Фанни Ҳуқуқи инсон

Фарҳанги бурдани гуфтушунидҳо

Хирадмандон, ҳарчанд ба таври гуногун фикр мекунанд, ҳамеша ба созишу мусолиҳа омада метавонанд, аблаҳон бошанд, ҳарчанд як хел фикр мекунанд, ҳаргиз ба мувофиқа намерасанд.

К. Мелихан

1. Ҷиҳатҳои асосии фарҳанги бурдани гуфтушунидҳо

Дар даҳсолаҳои охир проблемаҳои амният ва ташаккули асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои сулҳ ва рушди боэътидол махсусан шиддат гирифтанд. Ҷустуҷӯи консепсияҳо ва амсилаҳои нави ташкили институтсионалии ҷомеа, тавре аён мегардад, бо дар назардошти танҳо он зуҳуроти заминавӣ дар фарҳанги инсоният имконпазир аст, ки навъи биологии homo sapiens – ро аз худнобудсозӣ нигоҳ медорад. Дар фарҳанги инсонӣ механизмҳое «саф оростаанд», ки амалҳои зиддинизоъӣ доранд ва асоси созишу ҳамкориро ташкил мекунанд. Онҳо бо забогни муколамаи хоси фарҳанг, баланд гардидани дараҷаи рафтори бошууронаи фардҳо ва гурӯҳҳо алоқаманданд. Ҷустуҷқ ва мутобиқсозии технологияҳои сиёсии неруҳои истифодашавандаи зиддинизоъии фарҳанг барои муҳаққиқон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба майдони дурнамои фаъолият барои сиёсатмадорон мебошад. Бинобар ин тасодуфӣ нест, ки санъати ҳалли низоъҳоро боз фарҳанги бурдани гуфтушунидҳо низ меноманд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳуқуқи гуфтушунид ҳанӯз дар давраҳои қадим сарчашмаи ташаккули институтҳои ҳуқуқшиносӣ буд: «…Аз гуфтушунидҳо дар бораи созиш, ки дар ҷомеаи авлодӣ ҷой дошт, баъдан ҳуқуқи созишӣ пайдо шуд, ки қарордод дар бораи созиш, ё ба таври дигар гӯем, қарордод дар бораи бастани сулҳ байни гурӯҳҳои ба ҳам душмани авлодӣ буд».

Аммо гуфтушунидҳо ба ҳалли низоъҳо на ҳамеша мусоидат мекунанд. Баъзан гуфтушунидҳои байналмилалӣ ба андозае тартиботи аз ҳад зиёд расмии сиёсии аз даст диҳандаи самаранокии худ мегарданд, ки дар рафти онҳо миёнравҳо ба ҳамон андоза баҳри соҳибият ба афзалиятҳои тактикию стратегӣ барои мамлакатҳо ё гурӯҳҳои худ мекӯшанд. Мисоли равшани ин раванди гуфтушунидҳои байни Исроил ва Фаластин аст, ки аллакай якчанд даҳсола давом карда, аммо бисёр вақт ба шиддат гирифтани душманӣ ва зӯроварии байниҳамдигарӣ меорад.

Вале бо вуҷуди ин аз ҳамаи усулҳои бартарафсозии муқовимати ҷонибҳо гуфтушунидҳои байни онҳо нисбатан пурсамартар мебошанд. Барои ба ном амалиёти байниҳамдигарии навъи гуфтушунидӣ он чиз характернок аст, ки ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, ақаллан як қисми хоҳишу ниятҳояшонро ба даст оварда, ба созишҳои муайяне расанд. Тахмин мекунанд, ки раванди гуфтушунидҳоро дар шароитҳои зерин шурӯъ кардан мумкин аст: 1) ҷонибҳо ба ҷуз манфиатҳои ихтилофӣ манфиатҳои аҳамиятноки умумӣ низ доранд; 2) ҷонибҳо ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиҳои муайян ё созишҳоеро, ки назар ба дигар алтернативҳо барои онҳо нисбатан манфиатноктар аст имконпазир меҳисобанд; 3) онҳо дар роҳи ҷустуҷӯю дарёфти қарорҳои қонеъсозандаи ҳар ду ҷониб ба мубоҳисаҳо мепардозанд.

Дар ин маврид омодагии ҷонибҳо баҳри расидан ба созиш ё ғамхорӣ дар ҳаққи манфиатҳои муайяне гирифтани ҷониби дигар хислатҳои ҳатмии гуфтушунидҳо ҳисоб намешаванд. Охир, чунин вазъияте низ имконпазир аст, ки дар он ҳар кадоме аз ҷонибҳо баҳри созиш накӯшида, ҷониби дигар умед баста, хоҳишашро ифода мекунад ё талабҳо ба миён мегузорад. Баъзан худи гуфтушунидҳо ба шиддатнок гардидани вазъият сабаб мешаванд. Сарфи назар аз ин даст кашидан аз онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ мувофиқи мақсад нест.

Барои пахш кардани оташи низоъ ҷонибҳо бояд оид ба масъалаҳои баҳснок ва шартҳои ҳамзистии минбаъда созиш кунанд. Дар ин маврид предмети баҳс ҳар қадар аниқтар муайян шавад, ҳамон қадар имконияти бештаре мавҷуд аст, ки низоъ батамом ҳал мегардад. Зеро агар предмети баҳс муайян набошад ва низоъ ба андозаи зиёд ба марҳилаи бадбинии байнигурӯҳӣ, байнимиллӣ, байнитабақавӣ, байнишахсиятӣ расида бошад, пахш кардани оташи он душвор аст: душманонро наметавон ба дӯстон табдил дод. Дар муносибатҳои байналмилалӣ чунин навъҳои номуайяни низоъҳо махсусан хавфноканд, зеро онҳо метавонанд даҳсолаҳо тӯл кашанд.

  1. Қоидаҳои бурдани гуфтушунидҳо

Гуфтушунидҳо, ки гуфтугӯҳои ҳадафашон ба кӯшишҳо баҳри ҳалли ихтилофот асосёфта мебошанд, дар худ навъҳои гуногуни амалҳоро фаро мегиранд. Инҳо метавонанд хоҳишҳо, талабҳо, пешниҳодҳо, ваъдаҳо, рад карданҳо ва ғайра бошанд.

Одамон дар тамоми тӯли таърих таҷрибаи басо калони бурдани гуфтушунидҳоро ҳосил кардаанд. Ин таҷриба дастраси на танҳо сиёсатмадорони касбӣ, балки мумайизон, журналистҳо, идоракунандагон, олимон ва дигарон низ гардидааст. Дар даҳсолаҳои охир якчанд қоидаҳо ва тартиботи бурдани онҳо барало ҷудо гардидаанд. Ҳамчунин унсурҳои гуфтушунидҳо: ҷонибҳои онҳо, иштирокдорони бевосита, предмет, каналҳои коммуникатсия ва иттилоот муайян шудаанд. Мувофиқи ақидаи бисёр муҳаққиқон норасоии иттилоот ба шубҳа кардан ва нобоварии иштирокдорон, яъне боз ҳам амиқтар гардидани низоъ оварда мерасонад. Ҳамчунин мушоҳида шудааст, ки бобати коркарди меъёрҳои арзёбии чи рафти гуфтушунидҳо ва чи натиҷаҳои онҳо душвориҳо мавҷуданд. Ба сурати умум рафтори иштирокдорон аз бисёр ҷиҳат аз вазъияти ба амал омада, ҳамчунин дараҷаи маърифатнокию фарҳангӣ, тавсифоти иродавӣ ва дигари шахсиятии онҳо вобаста аст.

Принсипҳои бурдани гуфтушунидҳо новобаста аз табиати низоъ якчанд ҷиҳатҳои умумӣ доранд. Марҳалаи муҳим худи омодасозии гуфтушунидҳо маҳсуб мешавад. Ба он ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳариф (шарик оид ба гуфтушунид), тавсифоти шахсиятии ӯ, далелҳои эҳтимолӣ дохил мешавад. Дар вақти худи гуфтушунидҳо чунин тарзи рафторе тавсия мешавад, ки шиддат гирифтани низоъро боздорад. Дар ин қоидаҳои асосӣ оддианд: 1) эътирофи ҳуқуқҳои ҳамдигар; 2) сухани мусоҳибро набурида, то охир гӯш кардан; 3) маълум сохтани фаҳмиши нуқтаи назари мусоҳиб; 4) муайян кардани он ки мусоҳиб низоъро чӣ тавр дарк мекунад; 5) аниқ баён кардани предмети муҳокима; 6) тасдиқ кардани нуқтаи назарҳои умумӣ; 7) оромона фаҳмондани он ки шуморо чӣ аз ҳам ҷудо мекунад; 8) баъди ин боз тасвир кардани мундариҷаи низоъ; 9) ҷустуҷӯ кардани қарори умумӣ; 10) қабул кардани муоҳидаи умумӣ бо қайд кардани ризоият ва нуқтаи назарҳои фарқкунандаи боқимонда.

Гуфтушунидҳо ба андозаи таҳкими боварию эътимоди байни иштирокдорони онҳо муваффақона мегарданд. Агар талабҳои онҳо ақаллан қисман қонеъ гардонда шаванд, он одатан назар ба рафсозии оддии душвориҳо бештар аст.

Оид ба бурдани гуфтушунидҳои марбут ба ҳалли ихтилофоти меҳнатӣ, идоравӣ ва байналмилалӣ муҳаққиқони амрикоӣ тавсияҳои зиёде таҳия кардаанд. Онҳо аз ҷумла унсурҳои зеринро дар гуфтушунидҳо чун асосию ҳалкунанда пешниҳод мекунанд.

1). Гуфтушунидҳо бояд аз рӯи ҳам тартибот ва ҳам моҳияти масъала бурда шаванд;

2). Муҳим аст, ки аввал фаҳмиши мувофиқа карда шуда ба даст оварда, баъд ба ҳалли якҷояи он пардохта шавад;

3). Проблемаҳои пештараро ба сабабҳои онҳо муқоиса кардан лозим аст. Проблемаҳои инсониро аз шаъну эътибори одамӣ, ҳамчунин манфиатҳоро аз мавқеъҳои ишғолкарда фарқ кардан лозим аст.

4). Одамонро ҷудо аз проблемаҳои онҳо дидан,беҳтар кардани муносибат, ба мӯътақидӣ кӯшиш кардан муҳим аст. Барои нуқтаи назари худ шуда, муносибатҳои хубро қурбон накунед, ҳамин тавр барои беҳсозии муносибат аз нуқтаи назари хеш даст накашед;

5). Барои асоснок гардонидани ақидаҳои худ муносибати боадолатонаро истифода кунед. Ғояҳои бегонаро, ҳатто агар бо онҳо розӣ набошед ҳам, қадр кунед.

6). Ба тахайюлоти аз ҳад зиёд дода нашуда, фаромӯш накунед, ки барои чӣ кӯшиш доред.

Қайд кардан лозим аст, ки аз кулли воситаҳои имконпазир принсипан истисно кардани истифодаи қувва ҳамчун усули ҳалли ихтилофот ҷоиз нест. Истифодаи онҳо шояд дар шароите раво бошанд, ки қувва, аз ҷумла қувваи силоҳ дар доираи қонун ва танҳо вақте ки воситаҳои осоишта самаранок нестанд, ба кор бурда мешаванд. Илова бар он қайд мекунем, ки шаклҳои истифодаи қувва гуногунанд. Шарт нест, ки вай ба ҷисман нобуд сохтани одамон равона карда шавад. Истифодаи қувва метавонад аз чораҳое чун танг кардани издиҳом, гузоштани монеаҳо, боздошти ташаббускорон, муқаррар кардани «роҳравҳои осоишта» ва ғайра иборат бошад. Бисёре аз ин воситаҳо аз ҷониби қувваҳои сулҳпарвари Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Осиё, Африка ва минтақаҳои дигар муваффақона истифода бурда мешаванд.

Акнун баъзе институтҳо ва тартиботи ҳуқуқии ҳалли низоъҳоро дида мебароем. Вале пеш аз ҳама дар сари усули нисбатан дилхоҳ ва натиҷаи ҳалли низоъ – ба созиш омадани тарафҳои муқовиматкунанда бо роҳи гуфтушунидҳо таваққуф мекунем. Байни усулҳои зиёди бурдани гуфтушунидҳо усули ҳамкорӣ бартарии бештаре дорад, зеро тарафҳои низоъдошта дар сари масъалаи умумӣ кор бурда, проблемаҳои умумиро ҳал мекунанд. Асоси онро методи гуфтушунидҳои принсипиалӣ, ки олимони Донишгоҳи Гарвард (ИМА) Фишер ва Юр кор карда баромадаанд, ташкил медиҳад. Вай рафтори қатъӣ дар баррасии проблема ва рафтори нарму мулоим дар муносибатҳои байни иштирокдорон7ро дар назар дорад. Ин ҷо чор мафҳум ҷои марказиро ишғол менамояд: одамон: одамро аз проблема ҷудо кунед, на аз ҳамдигар; манфиатҳо: ба манфиатҳо диққат диҳед, на ба мавқеъҳо; нусхаҳо: нусхаҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатоварро кор карда бароед; меъёрҳо: барои истифодаи меъёрҳои объективии ба ҳуқуқ асоскунанда истодагарӣ кунед.

Ташкили гуфтушунидҳо тахминан аз чор марҳилаи зерин иборат аст: 1. Муайян кардани вақти гузаронидани сӯҳбатҳо ва муҳокима намудани проблемаҳо; 2. Тайёр кардани шароитҳо барои гузаронидани гуфтушунидҳо (кафолатҳои амният, меҳмоннавозӣ ва ғайра); муҳокимаи проблема (он метавонад аз якчанд марҳилаи мулоқотҳои намояндагони ҷонибҳо иборат бошад); 4. Бастани (имзои) созишнома (муоҳида, қарордод).

Тамоми раванди бурдани гуфтушунидҳо бояд пеш аз ҳама ба риояи принсипҳои умумии ҳуқуқ бо фарогирии эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, санадҳои байналмилалӣ- ҳуқуқӣ, Конститутсия ва қонунгузорӣ асос ёбад.

3.Гуфтушунидҳо дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷрибаи гуфтушуниди сулҳхоҳонаи байни тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ва дар навбати аввал бо кӯшишҳои ҳар ду ҷониб ба муколама, омодагиҳо баҳри гузашт карданҳо беназир аст. Дар ин раванд миёнравҳо низ, аз ҷумла намояндагони СММ, нақши калон бозиданд.

Баъди муроҷиати Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба СММ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ин институти пуртаъсиртарини байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба раванди гуфтушунидҳои сулҳхоҳонаи байни тарафҳои Ҳукумат ва мухолифин баҳри ҳалли низоъи байни тоҷикон СММ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бобати барасмиятдарории ҳуқуқӣ ва фаъол гардонидани гуфтушунидҳои байни тоҷикон мусоидати хеле зиёд кард. СММ ва ҳукумати иштирокдор дар шахси муовини Муншии умумӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва намояндаи доимии мамлакат дар СММ созишномаи тарафи иштирокдорро пеш аз ҳар навбати гуфтушунид имзо карданд. Чунин ҳуҷҷат шартҳои ташкилии гузаронидани ҳар навбати гуфтушунид ва афзалиятмандиҳои дипломатию иммунитети ҳар кадоме аз ҳайатҳои вакилони тоҷиконро муайян намуд. Ин ҳуҷҷат дар навбати аввали гуфтушунид алалхусус барои вакилони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷикон (ИН МТ), ки мақомоти судии Тоҷикистон нисбати бисёр аъзои он айбномаҳои ҷиддӣ пешниҳод карда, мутобиқан ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода буданд, хеле муҳим маҳсуб мешуд. Биноан чун Тоҷикистон бо Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон оид ба экстрадитсия созишнома дошт, роҳбарони мухолифин хавф доштанд, ки ҳукуматҳои ин мамлакатҳо метавонанд онҳоро боздошта, ба Ҳукумати Тоҷикистон супоранд. Созишномаи тарафи иштирокдор ба миёнравҳои СММ низ афзалиятмандиҳою иммунитет дода буд. Муқаррароти ин созишномаҳо ба иштирокдорони гуфтушунид боварию эътимод бахшида, аз ҷониби ҳукуматҳои иштирокдор комилан иҷро карда мешуданд.

Ҳар як навбати гуфтушуниди байни тоҷикон тавре ташкил гардида буд, ки фазои эътимоду махфият, эътимоду кифоят фароҳам оварда шавад. Гуфтушунидҳо ба сохтори пайванде асос доштанд, ки шаклҳои зеринро ба худ мегирифтанд: а) ҷаласаҳои умумӣ бо иштироки ҳайатҳои вакилони тоҷикон, дастаи гуфтушунидии СММ ва мамлакатҳои мушоҳида, б) ҷаласаҳои умумӣ бе иштироки мушоҳидон ва намояндагони матбуот, в) машваратҳои сарони ҳайатҳои вакилон ва миёнравҳои СММ, г) амалиёти байниҳамдигарии миёнравҳои СММ бо намояндагони мамлакатҳои мушоҳид ва ҳукуматҳои иштирокдошта.

Лоиҳаҳои ҳамаи созишномаҳоро намояндагони СММ тартиб медоданд. Ин аз миёнравҳо фаҳмиши амиқи мавқеъҳои ҷонибҳои тоҷиконро оид ба ҳар кадоме аз масъалаҳои рӯзнома, ҳамчунин бе ягон саҳву хато муайян кардани чандирии ҳар кадоме аз онҳо, истифода кардани амалияи мавҷудаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои юридикиро талаб мекард. Ба созишномаҳои тайёргардида нусхаҳои мусолиматомези ҳалли проблемаҳои баҳсталаб ворид карда мешуданд. Чунин амал хеле манфиатбахш буд. Азбаски он танҳо лоиҳа, на матни охирин буд, имкон медод, ки аз баҳсҳои шадиду давомдор оид ба лоиҳаҳои пешниҳодкардаи худи ҷонибҳо, ки дар онҳо бо сабабҳои маълум охириҳо бобати ҷонибдории манфиатҳои яке аз тарафҳо аз ҳисоби манфиатҳои тарафи дигар сахт истодагарӣ мекарданд, сарфи назар кардашавад.

Дар гуфтушунидҳо ҷонибҳо қариб 95% лоиҳаҳои тайёркардаи СММ-ро қабул мекарданд. Тарафҳои мухолифро лозим меомад, ки диққати худро ба бартарафсозии проблемаҳои боқимонда фақат аз рӯи баъзе бандҳои муҳим равона созанд. Дар ибтидо чунин амалия шубҳаи ҳайатҳои вакилони тоҷиконро ба амал овард. Тадриҷан онҳо ба он мӯътақид гаштанд, ки лоиҳаҳо ба манфиатҳои ин ё он тараф мураттаб нагардида, дар доираи созиши имконпазир таҳия мешаванд. Тартиб додани лоиҳаҳо вазифаи басо масъулиятмандонаю ҷиддӣ буд. Амалияи созишкории онҳо ба дастаи СММ имконият дод, ки равандро дастгирӣ карда, онро дар асоси риояи принсипҳои Оинномаи СММ (ки Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи он гардид) ва ҳуқуқи байналмилалӣ пеш баранд. Ҳамин тавр, таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи дохилидавлатӣ аз банди 3-и моддаи 1-и Оинномаи СММ муқаррароте бармеояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шахси СММ бо воситаҳои осоиштаи юридикӣ тибқи принсипҳои адолатнокӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳалли низоъи байни тоҷикон кӯмаки хеле калон ва ҳалкунанда расонд.

Он чи дар боло гуфта шуд, аз он шаҳодат медиҳад, ки риояи фарҳанги бурдани гуфтушунидҳо дар ҳамбастагӣ бо донишҳои амиқ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои инсон гарави муваффақият дар ҳалли низоъи басо мураккаби дар назари аввал ҳеҷ ҳалнашаванда мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фарҳанги бурдани гуфтушунидҳо, қоидаҳои бурдани гуфтушунидҳо, гуфтушунидҳои сулҳхоҳонаи байни тоҷикон.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *