Фанни Ҳуқуқи инсон

Хазинаи кӯдаконаи смм-юнисеф (unicef)

1.Таърихи таъсисёбии ЮНИСЕФ

ва самтҳои асосии фаъолияти он

Кӯдакон дар ҳамаи давру замонҳо ниёзманди ҳифзи махсус буданд. Онҳо дучори зӯроварӣ ва истисмор аз ҷониби калонсолон мешуданд (мутаассифона, то ҳол мешаванд). Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон то худи нимаи дуюми асри ХХ меҳнати кӯдакон бисёр вақт дар иҷрои корҳои вазнин ва зарарнок, дар шароити рӯзи кори бардавоми бисёрсоата истифода мешуд. Меҳнати ваҳшиёна музди ночиз дошт ва кӯдакон чи аз ҷониби давлат ва чи аз ҷониби кордиҳандагон ҳифз намегардиданд. Дар муассисаҳои таълимӣ тартиботи қатъӣ ҷорӣ буданд, ки кӯдакон бояд ба онҳо риоя мекарданд ва дар сурати вайрон карда шудани онҳо кӯдаконро ҷазои сахт медоданд.

Дар натиҷаи ҳаракатҳои демократӣ дар асри Х1Х дар мамлакатҳои пешқадам давлатҳо ба проблемаҳои кӯдакон ъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдакро қабул кард. Эъломия моҳиятан давлатҳоро аз ҳуқуқи кӯдакон ва аҳамияти онҳо танҳо огоҳ сохт, вале манфиатҳои онҳоро пурра ҳимоя накард. То таъсисёбии СММ ягон ташкилоти байналмилалӣ ё байнидавлатӣ набуд, ки бо проблемаҳои кӯдакон машғул шавад.

Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба вазъияти кӯдакон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуд. ЮНИСЕФ дар сессияи аввалини Ассамблеяи Генералӣ дар соли 1946 ҳамчун Хазинаи байналмилалии фавқулоддаи кӯмак ба кӯдакон таъсис ёфт. Дар он замон вазифаи асосии ЮНИСЕФ аз қонеъсозии талаботи аз ҳама рӯзмарраи кӯдакон ба ғизо, доруворӣ, либос иборат буд, зеро дар кӯчаҳои дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳон вайрону валангоргаштаи шаҳрҳои Аврупо, Хитой ва Япония ҳазорҳо кӯдакони ятим монданд.

Соли 1950 Ассамблеяи Генералии СММ қарор кард, ки самти асосии фаъолияти Хазина на танҳо офиятбахшии иҷтимоии кӯдакони аз ҷанг ҷабрдида, балки инчунин татбиқи барномаҳо ба манфиати кӯдакони мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мегардад.

ЮНИСЕФ – Хазинаи кӯдаконаи СММ даъват шудааст, ки ба ҳимоя ва дастгирии ҳуқуқҳои кӯдакон ба кӯдакии бехавфу хатар, солим ва хушбахтона мусоидат кунад, ба қонеъсозии ниёзҳои асосии онҳо ёрӣ расонад, имкониятҳои кӯдаконро бобати татбиқи неруи худ вусъат бахшад. ЮНИСЕФ ба он мекӯшад, ки садои кӯдакон шунида шавад, манфиатҳои онҳо бо сиёсат ва маблағгузории мувофиқ таъмин гардад.

ЮНИСЕФ ёриҳои башардӯстона расонида истода, бо мақсади ҳифзи кӯдакон ва инкишоф додани ҳамаи лаёқатмандиҳои онҳо ҳамкориро бо мамлакатҳо рӯ ба рушд оғоз намуд. Ин ҳамкорӣ имрӯз дар доираи барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушд амалӣ мегардад ва даъват шудааст ба ҳар як кӯдак дар соҳаи татбиқи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва имтиёзҳое, ки дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак эълом гаштаанд, имкониятҳо фароҳам оварад. Вазифаҳои афзалиятноки ЮНИСЕФ аз тарғиби ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, кӯмак кардан ба ҳавасмандии сиёсӣ ба манфиатҳои кӯдакон ва сафарбар намудани захираҳои моддӣ бо мақсади ёрирасонӣ ба гурӯҳи кӯдакони нисбатан нозук чун ҷабрдидагони ҷанг ё офатҳои табиӣ, кӯдакони ниёзманд ва кӯдакони ниёзмандиҳои махсус иборат мебошад.

ЮНИСЕФ, масалан, дар соҳаи маориф бо проблемаҳои сифати таҳсилот, тайёр кардани муаллимон, қобили қабул будани шароитҳои таълим, беҳсозии дастрасӣ ба низоми таҳсилот, баробарҳуқуқии ҷинсҳо ҳангоми гирифтани таҳсилот машғул аст.

ЮНИСЕФ бо Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо масъалаҳои дастгирии ҳуқуқҳои кӯдак машғул буда, ба татбиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак назорат мебарад ва ба давлатҳои конвенсияро тасдиқкарда ё ба он ҳамроҳшуда бобати аз ҷониби онҳо иҷро шудани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон ёрӣ мерасонад, ҳамкории зич дорад.

ЮНИСЕФ ба он мекӯшад, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро ба сифати принсипҳои устувори одоб (этикӣ) ва стандартҳои байналмилалии муносибат бо кӯдакон таҳким бахшад.

2. Фаъолияти ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 кушода шудааст.

Вазифаи асосии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз дастгирии иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки мамлакати мо онро дар ҳамон соли 1993 тасдиқ кардааст, иборат мебошад. Аз ин рӯ Хазина дар ҳамбастагии зичу қавӣ бо Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият мебарад.

Бо дар назардошти он ки дар Тоҷикистон проблемаҳои фавти атфол ва саломатии кӯдакон, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, вазъи кӯдакони ятим, кӯдакони бо қонун дар ихтилоф ва кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бо қатъияти тамом дар миён меистанд, фаъолияти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз рӯи барномаҳо – самтҳои афзалиятноке чун «Саломатии модар ва кӯдак», «Таҳсилоти босифати заминавӣ барои ҳама», «Саломатии ҷавонон ва иштироки онҳо», «Ислоҳоти ёрии иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдакон» сурат мегирад.

Коҳиш ёфтани талабот ба таҳсилот дар Тоҷикистон, алалхусус байни духтарон, ЮНИСЕФ-ро ба амалӣ сохтани лоиҳаи «Таҳсилоти босифати заминавӣ барои ҳама» водор сохт. Ҳадафи он кӯмак кардан ба вусъати лаёқатмандиҳо, такмили низоми маориф, таҳсилоти босифат бо фарогирии беҳтарин муҳитҳои омӯзишӣ, методикаҳои таълим, мундариҷа ва натиҷаҳои таълим мебошад.

ЮНИСЕФ дар доираи вазифаи кам кардани фавти атфол ва таъмини оғози беҳтарини ҳаёти кӯдак низ лоиҳаҳои махсусро амалӣ мегардонад. Дар ин лоиҳаҳо ба он диққати калон дода мешавад, ки кӯдакон ғамхориҳои махсус, ҳамаи унсурҳои муфиди барои организм заруриро аз лаҳзаи пайдошавӣ дар батни модар сар карда, алалхусус дар се соли аввали ҳаёт бо фарогирии доруву дармони таркибашон иборат аз оҳану йод, ваксинагузаронӣ аз гулӯзиндонак ва ғайра соҳибӣ кунанд.

Яке аз барномаҳои аз ҳама афзалиятманди ЮНИСЕФ ислоҳоти ёрии иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад. Ин барнома марбут ба проблемаҳои кӯдакони ятим, кӯдакони партов, яъне ба ҳоли худ гузошташуда, кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, кӯдакони бо қонун дар ихтилоф, кӯдакони дар оилаҳои камбизоат зиндагикунанда ва дигар категорияҳои кӯдакони нозук мебошад. ЮНИСЕФ дар доираи ин барнома бо ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли масъалаҳои ҳифз ва нигоҳубини чунин кӯдакон дар шароити хона, ислоҳоти адлияи ювеналӣ, ҳифзи занон ва кӯдакон аз зӯроварӣ машғул аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ ,гурӯҳи кӯдакони нозук.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

3 Шарҳҳо

  1. Салому алейкум ман мехоҳам ба кӯдакам ёрдам титон илтимос дар бораи метирка гирифтан

  2. Здравствуйте, вам нужна денежная помощь?

  3. Салом ман гудаки маюб дорам неки маюби накадам манда ёрдам мешад ягомхел

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *