Фании Информатика

Кор бо графикҳо дар MS WORD

Нақша:

  • Графика дар Ms Word.
  • Ба матн иловакунии расмҳо ва манзараҳо.
  • Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE.
  • Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир.
  • Навиштаҷот. Тахриргари формулаҳо.
Графика дар Ms Word. Ба матн иловакунии расмҳо ва манзараҳо

Таҳриргари тасвирие, ки аз тарафи фирмаи Microsoft дар Ms Office ҷой дода шудааст, барои тамоми барномаҳои он амалкунанда мебошад. Ин таҳриргар ба қатори таҳриргарони на он қадар қулай шомил мешавад, ҳол он ки бо таҷҳизотҳои зиёди расмкашӣ , ки дар лавҳаи таҷҳизоҳои Рисование (Расмкашӣ) ҷой дода шуудааанд, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Барои ороиши матн ва тасвир имконоти зерин пешниҳод шудааст:

  • қариб 100 автофигураи қаблаш гузошташуда;
  • 4 намуди рангрезӣ (градиенти бисёрранга, нақшунигор, рангрнзии шаффоф ва нақшаҳо);
  • илова намудани соя ва ҳаҷм.

Ин имконоти содда (нисбат ба таҳриргаронии графики махсусгардонидашуда) ба санад зеби махсус дода метавонанд, ки теъдоди зиёди дигар таҳриргарони матнӣ ин имконотро надоранд.

Лавҳаи таҷҳизотҳои таҳриргари графикии Office бо пахши тугмаи Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ ва ё интихоби банди Рисование аз банди Панели инструментовВид фаъол карда мешаванд.

Ба матн ҳамроҳкунии расмҳо. Барномаи Word шароит фароҳам меорад, ки ба матни ҳуҷҷат расмҳои ба воситаи дигар барномаҳо пешаки тайёр кардашуда ҳамроҳ карда шавад. Ба ин гуна расмҳо, расмҳои стандартии дастаи барномаҳои Ms Office ва расмҳои бо ёриибарномаҳои Paint, CorelDraw ва ғайра сохташуда дохил мешаванд. Барои амали гардонидани ин мақсад аз фармони зерини менюи барномаи Word истифода бурдан лозим аст: Вставка® Рисунок> Картинки…(Гузоштан®Расм®Расмҳо) ё аз Лавҳаи таҷҳизотҳои Рисование (Расмкашӣ) пахши нишонаҳои Добавить картинку (Иловакунии манзараҳо) ва Добавить рисунок (Иловакунии расмҳо) низ илова намудан мумин аст. Пас аз дохилкунии ин фармон дар экран силсилаи категорияҳои расмҳое намудор мегарданд, ки онҳо ба дастаи барномаҳои MS Office мансубанд.

Барои ба матни хуҷҷати Word ҳамроҳ намудани расми мувофиқ аввал мавқеи гузоштани расмро дар матн муайян намудан лозим аст. Баъд аз равзанаи робитавии Вставка картинки (Расмгузорӣ) категорияи ба мавзӯъ тааллуқдоштаро фаъол гардонида, аз байни расмҳои пайдогардида расми заруриро ҷудо намудан лозим аст. Пас аз интихобкунии расм тугмаи рости мушро пахш намуда, аз фармони Вставить клип (Клип гузошта шавад) истифода бурдан кифоя аст.

Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE. Тадбиқкунӣ ё вобастакуниитасвир

Ба матн ҳамроҳкунии объектҳои OLE. Барномаи Word ҳамчунин имконият медиҳад, ки ба матни ҳуҷҷат объектҳои махсус, ки онҳоро объектҳои OLE (Obgect Linking And Embedding- Механизми алоқамандкунӣ ва тадбиқи объектҳо) воситаеанд, ки имкониятҳои барномаи MS Word-ро беандоза васеъ гардонида, барномаҳои дигари дар муҳити Windows коркунандаро ҳамчун қисми таркибии Word ба он тобеъ мегардонанд. Ҳар як объекти OLE ягон вазифаи муайянеро иҷро менамояд. Масалан, объекти Microsoft Equation 3.0 имконият медиҳад, ки ба матни ҳуҷҷати Word формулаҳои математики ҳамроҳ карда шаванд. Бо ёрии объекти Диаграмма Microsoft Graph 2000 бошад, дар ҳуҷҷат графику диаграммаҳои шаклҳои гуногун сохта мешаванд. Объекти Слайд Microsoft PowerPoint барои ба ҳуҷҷати Word ҳамроҳ намудани слайдҳо ва объекти Точечный рисунок бошад, барои бо ёрии таҳриргари Paint сохтани расмҳо хизмат мерасонанд.

Барои гузоштани объекти OLE фармони зерини менюи барномаи Word: Вставка®Объект… (Гузоштан®Объект…) хизмат мерасонад. Пас аз иҷрои ин фармон дар экран равзанаи робитавии он пайдо мешавад .

Дар ин равзана рўйхати объектҳои ба матн ҳамроҳшаванда нишон дода мешаванд. Ҳангоми бо ёрии нишондиҳандаи муш интихоб намудани номи яке аз объектҳо ва пахш намудани тугмаи ОК-и равзана, бевосита дар дохили Word барномае ба кор омода мегардад, к ибо ёрии он ин объект сохташуда ба матни ҳуҷҷат хамрох карда мешавад.

Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир. Ҳангоми дар файли алоҳида ҷойгир будани тасвир Ms Word матавонад онро дар ҳуҷҷат Гузорад (Внедряд) ва ё онро бо ҳуҷҷат Вобаста (Связывать) намояд:

Дар ҳолати аввал андозаи интиҳоии файл хеле зиёд мешавад ва ҳангоми тағйирдиҳии тасвир дар файл ба ҳуҷҷат онро такроран бояд гузошт .

Дар ҳолати дуюм андозаи ҳуҷчат зиёд намешавад ва ҳангоми тағйирдиҳии тасир он дар ҳуҷҷат низ ба таври худкор тағйир меёбад. Вале ҳангоми ба дигар компютер гузаронидани ҳуҷчат беҳтар аст, ки ҳолати гузориши ҳуҷчатро бе восита ба файл истифода кунем, дар ҳолати акс мушкилоти барқароркунии вобастагии файл бо ҳуҷҷат тамоми афзалияти вобастакунонии тасвирро барбод медиҳад.

Гузориши тасвир чун намуди объект, аз ҳама авлотар аст. Ин усул бо истифодаи менюи Вставка ►Объект амалӣ мешавад.

  • Агар сурат алҳол сохта нашуда бошад, аз равзанаи Тип объекта (Намуди объект)-и замимаи Создание (Сохтан) бандреро интихоб кардан лозим аст, ки тасвир ба воситаи он барнома сохта мешавад .
  • Агар тавир аллакай мавҷуд бошад, ба замимаи Создание из файла (Аз файл сохтан) гузаштан лозим аст .

Навиштаҷот. Тахриргари формулаҳо

Навиштаҷот чист (Надпись)? Барои дар мавқеи дилхоҳ ҷойгиркунии матн, ба ғайр аз ҷадвал, мумкин аст, ки майдонҳои матн ё навиштаҷот истифода шаванд. Навиштаҷотро чун барандаи ноайёни объекти дилхоҳ дида баромадан мумкин аст. Онҳо инчунин барои вобаста кардани тасвирҳо бо сархатҳо, ҷоришавии як матн дар атрофи матн ва ё тасвири дигар ва инчунин барои ҷойгиркунии сарлавҳа ва поварақҳо дар майдонҳои ҳуҷҷат истифода мешаванд. Инчунин, дар ҳуҷҷат занҷирматнҳоро гузоштан мумкин аст, ки мундариҷаи онҳо матн ё тасвир аст.

Дар ҳуҷчат гузоштани Надпись (Навиштаҷот) ё Текстовое поле (Майдони матнӣ) бо ду роҳ сурат мегирад:

  • бо пахши тугмаи Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ ва ё интихоби банди Рисование аз банди Панели инструментовВид ва бо пахши тугмаи Надпись (Навиштаҷот).
  • ба воситаи иҷрои силсилафариони Вставка►Надпись (Навиштаҷот).

Дар ҳар ду ҳолат нишондиҳандаи муш намуди + -ро мегирад. Ба тарафи чапи тугмаи мушак пахш карда, андозаи лозимии тасвирро қайд кунед.

Барои ноайён кардани сарҳади майдони матнӣ дар лавҳаи таҷҳизотҳои Рисование (Расмкашӣ) тугмаи — Цвет линии (Ранги хатҳо) интихоб карда, банди Нет линии (Хат нест), рангро сафед ва ё ранги фоне, ки майдони матнӣ ранг шудааст, интихоб кардан лозим аст.

Барои гузоштани Фон (Замина) аз тугмаи- Цвет заливки (Рангубор) истифода бояд кард.

Иваз намудани самти навишт дар Навиштаҷот

Баъд аз он, ки барои навиштаҷот майдони лозима қайд карда шуд, якҷоя бо сарҳадоти майдони матн, лавҳаи таҷҳизотҳои Надпись фаъол мешавад. Дар ин лавҳа тугмаи сати матнро тағйир медиҳад. Ин тугма дар ҷадвал низ истифода мешавад.

Тахриргари формулаҳо. Барои таҳрири формулаҳои математикӣ, таҳриргарӣ Microsoft Equation 3.01. истифода мешавад. Барои кушодани ин барнома аз сатри меню банди Вставка-ро интихоб намуда ва дар менюи пайдогардида банди Объект-ро интохоб менамоем: ки дар натиҷа рўихати объектҳо пайдо мегардад . Аз р.йхати объектёои пайдогардида объекти Microsoft Equation-ро интихоб менамоем.

Роҳи осони кушодани таҳриргари формула бо кӯмаки тугмаи фармонии он дар Лавҳаи таҷҳизотҳои Стандартӣ иҷро карда мешавад. Ҷойгир кардани тугмаи банди дар Лавҳаи таҷҳизотҳо бо роҳи зерин иҷро мегардад:

  • аз сатри менюи банди Вид Þ Панели инструментов Þ Настройка-ро интихоб менамоем: ки дар натиҷа равзанаи мубоҳисавии Настройка пайдо мегардад (расми12.4.);
  • аз равзанаи пайдогардида тугмаи қабатии Команды-ро интихоб мекунем;
  • аз рўйхати дар қисми чап пайдошуда банди Вставка- ро интихоб мекунем;
  • аз р.йхати дар қисми рост мавҷудбуда тугмаи фармонии Редактор формулы ба лавҳаи таҷҳизотҳо кучонида мешавад.

Барои кушодани таҳриргари формула аз лавҳаи таҷҳизотҳо тугмаи фармонии онро пахш мекунем, ки дар натиҷа лавҳаи таҷҳизотҳои онон пайдо мегардад.

Дар қатори аввал 10 пиктограмма ҷойгир шудааст, ки дар ҳар кадомаш гурўҳи аломатҳо (амалҳои математикӣ: аломатҳои юнонӣ ва ғайра) ҷойгир карда шудааст. Дар қатори дуюм пиктограммаҳое ҷойгир шудаанд: ки барои ба кор даровардани қолабҳои формулаҳои (матрисаҳо, суммаҳо, интегралҳо ва ғайра) нисбатан маъмул истифода мешаванд. Ба ғайр аз ин менюи Word ба менюи формулаҳои таҳририи математикӣ иваз мешавад .

Менюи таҳририи формулаҳои математикиро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем:

  • Файл — бандҳои муқаррарии кор бо файлҳо: сабт кардан ва чоп кардани ҳуҷҷатҳо ва ғайраро дар бар мегирад;
  • Правка — бандҳо барои таҳрирри формулаҳоро дар бар мегирад;
  • Вид масъалаҳои банд додани ҳаҷми инъикоси формулаҳо, идоракунии лавҳаи таҷҳизотҳо, нав кардани экранро дар бар гирифтааст;
  • Формат — бандҳои баробаркунӣ: тағйир додани қолаби матрисаҳо: муқаррар кардани фосилаи байни аломатҳои формулаҳоро дар бар мегирад;
  • Стиль — бандҳоеро дар бар гирифтааст, ки намуди ҳарфҳо барои аломатҳои формулаҳои математикӣ: матнҳо,: функсияҳо ва ғайраҳоро иҷро мекунанд;
  • Размер — бандҳоеро дар бар мегирад: ки андозаҳои аломатҳо ва индексҳо дар формулаҳоро муайян мекунанд.

Барои навиштан ва таҳрир кардани формулаҳо амалҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

  1. курсорро ба ҷои ворид кардани формула гузоред;
  2. таҳриргари формуларо ба кор дароред;
  3. барои ворид кардани аломат пиктограммаи лозимиро интихоб карда, аломатро пахш кунед ва ба болои он пахш кунед. Дар натиҷа аломати интихобшуда дар ҷойи муқарраргашта пайдо мешавад. Формула бо ҳамин роҳ навишта мешавад;
  4. роҳи аз таҳриргари формула баромадан. Ин корро барои давом додани таҳрири матн иҷро мекунанд. Амали аз формула баромадан бо роҳи берун аз формула пахш кардани муш иҷро мегардад.

Баъзан формулаи пештар навишташударо таҳрир кардан зарур мешавад. Барои иҷрои ин ба болои майдони формула мушpo ду маротиба пахш мекунед. Ҳангоми иҷро кардани ин амал, таҳрири формула фаъол мегардад. Аломати лозимаи формуларо бо воситаи муш ҷудо мекунед. Ба формула аломатҳои нав илова мекунед, аломатҳоро нест мекунед, тағйир медиҳед.

Саволҳо

  1. Чӣ тавр расми бо ёрии дигар барномаҳо сохташударо ба матни ҳуҷчати Ms Word ҳамроҳ кардан мумкин аст?
  2. Объекти OLE гуфта чиро мефаҳмед?
  3. Чӣ тавр дар матни ҳуҷҷати Ms Word аз объектҳои OLE истифода мебаранд?
  4. Равзанаи Вставка картинки –ро чӣ тавр истифода кардан мумкин? Равзанаи Вставка объкет-ро чӣ?
  5. Тадбиқкунӣ ё вобастакунии тасвир чӣ маъно дорад?
  6. Навиштаҷот чист? Тарзи истифодаи он.
  7. Таҳриргари формулаҳо барои чӣ лозим?
  8. Таҳриргари формулаҳоро чӣ тарз истифода бурдан мумкин

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *