Мавзухои точикиМавзуҳои тоҷикӣ

Техналогияи омўзиши муосир – тавсифи умумӣ.

Системаи муосири таҳсилоти миёна ва касбии олӣ ҳамеша ташаккул ва тарақияётро тақозо менамояд. Сабаб дар он мебошад, ки ҳамарўза дар замони муосир талаботи нисбат ба таълиму тарбия, истифодаи технологияи нав ва воситаҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс бештар гардида истодааст. Дар замони бозоргонӣ нисбат ба муттахасисон низ талаботи бозори меҳнат низ тағйир ёфта, аз кадрҳои нав ҳамқадами замон будан низ талаб карда мешавад. Ин гуфтаҳоро метавон дар донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, технологияи муосири иттилоотӣ, компютеру интернет маънидод намуд. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари донишҷўён омўзгорон низ бояд пешсаф бошанд. Ҳамеша дар паи ҷустуҷўи маводҳои нави таълимӣ буда, аз сарчашмаҳои гуногуни муосир ба донишҷўён маълумот диҳанд.

Пеш аз оне, ки дар бораи технологияҳои муосири таълим ҳарф занем, бояд аввалан калима ё истилоҳоти «технология», «технологияи таълим»-ро шарҳ диҳем. Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «технология» дар нимаи дуюми асри 20 ба таври васеъ истифода мешуд, ки асосан истифодаи воситаҳои техники таълимро ҳангоми дарс додан мефаҳмонд.

Технологияи таълимӣ – улуси хоси истифодаи амалии методҳои таълимӣ мебошад. Яъне роҳҳои амалан истифода бурдани усули таълимие, ки барои донишандўзӣ хонандагон кўмакрасон хоҳад буд, ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки донистани усулҳое, ки ҳангоми таълими фанне истифода бурда мешавад барои омўзгор кофӣ нест. Омўзгор бояд технологияи истифодабарии усул ё методи таълимиро аз худ намояд.

Бо назардошти эълон шудани асри 21 – асри технологияи иттилоотӣ ва инноватсионӣ, технологияҳои таълимии муосир низ бояд дар асри нав мутобиқат кунад ва дорои хусусиятҳои зерин бошад:

Технологияҳо бояд сифати ҳаёти одамонро хубтар кунанд, мисол таълиму тарбияро;

Технологияҳо бояд натиҷабахш бошанд, яъне дар муддати истифодашавиашон кафолатдиҳандаи натиҷаи хуб бошанд;

Технологияҳо бояд асоси ҷиддии илмӣ дошта бошанд, ки дар монографияҳо ва татқиқотҳои илмӣ инъикос ёфта бошанд;

Технологияҳо бояд васеъ истифода шаванд. Яъне як технология тавонад ҳангоми таълим додани фанҳои гуногун мавриди ситифода қарор гирад. Онҳо инчунин бояд барои сатҳҳои гуногун омода шаванд. Инчунин технологияҳо бояд бо дарназардошти синну сол ва сатҳи ташаккули кўдакон ва хонандагон истифода бурда шаванд;

Технологияҳо бояд бо якдигар робита бошта бошанд ва дар баробари ин якдигарро пурра созанд.

Дар расми мазкур консепсияи шарҳи технологияҳои муосири таълимӣ оварда шудаанд:

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *