Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа

1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа

ва шаклҳои истифодаи он

Ҳар кас, сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дорад.

Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ шаклҳои васеи вобастагӣ ба онро асоснок гардонида, ҷаҳони маънавии ҳар одамро ғанӣ мегардонад.

Стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангиро таҳким мебахшанд. Мувофиқи моддаи 27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд. Ҳар як инсон ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи корҳои илмӣ, адабӣ ё ҳунарии ӯ мебошанд, ҳақ дорад”. Моддаи 15-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ҳуқуқҳои зерини ҳар касро эътироф мекунад: а) иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ; б) баҳрабардорӣ аз натиҷаҳои пешрафти илмӣ ва истифодаи амалии онҳо; в) истифода аз ҳифзи манфиатҳои маънавию моддӣ, ки вобаста ба ҳама гуна осори илмӣ, адабӣ ё бадеӣ ба миён меоянду вай муаллифи онҳост.

Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи иштироки озодонаро дар ҳаёти фарҳангӣ кафолат медиҳанд.

Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст.

Моддаи 40-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” (соли 1997) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз баромади иҷтимоӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқод, вазъи иҷтимоию амволӣ, навъи шуғл ҳуқуқҳои зерин доранд: 1) истифодаи озодона аз дастовардҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ; 2) мутобиқи шавқмандиҳо ва лаёқатмандиҳои худ машғул шудан бо ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳавасмандӣ); 3) соҳибият ба моликияти зеҳнӣ, нигоҳдории асрори маҳорати худ, озодона ихтиёрдорӣ кардани дастовардҳои хеш; 4) озодона истифода кардани арзишҳои маънавӣ, эстетикӣ ва ғайра ва доштани дастгирии давлатӣ дар ҳифзи фарҳанги миллии худ; 5) озодона истифода кардан аз сарватҳои фарҳангии худ, фондҳои китобхонаҳо, осорхонаҳо ва бойгониҳои давлатӣ; 6) бе маҳдудият гирифтани таҳсилоти гуманитарӣ ва бадеӣ, озодона интихоб кардани шаклу усулҳои таҳсил; 7) ғамхорӣ кардан барои нигоҳдории мероси гузашта ва дастовардҳои ҳозираи фарҳангӣ; 8) соҳиби хусусии авмоле будан, ки аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд, коллексияҳо ва мавод, биноҳо ва иншоот, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар объектҳои фарҳангӣ; 9) бо мақсади офаридани арзишҳои фарҳангӣ таъсис додани ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ассосиатсияҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; 10) ошкоро манзур кардани натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ дар хориҷа; 11) амалисозии фаъолияти фарҳангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар бо дар назардошти қонунгузории ин давлатҳо.

Барои амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳангӣ мавҷуданд. Инсон ҳақ дорад дар фаъолияти муассисаи фарҳангӣ ширкат варзад ё аз фаъолияти эҷодии он ҳаловат бубарад.

Ҳар кас метавонад аз арзишҳои фарҳангӣ истифода кунад. Моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” номгӯи онҳоро таҳким бахшидааст. Ба арзишҳои миллӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, коллексияи ашёи қадимӣ ва асарҳои санъат, аз ҷумла расмҳо, мусаввараҳо, асарҳои ҳайкалтарошӣ, топонимҳои аҳамияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишӣ, нашрҳои дастхатӣ, осори қадимӣ, дастнависҳои муаллифон, литографияҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, асарҳои нодир, марқадҳои шахсиятҳои маъруф, боғҳо, манзараҳои табиии аҳамияти таърихӣ дошта ва ғайра мансубанд.

Тарғибу ташвиқи мероси миллӣ-фарҳангӣ ва дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи муассисаҳои театрию намоишӣ ва консертӣ, кино ва муассисаҳои тарғиботи видеоӣ, китобхонаҳо, бойгониҳо, клубҳо, хонаҳои маданият, боғҳои фарҳангу истироҳат, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, толорҳои намоиш, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳои таърихию табиӣ, радио ва телевизион, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони (ходимони) фарҳанг ва санъат, марказҳои илмӣ-техникӣ, марказҳои беруназмактабии фарҳангӣ-фароғатӣ, идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, нашриётҳо ва ғайра мебошад.

Барои ҳар одам боздид аз осорхона, истифода аз китобхона ва бойгониҳо ихтиёрӣ аст. Дар муассисаҳои фарҳангӣ барои гирифтани маълумот, ҷамъоварии ҳар гуна мавод шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳангоми иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ одам вазифадор аст, ба қоидаҳо ва тартиботи дохилии муассиса итоат кунад.

2. Ҳуқуқҳои инсон ва дастовардҳои илмӣ-техникӣ

Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он дастовардҳои илм ва техника истифода нашавад. Шаҳодати он телевизорҳо, компютерҳо, дастгоҳҳои видео ва аудио, телефонҳои мобилӣ, антеннаҳои телевизионии маснӯӣ, ҳуҷҷатҳои электронӣ ва ғайра мебошанд. Истифодаи дастовардҳои илмӣ ба миллионҳо одамон кӯмак карда, кори онҳоро осон мегардонад. Одамон дар муддати кӯтоҳтарин метавонанд бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд, ба якдигар маълумотҳои заруриро расонанд, бо ёрии Интернет иттилооти гуногун пайдо карда, онро истифода намоянд.

? Мисолҳои ба Шумо маълуми дастовардҳои илм ва техникаро оред.

Дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илм ва техника одам метавонад сатҳи дониши худро баланд бардорад, аз маводи Интернет истифода карда (ҳуқуқи таҳсил) маълумотҳои гуногунро фаҳмад (ҳуқуқ ба иттилоот), мукотибаи электронӣ дошта бошад (ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ) ва дигар навъҳои истифодаи ҳуқуқҳои худро таъмин намояд. Ҳамчунин таъсири дастовардҳои илм ва техника ба муҳити зист (проблемаҳои экология), вазъи саломатӣ (пешгирии бемориҳои гуногун) ба мушоҳида мерасад.

Одам офарандаи ҳамаи ин воситаҳо буда, метавонад на танҳо истифодаи муваффақона ва оқилонаи онҳоро дар хоҷагӣ, ҳамчунин роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон таъмин намояд.

Тарғиби итилоот ва паҳн кардани асарҳое, ки ба зӯран сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ, ҷангу зӯроварӣ, бераҳмӣ, бадбинии миллию динӣ даъват мекунанд ва шаъну эътибори миллиро паст зада, порнография ва бадахлоқиро ташвиқ мекунанд, манъ аст. Маҳдуд ва манъсозии истифодаи мероси фарҳангӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва дастовардҳои он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Моликияти зеҳнӣ ва ҳимояи он

Озодии эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва дигар навъҳои эҷодиёт бо озодии сухан ва матбуот алоқаманданд, зеро танҳо сухани муаллиф аҳамияти иҷтимоӣ ва арзишмандии асарро муайян мекунад, ё сухан сабаби маҳдудияти ҳуқуқи ӯ мегардад. Озодии эҷодиёт аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад, зеро он натиҷаи меҳнати шахсии ҳар инсон аст. Бо ҳамин асосҳо давлат набояд ба фаъолияти эҷодии шаҳрванд халал расонад ва сензураи давлатӣ муқаррар намояд.

Мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти эҷодиро эътироф мекунад ва ба озодии фаъолияти эҷодӣ дахолат намекунад. Давлат фаъолияти эҷодиро дастгирӣ мекунад ва ба инкишофи он ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонад, эҷодиётро аз дахолати ташкилотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ҳизбҳо ҳифз менамояд, ба амалишавии ғояҳои эҷодӣ кӯмак мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ (ҳавасмандӣ), эҷодиёти театрӣ, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, санъати кино, сирк, телевизион, радио, эҷодиёти анъанавии касбӣ, фаъолияти эҷодии устоҳои халқӣ ва ғайра шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.

Моликияти зеҳнӣ ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкие мебошанд, ки ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инфиродигардонии воситаҳои иштирокдорони аҳдҳои шаҳрвандӣ, маҳсулоти шахсӣ, корҳо ё хизматрасониҳо, чун объектҳои дигар, баробар дониста шудаанд.

Тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои моликияти зеҳнӣ инҳо мансубанд: 1) натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ: асарҳои илмӣ, санъат ва адабиёт, аз ҷумла барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, барномаҳои компютерӣ ва маҷмӯи маълумот; иҷро намудан, фонограммаҳо, ташкили намоиши эфирӣ ё намоиши кабелӣ, ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ, топологияи микросхемаҳои интегралӣ: маълумоти дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ; 2) воситаҳои фардикунонии иштирокдорони аҳдҳои шаҳрвандӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ, номи фирмавӣ: тамғаи мол ва тамғаи хизматрасонӣ; номи маҳали истеҳсоли мол ва нишондодҳои истеҳсолӣ; 3) натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба онҳо баробаркардашуда, ки мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Вақте сухан дар бораи моликияти зеҳнӣ меравад, пеш аз ҳама ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи патентӣ дар назар аст.

?Ба фикри Шумо, моликияти зеҳнӣ чӣ тавр ҳифз карда мешавад?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангӣ, моликияти зеҳнӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *