Фании Информатика

Кор бо Системаи оператсионии Windows ва Равзанаи «Мой компьютер»

Мақсади дарс: Аз худ намудани усулҳои ҳамоҳангсозии Системаи оператсионӣ, интерфейси истифодабаранда ва дигар параметрҳои корӣ. Омӯхтани технологияи кор бо файлҳо ва папакаҳо бо истифода аз равзанаи Мой компьютер.

Супориши 3.1. Истифода аз «Панель управления»

Тартиби кор

  1. Компютерро ба кор омода созед
  2. Аз менюи асосӣ Панель управления -ро кушоед: ПускНастройкаПанель управления.

Дар натича равазанаи Панель управления пайдо мешавад (расми 3.1.)

Расми 3.1. Панель управления

  1. Дар равзанаи Панель управления нишонаи папкаи клавиатураро дарёб намуда онро кушоед. Дар равзанаи Свойства: клавиатура (расми 3.2.) параметрҳои заруриро тағйир додан мумкин аст. Ҳангоми тағйир додани ягон параметр аввал тугмаи Применить ва пас аз он тугмаи ОК –ро пахш кунед.

Расми 3.2. Равзанаи Свойства: клавиатура

  1. Айнан ҳамин тавр, дар равзанаи Панель управления нишонаи папкаи Мышь – ро ёфта онро кушоед. Дар равзанаи пайдошудаи Свойства: мышь (расми 3.3.), ки аз се замима иборат аст, параметрҳои заруриро тағйир додан мумкин аст.

Расми 3.3. Равзанаи Свойства: мышь

  1. Барои тағйир додани ороиши экран аз равзанаи Свойства: экран истифода намоед. Равзанаи мазкурро тавассути нишонаи экран аз равзанаи Панель управления ё худ бо истифода аз менюи мавзӯӣ кушодан мумкин аст.

Равзанаи Свойства: экран аз замимаҳои зерин иборат аст: Фон, Заставка, Оформление, Параметры…. (расми 3.4.) Ҳар яке аз ин замимаҳоро кушода ба мундариҷаи онҳо шинос шавед.

Расми 3.4. Равзанаи Свойства: экран

Супориши 3.2. Нусхабардорӣ, гузориш ва барҳам додани файлҳо ( папкаҳо) дар равзанаи «Мой компьютер»

Тартиби кор

  1. Дар диски D файли дилхоҳро интихоб кунед ва онро ба папкаи худ нусхабардорӣ намоед.

Барои ин нишнаи файлро ҷудо намуда (ба як маротиба пахш намудани тугмаи чапи мушак) фармони зеринро диҳед: Правка Копировать .

Папкаи худро ҷудо намоед ва фармони зеринро диҳед: ПравкаВставить

Папкаи худро кушоед. Тавре мебинед, дар дохили он файли интихобкардаатон ҷойгир аст.

  1. Дар диски D Ярлыки папкаи худро созед. Барои ин нишондиҳандаи мушакро рӯи папкаи худ гузошта, тугмаи рости мушакро пахш намоед ва аз рӯйхати пайдошуда фармони зеринро интихоб кунед: СоздатьЯрлык.
  2. Ярлики папкаатонро ба мизи корӣ нусхабардорӣ намоед. Барои ин аввал тугмаи Ctrl- ро пахш намоед ва дар айни замон нишондиҳандаи мушакро рӯи ярлики папкаатон гузошта, дар ҳамин ҳолат, нишонаи ярлики папкаатонро аз равзанаи диски D ба мизи корӣ кӯчонед.

Пас аз ҷониби устод санҷидани иҷроиши кор, папкаи сохтаатон ва ярлики онро барҳам диҳед: ФайлУдалить.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *