Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои дастаҷамъона дар ҷаҳон ва дар ҷумҳурии тоҷикистон

1.Моҳияти ҳуқуқҳои дастаҷамъона чун ҳуқуқҳои насли сеюм

Ҳуқуқҳои насли сеюм баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба сабаби вусъат ёфтани мубориза баҳри додани истиқлолият ба мустамликаҳои собиқ ба ташаккули фаъолона шурӯъ карданд. Ин ҳуқуқҳоро ҳуқуқҳои насли сеюм меноманд. Онҳоро фардҳои алоҳида татбиқ карда наметавонанд. Барои татбиқи онҳо кӯшишҳои ҷамоа ё коллективи одамон лозим аст. Чунин ҷамоаҳои одамон дар асоси омилҳо ва шароитҳои миллӣ, фарҳангӣ-забонӣ, ҳудудӣ, табиӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Дар ҳуқуқи байналмилалии муосир ба сифати чунин ҷамоа халқ баромад мекунад.

Халқ низ чун фарди алоҳида ҳуқуқҳои худро дорад. Санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ҳуқуқи халқро ба худмуайянкунӣ, рушди озодона, ифодаи мустақилият, амалисозии ҳокимият, ба Ватан, истифодаи озодонаи захираҳои табиӣ эълом медоранд.

Комилан табиист, ки чунин ҳуқуқҳоро фардҳои алоҳида татбиқ карда наметавонанд. Барои татбиқи ҳаётии онҳо хоҳиш, кӯшишҳои халқ, ифодаи озодона, иродаи ягонаи коллективӣ заруранд. Дар айни замон ҳуқуқҳои дастаҷамъиро озодона татбиқ кардан мумкин нест, онҳо дар асоси қонун, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон, риояи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва конститутсияҳои демократӣ амалӣ мешаванд.

Мусаллам аст, ки татбиқи ҳуқуқҳои дастаҷамъона тавассути иштироки бевоситаи фардҳои алоҳида ба амал меояд. Аммо агар фард ҳини истифодаи ҳуқуқу озодиҳо манфиатхои шахсии худро бо дар назардошти манфиатҳои ҷомеа ва давлат моддӣ гардонад, ҳуқуқҳои дастаҷамъона на ба сифати ҳуқуқҳои инфиродӣ, балки чун ҳуқуқҳои ҷомеа, коллектив, тамоми афрод татбиқ мешаванд. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои дастаҷамъона фарди алоҳида манфиатҳои шахсии худро тобеи манфиатҳои умум мегардонад. Агар фард дар раванди истифодаи ҳуқуқҳои инфиродӣ ба сифати инсон ва шаҳрванд баромад кунад, ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои дастаҷамъона ӯ чун узви ҷамоаи одамон баромад менамояд. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳуқуқҳо на танҳо мансубияти инфиродӣ (инсонӣ ва шаҳрвандӣ), балки мансубияти дастаҷамъона (дар навбати аввал халқӣ) низ доранд. Чунон ки шумо медонед, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инфиродӣ бо мақсади таъмини озодӣ ва мустақилияти ҳар як инсон ва шаҳрванд ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷудо мешаванд. Барои ҳуқуқҳои дастаҷамъона бошад, чунин таснифот хос нест.

Бо вуҷуди ин, ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона байни ҳамдигар алоқаманданд, ҳуқуқҳои дастаҷамъона бар зарари ҳуқуқҳои инфиродӣ татбиқ шуда наметавонанд. Масалан, ҳангоми татбиқи ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ бояд манфиатҳои миллии ҳар як фард ба инобат гирифта шавад. Истифода аз ҳуқуқҳои инфиродӣ низ бояд дар асоси эҳтироми ҳуқуқҳои умум сурат гирад.

?Шумо байни ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона боз чӣ гуна алоқамандиро мебинед? Оё дар ин хусус бо мисолҳо нақл карда метавонед?

  1. Ҳуқуқи халқ ба худмуайнякунӣ

Ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарин ва бунёдӣ мебошад. Ин ҳуқуқи муҳимтарини дастаҷамъонаи халқ аст, зеро дар сурати амалӣ гаштани он дигар ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи халқ – ҳуқуқи халқ ба рушд, ба ифодаи мустақилият ва ғайра татбиқ мегарданд. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ ҳуқуқи бунёдӣ аст, зеро дар асоси он давлати мустақили миллӣ бунёд мегардад, халқ бошад, соҳиби давлат ва истиқлолият мегардад.

Қайд кардан ҷоиз аст: «давлати миллӣ» чунин маънӣ надорад, ки дар чунин давлат танҳо намояндагони як миллат зиндагӣ мекарда бошанд. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ бисёр вақт истилоҳҳои «миллат», «халқ» ва «давлат» чун калимаҳои баробармаъно истифода мешаванд. Созмони Милали Муттаҳид дар асл ҷомеаи муташаккили давлатҳост, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи байнидавлатист. Дар ҳуқуқи байналмилалӣ калимаҳои «миллат» ё «халқ» мансубияти шахс ба давлат шаҳрвандии ӯро ифода мекунанд.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Қисми 3-и моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ ба саргаҳи ғояҳои давраи Маърифат, равандҳои ҳаракатҳои инқилобӣ-озодихоҳӣ ва ғайримустамликонӣ, ки дар асрҳои ХУ11-ХУ111 дар қитъаҳои Аврупо ва Амрико оғоз шуданд, рафта мерасад.

Принсипи халқ ба худмуайянкунӣ дар Оинномаи СММ низ, ки баробарии миллатҳои калону хурдро эълом доштааст, асосӣ мебошад. Он ба «инкишоф додани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо дар асоси риояи принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо» (моддаи 1, банди 2) ва кор кардан баҳри «фароҳам овардани шароитҳои мӯътадил ва мусоид, муносибатҳои осоишта ва дӯстонаи ба эҳтироми принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо асосёфта» (моддаи 55) даъват мекунад. Аммо ҳангоми таҳияи лоиҳаи Оинномаи СММ дар мавриди чӣ гуна маънидод кардани масалан, мафҳуми халқ бар истифода ба худмуайянкунӣ – нисбат ба гурӯҳҳои миллӣ ё гурӯҳҳои мусовӣ ба аҳолии давлат гуногунфикрӣ ба амал омад. Ба ҳамин сабаб ғояи худмуайянкунӣ дар Оинномаи СММ на «ҳуқуқ», балки танҳо «принсип» гардид, ки албатта, ғайримустақим ҳам барои ҳудудҳои зери васоят қарордошта ва ҳам барои ҳудудҳои худидоранашаванда мавриди истифодаанд.

Ғояи худмуайянкунӣ дар дигар ҳуҷҷатҳои СММ низ ифода гардидааст. Дар резолютсияи соли 1952 қабулкардаи Ассамблеяи Генералӣ «Ҳуқуқи халқҳо ва миллатҳо ба худмуайянкунӣ» қайд шудааст, ки ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ барои истифода кардан ба андозаи пурра аз ҳуқуқҳои инсон замина мебошад: ҳар як давлати узви СММ бояд ин ҳуқуқро мутобиқи Оинномаи СММ эҳтиром ва дастгирӣ намояд, аҳолии ҳудудҳои худидоранашаванда ва зери васоят қарордошта ба худмуайянкунӣ ҳақ доранд, давлатҳои мутасаддии идоракунии ин ҳудудҳо бояд барои татбиқи ин ҳуқуқ тадбирҳои амалӣ андешанд. Ба ин тариқ, мақоми ғояи худидоракунӣ аз «принсип» то «ҳуқуқ» боло шуд. Соли 1960 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи «Дар бораи ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамликавӣ додани истиқлолият»-ро қабул кард. Дар ин ҳуҷҷат қонунмандии кӯшишҳои ҳамаи халқҳои мутеъ ба озодӣ ва нақши ҳалкунандаи онҳо баҳри дастёбӣ ва нигаҳдории истиқлолияти худ эътироф карда шуд.

Назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ногузир масъалаи чӣ навъ мувофиқ сохтани эълони расмии ғояи худмуайянкунии халқ бо пешгирии сепаратизм пеш омад. Кӯшиши ҷавоб додан ба он ҳангоми таҳияи «Эъломия дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии марбут ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни давлатҳо мутобиқи Оинномаи СММ», ки Ассамблеяи Генералӣ ба сифати резолютсияи 2625 (ХХУ) қабул кард, ба амал омад. Эъломия ҳамаи муқаррароти асосии дар дигар ҳуҷҷатҳои СММ баёншударо оид ба худмуайянкунӣ ҷамъбаст карда, ғайримустақим нишон медиҳад, ки «ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ» асосан нисбат ба вазъиятҳои мустамликавӣ истифода мешавад. Вай ҳама гуна амалҳоеро, ки метавонанд ба вайрон гардидани тамомияти арзӣ ё ягонагии сиёсии давлатҳои соҳибихтиёр ва мустақили дар амалҳои худ риоякунандаи принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқҳо оварда мерасонанд ва дар натиҷаи он соҳиби ҳукумате мешаванд, ки бе фарқ гузоштан миёни нажодҳо, эътиқотмандиҳо ва ранги пӯст халқи умумии дар ин худуд зиндагикунанда доранд, манъ мекунад. Мавқеи дар эъломия баёнгардида дар ҳуҷҷати хотимавии Конфронси умумиҷаҳонии соли 1993 таҳти васояти СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон гузаронидашуда – Эъломияи Вена ва барномаи амалиёт тасдиқ карда шуд. Дар ин ҳуҷҷат норавоии вайрон кардан ё заиф сохтани тамомияти арзии давлатҳо таъкид гардида, вале ҳуқуқи муваффақшавӣ ба истиқлолият барои халқҳое, ки зери бори мустамлика ва дигар шаклҳои тобеӣ қарор доранд, қайд карда мешавад.

Ҳамаи халқҳо ба худмуайянкунӣ ҳақ доранд. Дар асоси ин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муайян мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона пеш мебаранд.

Моддаи 1, банди 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.

Худмуайянкунӣ шаклҳои гуногун дорад. Худмуайянкуниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ-иқтисодиро ҷудо мекунанд. Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи халқ ба рушди озодона иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси худмуайянкунии сиёсӣ аст. Ин ҳуқуқ бо дигар ҳуқуқи муҳими дастаҷамъона – ҳуқуқи халқ ба озодона ихтиёрдорӣ кардани сарватҳо ва захираҳои табиии худ алоқаманд аст. Масалан, дар Эъломияи СММ «Дар бораи додани истиқлолият ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамликавӣ» (1960) қайд гардидааст, ки рад кардани ҳуқуқи баъзе халқҳо ба худмуайянкунӣ ва мустамликадории ба он асосноккардашуда ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии на танҳо халқҳои мутеъ, балки озод низ халал мерасонад, зеро ба ҳамкории иқтисодии байналхалқӣ монеъгӣ мекунад. Халқҳо метавонанд ва бояд ба сарватҳо ва захираҳои табиии худ барои мақсадҳои хеш ихтиёрдорӣ намоянд.

Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ ҳуқуқи халқ ба озодона, бе дахолати берунӣ муайян кардани мақоми сиёсии худ аст. Усулҳои татбиқи ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунии сиёсӣ бунёди давлати соҳибихтиёру мустақил, ҳамроҳшавии озодона ба давлати соҳибистиқлол ё муттаҳидшавӣ бо он ва ё барқарорсозии ҳама гуна мақоми дигари сиёсии озодона муайянкардаи халқ мебошанд.

Ба таври дигар гӯем, ҳуқуқ ба худмуайянкунии сиёсӣ дар ду шакл татбиқ гардида метавонад: 1) худмуайянкунии дохилӣ ва 2) худмуайянкунии берунӣ.

Худмуайянкунии дохилӣ ба ақаллиятҳои миллии дар доираи давлатҳои алоҳидаи соҳибистиқлол зиндагикунанда мансуб аст. Худмуайянкунии дохилӣ ба худидоракунии минтақавӣ дар дохили давлат ҳуқуқ медиҳад. Чунин худмуайянкунии минтақавӣ дар ду шакл амалӣ шуда метавонад: якум, бо роҳи додани мухторият (автономия) ба воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ (вилоят, кишвар ва ғайра) ва дуюм, дар шакли соҳиби мақоми ҳуқуқии узви федератсия шудани ақаллиятҳои миллӣ дар доираи давлати федеративӣ.

Худмуаяйнкунии берунӣ маънои имконияти бунёди давлати соҳибистиқлолро дорад. Аз ин ҳуқуқ бисёр мамлакатҳои собиқ мустамлика истифода карданд, масалан, дар асри Х1Х шумораи зиёди мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ истиқлолият ба даст оварданд (Бразилия, Венесуэла, Аргентина, Чили ва ғайра); дар асри ХХ бошад, қариб ҳамаи мамлакатҳои Африқо (Конго, Алҷазоир, Ҳабашистон, Танзания, Судон, Ангола, Нигерия ва ғайра) ва собиқ мустамликаҳои аврупоӣ дар Осиё (Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Ветнам, Индонезия ва ғайра) мустақил гаштанд. Ин ҳуқуқ муҳимияти худро имрӯз ҳам гум накардааст, зеро баъзе халқҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам, ҳарчанд ки заминаҳои зарурӣ мавҷуданд, давлати мустақили худро бунёд карда наметавонанд.

Ҳуқуқи худмуайянкуниро санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ кафолат медиҳанд. Мутобиқи банди 3-и моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ «ҳамаи давлатҳои узви ҳамин муоҳида… бояд мутобиқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба амалӣ гардидани ҳуқуқи худмуайнкунӣ мусоидат кунанд ва ин ҳуқуқро эьтиром намоянд».

? Хартияи Африкоии ҳуқуқҳои инсон ва халқҳо ҳуқуқи худмуайянкуниро бо ҳуқуқ ба баробарӣ, ҳуқуқ ба мавҷудият ва ҳуқуқ ба озодшавӣ пурра мегардонад. Чаро? Шумо байни ин ҳуқуқҳо чӣ алоқамандие мебинед?

  1. Ҳуқуқи халқҳо ба истиқлолият ва татбиқи ҳокимият

Дигар ҳуқуқи муҳими дастаҷамъонаи халқ ҳуқуқи барандаи истиқлолият будани он аст. Ҳуқуқи мазкур чунин маънӣ дорад, ки халқ чун манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад онро бевосита ё тавассути намояндагони худ амалӣ гардонад. Халқ ҳокимиятро одатан дар интихоботҳо ва раъйпурсиҳо татбиқ мекунад. Чунин шакли татбиқи ҳокимиятро демократияи бевосита меноманд. Ҳокимият ҳамчунин тавассути мақомоти намояндагӣ, дар навбати аввал Парлумони мамлакат, татбиқ мегардад. Чунин шакли ҳокимиятдориро демократияи намояндагӣ мегӯянд.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи халқи Тоҷикистон ба истиқлолият, ҳуқуқи вай ба мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ, ҳуқуқи баёни озодонаи ирода дар раъйпурсиҳо ва интихобот, иштироки озодона дар интихоби мақомоти намояндагӣ, ҳокимияти қонунбарор эълом дошта шудааст. Байни ин ҳуқуқҳо ҳуқуқи халқ баҳри қабул кардан ва тағйир додани Конститутсия ҷои муҳимро ишғол менамояд. Халқи Тоҷикистон аз ин ҳуқуқ ҳангоми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, ҳамчунин ҳангоми даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 истифода кардааст.

Кафолати муҳими ҳуқуқи халқ ба истиқлолият манъ будани ғасби ҳокимият аз ҷониби ҳар кадом ташкилот ё ҳизб мебошад. Ҳокимият ба халқ мансуб аст. Худи халқ шакли давлат ва тартиби ҳокимиятдориро муайян менамояд. Ягон шахс ё ташкилот ҳақ надорад, ки халқро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.

Чунин кафолатро қисми 4-и моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст: «Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд».

Бо Конститутсияи мо на танҳо ғасби ҳокимият, балки тасарруфи салоҳиятҳои ҳокимият низ манъ карда шудааст. Тибқи қисми 5-и моддаи мазкур «ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст».

Ҳуқуқи халқ ба истиқлолият бо ҳуқуқи халқ ба татбиқи ҳокимият, ифодаи истиқлолият зич алоқаманд аст. Халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст. Ин чунин манъӣ дорад, ки халқ таъиноти моҳиятии ҳокимият, усулҳо ва воситаҳои татбиқи онро муайян менамояд. Масалан, халқ Конститутсияро қабул карда, бо ҳамин шакли идоракунии давлат, тартиби ташкили мақомоти давлатӣ, салоҳиятҳои онҳо, ташкил ва тартиби фаъолияти ҳокимияти қонунбарор, иҷрокунанда ва судӣ, муносибати байниҳамдигарии давлат ва фардиятҳо, ҳукмронии танҳо як идеологияи ягона ё плюрализми (гуногунии) андешаҳо, низоми якҳизбӣ ё бисёрҳизбиро муайян мекунад. Халқ бевосита вакилони халқ ва Президентро интихоб карда, бо ҳамин ҳокимияти қонунбарор ва иҷрокунандаро таъсис медиҳад. Минбаъд парлумон ва Презиент ташаккули ҳокимияти иҷроияро анҷом медиҳанд.

Ба ин тариқ, халқ аз ҳуқуқи татбиқи ҳокимият истифода карда, як қисми салоҳиятҳои худро ба дӯши давлат вомегузорад, давлат бошад, бар ивази ин вазифадор мешавад, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои одамонро риоя ва ҳифз менамояд. Дар ҳама ҳолат давлат, аниқтараш дастгоҳи давлатӣ, ҳокимиятро дар доираи Конститутсияи қабулкардаи халқ татбиқ менамояд.

4. Ҳуқуқи халқ ба истифодаи озодонаи захираҳои табиӣ

Халқ ҳақ дорад, ки захираҳои табииро озодона истифода кунад ва ихтиёрдорӣ намояд. Ҳамаи захираҳои табиии ҳудуди давлат ба халқ тааллуқ доранд. Канданиҳои фоиданок, об, фазои ҳавоӣ, олами ҳайвоноту наботот аз ҷониби давлат моликияти вай эълон гардида, бо ҳамин дахлнопазирии онҳо кафолат дода мешавад. Давлат истифодаи худсарона ва зиддиҳуқуқии онҳоро манъ мекунад. Онҳо аз ҷониби давлат бояд ба манфиати халқ истифода шаванд.

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин маврид давлат ҳам ба маънои ҷуғрофӣ ва ҳам ба маънои сиёсӣ-юридикӣ фаҳмида мешавад. Давлат ба маънои ҷуғрофӣ мамлакат, пеш аз ҳама Ватан аст. Халқ ба ватани таърихӣ ҳақ дорад. Ҳуқуқи халқ ба ватани таърихӣ чун ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ табиӣ аст. Ин ҳуқуқ ба иродаю хоҳиши ягон давлати дигар набояд вобаста бошад. Ҳуқуқ ба Ватан маънии худмуайянкунии ҳудудиро дорад. Ҳудуде, ки дар доираи он халқ таърихан ташаккул ёфта, рушд мекунад, ватани таърихии халқ мебошад ва ҳамаи захираҳои табиии он ба ҳамон халқ мансуб аст.

Давлат ба маънии сиёсӣ-юридикӣ иттиҳоди шаҳрвандон аст. Чуноне ки мо қайд кардем, ҳамаи шаҳрвандони давлат якҷоя халқро ташкил медиҳанд. Ба ин маънӣ захираҳои табиӣ низ моликияти халқ мебошанд.

Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва захираҳои табиии худро бидуни расонидани зарар ба ҳама гуна ӯҳдадориҳое, ки аз ҳамкории байналхалқии иқтисодии ба фоидаи тарафайн асосёфта ва ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, соҳибӣ намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои зисте, ки ба вай тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест.

Банди 2-и моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

Соли 1962 Ассамблеяи Генералии СММ резолютсияи махсусро бо номи «Соҳибихтиёрии доимӣ ба захираҳои табиӣ» маъқул донист. Дар ин ҳуҷҷат фаҳмиши мундариҷаи ҳуқуқ ба истифодаи озодонаи захираҳои табиӣ баён гардидааст. Соҳибихтиёрӣ ба захираҳои табиӣ бояд ба манфиати рушди миллӣ ва некӯаҳволии аҳолии мамлакате, ки ин боигариҳо дар ҳудуди он ҷойгиранд, татбиқ гардад. Кушодан, рушд додан ва ҷойгиркунии ин захираҳо, ҳамчунин ба ин мақсадҳо сарф кардани маблағгузориҳои хориҷӣ бояд тибқи қоидаҳо ва шартҳои озодона муқарраркардаи худи халқ сурат гирад. Фоидаи ба дастомада бояд ба андозаи мувофиқакардаи давлатҳои соҳиби ин сарватҳо ва маблағгузор тақсим гардад.

Халқ татбиқи ҳокимиятро ба ихтиёри давлат дода, соҳибихтиёрии захираҳои табииро низ ба зиммаи вай вомегузорад. Давлат онҳоро аз истифодаи ғайриқонунии берунию дохилӣ ҳимоя мекунад, ба манфиати халқ, рушд ва пешрати ҷомеа истифода мебарад. Дар айни замон халқ бо роҳи раъйпурсӣ тақдири захираҳои табиии ба вай мутааллиқро ҳал карда метавонад. Аз ҷумла дар аксарияти мамлакатҳо оид ба масъалаи додани замин ба моликияти хусусӣ раъйпурсӣ гузаронида мешавад.

?Ба андешаи Шумо, чаро вайрон кардани ҳуқуқи халқҳо ба соҳибихтиёрӣ ба сарватҳои табиии онҳо нисбат ба рӯҳияву принсипҳои СММ мухолиф ва монеае дар роҳи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нигаҳдории сулҳи байни халқҳо эълон карда шудааст? (Ниг. Ба Резолютсияи СММ «Соҳибихтиёрии доимӣ ба захираҳои табиӣ», 1962).

  1. Ҳуқуқи халқ ба рушд

Рушди озодонаи халқ дар асоси ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи дар боло зикршудаи халқ (ба худмуайянкунӣ, соҳибихтиёрӣ, татбиқи ҳокимият, захираҳои табиӣ) таъмин карда мешавад. Халқ ҳуқуқи рушд дорад. Ин ҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва риоя мешавад. Принсипи баробарии имкониятҳо барои рушд бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гузошта шудааст. Ва чуноне ки мо қайд кардем, дар Паймони байналналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст, ки ҳамаи халқҳо бар асоси худмуайянкунӣ ҳақ доранд, «рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона пеш баранд» (моддаи 1).

Соли 1986 Ассамблеяи Генералии СММ «Эъломия дар бораи ҳуқуқи рушд»-ро қабул кард. Дар ин ҳуҷҷат бори аввал ҳуқуқи рушд ба танзим дароварда, нишон дода шудааст, ки барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои оммавӣ ва дағал, ки натиҷаи мустамликадорӣ ва навмустамликадорӣ, апартеид ва ҳамаи шаклҳои дигари нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ, ҳукмронии хориҷӣ ва истилоъ, таъқибот ва таҳдид ба соҳибихтиёрии миллӣ, ягонагии миллӣ, тамомияти арзӣ ва таҳдиди ҷанг мебошанд, ба фароҳам овардани шароитҳо баҳри кӯмакрасонӣ ба рушди ҳуқуқҳои чи инфиродӣ ва чи дастаҷамъона мусоидат мекунанд. Эъломия алоқамандии онро бо дигар ҳуқуқҳои дастаҷамъона таъкид менамояд:

«1. Ҳуқуқ ба рушд ҳуқуқи ҷудонопазири инсон ба шумор рафта, бар асоси он ҳар як инсон ва ҳамаи халқҳо ҳуқуқ доранд, дар чунин рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсие иштирок намоянд, ки дар он ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ амалӣ шаванд, ҳамчунин ба вай кӯмак кунанд ва аз неъматҳояш баҳравар гарданд.

2. Ҳуқуқи инсон ба рушд ҳамчунин ба андозаи пурра татбиқ гардидани ҳуқуқи халқҳоро ба худмуайянкунӣ, ки тибқи муқаррароти дахлдори ҳар ду Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон татбиқи ҳуқуқи ҷудонопазири онҳо ба соҳибихтиёрии пурра ба ҳамаи сарватҳо ва захираҳои табиии худро фаро мегирад, дар назар дорад».

Моддаи 1-и Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқи рушд

Ҳуқуқ ба рушд дар Эъломияи Венагии соли 1993 мавқеи намоёнро ишғол мекунад ва дар ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии дигар мулоқотҳои калон дар сатҳи олӣ ва конфронсҳои СММ, аз ҷумла дар Эъломияи ҳазорсола нишон дода шудааст.

Дар Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба рушд қайд гардидааст, ки давлат ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст сиёсати миллии рушди ба муттасил баланд бардоштани некӯаҳволии тамоми халқ ва ҳамаи одамони алоҳида нигаронидашударо дар асоси иштироки фаъолона, озодона ва қобили қабули онҳо дар инкишоф ва тақсими боадолатонаи неъматҳои дар рафти он ҳосилшуда муайян намояд. Мафҳуми «рушд» бо ғояи адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст. Барои рушд на танҳо ва на ҳар қадар офариниши арзишҳои моддӣ ва нигаҳдории захираҳо, балки тақсимоти беодолатона низчи байни давлатҳо ва чи дар дохили мамлакат зарур аст. «Рушд» на танҳо маънии «болоравӣ»-ро дорад, ки бо чунин бузургиҳои начандон беҷурми самаранокии иқтисодӣ чун масалан, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) чен карда мешавад. Агар болоравӣ гирифтани чизи бештаре бошад, пас рушд гирифтани чизи беҳтаре барои халқ аст.

Бинобар ин ҳуқуқи рушд якчанд ҳуқуқҳои мустақил ва принсипҳоеро фаро мегирад, ки татбиқи ин ҳуқуқ аз онҳо вобаста аст:

— ҳуқуқи худмуайянкунӣ;

— ҳуқуқи халқ ба соҳибихтиёрии пурра ба сарватҳо ва захираҳои табиӣ;

— иштироки халқ дар рушд;

— баробарии имкониятҳо;

— фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

Яқин аст, ки татбиқи ҳуқуқи рушд танҳо дар шароити набудани ҳукмфармоии берунӣ, таҳдиди ҷанг, фишори сиёсӣ, иқтисодӣ, дар вазъи ором ва эътидол дар дохили мамлакат, дар мавриди баробарии имкониятҳо барои ҳама, ки марбут ба дастрасӣ ба захираҳои асосӣ, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ғизо, манзил, шуғл,тақсими боадолатонаи даромадҳо, дар мавриди зарурат гузаронидани ислоҳоти марбутаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, имконпазир мебошад.

Ҳамаи ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи баррасикардаи мо бо ҳамдигар алоқаманд буда, бо ҳамин тамом намешаванд. Боз чунин ҳуқуқҳои халқро чун масалан, ҳуқуқ ба баробарҳуқуқӣ, ба сулҳ ва худҳимоя, ба ҷуброн дар сурати расонидани зарар ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ ва ғайра, ки мавҷудият ва шукуфоии халқҳои ҷаҳон аз онҳо вобаста мебошад, номбар кардан мумкин аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳои дастаҷамъона, худмуайянкунӣ, соҳибихтиёрӣ, демократияи бевосита ва намояндагӣ, ҳуқуқи татбиқи ҳокимият, захираҳои табиӣ, ватани таърихӣ, ҳуқуқи рушд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *