Фанни Ҳуқуқи инсон

Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ

1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангии инсон: мафҳум, хусусиятҳо

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳо мебошанд, ки рушди маънавии инсонро кафолат дода, ба кас кӯмак мекунанд, иштирокдори пешрафти маънавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гардад. Онҳо аз ҷониби инсон дар раванди фаъолияти маънавӣ ва эҷодӣ ва шиносоӣ бо зебоӣ амалӣ гардонда мешаванд.

Истилоҳи «фарҳанг» (аз лот. Сultua-рӯёнидан, сабзонидан) дар ибтидо маънии соҳиби донишҳо ва таҷриба шудани инсонро дошт. Ба маънии васеъ зери мафҳуми фарҳанг ҳамаи дастовардҳои инсоният, ҳамаи он чи ки инсон офаридааст, фаҳмида мешавад. Аз ин рӯ фарҳангро ба моддӣ ва маънавӣ ҷудо мекунанд. Фарҳанги моддӣ соҳаи истеҳсолоти моддӣ: техника, васоити коммуникатсия, биноҳо, иншоот, нақлиёт, роҳҳо, манзил, асбобҳои рӯзгор, либос ва ғайраро фаро мегирад. Фарҳанги маънавӣ дар худ соҳаи истеҳсолоти маънавӣ ва натиҷаҳои он: дин, фалсафа, ахлоқ, санъат, илм, анъанаҳо, одатҳо ва ғайраро шомил месозад. Байни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ягонагии амиқ мавҷуд аст, зеро ҳар дуи онҳо натиҷаи фаъолияти инсон мебошанд, ки дар саргаҳашон дар ниҳояти кор ибтидои маънавӣ-ғояҳо, лоиҳаҳо, андешаҳои инсон, ки ӯ ба шакли моддӣ муҷассам месозад, меистанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳое мебошанд, ки имкониятҳои инсонро оид ба амалӣ гардонидани муносибатҳои фарҳангии ба рушди маънавии ҷомеа нигаронидашуда ифода менамоянд.

Ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ мансубанд: ҳуқуқи таҳсил, ҳуқуқи озодона иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқи дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, ҳуқуқ ба эҷодиёт, ҳуқуқи истифодаи натиҷаҳои пешрафт ва ғайра. Ҳамаи онҳо дар низоми ягона байни ҳам алоқаманданд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ барои рушди ҳар як инсон, ҷомеа ва давлат аҳамияти муҳимтарин доранд. Рушди фарҳанг ҳуқуқ ва қарзи ҳар як миллат аст. Ба ҳар кас дастрасӣ ба дониш ва имконияти ҳаловат бурдан аз санъат ва адабиёти ҳамаи халқҳо, иштирок кардан дар пешрафти илм дар ҳамаи гӯшаҳои кураи Замин, истифода намудан аз неъматҳои он ва кӯмак кардан ба ҳаёти фарҳангӣ бояд таъмин карда шавад. Ҳамаи давлатҳо бобати демократикунонии фарҳанг, таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ, кафолатҳои ширкат варзидан дар натиҷаҳои он бе ягон маҳдудият бояд тадбирҳо андешанд. Давлатҳо вазифадоранд, ки барои ҳифзи озодии эҷодиёт шароитҳо фароҳам оранд, ба кормандони эҷодӣ кӯмак расонанд, онҳоро бо ҳуқуқи таъсис додани иттифокҳои касаба баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва ғайра таъмин намоянд.

Дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои фарҳангии инсон бевосита ба доираи вазифаҳои дар назди ташкилоти махсусгардонидашудаи СММ-ЮНЕСКО истода дохил мешаванд. Ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ хусусиятҳое хосанд, ки онҳоро аз дигар гурӯҳи ҳуқуқҳо ва озодиҳо фарқ мекунонанд. Онҳо бо тавлиди муносибатҳои фарҳангӣ дар ҷомеа, бо пайдошавии озодии эҷодиёт ба миён меоянд, вале чун анъана онҳоро ба насли дуюми ҳуқуқҳо мансуб медонанд, зеро эътироф ва таҳкими ҳуқуқии онҳо ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дошта, аз шаҳрвандӣ ва ё раияти ин ё он давлат будани инсон вобаста нестанд. Онҳо дар худ асосан озодиҳои гуногунро таҷассум мекунанд, масалан, озодии ҳар кас ба эҷодиёт, озодии истифода аз воситаҳои ахбори омма ва ғайра.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ метавонанд инфиродӣ ё дастаҷамъона бошанд. Масалан, ҳуқуқи таҳсил, ҳуқуқи истифода аз забони модарӣ, ҳуқуқи муаллифии асари адабӣ ё мусиқӣ ба таври инфиродӣ амалӣ мешаванд, аммо ҳуқуқи нигоҳдории фарҳанги миллӣ, одатҳо, эътиқод, ки ба ақаллиятҳои миллӣ, миллатҳо ва халқҳои алоҳида тааллуқ доранд, дастаҷамъӣ мебошанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ бо мақсади таъмини эътирофи зарурӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигар одамон, маънавият, тартибот ва некӯаҳволӣ дар ҷомеа метавонанд ба таври қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Масалан, озодии эҷодиёт чунин маънӣ надорад, ки ба одам ҳама чиз мумкин бошад, бинобар ин вай дар асарҳои худ набояд меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ё қоидаҳои ҳуқуқиро вайрон кунад. Асарҳои адабӣ, мусиқӣ, бадеӣ, иттилоот дар ВАО набояд нажодпарастӣ, миллатгароӣ, душманӣ, бадбинии иҷтимоию диниро тарғиб кунанд.

2. Низоми ҳуқуқҳои фарҳангӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ байни ҳам алоқаманданд ва низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои фарҳангӣ дар моддаҳои 26-27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 13-15-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ зикр гардидааст. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ ҳамчунин дар конститутсияҳо ва қонунгузориҳои бисёр мамлакатҳои ҷаҳон инъикос ёфтаанд.

?Моддаҳои зикршудаи ин санадҳои байналмилалиро бодиққат омӯзед: дар онҳо кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд?

Ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ байни ҳам алоқаманд буда ва онҳо дар якҷоягӣ бо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон амал карда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба тартиб меоваранд.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои асосии фарҳангӣ мансубанд: иштироки озоди ҳар кас дар ҳаёти фарҳангии мамлакат ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ (моддаи 40); ҳуқуқи таҳсил (моддаи 41).

Татбиқи ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ бо амалисозии ҳамаи гурӯҳҳои дигари ҳуқуқҳои инсон зич алоқаманд аст. Чунончи, ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ чун озодии сухан, озодии матбуот, ҳуқуқи истифодаи иттилоот ҳуқуқҳои фарҳангӣ чун муҳаррики ин ҳуқуқҳо баромад мекунанд. Озодии эътиқод низ бо дин ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ зич алоқаманд аст. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ бо ҳуқуқҳои иқтисодӣ алоқамандии зич доранд, масалан, онҳо ҳангоми интихоби касб, кор ва ихтисос чун асос баромад мекунанд. Ҳамин тавр, ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ дар маҷмӯъ бо ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низоми ягонаи муносибатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки ба рушди минбаъдаи ҷомеа мусоидат мекунанд.

3. Рушди фарҳанг ва амалишавии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ

Инкишофу пешрафти дар ҷомеа баамалоянда, пеш аз ҳама, бо дараҷаи рушди илму маориф тавсиф меёбад. Тоҷикон фарҳанг ва арзишҳои маънавии бой доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси фарҳанги бузург дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои бо худ хосро ишғол намуда, байни ҳамаи халқҳо ва миллатҳо обрӯю эътибори арзанда дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбии худ ба инкишофи соҳаи фарҳанг аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳанӯз соли 1924 дар Тоҷикистон Комиссариати халқии маориф ташкил шуда буд, ки ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маънавии аҳолӣ роҳбарӣ мекард.

? Таблисаро бодиққат омӯзед. Ба фикри Шумо, кадом омилҳо ба баланд гардидани сатҳи маърифати аҳолӣ таъсир мерасонанд?

Яке аз навъҳои муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо (музейҳо) мебошанд, ки аз таърих ва ҳаёти халқҳои мамлакат маводи зарурӣ гирд оварда, ба одамон баҳри шиносоӣ манзур мекунанд. Ҳар кас метавонад озодона ба осорхона рафта, бо таърих ва фарҳанг шинос шавад. Дар Тоҷикистон Осорхонаи давлатии бо номи Камолиддин Беҳзод, Осорхонаи археология ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ғайра мавҷуданд, ки ҳар кас метавонад он ҷо рафта, ҷаҳони маънавии худро бой гардонад.

Шаҳрвандон донишҳои худро ҳамчунин дар китобхонаҳо бой гардонда метавонанд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ соли 1933 таъсис ёфтааст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо шабакаҳои радио ва телевизион барои халқ хизмат мекунанд. Радиостансияи аввалин дар Душанбе ҳанӯз соли 1933 ба кор шурӯъ карда буд. Нахустин барномаи телевизиони Тоҷикистон 7 ноябри соли 1959 пахш гардид. Аз он замон то имрӯз барномаҳои онро одамон тавассути антеннаи 192 метраи студияи телевизион тамошо мекунанд.

Сокинони ҷумҳурӣ иттилооти гуногунро аз ВАО, аз ҷумла рӯзномаҳо мегиранд. Аввалин рӯзномаҳо ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ чоп шуда буданд: “Бухорои шариф”(соли 1911), “Тоҷикистони советӣ”(соли 1925), “Красный Таджикистан” (соли 1928), “Раҳнамои дониш” (соли 1926), “Роҳбари дониш” (соли 1927), “Иди тоҷик” (соли 1929) ва ғайра.

Мусиқӣ яке аз шаклҳои маъмули санъат аст. Вай бо пайдоиши одам арзи вуҷуд карда, яке аз воситаҳои фароғат, орзую хаёлҳои ширин ва рӯҳбаландӣ ба муборизаву корномаҳо маҳсуб мешавад. Дар таърихи халқи тоҷик навъҳои мусиқиҳои «Шашмақом», «Фалак»маъмуланд.

Аз ҷумла «Шашмақом» имрӯз барои рушди мусиқии классики тоҷик таъсири пурсамаре мерасонад. Аввалин мактабҳои мусиқӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (соли 1934) ва Душанбе ташкил ёфта буданд. Имрӯз дар Тоҷикистон Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъат, даҳҳо омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои мусиқӣ фаъолият доранд.

Халқи тоҷик бисёр ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои динии дорои анъанаҳои қадимӣ мебошад. Инҳо аз ҷумла ҷашни миллии Наврӯз, идҳои Рамазон ва Қурбон, тӯйҳои арӯсӣ, хатнасур, зодрӯзҳо ва ғайраанд.

Ҳуқуқҳои фарҳангӣ, барқарорию амалисозии онҳо дар ҷомеа барои рушди маънавӣ бо роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шароитҳо фароҳам меоранд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фарҳанг, ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ, низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *