Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Шуриши Спартак (солхои 73-71 то милод)

Солҳои 80 золимонаю хунини асри I то милод барои римиҳо бо солҳои 70-уми пешазмилоди нисбатан орому осоиштаи ҳамин аср иваз шуд. Вале дар ин даҳсола низ барои Ҷумҳурӣ воқеаҳои муҳим рух доданд, ки яке аз онҳо шӯриши ғуломон дар зери роҳбарии Спартак мебошад. Маъдумоти мо дар бораи шӯриши машҳури антиқии ғуломон, мутаассифона, пурра нест, вале ҷараёни умумии рафти шӯриш, кувваҳои пешбарандаи шӯриш. мақсадҳои шӯришро метавон дуруст сохт.

C:\Users\USER\Music\Спартак.jpg
C:\Users\USER\Music\Лукулл.jpg
C:\Users\USER\Music\капуя.jpg

Спартак Марк Лукулл Ҷазои шӯришчинён

Оғози шӯриш. Шӯриш дар шаҳри Капуя оғоз ёфт. Дар ин шаҳр мактаби калонтарини гладиаторҳои Рим мавҷуд буд. Баҳри фирор кардани худ дар ин ҷо шӯриши ғуломон сар зад. Эҳтимол (тобистони соли 73 то милод) дар лаҳзаи охир сӯйқасд фош шуд, вале ба якчанд гладиатор муяссар шуд, ки аз шаҳр берун бароянд ва ба баландии кӯҳи Везувия баромаданд ва дар дохили кратери вулқони кайҳо боз хомӯшгашта урдугоҳи шӯришчиён ташкил гардид. Сарвари шӯриш шахси дар байни гладиаторҳо дӯстдоштаю обруманд Спартак буд. Сарфи назар аз он, ки ин шахс дар таърихи Рим нақши муайян гузоштааст, маълумот дар бораи нав хеле кам то ба мо расидааст. Спартак баромади фрақиягӣ дошта, вақте ки ба асорати ғуломӣ меафтад, бо сабаби қувваи ҷисмониаш ба ҳайати гладиаторҳо дохил карда мешавад. Ӯ бешубҳа қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва ҳарбӣ дошт, ки дар ҷараёни шӯриш аён гардид. Урдугоҳи шӯришчиён дар Везувий садҳо ва ҳазорҳо ғуломонро аз ҷанубии Италия ба худ ҷалб менамуд, ин аст, ки шумораи шӯришчиён то чанде меафзуд ва амалҳои онҳо точанде ҷасуртар мешуданд. Дар марҳалаи аввал римиҳо ба ин воқеа аҳамияте надоданд. Вале ҳангоме, ки гирду атрофи Капуя ва шаҳрҳои дигар аз тарафи ғуломон талаю тороҷ карда мешуданд, ба муқобили Спартак дастаи 3-ҳазорнаҷфараи легионерҳо фиристода мешавад, ки он пеши оҳи ягонаи ба Везувий мебурдагиро гирифт, то ки ғуломонро ба таслим маҷбур созанд. Вале шӯришгарон аз норбони аз хушаҳои ангур сохта истифода бурда, аз ҷои дигари теппаи вулқон ба даштӣ фуромаданд, ҳамин тариқ, дар ақиби римиҳо пайдо мешаванд. Спартак ғайричашмдошт ба дастаи легионерҳо ҳамла карда, онро пурра несту нобуд мекунад. Аслиҳаи гуногуни ҳақиқии дар дасти легионерҳобуда ба дасти шӯришчиён афтиданд. Спартак эҳтимол дар вақташ дар ҷузъу томҳои ёрирасони артиши Рим хизмат карда, артиши ғуломонро аз рӯи намуди римӣ ташкил мекунад. Дере нагузашта шӯришчиён артиши претор Публия Варинияро зимистони солҳои 73/72 то милод торумор карда, бо ҳамин ғалабаи аввалин ба даст дароварданд. Қисми зиёди Ҷануби Италия ба ҷанги ғуломон фаро гирифта мешавад, шумораи артиши Спартак бошад, аз рӯи баъзе маълумотҳо то ба 70 ҳазор нафар расид.

Лашкаркашӣ ба сӯи Алп. Спартак қарор дод, ки нисбат ба пешгузаштагони худ ҳангоми шӯриш тамоман дигар хел амал мекунад. Ояндадор ва кӯтоҳмуддат будани ҳаргуна муқоҷиматро дар қаламрави маҳдуд, дар наздикии Рим махсусан дарк карда, Спартак лашкаркашиии худро ба шимол роҳи ягона дуруст ҳисобида, онро аз тариқи тамоми қаламрави Италия ташкил намуда, хост, ки ҳарчӣ бештари ғуломонро ба он тарафи кӯҳҳои Алп гуселонад. Баҳори соли 72 то милод походи бузурги Спартак оғоз ёфт, ки эҳтимол на ҳамаи шӯришгарон бо сафҳои ӯ пайвастанд. Базеҳо нахостанд Римро тарк кунанд. Якчанд маротиба дастаҳои начандон калони ғуломон аз нерӯҳои асосӣ ҷудо шуданд ва бегуфтугу дар зери зарбаҳои артиши Рим ҳалок мегардиданд. Чунки римиҳо ниҳоят тамоми хатари шӯриши ғуломонро дар маркази мамлакат хуб дарк карданд. Бинобар ин, ба ҷанги зидди Спартак ҳарду консулро фиристоданд. Вале ин фоида ба бор наовард: ҳарду консул ҳам сахт шикаст хурданд. Гузашта аз ин, Спартак ҳокими Галлияи Тсизалпиро торумор кард ва артиши ӯ дере нагузашта дар доманаи кӯҳҳои Алп қарор гирифт. Вале дар ин лаҳза аҷоиботи асосии шӯриши Спартак рух медиҳад: артиши ғуломон рӯ ба ҷануб мениҳад. Чӣ маҷбур кард, ки Спартак бошад, аз нақшаи худ даст кашид? Эҳтимоли аз ҳама муҳими мантиқӣ чунин аст: Баъди ин қадар ғалаба артиши ғуломон ба шикастнопазир будани умед баста, бар римиҳо дастболо шудан боварӣ дошт. Аз ин рӯ дар зери роҳбарии лашкаркаши худ Спартак лашкари ғуломон ба ҷониби Рим ҳаракат мекунад.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\2222222222222221.jpg
C:\Users\USER\Music\12.png

Муҳорибаи Спартак Ҳалокшавии Спартак Марк Лукулл

Спартак бар зиддиКрасс. Ҷанг бо ғуломон кашол ёфта, ҳама ҷоро фаро гирифт ва точанде барои рим шармандавор мегардид.Оон вақт саврфармондеҳи артиши Рим лашкаркаши шӯҳратманди Рим Марк Литсиний Красс таъин карда шуда буд.Тирамоҳи соли 72 то милод шумораи артиш то 40-50 ҳазор нафар расонида шуда буд. Вале қӯшун то он дараҷа қобилияти худро аз даст д, аз майдони набард фирор карданд. Ба Красс зарур шуд. ки интизомро дар артиш бо ҷазои сахт барқарор намояд. Ӯ анъанаи кӯҳнаи Рим “детсиматсий” – қатли ҳар аскари даҳуми легионҳоро истифода бурд. Спартак албатта бар зидди Рим рафта, онро ишғол карданӣ набуд. Ӯ аз назди Рим гузашта, аз нав ба ҷануби Италия ва то гулӯгоҳи Мисан рафта расида. Мисли пештара кушиш ба харҷ медод, аз ҳудудҳои Италия берун барояд. Ин дафъ ният дошт, ки ба тарафи ҷазираи ситсилия равад. Вале ин нақша ҳам шикаст хурд. Роҳзанони баҳрӣ, ки гузаронидани артиши ғуломонро ба ҷазира ваъда дода буданд, Спартакро фиреб доданд, Ҳамин хел ба назар мерасид, ки Спартак худашро ба дом гирифтор карда буд, чунки легионҳои Красс пеши роҳи ӯро дар гарданаи танги Брутиӣ аз тариқи хандақи чуқур баста буднд. Гирифта, Спартакро ба тарафи баҳр фишор дод. вале артиши ғуломон ин истеҳкоми римиҳоро рахна карда, боз як маротиба ба Красс шикаст доданд. Аз яккаю танҳо шикаст додани Спартак ноумед шуда, Красс ба сенат дар бораи ёрӣ муроҷиат кард: аз Испания ба ёрии Красс Гней Помпей, аз Македония – Марк Лукулл. Вазъияти шӯришгарон фоҷеабор буд. Дар бораи кӯшун фуровардани Лукулл дар Брундисия бохабар шуда, партак тасмим гирифт, ки ба Красс муҳорибаи бузурге ташкил намояд. Муҳорибаи охирини шӯриш баҳори соли 71 п.а.м. дар Апулия ба амал омада, ғуломон ҷасоратмандона ҷангиданд, вале шикаст хурданд. Спартак низ ҳалок гардид. Дастаҳои охиринри шӯришгаронро артиши Помпей торумор кард, 6 ҳазор шӯришгари ба асоратафтида қадқади роҳи Аппин. Дар байни Рим ва Капуя чормех карда шуданд.

Аҳамияти шӯриши Спартак ва шӯришҳои дигар. Ҳамчун шӯришҳои дигари ғуломон дар асрҳои II – I то милод шӯриши Спартакро низ бебарорӣ интизор буд ва ҳамин тавр ҳам шуд ва бо сабабҳои воқеӣ (объективӣ). Сохти ғуломдорӣ дар марҳалаи баландтарини рушди худ қарор дошт, коллективи шаҳрвандии Рим, сарфи назар аз ҳамаи ихтилофҳои дохилии худ. Қодир буд ҳар кадом шӯриши ба муқобили он баамаломадаро пахш кунад. Вале ҷангҳои ғуломон барои ҷомеаи рим бе асар нагузаштанд. Онҳо ба пайваста ба тағйирёбии низоми ҷомеа ба ҷониби мусбат нисбати ғуломон мусоидат карданд – аз байн бардоштани шаклҳои бераҳмонатарин муносибат бо ғуломонро аз байн бардоштанд, инчунин шаклҳои нави пешбурди соҳаи кишоварзиро тезониданд, масалан, низоми колонат аҳамияти калон пайдо кардан мегирад.

СӮИҚАСДИ КАТИЛИНА БАР ЗИДДИ ҲУКУМАТ (СОЛИ 63 ТО МИЛОД)

Конститутсияи Сулла камтар аз даҳ сол вуҷуд дошта тавонист. Соли 70 то милод Гней Помпей ва Марк Красс, ки консулҳои ҳамин сол буданд. як қатор қонунҳои Сулларо бекор карданд:

-ҳамаи маҳдудиятҳои ҳокимияти трибун бекор карда шуданд;

-инҳисори сенаторҳоро дар комиссияи судӣ бекор карда шуда, ба он ҳам саворагон ва ҳам плебейҳои бой роҳ дода шуданд;

-сензура аз нав барқарор карда шуда ва сенат аз сенаторҳои нолозим тоза карда шуд.

Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки тарзи баромадан аз бӯҳрон, ки онро Сулла пешниҳод карда буд, бесамар баромад ва ба манфиати ҳамаи римиҳо ҷавобгӯ набуд. Ҷустуҷӯи роҳи нави рушд давом ёфт. Ва дар миёнаи солҳои 60-ум ҳаракати демократӣ аз нав зинда шуд, вале ин дафъа дар шакли сӯиқасди Каталина.

Лутсий Сергий Катилина (солҳои 108 – 62 то милод). Баромади Лутсий Сергий Катилина аз авлоди қадимаи патритсиягӣ буда. дар солҳои ҷавонӣ ҷонибдори Сулла шуд, дар просткрипсия фаъолона иштирок дошт, бо бо шарофати ин кор сарват ҷамъ кард, ки онро бо тезӣ аз даст медиҳад. Соли 67 то милод ӯ ҳокими музофоти Африқо буда, бо ғоратгарӣ айбдор ва ба суд кашида мешавад. Бебокӣ, худхоҳӣ ва шӯҳратпарастӣ ӯро ҷонибдори ҳизби популярҳо ва душмани сенат мекунанд. Ӯ номзадии худро се маротиба ба вазифаи консулӣ (солҳои 65 – 63 то милод) пешниҳод менамояд, вале ҳар бор ноком мегардид. Интихоботро бори сеюм бохта, Каталина ба роҳи сӯиқасди зидди ҳукумат ворид мегардад. Шиори асосии ӯ дар ин роҳ, ки ҳаводорони зиёдро аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ пайдо намуд, бекор кардани қарзҳо буд. Сӯиқасдчиён тайёрӣ ба шӯришро ҳам дар Рим ва ҳам дар шаҳрҳои Италия оғоз намуданд. Ҳимояи ҷумҳуриро бояд консул Марк Туллий Сисерон (соли 63 то милод) таъмин менамуд.

C:\Users\USER\Music\Катилин.jpg
C:\Users\USER\Music\222222222.jpg

Лутсий Катилин Харитаи ҷанги гражданӣ дар солҳои 50 – 44 то милод

Марк Туллий Сисерон (солҳои 106 – 43 то милод). Марк Туллий Сисерон суханвар ва сиёсатмадори бузурги асри охирини Ҷуқмҳурӣ мебошад. Шӯҳрати нахустин ба Сисерон соли 70-уми п.а.м. омад. Вақте ки ӯ дар мурофиаи судӣ ба сифати айбдоркунандаи ҳокими музофоти Ситсилия Гай Веррес баромад карда. ба маҳкама кашидани ӯ муваффақ мешавад. Хизмат ба давлати худ қарзи ҳар шаҳрванд, вазифаи ҳар ашроф иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии давлат ва некӯаҳволии халқ мешуморам, лекин истеъдоди суханвар ҳамчун воситаи муваффақшавӣ бояд дар сиёсат истифода шавад. Сисерон вазифаҳои магистратураи квестор, эдил, претор ва ниҳоят консулро (соли 63 то милод) иҷро карда омадааст. Консул интихоб шуда, Сисерон шиори машҳури худро пешниҳод намуд. ки он чунин аст: “Ризоияти табақаҳо воситаи бадастоварии сулҳи дохилӣ дар Ҷумҳурӣ мебошад”. Вале муваффвқшавӣ ба ин кори осон набуд. Ба ӯ лозим омад, ки бар зидди дасисаҳои трибуни плебеӣ Сервилия Руллаи лоиҳаи навбатии қонуни аграрии худро пешниҳодкарда истодагарӣ намуда. ҳимояи баъзе сенаторҳоро аз фишори популярҳо таъмин намояд, вале хатари аз ҳама калон барои Сисерон ва давлат дар сӯиқасди Катилина ниҳон буд.

Сисерон муқобили Катилина. Сӯиқасдчиён баромади худро дар охири моҳи октябр пешбинӣ карда буданд, вале дар натиҷаи хабарбарӣ нақшаи онҳо ба Сисерон маълум гардид. Аз ин рӯ, сенат ба консулҳо ваколатҳои фавқулодда медиҳад, ки ин нияти сӯиқасдчиёнро вайрон кард. Вале кушиши қатл кардани Сисерон дар хонаи худаш, низ муяссар нашуд. Лекин вақте ки 8 ноябр Сисерон маҷлиси сенатро даъват намуд. ӯ далел надошт, ки Катилинаро фош намояд. Дар ин сурат суханвари бузург “ҳамлаи равони”-ро ба душмани худ ташкил намуда, ба муқобили Катилина нутқи якуми худро (ҳамагӣ 4-то буд) эрод намуд. Сисерон бо қаҳру ғазаб Катилинаи дар маҷлис ҳузурдоштаро ба зери танқиди сахттарин қарор дода, ӯро ҳамчун душмани сенат, халқи Рим ва Ҷумҳурӣ муттаҳам намуда, талаб кард, ки Римро тарк намояд. Сисерон ба мақсади худ ноил гашт. Катилина рӯзи дигар Римро тарк мекунад ва ба Этрурия рафта, дар он ҷо аз ҷумлаи собиқадорони Сулла ва ғуломон артиш ташкил менамояд. Бо ин кораш ӯ хатои калон зоҳир намуда, театри асосии “амалиётҳои ҳарби”-ро ба рақиби гузошт. Бе Катилина сӯиқасдчиён паиҳам хато карда, далелҳои раднопазирро ба ихтиёри Сисерон гузошта, худашон ба мактубе имзо гузоштанд, ки ба қабилаи алоброгҳои галлҳо нигаронида шуда буд. Дар он даъвати шӯриш бар зидди Рим инъикос гардида буд. 3 декабр сӯиқасдчиён ҳабс кард шуда ва 5 декабр сенат ҷамъ ома, то ки онҳоро маҳкама кашад. Баъзе сенаторҳо, аз он ҷумла Гай Юлий Сезар иброз доштанд, ки сенат набояд аз доираи ваколатҳои худ берун барояд: сенат мақоми судӣ набуд ва бе иҷозати комитсия ҳақ надошт шаҳрвандонро ба қатл ҳукм кунад. Вале баромади Сисерон, махсусан Марк Порсия Катон аксарияти сенаторҳоро баҳри баровардани ҳукми қатли панҷ нафар сӯиқасдчиён моил намуд, ки онҳо шаби ҳамон рӯз ба қатл расониданд. Анбӯҳи калони халқ хурсандона Сисеронро ҳамчун наҷотдиҳандаи Рим ҳамду сано гуфтанд, сенат бошад ӯро бо унвони “падари ватан” қатр кард. Ба суханвари бузург чунин намуд, ки дар Рим ваҳдати табақаҳо ҳукмрон гардидааст.

Соли 63 то милод ба консули дигар – Гай Антоний супорида мешавад, ки артиши Катилинаро барҳам занад. Моҳи январи соли 62 то милод дар байни артишҳои консулҳо муҳорибаи шадид ба амал меояд ва артиши начандон бузурги Катилина торумор карда шуда, худи ӯ ҳалок мегардад. Сӯиқасди Катилина таназзули чуқури ҳамаи ҳаракати демократиро дар Рим нишон дод. Ҳам аз рӯи симоҳои пешвоён, ҳам аз рӯи ҳайати иштирокчиён ва ҳам аз рӯи шаклҳои мубориза ин марҳалаи ҳаракат аз давраи Гракхҳо ва Сатурнин ниҳоят фарқи калон дошт. Ниҳоят фаҳмо шуд, ки кушиши баромадан аз бӯҳрон ба воситаи демократикунонии васеъи Ҷумҳурии Рим ояндадор набудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *