Мавзухои точикиФанни Ҳуқуқи Иқтисодӣ

Танзими ҳуқуқии маблағгузорӣ кардан ва қарз додан барои фаъолияти соҳибкорӣ

1. Шартномаи қарз

2. Шартномаи кредит

3. Вексел

4. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаби пулӣ (факторинг)

  1. Шартномаи қарз

Мутобиқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда) ба моликият пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда ӯҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра ба ҳамин андоза маблағ ё баробар ба теъдоди ашёи ба қарз гирифташудаи дорои ҳамон навъ ва сифат (маблағи қарз)-ро баргардонад (КГ ҶТ мод.827). Ба ҳамин тариқ, объекти шартномаи қарз пулу ашё буда метавонад, ки аломату нишонаҳояш муайян карда шудааст. Пас аз анҷом ёфтани мӯҳлати шартнома қарздор бояд аз рӯи шартномаи кирои (иҷораи) амвол шарт нест, ки ҳамон ашёи гирифтаашро, балки дигар ашёи ҳамон навъу сифатро баргардонад.

Ҳар як шартномаи гражданӣ якчанд хусусиятҳо дорад. Ҳангоми бастани шартнома чизҳои зеринро донистан шарт аст:

  1. Шартномаи қарз шартномаи реалист. Ин маънои онро дорад, ки шартнома танҳо аз рӯзи додани пул ё ашёи дигар басташуда ҳисоб меёбад.
  2. Шартномаи қарз шартномаи яктарафаи ӯҳдадоркунанда аст. Маънои ин чунон аст, ки қарздеҳ ҳақ дорад пул ё ашёро қарз диҳад. Вале қарзгир баъди қарз гирифтани пул вазифадор аст онро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома баргардонад. Ба ибораи дигар, аз рӯи шартномаи қарз як ҷониб ҳуқуқ дорад (қарздеҳ), аммо ҷониби дигар ӯҳдадорӣ дорад (қарзгир).
  3. Шартномаи қарз, агар дар он тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, маъмулан шартномаи музднок аст. Лекин ҷонибҳо ҳуқуқ доранд шартномаи бемузд, яъне ройгон ҳам банданд.

Шартномаи қарз байни шаҳрвандон ба маблағи на бештар аз даҳкарата маоши ҳадди ақали муқарраркардаи Қонун метавонад шифоҳӣ баста шавад. Дар ҳамаи мавридҳои дигар ба шакли хаттӣ бастани шартнома бояд риоя карда шавад. Дар ин ҳолат риоя нагардидани шакли хаттии шартнома мутобиқи моддаи 187 КГ ҶТ боиси беэътибор шудани шартномаи қарз намегардад, балки ҷонибҳоро дар мавриди баҳс аз ҳуқуқи истинод овардан ба далелҳои шаҳодат маҳрум месозад.

Қарз дар мӯҳлат ва бо тартиби пешбининамудаи шартномаи қарз баргардонида мешавад. Агар мӯҳлати баргардонидани қарз дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз ҷониби қарзгиранда дар мӯҳлати сӣ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани талабот аз ҷониби қарздиҳанда баргардонида шавад.

Маблағи қарзи ҳасана (бефоиз)-ро қарзгиранда метавонад пеш аз мӯҳлат баргардонад.

Маблағи қарзе, ки аз он фоиз ситонида мешавад, метавонад бо розигии қарздиҳанда пеш аз мӯҳлат баргардонида шавад. Фоизҳо оид ба қарз дар ҳар лаҳза пеш аз муҳлат пардохта шуданашон мумкин аст.

Ӯҳдадории пули қарзро баргардонидани қарздор аз рӯзи онро ба дасти қарздеҳ супурдан ё ба суратҳисоби бонкии ӯ гузаронидани маблағи дахлдор иҷрошуда ҳисоб меёбад.

  1. Шартномаи кредит

Аз рӯи шартномаи кредит як тараф – бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ (кредитор) ӯҳдадор мешавад ба тарафи дигар (қарзгиранда) тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағҳои пулӣ (кредит) диҳад ва қарзгиранда бошад, ӯҳдадор мешавад маблағи пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад (КГ ҶТ мод.839).

Фарқи шартномаи кредит аз шартномаи қарз дар он аст, ки аз рӯи шартномаи кредит кредитор бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ мебошад ва мавзӯи шартномаи кредитӣ, одатан, пул аст (кредити молӣ ва тиҷоратӣ истисно мебошад). Дар ин маврид агар шартномаи қарз бемузд (ройгон) шуда тавонад, пас шартномаи кредитӣ қариб, ки ҳамеша бо фоиз баргардонидани пули қарзгирифтаи қарзгирро пешбинӣ менамояд.

Ба ҳамин тариқ, кредити бонкиро ҳамеша бонкҳои тиҷоратӣ, дигар ташкилотҳои кредитие медиҳанд, ки аз Бонки миллии Тоҷикистон барои амалиёти бонкӣ иҷозатнома гирифтаанд.

Шартномаи кредит метавонад ба ин ё он мақсад истифода шудани кредитро пешбинӣ намояд. Шартномаи кредит аз рӯзи онро имзо кардани ҷонибҳо эътибор пайдо мекунад. Лекин фоизи кредит на аз рӯзи имзо шудани шартнома, балки аз рӯзи ба ҳисоби қарзгир гузаронида шудани кредит ё аз рӯзе, ки кредитор (қарзхоҳ) пулро медод, ҳисоб карда мешавад.

Шартномаи кредит бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Риоя накардани шарти хатти боиси беэътибор донистани шартномаи кредит мегардад. Чунин шартнома қурб надорад (КГ ҶТ мод.840).

Ҷонибҳо метавонанд шартномае банданд, ки ӯҳдадории як ҷонибро барои ба ҷониби дигар мутобиқи шартҳои шартномаи кредит додани ашёи дорои аломатхои навъи муайян (кредити молӣ) пешбинӣ менамояд. Кредити молиро метавонад ҳар шахс, одатан, ташкилоти тиҷоратӣ манзур намояд.

Агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар шартномаҳое, ки иҷрои онҳо бо ба моликияти ҷониби дигар додани пул ё ашёи бо аломатҳои навъи муайяншаванда алоқаманд аст, метавонад ба ин ҷониб ё аз тарафи ин ҷониб додани кредит, аз ҷумла дар шакли бунак (аванс), пешпардохт, тамдиди мӯҳлат ё пардохти давра ба давраи мол, кор ё хизматрасонӣ (кредити молӣ пешбинӣ карда шавад.

Кредитдиҳии тиҷоратӣ на аз рӯи шартномаи алоҳида (мустақил), балки барои иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба фурӯши мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ сурат мегирад. Масалан, кредити тиҷоратиро харидор метавонад ба тариқи бунак ё пешпардохт ба фурӯшанда диҳад.

  1. Вексел

Дар истифодаи усули векселӣ кредити тиҷоратӣ бо ӯҳдадории қарзи харидор – вексел таъмин карда мешавад.

Вексел коғази қиматбаҳоест, ки бо риояи ҷиддии талаботи қонун тартиб дода шуда, аз ӯҳдадории ҳатмии абстрактии пулӣ иборат мебошад. Вексел ду хел: вексели оддӣ ва вексели интиқолӣ мешавад.

Вексели оддӣ ӯҳдадории бидуни ҳеҷ гуна шарти векселдиҳанда бо фарорасии мӯҳлат ба векселдор пардохтани маблағи муайян мебошад.

Дар вексели интиқолӣ (трата) амри хаттии векселдеҳ (трассант) баён ёфтааст, ки қарздор – пардозанда (трассат) ба шахси сеюм – дорандаи вексел (ремитент) бояд қарзи (маблағи) дар вексел зикрёфтаро пардозад.

Дар вексели интиқолӣ бар хилофи вексели оддӣ ду шахс не, балки се шахс – векселдеҳ (трассант), ки вексел медиҳад; харидори аввал (ва ё векселдор), ки ба эътибори вексел ҳақ дорад пардохтани қарзро талаб намояд ва пардохтгар (трассат) иштирок менамоянд, ки векселдор ба ӯ пардохтани қарзро пешниҳод мекунад.

Векселро аз рӯи навиштаҷоти (хати) таҳвил (индоссамент) аз даст ба даст додан мумкин аст. Моҳияти вексел дар он аст, ки ба қафои он ё дар варақи замима хати таҳвилро навишта, ҳамроҳи вексел ба шахси дигар ҳуқуқи гирифтани пардохпулӣ дода мешавад.

Индоссамент хати таҳвилест дар пушти коғази қиматнок, вексел, чек, коносамент ва ғайра, ки аз рӯи ин ҳуҷҷат ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқро тасдиқ менамояд. Хати таҳвил одатан дар пушти ҳуҷҷат ё дар варақи замима навишта мешавад. Шахсе, ки индоссаментро баҷо меоварад, индоссант ном дорад[1]. Вексел бояд ҳатман дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад.

Дар матни вексели интиқолӣ бояд ишораҳои зерин зикр шуда бошанд:

1) номи «вексел», ки матни ҳуҷҷат онро дар бар карда, ба забоне баён ёфта бошад, ки ин ҳуҷҷат тартиб дода шудааст;

2) ӯҳдадории оддӣ ва бе қайду шарт пардохтани маблағи муайян;

3) номи касе, ки қарзашро бояд пардозад (пардозгар), ҷои истиқомати он (суроғаи ҳуқуқӣ);

4) зикри мӯҳлати пардохтгар;

5) зикри ҷое, ки қарз бояд пардохта шавад, суроғаи векселдор;

6) номи касе, ки қарзро ба кӣ ё бо фармони кӣ бояд пардозад;

7) зикри сана ва ҷои тартиб додани вексел;

8) имзои шахсе, ки вексел медиҳад (векселдеҳ).

Ҳуҷҷате, ки яке аз ин ишораҳоро надорад, вексели интиқолӣ буда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

Вексели интиқолие, ки мӯҳлати пардохташ аз рӯи он зикр наёфтааст, векселе мебошад, ки қарз бояд бо пешниҳоди он пардохта шавад.

Дар сурати набудани ишораи махсус, ҷое, ки дар наздикии номи пардохтгар зикр ёфтааст, ҷои пардохт ва дар баробари ин ҷои истиқомати пардохтгар ба ҳисоб меравад.

Вексели интиқолие, ки дар он ҷои тартиб доданаш зикр нашудааст, дар ҷое имзошуда ҳисоб меёбад, ки дар наздикии номи векселдеҳ ишора гардидааст.

Маблағи вексели интиқолӣ бояд ончунон аниқу муайян зикр шуда бошад, ки ҳар гуна шакку шубҳаро нисбати ҳаҷму андозаи он истисно намояд. Дар қонун иҷозат шудааст, ки маблағи векселро ҳам бо рақам ва ҳам бо хат навиштан мумкин аст, лекин бо хат навиштан беҳтар мебошад.

Агар байни ишораҳои вексел ихтилофоте роҳ ёбад, векселе, ки дар он маблағи қарз хаттӣ навишта шудааст, эътибор дорад. Агар дар вексели интиқолӣ маблағ чанд бор ишора шуда бошад, ё бо хат ё худ бо рақам навишта шуда бошад, дар мавриди мухолифати байни ин ишораҳо векселе боэътибор ҳисоб меёбад, ки дар он маблағи камтарин зикр шудааст.

  1. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаби пулӣ (факторинг)

Аз рӯи шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ як тараф – бонк ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ (миёнарав) ӯҳдадор мешавад ба муштарӣ барои маблағи моли пешниҳодкарда, иҷрои кор ё хизматрасонии шахси сеюмро пардозад ва муштарӣ бошад, талаботи пулии шахси сеюмро ба миёнарав гузашт кунад ва подоши муайянро пардозад (КГ ҶТ мод.844). Шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулиро инчунин факторинг меноманд.

Мавзӯи шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ аз қарздор талаб кардани пуле мебошад, ки ин талабҳоро муштарӣ ба миёнараве гузашт мекунад, ки ба ивази онҳо ӯ пулро гирифта медиҳад ё ӯҳдадор мешавад гирифта диҳад.

Шартномаи маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ дутарафа мебошад. Муштарӣ талаботи пулиро гирифта медиҳад ё ӯҳдадор мешавад онро гирифта диҳад, вале миёнарав пулро ба муштарӣ мепардозад ё ӯҳдадор мешавад, ки пардозад.

Мувофиқи шартнома бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитӣ, инчунин ташкилотҳои дигари тиҷоратие, ки барои машғул шудан бо чунин фаъолият иҷозатнома (литсензия) доранд, миёнарав буда метавонанд.

Мутобиқи шартномаи факторинг муштарӣ барои беэътибории гузашти талаботи пулӣ дар назди агенти молия ҷавобгар аст, аммо барои иҷро нашудан ё номатлуб иҷро гардидани талабот масъул мебошад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Қарздор вазифадор аст ба агенти молия танҳо ба шарте, ки ӯ аз муштарӣ ё аз агенти молия дар мавриди ба ҳамин агенти молия гузашт кардани талабот огоҳинома гирифта бошад ва дар огоҳинома иҷрои матлуби талаби пулӣ муайян гардида бошад, қарзашро пардохт намояд. Ба қарздор ҳуқуқ дода шудааст, ки аз агенти молия дар бораи ба ӯ гузашт кардани талабе, ки қарздор бояд аз рӯи он қарзашро пардозад, далелу бурҳон талаб намояд.

Дар сурати ӯҳдадориҳои худро дар назди қарздор риоя накардани муштарӣ қарздор ҳақ дорад аз муштарӣ маблағи аз рӯи ин талабот ба миёнарав (агенти молия) пардохтаашро баргардонад. Муштарӣ ҳуқуқи ба миёнарав пешниҳод кардани ин талабро надорад. Ӯҳдадории миёнарав оид ба баргардонидани маблағи гирифтааш танҳо дар сурати напардохтани ҳаққи талаби ба ӯ гузаштшуда ё баъди ба ӯ маълум гаштани он ки қарздор ҳукуқ дорад аз пардохти ҳаққи талаби гузаштшуда даст кашад, ба миён меояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *