Арзишмандӣ ва беназирии ҳаёти инсон
1.Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи инсон ба ҳаёт
Мусаллам аст, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсон табиат ва таъиноти ба худ хос доранд ва ҳангоми муқоисаи онҳо, алалхусус агар он байни ҳуқуқҳои як насл гузаронида шавад, муайян кардани афзалияти яке бар дигаре басо душвор аст. Зиёда аз он, муҳимият ва аҳамиятнокии ҳар як ҳуқуқи инсон дар давраҳои гуногуни таърих ба таври гуногун фаҳмида мешуд. Вале чун сухан дар бораи ҳуқуқи инсон ба ҳаёт меравад, чуноне мо медонем, ин ҳуқуқ аз ҷониби умум эътироф гардида, бунёдӣ ва аз ҳама муҳимтарин дониста шудааст. Зеро барои ҳама гуна мавҷудоти зинда ҳамаи ҳуқуқҳои дигар аз ҳуқуқи асосии вай – ҳуқуқ ба ҳаёт, ба мавҷудият бармеоянд. Ҳамаи ҳуқуқҳои дигар барои он хизмат мекунанд, ки ин ҳастиву мавҷудият дар шароитҳои нисбатан мусоидтару бехатар барои зиндагӣ сурат бигирад. Яъне бе ин ҳуқуқ ҳуқуқҳои дигар манфиате надоранд. Пас дар низоми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи рақами аввал аст.
Зиндагӣ, воқеан, ширину беназир аст. Мӯйсафеде 84 сол умр ба сар бурда, пеш аз марг, дар лаҳзаҳои охирини зиндагӣ, бо таассуф гуфтааст: агар ҳазор сол бизиҳӣ ҳам, лаҳзаҳои охирини зиндагӣ боз ҳам ширинтару лазизтар ва азизтару гуворотар мешаванд; кас мехоҳад ақаллан боз соате, дақиқае, сонияе зинда бошад…
Ҳуқуқ ба ҳаёт эълом нагашта, ба одам аз ҷониби касе ба ин ё он андоза дода намешавад, балки вай атои табиат ба инсон бо худи далели таваллуд шуданаш буда, аз одам ҷудонопазир мебошад. Аз ин рӯ ҳуқуқ ба ҳаётро ҳуқуқи табиии инсон меноманд. Ин ҳуқуқ барои ҳамеша дар ҳамаи қитъаҳои замин аст ва одамон ҳамеша — ҳам дар ҷамоаи сохти ибтидоӣ ва ҳам дар тарзи давлатии ҳаёт — баҳри эътирофу ҳифз намудани он кӯшидаанду мекӯшанд. Дар ҳамаи динҳои ҷаҳон фармоише ҳаст ба маънии «Накуш!» Кулли ҷамоаҳо, сарфи назар аз фарқиятҳои милливу фарҳангиашон, барои вайрон кардани ин фармоиш ҷазоҳои сахттаринро пешбинӣ мекарданд ва мекунанд. Маҳз ба шарофати эътирофи ҳуқуқ ба ҳаёт ҷомеаи инсонӣ рушд карда, муносибатҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфтаанд.
Ҳаёт ҳамчун неъмати иҷтимоӣ. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт бо майли одамон ба ҳаёти якҷоя зич алоқаманд аст. «Одам ба одам зинда аст», — фармудааст хирадманде.
Тамоюл ба ҳаёти якҷоя тамоми рафти таърихи инсониятро муайян карда, ба рушди муносибатҳои оилавӣ-авлодӣ, ба бадалшавии меҳнати якҷоя ба меҳнати пурмаҳсул, пайдошавии давлат мусоидат кардааст. Одамон ҳангоми ба даст овардани ғизо, шикор ё муттаҳидшавии қавму қабилаҳо бар зидди ҳайвоноти ваҳшӣ ва қабилаҳои дигар бартариҳои мавҷудияти дастаҷамъонаро дидаву эҳсос кардаанд. Дар ин раванд ҳаёти инсон тадриҷан эътироф гардида, ба сифати неъмати иҷтимоӣ ҳифз шудааст.
Нуқтаи назарҳои фалсафӣ, фарҳангшиносона, динӣ ва таърихӣ оид ба категорияи «ҳаёт». Аз қадимулайём одамон ба худ чунин саволҳо медоданд: ҳақиқат чист, одам кист, баъди марг чӣ мешавад, чӣ тавр бояд зист, маънии зиндагӣ чист? Дар кӯшишҳои посух гуфтан ба ин пурсишҳо фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, таълимот дар бораи принсипҳои нисбатан бунёдӣ ва умумии мавҷудият ва идрок оид ба муносибати одам ба олам пайдо гашт. Самтҳо ва ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ аз ҷумла бо он фарқ мекунанд, ки проблемаи асосии назарии он – муносибати «тафаккур ба ҳастӣ, шуур ва материя»-ро чӣ гуна ҳал мекунанд. Ба ин маънӣ, ҳаёт ҳамчун шакли ҳастии материя яке аз предметҳои асосии омӯзиши фалсафа мебошад. Бинобар ин нуқтаи назари фалсафӣ ба ҳаёт, дарки охиратпазирӣ ва ягонагии ҳастии шахсии инсонӣ ба равшансозии маънии ахлоқӣ ва арзишмандии ҳаёти инсон мусоидат мекунад. Дарки беназирии ҳар як лаҳзаи ҳаёт, маҳвнопазирӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ислоҳнопазирии кирдорҳои содиршуда қодиранд, ки андозаи масъулиятнокии одамро барои амалҳои худ бедор созанд.
Нуқтаи назари фарҳангшиносона ҳаёти инсонро ба сифати қисми фаъоли равандҳои фарҳангии умумибашарӣ ва миллӣ эътироф менамояд. Одам худ ва муқаррароти ҷаҳонбинии худро тавассути адабиёт, санъат, илм, маориф зоҳир мекунад. Ҳаёти инсонро берун аз фарҳанг ва тамаддун, ёдгориҳо ва воқеоту ҳодисоти ҳаёти моддӣ ва маънавии одамон ба худ тасаввур кардан мумкин нест.
Нуқтаи назари динӣ ба ҳаёт ба низоми тасаввурот ва эътиқодмандиҳои одамон такя мекунад. Онҳо бар он асос меёбанд, ки инсон бо як навъ ҳастӣ, мавҷудоти олии бонизому муташаккил робита эҳсос мекунад. Табиати ташкилот метавонад таърифи аниқ надошта, як навъ қуввае (рӯҳҳои табиат, хиради воло), қонуни умумӣ (Дхарма, Дао) ё шахсияти муайяни ғайримоддӣ (Худо, Эллохим, Оллоҳ, Кришна) бошад. Масалан, дар ислом Худованд чун моҳияти комилан даркнашаванда, Офаридгори олам, ки берун аз замону фазост, эълом мешавад: «Ва аз они Худост Машриқ ва Мағриб, пас ба ҳар ҷо рӯ кунед, он ҷо рӯ ба Худост, бе гумон Худо кушоишгару доност» ( «Қуръон, сураи 2 Ал-Бақара (115). Ба ин тариқ, дин инсонро офаридаи Худо ва ҳаётро бошад, чун зуҳури иродаи худовандӣ эътироф мекунад.
Нуқтаи назари таърихӣ. Одам ба як маъние маҳсули таърих аст. Забони инсон, дониши ӯ, малакаи ӯ, ба як сухан, тамоми ҳаёти ӯро таърих меофарад. Ва мутаассифона, таърихи инсоният пур аз ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Шояд касе гӯяд: аксарияти шахсиятҳои маъруф дар таърих сарлашкарон ва ҳокимоне буданд, ки ба империяҳои бузурги иборат аз садҳо мамлакатҳои истилоъшуда ҳукмронӣ мекарданд ва онҳо ин мақоми волоро дар натиҷаи нобуд сохтани қавму қабилаҳо ва халқҳои том соҳиб шудаанд. Ин гуфта фақат то андозаи муайяне дуруст аст ва мавҷудияти мову шумо дар ибтидои ҳазорсолаи сеюм исботи эътирофи арзишмандии ҳаёти инсон чун раванди қонунӣ дар таҳаввулоти инсонӣ мебошад.
? Шумо боз кадом паҳлуҳои ҳаёти инсониро қайд карда метавонед?
2.Проблемаҳои фаҳмиши моҳияти ҳуқуқ ба ҳаёт
Вале қайд кардан ҷоиз аст, ки сарфи назар аз ҳамаи пешравиҳо дар соҳаи фаҳмиши ҳаёти инсонӣ аз ҷониби илмҳои гуногун бисёр чизҳо ҳанӯз кашфу маълум нашудаанд. Чи назарияи дарвинӣ ва чи назарияҳои дигар ҳанӯз ба бисёр саволҳои марбут ба пайдоиши ҳаёт ҷавоби пурра надодаанд. Ҳамин тариқ, сарфи назар аз дастовардҳои ҷиддӣ дар соҳаи тиб имкониятҳои организми инсон то ба охир омӯхта нашудаанд. Файласуфон, табибон, шоирон, рӯҳонииён – ҳама кӯшиш доранд, ки асрори рӯҳи одамиро кашф кунанд, бидонанд, ки баъди марг чӣ ба амал меояд? Хирадманде дуруст гуфтааст: чуноне мо кайҳонро намедонем, ҳамин тавр барои мо олами табиати одам низ номафҳум аст. Вақте яке аз ин масъалаҳо ҳал мегардад, дигараш низ барои одам аён мешавад.
Муайян кардани на танҳо категорияи «ҳаёт», балки лаҳзаҳои пайдоиш ва қатъшавии он ҳам мураккаб аст. Тавре медонем, ибтидо ва интиҳои зиндагӣ ҷиҳати тафсирбахшии сарҳадҳои ҳуқуқ ба ҳаёт басо муҳиманд. Масалан, оё давраи рушди ҷанинро дар батн ба маънии том ҳаёт эътироф карда, ҳуқуқи ҷанинро ба ҳаёт аз лаҳзаи ҳамл ҳифз кардан лозим аст? Дар айни замон муносибате аз ҳама паҳншуда аст: лаҳзае, ки аз он сар карда, бе осебрасонӣ ба ҳаёту саломатии модар тифл пайдо мешавад, ибтидои ҳаёт аст. Эътироф мешавад, ки рушди ҷанин дар охири ҳафтаи 12-ум анҷом ёфта, баъди ин вай шакл мегирад ва 12 ҳафта мӯҳлатест, ки то он замон, инсон, чун қоида, бо хоҳиши худ метавонад ҳомиладориро рафъ намояд. Ҳанӯз дар гузаштаи на чандон дур рафъсозии сунъии ҳомиладоӣ (исқоти ҳамл) дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон чун ҷиноят баррасӣ мешуд. Афзоиши зиёди шумораи аҳолӣ, проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии дар имкониятҳои давлат ифодашаванда бобати кафолат додан ё надодани ҳадди ақали зарурии неъматҳои моддӣ проблемаи назоратро ба тавлиди инсон ба миён оварданд. Бо гузашти айём усулҳои банақшагирии оила ва контрасепсия инкишоф ёфтанд, ба исқоти ҳамл (бо усули дорудиҳӣ ё амалиёти ҷарроҳӣ), ки қаблан бо мулоҳизоти динӣ мамнӯъ буд, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон иҷозат дода шуд ва чуноне ки баъзеҳо эътироф мекунанд, он кори шахсии ҳар зан, ҳуқуқи вай ба ҳаёти хусусӣ гардид.
Агар сухан дар бораи анҷоми ҳаёт, ё ба ибораи дигар гӯем, марги биологӣ равад, вай метавонад ҳам табиӣ ва ҳам ғайритабиӣ бошад. Маълумотҳои имрӯзаи илмӣ имконият медиҳанд, тасдиқ гардад, ки сарҳади байни ҳаёту мамотро ба ҳаёт қодир будани майна муайян менамояд. Одатан, дар амалияи тиббӣ лаҳзаи марг вазъе маҳсуб мешавад, ки дил аз кор монда, ҳамчунин тамоми майна якҷоя бо расидани рагҳои он ба вазъи бебозгашти бешуурӣ, қатъ гардидани нафаскашии мустақилона ва нобудшавии ҳамаи роҳҳои рефлексӣ ҳалок мегардад. Вале баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки ба сабаби зарб дидан ё бемориҳои вазнин ҳалокати пурраи одам ба амал наомада, қишри нимкураҳои мағзи сар ба ҳалокат мерасанд ё ба таври табобатнопазир зарар мебинанд. Дар ин маврид ҷисми одам ба туфайли истифодаи асбобҳои сунъии нигаҳдорандаи ҳаёт ба таври маҳдуд зинда буда метавонад, яъне одам ба ҳоли ба ном «вегетативие» меафтад, ки ин лаҳза ҳалокати узвҳои ба шуури тафаккур ё ба таври умумӣ гӯем, ба нигаҳдории одам ҳамчун шахсият масъул ба амал меояд. Ғайр аз ин дар натиҷаи бемориҳои муолиҷанашаванда одам метавонад ба тадриҷ ва бо азоб бимирад, азиятҳои тоқатнопазири ҷисмонию рӯҳӣ кашад, ё назоратро ба функсияҳои ҷисми худ аз даст дода, ба таври пурра вобаста аз атрофиён гардад, ба ҳоле афтад, ки ақлу ҳушаш дар ҷояш асту аммо шаъну шарафашро таҳқиршуда меҳисобад. Дар ин мавридҳо як қатор масъалаҳои мураккаби ҳанӯз пурра ҳалнагардида пайдо мешаванд: аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт то кадом сарҳадҳо тӯл мекашад ва оё он ҳуқуқи маргро низ фарогир шуда метавонад? Ба таври дигар гӯем, оё ҳуқуқ ба ҳаёт вазифадории зиндагӣ карданро фаро мегирад ва мутобиқан ба ин оё фард ин ҳуқуқро, масалан, бо роҳи худкушӣ ё эвтаназия рад карда метавонад?
Эвтаназия марги осон ва бедардест, ки одамро аз азиятҳои тоқатнопазири ба сабаби бемории муолиҷанашаванда ба амал омада ва дар марҳилаи маргу пеш аз марг будан раҳоӣ мебахшад.
Эвтаназияи ба ном пассив (тезонидани марг аз ҷониби кормандони тиб бо роҳи қатъ кардани амалҳои фаъолонаи табобатию реаниматсионӣ), масалан, аллакай дар дувоздаҳ штати ИМА ошкоро аст. Дар айни замон ба илм ҳолатҳое маълум аст, ки одамон аз вазъи иғмои бебозгаштҳисобшаванда баромадаанд. Ин проблемаи мураккаби ахлоқӣ, рӯҳӣ ва тиббии сарҳади байни ҳуқуқ ба ҳаёту мамот ҳанӯз ҳалли юридикии худро, ақаллан дар сатҳи стандартҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон, пайдо накардааст. Дар айни замон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эвтаназия дар Тоҷикистон ҳамчун куштор ё расонидан то ба куштор арзёбӣ мегардад.
Марги ғайритабиӣ, бар фарқият аз марги табиӣ, бар асари таъсири ягон омили берунӣ ба ҷисми инсон, ки онро ба ҳалокат мерасонад, ба амал меояд. Марги ғайритабиии зӯроварона метавонад натиҷаи ҳам ғайриқонунӣ аз ҳаёт маҳрум кардан ва ҳам кирдори зиддиқонунӣ, яъне куштор бошад.
Ҳар инсон ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазир дорад. Ин ҳуқуқ аз тарафи қонун ҳимоя карда мешавад. ҳеҷ касро худсарона аз ҳаёт маҳрум кардан мумкин нест.
Қисми 1-и моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.
Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқро ба ҳаёт эълом карда, бо ҳамин вазифадории давлатро бобати ҳимоят аз худсарона маҳрум кардан аз ҳаёт таҳким мебахшанд. Сарҳадҳои худсарона ва ба таври қонунӣ маҳрум кардан аз ҳаёт низ аз ҷумлаи масъалаҳои мураккабанд. Худи ибораи «ба таври қонунӣ маҳрум кардан аз ҳаёт» гӯшхарош аст, вале ҳар касе метавонад вазъиятеро тасаввур намояд, ки дар он маҳрум кардан аз ҳаёт дар ҳолатҳои комилан истисноӣ ба амал омада, тадбири воқеан дуруст ва ногузир дониста мешавад. Масалан, оё мо гуфта метавонем, ки куштани душман аз тарафи сарбоз дар вақти набард, дар ҷанги мудофиавӣ дар мавриди риояи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона ғайриқонунӣ буд? Моддаи 2 (қисми 2)-и Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҳаёт маҳрум карданро ҳамчун кирдори вайронкунандаи моддаи мазкур баррасӣ намекунад, агар он натиҷаи истифодаи қувва дар мавриди мутлақо зарурӣ бошад:
- барои ҳимояи ҳар як одам аз зӯроварии ғайриқонунӣ;
- барои амалисозии дастгиркунии қонунӣ ё пешгирии фирори шахси дар асосҳои қонунӣ дастгиршуда;
- барои пахш кардани шӯриш ё исён мутобиқи қонун.
Ба ин тариқ, барои эътирофи қонунии маҳрум кардан аз ҳаёт кофӣ нест, ки маҳрум кардан аз ҳаёт, масалан, баҳри ҳимоя аз зӯроварӣ ба амал ояд, зарур аст, ки он чораи мутлақо зарурӣ бошад ва танҳо дар сурати имконнопазир будани роҳҳои дигари боздошти зӯроварӣ ба амал ояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки умуман дар ҷаҳон тамоюли тафсири васеъи ҳуқуқ ба ҳаёт, баланд бардоштани стандартҳо дар соҳаи ҳифзи ин ҳуқуқ баръало намоён аст. Масалан, дар ташреҳи умумии соли 1982 Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон қайд кардааст, ки ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёт аз давлат андешидани тадбирҳои қатъиро бобати нигаҳдории ҳаёт, масалан, кам кардани ҳодисаҳои фавти атфол ва барҳам додани гуруснагию эпидемияҳо талаб менамояд. Баъди ду сол кумита дар ин соҳа боз ҳам пеш рафта, қайд кард, ки силоҳи қатли ом яке аз таҳдидҳои аз ҳама ҷиддии ҳуқуқ ба ҳаёт аст. Вай тавсия кард, ки истеҳсол, санҷиш, соҳибият, вусъатбахшӣ ва истифодаи силоҳи ҳастаӣ манъ карда, ҳамчун ҷиноят бар зидди инсоният дониста шавад. Мисоли дигари фаҳмиши пурвусъати сарҳади ҳуқуқ ба ҳаётро дар тағйирёбии муносибат ба амалияи истифодаи ҷазои қатл, ки дар сайёра дар сад соли охир ба амал омадааст, мушоҳида кардан мумкин аст.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир оред: ҳуқуқ ба ҳаёт, исқоти ҳамл, қонунан маҳрум кардан аз ҳаёт, эвтаназия.