Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Хат, мактаб, маориф, фалсафа ва дини РИМ

Маданияти Рими Қадим

Хат, мактаб, маориф, фалсафа ва дини РИМ

Хати Рим. Дар Рими қадим хат (алифбо) дар баробари баъди зиёда аз ним асри бунёди шаҳри Рим ва оғози давраи шоҳӣ, яъне аз асри VII то милод арзи ҳастӣ кардааст. Дар вақташ юнониҳо ин алифборо юнониҳо аз финикиҳо қабул карда, ба он дар асоси махсусиятҳои забони худ тағйироту иловаҳо дохил карда буданд. Дар баъзе тадқиқотҳо боварӣ изҳор карда мешавад, ки ба ин алифбо сараввал аз чаҳор сарчашма ба миён омадааст: хананӣ, финикӣ, юнонӣ ва этруски. Ин хат дар натиҷаи мустамликагардонии бузурги Юнон ба нимҷазираи Апенин ҳам роҳ меёбад ва низ ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда мешавад, ки ин ҳам ба махсусиятҳои забони лотинӣ вобастагӣ дошт.

Хати лотинӣ дар аввал аз 21 ҳарф (овоз) иборат буд: A B C D E F Z H I K L M N O P Q R S T V K.

Баъд дар тули дуру дароз ба алифбои лотин чунин дигаргуниҳо дохил карда мешавад. Дар соли 312 то милод аз он он ҳарфи Z хориҷ карда мешавад, ки дар натиҷа алифбои лотинӣ аз 20 ҳарф иборат мешавад.

Соли 234 то милод ба воситаи ба ҳарфи C илова кардани унсури (хатчаи) мувозӣ ҳарфи нав G сохта шуд (қаблан ҳарфи C барои ифода ду ҳарф истифода бурда мешуд ( [k] ва [q] ).

Дар асри I то милод барои дуруст навиштани калимаҳое, аз забони юнонӣ ба забони лотинӣ омадаанд, ду ҳарфи нав Y Z ҳамроҳ карда шуданд, ки алифбои лотинӣ акнун дар ҷамъбаст аз 23 ҳарф иборат мешавад — A B C D E F G Н I K L M N O P Q R S T V K Y Z Дар асрҳои миёна ба алифбои лотинӣ дигургуниҳо ворид карда шуданд. Дар асри ХI ,ба он ҳарфи W ва баъдтар ҳарфи Х-ро ворид карда, дар асри ХVI ба он ҳарфҳои J ва U-ро дохил намуда, шумораи ҳарфҳои лотиниро ба 26-то расониданд.

C:\Users\USER\Music\131391-i_003.png

Вале вақте, ки сухан дар бораи забони лотинӣ меравад, он аз 25 ҳарф иборат дониста мешаваад. Ин шумора бо сабаби истифодаи ҳарфи W маъмулан барои ифодаи калимаҳое заруранд, ки аслан дар навишти ному насаби пайдоишашон немисӣ ва англисӣ вомехуранд. Дар ин мавридҳо ба таркиби чунин калимаҳо алифбои лотинӣ ба кор бурда намешавад. .

Алифбои лотинӣ дар ҳамаи давру замони давлати Рим хизмат карда омада, дар рушду нумӯи низоми сиёсӣ, фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дар маҷмӯъ, дар сиёсати дохилию хориҷии давлат ва ҷомеаи Рим хизмат карда, олоти муҳимтарини ташаккули тамаддуни ин давлат буд. Бо воситаи ин алифбо дар Рим мактабу маориф рушду нумӯъ карда, фалсафа, илму фарҳанг ва санъати онро ба қуллаҳои баландтарини рушд ва нашъунамо бавровардааст

Мактаби ва маорифи Рим. Низоми таҳсилот ва тарбияи кӯдакон дар Рими қадим асосан зери таъсири низоми маорифи Юнон сохта шуда буд. Дар бораи мактабҳо ҳамчун таълимгоҳҳо дар сарчсашмаҳои хаттӣ бори нахуст тахминан аз соли 450 то милод сар карда ёдоварӣ карда шудааст. То ин вақт таълими кӯдаконро худи волидон ба ӯҳда доштанд. Ба тарбияи духтарон то рӯзи ба шаҳрванд баромадани онҳо модар масъул буд, барои писарони то 16-сола – падари оила.

Дар Рим.муассисаҳои таълимӣ ва ё мактабҳо (scholae) таҳсили якҷояи писарон ва духтарон, дар асри III то милод маълум буд. Дар Рим, чун дар Юнон кӯакон то 7-солагӣ дар зери назорати ғуломон дар хона тарбия меёфтанд, бисёр вақт чунин ғуломон юнонӣ буда, ба кӯдакон забни юнониро меомӯзониданд. Баъди ин онҳо ба мактаб мепрафтанд, ки дар он ҷо писарон ва духтарони римиҳои озод ва ба озодӣ ҷавобдодашудаго, яъне собиқ ғуломон мехонданд.

Писарбачаҳо аз падари худ истифодаи аслиҳа ва пешбурди хоҷагидориро меомӯхтанд. Падар ба ҳолати ҷисмонии писарон машғул шуда, онҳоро маҷбур мекард, ки варзиши бадан кунанд ва ба шиноварӣ машғул шаванд. Падар инчунин ба онҳо аз саводомӯзӣ ва ҳуқуқи Рим дарс медод Дар тарбияи мақоми дин хеле баланд буда, кӯдаконро маҷбур мекарданд худоҳои зиёдеро, ки он вақт дар эътиқодҳои динии Рими қадим вуҷуд доштанд, ҳурмату эҳтиром кунанд.

Таҳсилоти ибтидоии панҷсола. Дар бораи низоми хонагии таҳсилот Рими Қадим аз оғози Ҷангҳои Пунӣ даст мекашад. Маҳз дар ҳамон замонсокинони зиёди Рим соҳиби маблағҳои калони пулӣ мешаванд, ва ҳамчун натиҷа, барои таҳсил ва тарбияи кӯдакони худ одамро на аз хона, балки аз берун он қарор мекардагӣ мешаванд. Дар ин вақт мактабҳои хусусӣ пайдо мешаванд, ба кӯдакон сину солашон 12 – 13-сола маълумоти ибтидоӣ медоданд. Дар ин ҷо аз геометрия( ҳандаса) ва ҳисоб (арифметика), забони лотинӣ ва адабиёт дониҳои соддатарин медоданд. Омӯзгорон дар ин марҳала и таълим адиб (литератор) ном бурда мешуданд. Бо чӯбчаи махсуси нӯгаш тезкарда, стил, дар тахтачаи ҳамвор (tabulae ceratae) ва ё дар лавҳача (pugil-lares) менавиштанд/

Усули тадрис хеле аҷоиб буд. Кӯдакон аввал навиштани ҳарф нодида, онҳоро бо овози баланд талаффуз мекарданд, ва бо усули шунидани ҳиҷоҳо аз ҳиҷоҳо калимасозиро аз бар мекарданд. Ҳисокуниро дар ангуштҳои дастҳо аз худ мекарданд: тавассути ангуштҳои дасти чап воҳидҳо ва даҳиҳоро ифода менамуданд, ба воситаи агуштҳои дасти рост – садҳо ва ҳазорҳоро.Барои ҳисобҳои нисбатан мураккабтар аз сангчаҳо истифода мебурданд. римиҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки дар хонандагон сатҳи хуби хотираро ташаккул диҳанд. Барои ин онҳоро маҷбур мекарданд, ки матнҳороаз ёд кунанд ва чизҳои омухташударо дар хотирашон муддати тулонӣ нигоҳ доранд.Кӯдакон аз паси омӯзгор-литаратор баланду ҳамроҳ хонда, пораҳои матнҳоро аз асарҳои юнонию римӣ аз худ мекарданд.

Таҳсилоти миёнаи кӯдакон дар Рими Қадим. Онҳое, ки нияти таҳсилро давом додан мехостанд, метавонистанд дар ҳузури грамматик, яъне омӯзгори забонтаълим мегирифтанд, аз 16-солагӣ бошад, — аз ритор.

Аз омӯзгорон – грамматикҳо дар сатҳи баландтар дониш ба даст медароварданд. Ҳамон қадаре, ки мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дода метавонад. Маълумоти миёна дар Рими Қадим бояд аз силсиламаҷмӯъҳои илм ва санъат иборат мешуд. Шогирдони грамматик бо овози баланд мехонданд ва ба онҳо аз ёд кардани ҳикматҳои хирадмандон, нақл кардан аз рӯи асарҳои Вергилий, Горатсий ва Гомеррро меомӯзониданд. Баъди ба овози баланд хондани ягон матн таҳлили он сурат гирифта, забон ва стил (услуби) навишти он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт.

Ба омӯхтани илмҳои табӣ ва дақиқ, ба ситорашиносӣ (астрономия) диққати махсус на он қадар на онадар вақти зиёд дода мешуд. Танҳо ҳамон қисмати ситорашинросӣ таълим дода мешуд, ки дар кишоварзӣ ва баҳрнавардӣ ба кор бурда мешуд. Ба низоми таҳсилоти Рими Қадим таълими мусиқӣ ва рақс тамоман дохил набуданд, онҳо машғулияти бешармона ҳисобида мешуданд. Вале таълими санъати суханварӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дошта, дар байни муасилин оид ба ин санъат мусобиқагузаронида мешуд. Гап дар бораи он меравад, ки ритмиҳо, нисбат ба юнониҳо, ба кӯдакон додани малакаҳои амалиро эҳтиром мекарданд, масалан, оид базаминдорӣ, тиҷорат. Косибӣ. Онҳо чунин мешумориданд, ки тарбияи меҳнатӣ асоси пешрафти миллат мебошад.

Маҷмӯан, римиҳои қадим нисбат ба таълим мувофиқи он мавқеъҳо назар мекарданд, ки гражданин (шаҳрванд) тавассути дониш, истеъдод ва нерӯи хиради худ ба фоидаи давлат чӣ дода метавонад. Он хонише арзишманд аст, ки барои зиндагӣ зарур мешавад. Маҳз дар ин низоми ақидаҳо ифода ёфтааст низоми тарбияи римиҳои қадим. Яъне дар ҷараёни таълим дар мактаб мақсади тарбияи кӯдакон вуҷуд надошт, чунки онҳо аллакай дар рӯҳи муҳаббат ба давлат тарбия ёфта буданд, дар ҳамин ифода ёфта буд ҳар кадом хиради махсус ва ифтихор

Таҳсилот дар мактабҳои риторикӣ. Кӯдакони волидони аъёну ашроф ва бой баъди анҷом додани мактаби грамматикб метавонистанд ба мактаби болотар ритор, яъне ба мактаби риторикӣ (маонӣ ё суханпардозӣ) рафта таҳсил кунанд, Мактабҳои олии риторикӣ танҳо дар пойтахти музофотҳо ва дар худи Рим мавҷуд буданд. Таҳсил асосан ба мусаллаҳшавӣ ба санъати баланди суханварӣ бахшида шуда буд. Дар чунин мактаб назарияи ин намуди санъат таълим дода,, фалсафа донишҳои хуб доштан лозим буд. Ритор мавзӯҳоро, масалан, барои тартиб додани нутқҳои гунаҳгоркунӣ ва ҳимоякунӣ барои ҷаласаи додхоҳ, ҳам ба як талаба ва ҳам ба ду талаба месупорид.

Ритор қоидаи рафтор, тарзи ҳаркат ва суханрониро ҳангоми эрод кардани нутқёд медод. Барои ин ӯ аз актёр дарсҳои маҳорат мегирифт. Суханвар бояд таваҷҷӯҳи шунавандагонро ба худ ҷалб карда тавонад ва, дар айни замон, ӯ бояд табиӣ ба назар расад. Ин кор санъати калон аст, ки ҳангоми баромад дар назди ҳозирин сунъӣ ба назар нарасӣ.

Барои мактабҳои риторӣ ҳатто китобҳои дарсӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо аз нутқҳои риторҳои номдорҳою суханварон мураттаб сохта шуда, дар китобчаҳои хурди муқоваашон чармини дорои варақҳо аз коғази пергамент инъикос гардида буданд. Бояд зикр кард, ки рисолаҳои Тсисерон, Вергилий, Гомер, Овидия, кидар мактаб омӯхта мешуданд, низ дар чунин китобчаҳо дарҷ гардонда мешуданд.

Баъд аз анҷоми мактаби риторӣ дар Рими қадим, хоҳишмандони такмил додани санъати суханварии худ, ба хориҷа, ба Афина ва ё ба Родос сафар мекарданд. Дар он ҷойҳо онҳо аз риторҳо ва файласуфҳои машҳур сабақ мегирифтанд. Вале ҳамин, ки сини онҳо ба 17 расид, ҳамон замон ба ватан барои хизмати ҳарбӣ бармегаштанд.

Таҳсилоти духтарон дар Рими Қадим. Омӯзиши якҷояи духтару писарбачагон дар низоми таҳсилоти рими қадим дар назар дошта шуда буд. Вале оилаҳои сарватманд таҳсили духтарбачагони худро дар оила афзалтар мешумориданд. Барои ин омӯзгорони беҳтаринро даъват мекарданд. Духтарбача ҳамчун зан ва модари оянда боақлу хирад ва саводнок бошад. Ӯ бояд хушфеълу атвор ва дар байни ҷомеа худро нигоҳ дошта тавонад, бо шавҳараш ҳамсӯҳбати хуб буда бошад ва кӯдакони ояндаи худро хуб тарбия кунад. Чунин ҳисобида мешуд, ки зан бояд фалсафа, риёзӣ (математика). Ситорашикносӣ (астрономия), ҳатто ҷуғрофияро хуб фаҳмад ва аз онҳо истифода бурда тавонад.

Баъзе духтарон аз санъхати суханварӣ сабақ мегирифтанд, зеро ба онҳо лозим меомад, ки дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр иамояд, ки дар он ҷо дар байни мардум малакаи ҳарф задан ва бо нутқ баромад карданро дошта бошад..

Таҳсилот барои ғуломон ва кӯдакони онҳо дар Рими Қадим. Дар ғуломро нӯшонидану хурок додан ҳар кадом хуҷаин вазифадор буд, вале ба ӯ маълумот додан ва ё додан ихтиёрӣ ҳисобида мешуд. Вале дар ғуломдорӣ бисёр вақт одамони маълумотнок е вомехурданд, ки ҳангоми ҷанг ба асорат афтида буданд. Чунин ғуломон бисёр вақт рух медод, ки ҳамчун омӯзгорони хонагии кӯдакони ҷаноб ва ё ҳамчун китобдору мирзо истифода бурда мешуданд.

Римиҳо махсусан дар бораи кӯдакони ғуломон дидаю ждониста ғамхорӣ зоҳир менамуданд, зеро медонистанд, ки хизматгорони бомаърифат нисбат ба хизматгорони бесвод арзиши баландтар доранд. Барои хуҷаини ғуломи хурдсол боиси сарбаландӣ ва шаъну шараф буд, ки ба ӯ маълумоти хуб дода ва ӯро дар сатҳи лозима тарбия кардааст.Барои чунин кӯдакон ҳатто мактабҳои махсус – педагогиум (ҳо) ташкил карда мешуданд. Таҳсилот мебоист бояд ба ғуломи мазкур боварӣ мебахшид, ки ӯ дар оянда метавонад озодӣ ба даст дарорад ва ба гражданиниозод мубаддал гардад. Чунин кӯдакон ба таҳсил дар 12-солагӣ фаро гирифта шуда, мӯҳлати он 6 солро ташкил менамуд…

Барномаи таҳсил дар педагогиум дар амал аз барномаҳои таълимии мактабҳои гражданҳои озод Рими Қадим тафовуте надошт. Бисёр вақт омӯзгорон ҳам дар онҳо ҳамон муаллимон буданд ва ё ғуломони калонсоли соҳибмаълумот буданд. Бояд таъкид кард, ки таҳсилоти кӯдакони ғуломон дар Рими Қадим аз таҳсилот дар мактабҳои грамматикӣ пасттар дода намешуд. Ба писарбачагон ғайр аз донишҳои назарӣ донишҳои амалӣ низ медоданд, аз он ҷумла ҳунари ошпазиро.

Соли таҳсил моҳи март оғоз меёфт. Рӯзҳои аз машғулиятҳои дарсӣ озодро дар Рим “ферияҳо” (feriae), яъне таътил меномиданд. Идҳои динию давлатӣ хеле зиёд буданд. Бинобар ин барои онҳо фурсати истироҳати фориғ аз дарсҳо кифоя буд. Тобистон машғулиятҳо қатъ мегардиданд: тахминан аз охирҳои моҳи июл, вақте ки Сирус, ситораи аз ҳама дурахшонтар дар галаситораҳои Саги Калон (Canis Major) рӯзҳои таътил – каникулярӣ ()caniculares) фаро мерасиданд. Ба тарзи дигар ин таътилрро, ки ба рӯзҳои гармтарини сол рост меомад, “рӯзҳои сагчаҳо” меномиданд. Кӯдакон таътилро қатъ мекарданд ва онро танҳо дар миёнаи моҳи октябр идома медоданд,вақте ки гармӣ пасттар мефуромад. Вале писарон ва духтарон рӯ\зи дароз – аз пагоҳ то бегоҳ мехонданд ва танҳо барои хуроки зуҳр танаффус доштанд.

Барои мактаб чун имрӯз биноҳои махсус вуҷуд надоштанд. Бо ин мақсад одатан дар ягон бинои шахсӣ якчанд ҳуҷраро ба иҷрора мегирифтанд. Партаю миз ҳам мавҷуд набуд. Омӯзгор дар катедре (кафедра), дар курсии пушташ баланд истода, ё росто дарс медод. К\ӯдакон бошанд дар курсию сандалӣ нишаста, дар дастҳо ва зонуҳояшон ашёи хонишро нигоҳ медоштанд. Чун юнониҳо дар тахтачаҳои суфта менавиштанд. Баъзан аз наворҳои папирусӣ ва ҳатто пергамени истифода мебурданд ва баъди истифода онҳоро ба савдогарон барои печонидан мндоданд. Дар деворшҳои мактаб дар аедозаҳои гуногун ҷадвалу суратҳо бо тасвироти саҳнаҳои асотирӣ ва таърихӣ овехта шуда буданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *