Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд дар Тоҷикистон

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чи узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Саъдии Шерозӣ

  1. Вазифаҳои давлатӣ оид ба ҳифзу таъмин кардани
  2. ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва пиронсолон

Ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва дар навбати аввал дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз мегарданд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре маълум аст, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва албатта, аз ҷумла ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд таҳким бахшида шудаанд, ҳамчунин дар он дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва одамони пиронсол ба таъминоти иҷтимоӣ махсус сухан меравад.

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Моддаи 39—и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ҳамчунин дар кодексҳои гражданӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо ва санадҳои зерқонунии амалкунанда таҳким бахшида шудаанд.

Дар мисоли созмонҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дидан мумкин аст, ки ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ҳуқуқи худро ба муттаҳидшавӣ чӣ тавр амалӣ месозанд. Дар ҷумҳурӣ чунин созмонҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд чун Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра басо маълуму соҳибэътиборанд. Ҳар кадоме аз ин созмонҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, шахси юридикӣ мебошанд ва дар асоси оинномаҳои худ амал мекунанд.

Масалан, Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, беш аз 82 ҳазор маъюбонро муттаҳид месозад, ки аксарашон қобили меҳнат нестанд. Дар ҳайати ин иттиҳод кӯдакон зиёд буда, ҳамчунин созмони занони маъюб амал мекунад.

Ташкилоти (иттиҳоди) собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ташкил гардидааст. Ба ҳайати он беш аз 600 ҳазор нафар собиқадорони панҷ категория шомиланд: иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945; собиқадороне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ҷангидаанд; собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; собиқадорон – хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони меҳнат. Соли 2006 шумораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 5600 нафар буд.

Ҷамъияти ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,5 ҳазор нафар одамони иллати шунавоӣ ва ё нутқӣ доштаро аз шумораи умумии 65 ҳазор нафар маъюбони ин категория дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз созмонҳои аз ҳама ҷавон буда, соли 2003 ташкил ёфтааст ва манфиатҳои 10 300 нафар маъюбони иллати нобиноӣ доштаро, ки аз онҳо беш аз 1200 нафарашон кӯдакон мебошанд (кӯдакон мувофиқи оинномаи ҷамъият аъзои созмон шуда наметавонанд, узвият ба созмон аз синни 18-солагӣ пешбинӣ шудааст), ҳимоя мекунад.

Ҳадафҳои асосие, ки ҳамаи ин созмонҳо дар назди худ гузоштаанд ва онҳо дар оинномаҳояшон инъикос гардидаанд, ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд, дастгирӣ ва ёрии ҳаддалимкон расондан ба онҳо бо фарогирии таъмини иштироки ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд тавассути созмонҳои худ ё бевосита аз давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ашхоси хусусӣ, ҳарчанд нокифоя бошад ҳам, дастгирии муайяне мебинанд. Масалан, дар ҷумҳурӣ якчанд муассисаҳои махсусгардонидашудаи ба эҳтиёҷоти кӯдакони гирифтори бемориҳои фалаҷ, шал, дигар шаклҳои бемориҳо мутобиқгардонидашуда мавҷуданд, татбиқи барномаҳо оид ба иҷтимоигардонии чунин кӯдакон, таълими волидон бобати нигоҳубини чунин кӯдакон шурӯъ шудаанд, то ки онҳо аз рӯи имконият дар шароитҳои хона нигоҳубин карда шаванд.

Иттиҳоди миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишие дорад, ки хатмкунандагони онҳо соҳиби дипломҳои муҳосиб, дӯзанда, мӯзадӯз, устои телевизор ва радио мешаванд ва ин ҳама барои корёбии минбаъдаи онҳо кӯмак мерасонад. Ҷамъияти ношунавоён ва Ҷамъияти нобиноён корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои иҷтимоӣ- тандурустие доранд, ки дар онҳо аъзои ҷамъият метавонанд ҳуқуқҳои меҳнатии худро татбиқ намуда, саломатиашонро беҳ гардонанд.

Ҷамъияти нобиноён бо дастгирии молиявии ташкилотҳои гуногун барои таъсиси китобҳои махсуси дарсии ба ном «китобҳои сухангӯ» барои кӯдакони иллатҳои биноӣ дошта ва дастурҳои методӣ баҳри муаллимон кӯмак мекунад.

Дар ҷанбаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд музди меҳнат, кӯмакпулиҳо ва имтиёзҳо, табобат ва истироҳат аҳамияти калон доранд. Мутаассифона, онҳо ба сабаби душвориҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи кофӣ амалӣ намегарданд, вале дар ин самт қадамҳои муҳим ба пеш гузошта мешаванд.

Имтиёзҳо, бартариҳо ва афзалиятҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд. Ба категорияҳои зиёди одамони имкониятҳояшон маҳдуд имтиёзҳо, бартариҳо ва афзалиятҳо муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла маъюбон ва нафақагирон аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода мекунанд, ҳангоми пардохти маблағи истифодаи хадамоти коммуналӣ, газ, қувваи барқ ва ғайра имтиёзҳо доранд. Ашхоси ба синни нафақа расида худ ҳал мекунанд, ки фаъолияти меҳнатиашонро давом медиҳанд, ё не. Ин категорияи одамон ҳангоми тақсимоти роҳхатҳо ба хонаҳои истироҳат ва санаторияҳо бартариҳо доранд. Ҳамчунин онҳо ба табобати ройгон ва бепул гирифтани номгӯи муайяни дорувориҳо ва ё бо нархи дастрас гирифтани онҳо ҳақдор мебошанд.

Барои категорияҳои муайяни ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ мегарданд. Масалан, бо Фармони Президенти мамлакат ба нафақаҳои иштирокдорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар моҳ нафақаи Президентӣ ба андозаи 100 сомонӣ зам мегардад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: таъминоти иҷтимоӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, созмонҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *