро мегуянд: «Масъаларо аз руи адолат ҳал бояд тсард».
Ақлу нуқлро1 ҳамчун тарозу рост дор, ҷахд кун то дар миён «На сих сузад, на кабоб».
Фаридуддини Аттор
КОРИ ШАБ-ХАНДАИ РӮЗ
Коре, ки дар шаб иҷро мешавад, бе камбудӣ намешавад, сифати кори шаб нисбат ба кори рӯз пасттар мешавад:
Бисёр фикр накун, писарам, — гуфт Акамирзо, — хоб кун, рӯз шавад, боз гап мезанем, «Кори шаб — хандаи рӯз» гуфтаанд.
Ҷалол Икромӣ
НИҲАД ШОХИ ПУРМЕВА САР БАР ЗАМИН
Ҳар касе, ки фозилу донишманд бошад, хоксориро пеша мекунад:
- Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд,
Дари нестӣ кӯфт, то ҳаст шуд.
Тавозуъ2 кунад хушманди гузин3,
«Ниҳад шохи пурмева сар ба Замин».
Саъдии Шерозӣ.