Фании Информатика

Системаи USENET

USENET яке аз хидматҳои маъмулии Интернет ба шумор меравад. Вай чунин системае мебошад, ки ба ҳамаи истифодабарандагони Интернет имконияти иштирок дар мубоҳисаҳои гурӯҳӣ, ки телеконференсияҳо номида шуда, дар он масъалаҳои гуногун муҳокима карда мешавад, медиҳад. Телеконференсияҳоро инчунин гурӯҳи ахборҳо ҳам меноманд. Дар вақти ҳозира USENET тахминан бо 8000 телеконференсияҳои мавзӯъҳояшон мухталиф сару кор дорад. Вай як намуди инкишофёфтаи почтаи электрониро ифода мекунад, ки хабари почтавӣ на ба истифодабарандаи алоҳида, балки ба гурӯҳҳои мубоҳисавии махсус ташкил карда шуда, фиристода мешавад. Хабари ба телеконференсия фиристодашуда барои ҳар касе, ки муроҷиат мекунад, дасрас аст.
Аввал хабари мо ба сервери таъминкунандаи хидмати Интернет ва сипас ба ҳамаи серверҳое, ки ба он алоқаманданд, мерасад. ҳамин тавр, ба тамоми рӯи замин паҳн мешавад. Хабари телеконференсияҳо аз се то ҳафт рӯз дар серверҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар давоми ин вақт истифодабаранда метавонад хабарро хонда, дар сурати зарурат ҷавоб ҳам гардонад.
Дар муҳити UNESET ташкили телеконференсияҳои ба қадри кифоя маҳдуди махсусгардонидашуда, ки ба муҳокимаи мавзeъҳои муайян равона мегардад, қабул шудааст. Номи телеконференсияҳо тарзе тартиб дода мешаванд, ки аз рӯи онҳо истифодабаранда мавзӯи заруриашро ба осонӣ ҷудо карда тавонад.
Қисми бештари барномаи ҳозиразамони бо телеконференсияҳо коркунанда имкон медиҳанд, ки ҷустуҷӯи телеконференсия, ки ба сифати калимаи асосӣ як қисми номаш гирифта шудааст, ба амал оранд. Дар системаи амалиётии Windows 95 барои кор бо телеконференсияҳо барномаи Internet News, барои Windows 98 Outlook Express пешбинӣ шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *