Фанни Психология

Психологияи фаъолият и касбӣ

Психологияи фаъолият и касбӣ

Маф ҳуми фаъолият ва сохти он.

Ҳамеша дар ҳаракату амал буда, мувофиқи табиаташ фарди фаъол аст. Фаъолии инсон ҳамеша дар иҷрои ягон фаъолият ифода меёбад. Фаъолии психики шаклҳои гуногуни худро дорад: рафтори инстинктивӣ, иҷрои малака, тафаккури «дастӣ», яъне раванди тафаккур дар ҷараёни бо ашёҳо муносибат намудан, рафтори тахминкунӣ ва ғаӣра. Мо ҳамаи шаклҳои фаъолиро метавонем ба дараҷаи муаӣян на танҳо дар одамон, балки дар ҳаӣвонот низ мушоҳида кунем. Бояд қаӣд кард, ки шакли асосии фаъолӣ дар одамон фаъолияти бошуурона ба ҳисоб меравад.

Фаъолият шакли муносибати фаъолонаи одам бо муҳити иҳоткардашуда мебошад, ки он шуурона дар асоси мақсади фаҳмидашуда муаӣян карда мешавад.

Хусусияти асосиию фарқкунандаи фаъолият дар он зоҳир меша­вад, ки он туфаӣли талабот ҳамчун сарчашмаи фаъолӣ ба вуҷуд меояду бо мақсади фаҳмидашуда ҳамчун танзимгари фаъолӣ идора карда мешавад. Рафтори ҳаӣвон бевосита ба қонеъ намудани ин ё он талабот равона мешавад. Ин талабот ҳаӣвонро на танҳо ба зуҳуроти фаъолӣ водор мекунад, балки шакли ин фаъолиро низ муаӣян менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки эҳтиёҷоти организми ҳаӣвонро ҳамон чизе муаӣян мекунад, ки психика аз олами иҳотакарда ҷудо менамояд. Рафтори одам бошад, тамоман дигар хел ташкил карда шудааст: на худи талабот, балки воситаҳои аз тарафи ҷамъият қабулшудаи қонеъгардии он шакли зуҳуроти рафторро муаӣян мекунанд. Тала­бот ба хўрок метавонад мароме бошад, ки одамро ба кор кардан маҷбур созад. Масалан, аз ҷониби одам дигаргун кардани дастгоҳи техники на ба хотири қонеъ намудани гуруснагии ў, балки барои осон шудани кори ў мебошад. Ҳамин тавр, мазмуни фаъолияти ў на бо талабот, балки бо мақсад, яъне бо сохтани чизе муаӣян карда ме­шавад, ки онро аз ў ҷамъият талаб мекунад. Дар ин ҳолат водорку- нанда ва маромҳое, ки боиси фаъолияти одам мегарданд, бо мақсаде, ки ин фаъолиятро идора менамояд, мувофиқат намекунад.

Зери мақсад чунин натиҷаи пешбинишавандаи амалро мефаҳманд, ки ба ашё равона шудааст ва одам тавассути он кўшиши қонеъ намудани ин ё он талаботро мекунад. Бинобар ин, мақсадро бояд ҳамчун ҳодисаи объективӣ (натиҷаи объективӣ) ва инчунин субъективии психикӣ (пешбинишаванда) дида баромад. Мақсадҳое, ки одам ҳангоми фаъолият дар назди худ мегузорад, одатан дур ва наздик мешаванд. Масалан, мақсади фаъолияти хонандагони омўзишгоҳи касбӣ-техникӣ аз худ кардани касбу ҳунар мебошад, то ки худро дар оянда аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоянд ва одами мустақил шаванд. Аммо мақсади фаъолияти хонанда ҳангоми иҷрои супориши конкретию таълимӣ метавонад махдудтар шавад ва барои ноил шудан ба он зарурати иҷро намудани боз як қатор амалҳо ба миён ояд, ки ҳар яке аз онҳо боз мақсади худро паӣдо мекунад.

Фаъолият метавонад равияи инфиродӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад. Равняӣ инфиродии фаъолият бо эҳтиёҷоти шахсӣ ва талаботи одам алоқаманд буда, ба одамони дигар ва ҷамъият таъсир намерасонад. Равияи иҷтимоӣ — чунин фаъолияте мебошад, ки барон ба таври бошууронаю бештар расонидани таъсири муаӣян ба атрофиён ва ба ҷамъият равона карда шудааст.

Равияи иҷтимоии фаъолияти одам шартан аз фаъолии биологии ҳайвонҳо фарк мекунад. Агар фаъолии ҳайвонҳо бо талаботҳои муқаррарии онҳо вобаста бошад, пас фаъолияти одам асосан бо талаботҳои сунъии фикркардашуда ва сохташуда (дар раванди худи фаъолият), бо шарофати дастовардхри тараққиёти маданию таърихии одамон ба вуҷуд меояд. Ин талаботи одам ба маводҳои моддӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, ба шуур, эҷодиёт, худмукаммалгардонӣ ва ғ. мебошад.

Махорат малака ва одат ҳ о

Бошуурона ё бешуурона ва ё ба таври автомати иҷро намудани ягон унсури фаъолиятро маҳорат малака ва одатҳо меноманд.

Маҳорат — як қисмати таркибии фаъолият буда, барои бо сифати баланд иҷро намудани ягон чиз имконият медиҳад. Масалан, дуру сту аниқ иҷро намудани амал ё амалиёти коркарди чўб (аз чўб сохтани дару тиреза ва дигар ашёҳои рўзгор). Одатан ба таври автоматӣ иҷро шудани ҷузъҳои ҷудогонаи маҳоратро малака мено­манд, вале дар асл ҳангоми ҳосил шудани маҳорат тамоми амалиёт пурра ба таври автоматӣ иҷро намешавад. Бинобар ин, назорати бошууронаи иҷроиши он ҳатмист. Илова бар ин, иҷроиши малака аз рўи барномаи дохилии назоратшаванда дар дараҷаи бешуурона сурат мегирад.

Дар ҳолати автоматикунонии маҳорат ва ба малака мубаддалшавии он дар сохти фаъолият як қатор табадду-лотҳо ба вуҷуд меоянд. Аввалан, автоматикунонии амал ва амалиёти ба малака мубаддалгардида якҷоя шуда, ба як амали одатй табдил меёбанд, масалан, системаи мураккаби ҳаракатҳои даст ҳангоми навиштан ё ҳаракатҳои гимнаст ҳангоми иҷрои машқҳои гуногуни гимнастики. Дар ин ҳолат ҳаракатҳои зиёдатй ва нодаркор нобуд гардида, миқдори хатогиҳо ва ҳаракатҳои нодуруст кам мегарданд. Дар оғоз зарурияти назорати бошууронаи ҷузъиёти ҳаракат, ҳар як амал ё оператсияҳо, пас аз он назорати бошууронаи худи фаъолият аз байн меравад. Ба ғайр аз ин, раванди назорати амал ё оператсияҳо дар ҳолати автомати-кунонии онҳо дар давраҳои ниҳоӣ якҷоя мегардад. Назорати берунаи иҷроиши амал ё оператсияҳо тавассути барномаҳои иҷроишии дар майнаи cap мавҷудбуда ба назорати дохилй иваз мешавад. Суръати иҷроиши амал ва оператсияҳо босуръат баланд гардида, дорой нуқтаи максималии худ мегардад.

Ташаккули фаъолият ва намуд ҳ ои он

Одам дорой намудҳои гуногуни фаъолият мебошад. Онҳоро бо назардошти асосҳои зерин ба гурўхдо тақсим кардан мумкин аст:

— мувофиқи миқдори талаботҳои одам;

— аз рўи вазифаҳои бевоситаи фаъолият;

— вобаста ба бартарии қисматҳои берунй ва дохилии фаъолият;

— бо назардошти мазмуни (предмет) фаъолият.

Агар мақсади ҳар як фаъолияти анҷомдодаша-вандаи одамро аз қонеъ гардонидани ин ё он талаботи ў иборат донем, пас одам чй қадаре, ки талабот дошта бошад, ҳамон қадар фаъолиятро анҷом медиҳад. Ин гуна гурўҳбандии фаъолиятҳо аз ҷониби психологи рус А.Н.Леонтев пешниҳод шудааст. Леонтев А.Н. ҳар як фаъолияти одамро бо талаботҳои дар ў мавҷудбуда, ки бо ёрии фаъолияти мувофиқ қаноатманд мегарданд, алоқаманд медонад.

Аз рўи вазифаҳои бевоситаи худ (аз рўи нақши дар инкишофи психологи ва ҳаётии одам бозандаи фаъолият) намудҳои зерини фаъолиятро фарқ мекунанд: муошират, бозй, таълимӣ ва меҳнатӣ. Ҳар яке аз намудҳои номбаршуда дорой вариантҳои зиёди хусусй мебошад. Масалан, намудҳои гуногуни муошират, шумораи зиёди бозиҳо, шаклҳои гуногуни омўзиш ва шумораи зиёди намудҳои меҳнатро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни зиндагии одамон намудҳои гуно­гуни фаъолиятхри хусусие мушоҳида мешаванд, ки ба таркиби чор гурўҳи зикршуда ворид гашта, вобаста ба нақши мебозидагиашон муттаҳид мегарданд ва аз ҳам фарқ кардани ин нақшҳо имконияти фарқ намудани намудҳои фаъолиятро фароҳам меоварад. Масалан, муошират — ин намуди фаъолияте мебошад, ки мақсади он аз мубодилаи ахбор дар байни одамон ва мутобиқатии амали онҳо ва аз расонидани таъсир ба якдигар иборат мебошад. Бозй — намуди фаъолияте мебошад, ки ду вазифаи асосиро иҷро менамояд: та- раққиёти психологии одамон ва таъмини истироҳати онҳо. Таълим — ҳамчун намуди фаъолият, барои азхуднамоии дониш, маҳорат, ма­лака ва ташаккул додани қобилияти одам муқаррар шудааст. Меҳнат намуди фаъолияте мебошад, ки одам бо шарофати он мавҷудияти худ ва қонеъгардонии талаботҳои асосии худро таъмин менамояд.

Фаъолиятро вобаста ба бартарии қисматҳои дохилй ва ё беруни- аш шартан ба фаъолияти берунй ва дохилй ҷудо менамоянд. Дар фаъолияти берунй қисматҳои ҳаракатдиҳандаи бо кори мушакҳои бадан вобаста, дар фаъолияти дохилӣ-қисматҳои психологи, яъне ҳаракат ва оператсияҳои дар мағзи cap баамалоянда ё протсессҳои дар дохили организм бавуқўоянда нақши асосӣ мебозанд.

Фаъолият вобаста ба мазмун ва предметаш амалй, назариявй, моддй, идеалй, предметй ва байнишахсй шуда метавонад (баъзе аз психологон муоширатро ҳамчун гуногуннамудии фаъолият баррасй намуда, фаъолияти байнишахсиро фаъолияти робитавй номидаанд).

Фаъолияти амалй бо ҳалли масъалаҳои амалй банд будани одам тавсиф дода мешавад. Он дар шароитҳои ҳаёти воқей бо ёрии ҳаракатҳои амалй иҷро мегардад. Фаъолияти назариявй — фаъолия­те мебошад, ки натиҷаи он ҳалли ягон хел масъалаи назариявиро дар бар мегирад. Масалан, муайяннамоии мафҳум, иҷроиши амали мантиқӣ, натиҷагирӣ, пешниҳод ва назарияҳои асосноке, ки гурўҳи муайяни ҳодисаҳоро мефаҳмонад. Фаъолияти моддй — фаъолияте мебошад, ки дар он амал кардан бо ашёҳои воқеии моддй сурат ме­гирад. Фаъолияти идеалй — ин фаъолияти ақлӣ аст, ки он бо воситаи объектҳои образй, фикрй ва ҳиссӣ иҷро мегардад. Фаъолияти предметй — ин мувофиқи вазифаҳои ба ашёҳои маданияти инсонй хосбуда истифода бурдани онҳо мебошад. Масалан, агар шахе ба­рои навиштан қаламро истифода барад, он гоҳ фаъолияти ў предметй ҳисобида мешавад ва дар сурати онро ҳамчун чўбча ис­тифода бурдан, фаъолияти ў предметй маҳсуб намеёбад. Фаъолия­ти байнишахсй ё робитавй фаъолияте мебошад, ки ба дигар одамон равона гардида, муоширату баҳамтаъсиррасониро дар бар мегирад.

Ташаккулёбии фаъолияти одам дар онтогенез дар самтҳои асо­сии зерин сурат мегирад:

— дар одам пайдо шудани намудҳои нави фаъолият;

— тағйирдиҳии иерархии намудҳои аллакай вуҷуддоштаи фаъолият;

— тағйир додани мазмун ва сохти ҳамон як фаъолият;

— дигар намудани мароми фаъолияти шахе;

— гузариши қисматҳои берунӣ ба дохилй, яъне ивазшавии қисматҳои фаъолияти берунӣ ба ҷузъҳои фаъолияти дохилӣ;

— автоматикунонии фаъолият.

Ҳар як аз ин равияҳои тараққиёти фаъолиятро дар алоҳидагӣ дида мебароем.

Мувофиқи консепсияи илмии А. Н. Леонтев, дар одам пайдо шудани намудҳои нави фаъолият на танҳо аз бавуҷудоии талаботҳои нав, балки аз механизми хоси ташкилшавии намудҳои нави фаъоли­ят ва аз фаъолиятҳои аллакай дар одам эҷодшудаю шаклгирифта низ вобаста аст. Ин механизм «наздикшавии маромро ба мақсад» мефаҳмонад ва он ба таври зерин фаҳмида мешавад. Амале, ки ба таркиби фаъолияти одам дохил шудааст ва иҷро карда мешавад, бо мурури замон барои одам чунон муҳим мегардад, ки мақсади иҷро намудани он боиси бо мубаддал гаштан ба мароми мустақили фаъолияти нав шуда мемонад ва ин бошад «наздикшавии маром ба мақсад» аст. Дар ҳолати додашуда мақсади ба маром гузашта ба намуди нави фаъолияти мустақил мубаддал мегардад. Масалан, донишҷу китоберо, ки муаллим ба ў тавсия намудааст, мехонад ва ба супоридани имтиҳон тайёрӣ мебинад. Супоридани имтиҳон ма­роми хондани китоб мегардад. Вале донишҷў дар рафти омўзиш чунон ба мазмуни китоб дода мешавад, ки супоридани имтиҳон аз ёдаш мебарояд ва беихтиёр мутолиаи китобро давом медиҳад. Ин ҷо дар донишҷў ҳисси маърифатӣ бедор шуда, ўро ба аз худ кардани мазмуни китоб водор менамояд. Дар ҳолати додашуда мароми хондан ва аз худ кардани мазмуни китоб намуди фоъолияте ба ҳисоб меравад, ки онро мароми маърифаткунй меноманд.

Тағйирдиҳии намудҳои фаъолияти одам аз ивазшавии муҳимияти онҳо вобаста мебошад. Тағйироте, ки хусусияти ташаккулёбии одамро дар назар дорад, дар ҳолате ба амал меояд, ки агар микдор ва мазмуни намудҳои фаъолияти бо он машғулбудаи одам бетағйир боқӣ монад. Масалан, бозй дар синни кўдакй намуди шавқовартарини фаъолият ба ҳисоб меравад. Вале дар баробари ин, кўдак метавонад бо фаъолияти таълимй ва меҳнатй машғул шавад. Бо гузашти айём, ў метавонад ҷиддан ба фаъолияти таълимй фаро гирифта шавад ва ин намуди фаъолият барои ў дар ҷойи аввал ме­барояд. Ниҳоят ба воя расида, бо гирифтани ихтисос метавонад бо майлу рағбати зиёд ба касби дўстдоштаи худ, ки акнун миёни фаъолиятҳои иҷронамудаи ў ҷойи аввалро мегирад, машғул гардад. Чунин тахмин кардан мумкин аст, ки иерархияи фаъолияти одам дар ҳолати аз як синнусол ба синнусоли дигар гузаштан, инчунин бо ивазшавии маҷмўи арзишҳо ва гирд овардани таҷрибаи зиндагй тағйир ёфтан мегирад.

АДАБИЁТ

— Аксененко Ю.Н., Каспарян В.Н.и др. Социология и психология управления,- «Феникс», Ростов-на-Дону, 2001.-С.98.

— Аллан П. Язык телодвижение.- М., 2002.

— Бехтерев В.М. Внушение и его роль в общественной жизни,- СПб., 2001.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *