Фанни Ҳуқуқи инсон

Демография ва ҳуқуқҳои инсон

1.Мафҳуми «демография»

Демография ҳамчун илми мустақил қонунмандӣ ва омилҳои чунин зуҳуроти ҳаёти инсониро чун тавлид, фавт, никоҳ ва қатъи никоҳ, аз нав ба вуҷудоии ҷуфтҳои ҳамсарон ва оилаҳо, аз нав ба вуҷудоии аҳолӣ чун умуман, ягонагии ин равандҳо муайянкунанда ва ба онҳо таъсиррасонанда меомӯзад; вай тағйироти сохторҳои синнусолию ҷинсӣ, никоҳӣ ва оилавии аҳолӣ, алоқамандии байниҳамдигарии равандҳо ва сохторҳои демографӣ, ҳамчунин қонунмандиҳои тағйироти шумораи умумии аҳолӣ ва оилаҳоро чун натиҷаи амали байниҳамдигарии ин зуҳурот таҳқиқ мекунад.

Демография (аз юнонии demos – халқ, grapho –менависам) илм дар бораи қонунмандиҳои аз нав бавуҷудоии аҳолӣ, вобастагии он аз характери шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, табиӣ, муҳоҷират мебошад, ки шумора, ҷойгиршавии ҳудудӣ ва ҳайати аҳолӣ, тағйироти он ва сабабу оқибатҳои ин тағйиротро меомӯзад.

Тавре мебинем, ҳуқуқҳои инсон бо проблемаҳои демографӣ, бо фарогирии масъалаҳои тавлид, муҳоҷират, фавт зич алоқаманданд. Риояи чунин ҳуқуқҳои инсон чун ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба ташкили оила, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба ҳаёти шоиста, ҳуқуқи ҷойивазкунии озодона ва бисёр ҳуқуқҳои дигар бевосита ё бавосита ба проблемаҳои демографӣ таъсир мерасонанд.

Проблемаи асосии демографӣ проблемаи глобалии инсоният вобаста ба афзоиши бардавоми аҳолии рӯи Замин аст, ки назар ба болоравии некӯаҳволии иқтисодӣ босуръаттар буда, дар натиҷаи он проблемаҳои таъминот бо хӯрокворӣ ва дигар проблемаҳои ба ҳаёти аҳолии ин мамлакатҳо таҳдидкунанда беш аз пеш шиддат мегиранд. Мамлакатҳои гуногуни дунё бо мақсади сабуксозии ин проблема бо дар назардошти вазъи дохилии демографӣ кӯшиш мекунанд, ки сиёсати миллии демографиро амалӣ гардонанд.

Сиёсати демографӣ маҷмӯи чорабиниҳои давлатиест, ки ҳадаф аз он муваффақшавӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ дар дурнамои дарозмӯҳлати навъи аз нав бавуҷудоии аҳолӣ мебошад.

Ҳангоми амалисозии сиёсати демографӣ диққати асосӣ ба проблемаҳои тавлид, фавт, фавти атфол, муҳоҷирату кӯчбандӣ ва шаҳришавии аҳолӣ нигаронида мешавад.

Сиёсати давлатии демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии сиёсати иҷтимоӣ буда, давлат бо амалисозии он проблемаи ба эътидол овардани равандҳои демократиро бо дар назардошти шароитҳои тағйирёбандаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии мамлакат ҳал мекунад.

Принсипҳое, ки сиёсати демографӣ дар Тоҷикистон бояд дар асоси онҳо амалӣ гардад, ба таври қонунӣ таҳким бахшида шудааст. Ин принсипҳо чунинанд: эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯ; норавоии ҳама гуна шаклҳои табъиз; асоснокии илмӣ, томият; инсондӯстӣ; ба назар гирифтани манфиатҳои умумидавлатӣ ва коллективӣ, ҳамчунин манфиатҳои оила дар доираи хусусиятҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, таърихӣ ва маънавии онҳо; ва дигар принсипҳое, ки ба эҳтироми ҳуқуқҳои инсон асос ёфтаанд.

  1. Хусусиятҳои вазъи демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хусусиятҳои рушди вазъи демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигаргуниҳои глобалии сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар фазои баъдишӯравӣ асос ёфта, ҳамчунин бо ҷанги шаҳрвандӣ, бадшавии шароити зиндагонии аҳолӣ, ба амал омадани муносибатҳои бозорӣ, қисман вайрон шудани сохтори ҷинсию синнусолии аҳолӣ, коҳидани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, дигаргуншавии сохтори миллии аҳолӣ ва кам шудани ҳиссаи он қисми аҳолӣ, ки майл ба сӯи камфарзандӣ дошт, вобаста аст.

Вазъи умумии демографӣ бо дараҷаи баланди тавлид ва фавти нисбатан ками аҳолӣ, аммо фавти зиёди атфолу модарон, сатҳи пасти шаҳришавӣ ва дараҷаи баланди муҳоҷирати меҳнатии берунӣ характернок аст.

Тавлид, давомнокии ҳаёт ва фавт. Агар то соли 1990 шумораи аҳолии мамлакат соле ба ҳисоби миёна 3-4 фоиз афзуда бошад, он дар солҳои 1990-2000 ба ҳисоби миёна 1,5 – 1, 8 фоизро ташкил дод. Умуман, дар мамлакат дар солҳои 1990-2000, мувофиқи маълумоти мақомоти оморӣ, камшавии шумораи мутлақи аҳолии фавтида ва пастшавии фавти аҳолӣ ба мушоҳида расид. Чунончи, соли 1990 коэффисиенти умумии фавти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6,2 ва соли 2000-ум бошад, ба 4,7 баробар буд. Дар солҳои 1990-1998 коэффисиенти фавти атфол (фавти кӯдакон дар соли авали ҳаёт) аз 40,7 то 23,4 кам шуд.

Дар айни замон маҳз дар зарфи даҳ соли охир пастравии сатҳи зиндагӣ, камшавии дастрасии аҳолӣ ба хадамоти нигаҳдории тандурустӣ, гирифтории аҳолӣ ба бемориҳои сирояткунандаву туфайлӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамаи ин метавонад ба афзоиши фавти аҳолӣ, махусуан фавти атфол, мусоидат кунад.

Дар мамлакат ҳамчунин тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои давомнокии ҳаёт мушоҳида мешавад. Чунончи, соли 1989 ин нишондиҳанда 69, 4, аз ҷумла дар байни мардон 66,8 ва дар байни занҳо 71,7 сол буд. Соли 1997 ин рақамҳо мутаносибан то 68,4 сол, яъне байни мардон то 65,6 ва байни занҳо то 71,3 сол кам шуд.

Дар деҳот низ шумораи тавлид кам шуд. Вале он дар муқоиса бо шаҳрҳо зиёд аст. Инро сабаб ба андозаи муайян нақши баланди иқтисодии кӯдакон дар оила, пурзӯршавии функсияҳои истеҳсолию хоҷагии оила, қолабҳои ташаккулёфтаи тафаккур, шароитҳои меҳнат ва маишат аст.

Шумораи аҳолӣ. Афзоиши нисбатан тези шумораи аҳолӣ ва суръати пасти рушди иқтисодӣ нишондиҳандаи сарбории демографиро зиёд мекунад. Чунончи, соли 1989 ба 100 нафар одами синну солаш қобили меҳнат 175 нафар одами синну солаш ғайри қобили меҳнат рост меомад. Соли 1998 ин нишондиҳанда 184 нафарро ташкил дод. Мувофиқи ҳисобҳои тахминии пешакӣ дар солҳои наздик афзоиши солонаи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 1,9 – 2,1 фоизро ташкил хоҳад дод.

Дар вазъи камбизоатӣ умр ба сар бурдани қисми асосии аҳолӣ имкон намедиҳад, ки одамон ғизои пурқувват, либосу пойафзол, манзилу маишати хуб дошта бошанд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёди ҷиддӣ бобати банақшагирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди тавлид солҳои минбаъда низ боқӣ хоҳад монд.

Муҳоҷират ва кӯчбандӣ. Шаҳришавӣ

Муҳоҷирати аҳолӣ ҷойивазкунии одамон (муҳоҷират) тавассути сарҳадҳои маъмурӣ ва давлатии ин ё он иттиҳодияҳои ҳудудӣ бо мақсади ба таври доимӣ ё муваққатӣ иваз кардани ҷои зист аст.

Кӯчбандӣ (эмигратсия) рафтани одамон берун аз марзи давлати мансубияти шаҳрвандии худ барои иқомати доимӣ ё муваққатӣ мебошад.

Шаҳришавӣ пешрафти шаҳрҳо, баланд гардидани вазни қиёсии аҳолии шаҳрҳо дар мамлакат аст.

Солҳои 1990-2000 бо муҳоҷирати басо калони аҳолӣ аз ҷумҳурӣ характернок аст ва дар назар аст, ки ин тамоюл бо камшавии то 10-14 ҳазор нафар муҳоҷир дар як сол минбаъд низ боқӣ мемонад. Ғайр аз ин ба муҳоҷирати берунӣ шумораи басо зиёди муҳоҷирини ғайрирасмӣ ҳамроҳ мешаванд, ки ҳисобу китоби аниқи онҳо басо душвор аст.

Сабаби асосии муҳоҷирати берунии аҳолӣ душвориҳои иқтисодист. Қисми асосии муҳоҷирини берунӣ ҷавононанд, ки оиладоранд ё ҳанӯз оиладор нашудаанд. Аз ҷумҳурӣ рафтани ҷавонони ҳанӯз оиладорнашуда проблемаи камии домодҳоро ба миён меорад, ки ин дар навбати худ боиси вусъати бисёрзанӣ шавад.

Таъсири муҳоҷирати берунӣ ба сохтори ҷинсию синнусолии аҳолӣ (таносуби занҳо ва мардҳо) ва умуман, ба манзараи демографӣ басо бузург аст. Ба муҳоҷират асосан ҷавонмардони қобили меҳнат мераванд. Онҳо аз муҳоҷират бисёр вақт арзишҳои нави ҳаётӣ меоранд, ба ташкили оила бо теъдоди ками фарзандон майл доранд. Қисми зиёди муҳоҷирин афзалтар медонанд, ки вақти бештарашонро дар хориҷа гузаронанд.

Ҷиҳати дигар давом доштани раванди ғайришаҳришавии ҷомеа мебошад. Дар солҳои 1991-2000 ҳиссаи аҳолии шаҳрӣ аз 31,0 то 26,4 фоиз кам шудааст. Ҳамзамон эътироф шудааст, ки дараҷаи шаҳришавии аҳолии мамлакат нишондиҳандаи рушду некӯаҳволии он мебошад, ин нишондиҳанда ҳар қадар баланд бошад, болоравии иқтисодӣ дар мамлакат ҳамон қадар устувортар аст.

Тавлиди зиёд дар деҳот, муҳоҷирати нисбатан ками аҳолии деҳот сабабҳои давом доштани ҷамъшавии қисми асосии аҳолии Тоҷикистон дар деҳот аст. Ҳамзамон дар деҳот бекории чи ошкоро ва чи ниҳони аҳолӣ зиёд мешавад, теъдоди оилаҳои мураккаб (сернасл) меафзояд, шароити зиндагӣ бадтар мешавад.

Маориф ва проблемаҳои шуғли занон. Мутахассисон қайд мекунанд, ки занҳои дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ одатан 2-3 фарзанд таваллуд карда, ба сифати тарбияи онҳо диққати зиёд медиҳанд, онҳо бештар чаққону кордонанд.

Вале ҳадди ақали синну соли бастани ақди никоҳ дар Тоҷикистон (17-солагӣ) ба пастравии сатҳи таҳсилоти занон мусоидат мекунад. Душвориҳои иқтисодӣ, равонӣ, ташкилии оилаҳо низ омилҳое мебошанд, ки монеи таҳсилро давом додани духтарон мешаванд. Ба проблема ҳамчунин норасоии ҷои кор, истифодаи нопурраи ҷойҳои мавҷудаи корӣ, музди пасти меҳнат, шароитҳои начандон қаноатбахши меҳнатӣ, камшавии ҳиссаи занони коркунанда, андозаи ками кӯмакпулиҳо ба сабаби кор накардан, неруи пастравандаи таҳсилотӣ ва касбӣ-тахассусии аҳолӣ, аз ҷумла занҳо, рушди сусти соҳибкории хурд таъсир мерасонад.

Нигаҳдории тандурустӣ ва зиёдшавии давомнокии умр. Шубҳае нест, ки аҳолии саломатиаш суст насли сусту носолим ба дунё меорад ва ин ба наслҳои оянда бетаъсир намемонад. Дар айни замон гирифторшавии аҳолӣ ба шаклҳои фаъоли бемориҳои сил, қубоди С афзуда, фавти модару кӯдак ҳанӯз зиёд аст ва давомнокии миёнаи умри одамон паст меравад. Байни занҳо сатҳи бемориҳое, ки ба сабаби истеъмоли ғизои камқувват, дараҷаи паст ва дастрасии ками хадамоти тиббию санитарӣ ба амал меояд, инчунин таваллуди паиҳам, ки ба заифшавии организми зан ва зиёдшавии хатари фавти вай сабаб мегардад, хеле афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин дараҷаи паҳншавии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда баланд мебошад.

Анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ. Маводи таҳқиқот ва пурсишҳо нишон доданд, ки дар шароити ҳозира анъанаҳои миллие чун кӯшиши волидон баҳри ҳар чи зудтар оиладор кардани писар ё ҳар чи барвақттар ба шавҳар додани духтар, афзалтар донистани тавлиди писар, муносибати манфӣ ба ҷудошавии зану шавҳар, зиндагонии якҷояи фарзандони оиладор бо волидон ба ташаккули оилаҳои серфарзанд таъсири муайяне доранд.

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан пайравони исломанд, ки дар ташаккули шуур, психология ва анъанаҳои халқ нақши калон мебозад. Дар шуури ҷамъиятӣ ислом ва банақшагирии оила гӯё мафҳумҳои ба ҳам номувофиқанд, ки иштибоҳи маҳз аст. Дар айни замон бисёр мамлакатҳои ҷаҳони мусулмони араб ғояҳои банақшагирии оиларо дастгирӣ карда, дар ин самт барномаҳои миллӣ қабул менамоянд.

Никоҳ ва оила. Ба амал омадани муносибатҳои бозорӣ дар шароити сатҳи пасти рушди қувваҳои истеҳсолкунанда, камбизоатии қисми асосии аҳолӣ, заминаи сусти моддӣ-техникӣ ва молиявии хоҷагиҳои коллективӣ, давлатӣ ва оилавӣ, гаронии нархҳои хадамоти маишӣ ба фаъолмандии пурхурӯши функсияҳои иқтисодии оила мусоидат карданд. Дар оилаҳо бо қувваи худ ба тайёр кардани асбобҳои майда-чуйдаи рӯзгор, сохтани хонаҳои истиқоматӣ, шудгори замин, кишту парвариши зироат ва ҷамъоварии ҳосил пардохтанд. Ҳамаи ин корҳо, ки дастӣ иҷро мешаванд, никоҳҳои барвақтӣ ва сарфарзандиро бо мақсади ба меҳнати оилавӣ ҷалб кардани кӯдакон талаб менамоянд.

Вале, мутаассифона, серфарзандӣ дар шароити сатҳи пасти зиндагии оилаҳо ба тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон мусоидат намекунад. Як қисми кӯдакон бо мақсади кӯмак кардан ба волидони худ ба мактаб намераванд, ё ба ном ба мактаб рафта, бо хизматрасонӣ ба мардум машғул мешаванд.

Байни ин кӯдакон ҳодисаҳои ба серӣ хӯрок нахӯрдан ба мушоҳида мерасад, ки боиси бадшавии саломатиашон мегардад. Ба ин тариқ, ба андозаи муайян насли ҷисман носолим, рӯҳан инкишофнаёфта, камсавод, камихтисос ва ғайриқобили кор дар истеҳсолоти технолияаш баланди замони ҳозира ташаккул меёбад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ» (1997) ба муносибати тавлиди фарзанди якум ба андозаи чор маоши ҳадди ақал, фарзанди дуюм ду маоши ҳадди ақал ва фарзанди сеюму фарзандони минбаъда ба андозаи як маоши ҳадди ақал кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад. Кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдакон то расидан ба синни якунимсолагӣ ҳар моҳе ба андозаи 100 фоиз аз маоши ҳадди ақал аст. Таҳқиқот ва пурсишҳои байни аҳолӣ гузаронидашуда нишон доданд, ки ин пардохтҳо ба сабаби ночиз буданашон амалан чи барои ҳавасмандсозӣ ва чи барои маҳдудсозии тавлид нақше намебозанд. Оилаҳо барои тавлиди кӯдакон бар асоси шароитҳои мушаххаси зиндагии худ, нақши иқтисодии кӯдакон дар оила ва ғайра азм мекунанд.

Рушди индустриалӣ. Вазъияти саноат чун нишондиҳандаи сатҳи рушди индустриалии мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо бозистоданҳо аз кор, вайроншавию фарсуда гаштани фондҳои асосӣ характернок буд ва ба ин сабаб Ҳукуматро лозим омад, ки кӯшишҳои худро баҳри барқарорӣ ва анзавсозии саноат равона намояд.

Бо вуҷуди ин ҳиссаи шуғл дар саноат ва дар сохтмон дар зарфи солҳои 1991-2000 умуман, кам гашт. Теъдоди занон, коргарон ва хизматчиёни дар соҳаи иқтисодиёт машғули кор аз 456,2 то 248,6 ҳазор нафар кам шуд. Раванди давомёбандаи ғайрииндустриалии иқтисодиёт ба болоравии бекорӣ, ҷамъоии қисми асосии захираҳои меҳнатӣ дар хоҷагии деҳот, афзоиши ҳиссаи меҳнати дастӣ, пастшавии муҷаҳҳазии техникӣ мусоидат мекунад. Чунин вазъият афзоиши талаботи оилаҳоро ба қувваи корӣ тақозо мекунад, ки алалхусус дар бахши хусусӣ аз ҳисоби тавлид таъмин мегардад.

Ба ин тариқ, барало аён мешавад, ки гузаронидани сиёсати асоси илмӣ доштаи демографӣ бояд соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардад ва ин масъала бояд ба таври максималӣ ҳуқуқҳои инсонро ба эътибор гирад.

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи сиёсати демографӣ

Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои сиёсати демографӣ махсус якчанд санадҳои меъёрии зерқонунӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла: қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015» (аз 06.05.2006) ва «Барномаи татбиқи консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015».

Гузаронидани сиёсати демографӣ баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани яке аз бандҳои тавсияномаи Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (Коҳира, соли 1994) дар хусуси шомилсозии омили демографӣ ба ҳамаи стратегияҳои васеъмиқёси рушди ҷомеа имконият медиҳад.

Консепсияи сиёсати давлатии демографӣ барои солҳои 2003-2015 асосҳои сиёсати давлатии демографиро бо дар назардошти манфиатҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсон муайян менамояд.

Мақсади сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ҳалли пайгиронаи проблемаҳои демографӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ҳангоми омодасозии Консепсия бар он асос намуданд, ки равандҳои демографӣ бо гузашти айём тағйири кам мебинанд, бинобар ин он ба дурнамои дарозмӯҳлат нигаронида шудааст.

Дар Консепсия таҷрибаи сиёсати демографии мамлакатҳои хориҷаи наздику дур ба назар гирифта шудааст. Зери мафҳуми танзими равандҳои демократӣ дар Консепсия маҷмӯи томи чорабиниҳои маъмурӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии ба ҳавасмандӣ ё маҳдудсозии суръати афзоиши шумораи аҳолӣ нигаронидашудае фаҳмида мешавад, ки ба талабҳои ҷорӣ ва минбаъдаи мамлакат ҷавобгӯ буда, татбиқи ҳуқуқҳои инсонро таъмин карда метавонанд.

Консепсия бар он асос мекунад, ки истифодаи қарорҳои зӯроваронаю иродатмандона ҳамчун усули идораи равандҳои демографӣ баррасӣ шуда наметавонанд. Ин зидди инсонгароӣ буда, бар хилофи конвенсияҳои СММ «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон» мебошад ва ба принсипҳои демократии ҳуқуқҳои инсон мувофиқат намекунад.

Консепсия дар назди худ доираи васеи вазифаҳоро мегузорад, ки байни онҳо зикр кардани вазифаҳои зерин ҷоиз аст: таҳияи маҷмӯи томи тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии танзимбахшандаи тавлиди аҳолӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳсозии ҳифзи модарию кӯдакӣ, кам сохтани фавт ва чун оқибати он зиёд кардани дарозумрӣ; баланд бардоштани сатҳи маърифати демографии занон, мардон ва кӯдакон бо дар назардошти анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба дастгирии оилаҳо бобати паст кардани нақши иқтисодии кӯдакон дар оила ва ба омодагии касбии онҳо, роҳ надодан ба зӯроварӣ дар соҳаи кам кардани тавлид.

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографӣ барои солҳои 2002-2015 муқаррароти консепсияро ташреҳи нисбатан муфассал дода, пешбинӣ менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар Консепсия нишондодашуда кадом чораҳо бояд андешида шаванд. Масалан, дар соҳаи рушди индустриалӣ-ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ва зиёд кардани теъдоди шуғлдоштагон; дар соҳаи таҳсилоти занон – вусъати шабакаҳо ва баланд бардоштани сифати хадамоти маърифатӣ; зиёд кардани синни никоҳ то 18-солагӣ. Пешбинӣ мешавад, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муваффақшавӣ ба дарозумрӣ бо роҳҳои рушди дастрасӣ ба маҷмӯи хадамоти тансиҳатии тазаккурӣ алалхусус дар деҳот ва тадбирҳои дигар амалӣ мегардад.

Дар соҳаи муҳоҷират бошад, барнома ба масъалаҳои таъминоти идорашавандагӣ, назорати давлатӣ ба муҳоҷирати аҳолӣ ва тайёр кардани қувваи кории рақобатпазир аз ҷумлаи муҳоҷирин диққати махсус медиҳад; бо мақсади рафъсозии таъсири манфии демографии анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ дар барнома тарғиби оилаи миёнафарзанд тавассути воситаҳои ахбори омма дар назар дошта мешавад; тавассути низоми маориф бошад, ташаккул додани эътиқоди оилаҳо бобати баланд бардоштани сифати тарбияи кӯдакон, афзун сохтани огоҳии аҳолӣ дар бораи муносибати дини Ислом ба масъалаҳои банақшагирии оила, усулҳои дастрасӣ ба он, муносибатҳои никоҳиву оилавӣ, муносибати наслҳо ба ҳуқуқҳои мард, зан ва фарзандон дар оила ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Шумо аз маводи омӯхташуда мӯътақид гаштед, ки вазъи демографӣ бевосита ба сатҳи риояи ҳуқуқҳои шахсият алоқаманд буда, шарти асосии ҳалли тамоми маҷмӯи проблемаҳо дар соҳаи демография эътирофи аҳамиятнокии махсуси ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии инсон, ҳуқуқ ба саломатӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ мебошад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *