Фанни Ҳуқуқи инсон

Нақши давлат, аҳли ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон

  1. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон – вазифаи афзалиятноки ҷомеаи байналмилалӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тавре қайд кардем,

қисмати ҷудонопазири фарҳанги ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Эътироф, эҳтиром ва риояи онҳо танҳо дар рафти таълим, тарбия, раванди муттасили омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон имконпазиранд. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон бе маърифатноксозии аҳолӣ, тарбия ва таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон тасаввурнашаванда аст. Одам аз ҳуқуқҳои худ ҳар қадар бештар бохабар бошад, онҳоро дар амалия ҳамон қадар пурсамартар истифода мекунад. Надонистани ҳуқуқҳо ва озодиҳо дар ин маврид ба бетарафӣ дар соҳаи мазкур оварда мерасонад.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон раванди таҳсилотии мақсаднок, муттасил ва муташаккилест, ки ба ташаккули донишҳо, малакаҳо ва арзишҳои бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманд равона карда шудааст.

Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон мақсаднок мебошад, зеро ба ташаккули донишҳо, малакаҳо ва арзишҳои маънавӣ нигаронида мешавад. Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон муттасил мебошад, зеро марҳила бар марҳила амалӣ гардида, таълим ва тарбияи ҳамарӯза ва доимиро дар назар дорад. Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон муташаккилона мебошад, чунки дар асоси барномаҳо ва консепсияҳои байналмилалӣ, барномаҳои таҳсилоти давлатӣ гузаронида шуда, аз ҷониби марказҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ташкил намуда ва идора карда мешавад.

Ҳадафи ниҳоии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон аст. Хотиррасон мекунем, ки фарҳанги ҳуқуқҳои инсон низоми донишҳои аз нигоҳи илмӣ асоснокгардонидашуда ва амалии инсонӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, малакаҳо ва лаёқатмандиҳои шахсии дарккунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳо ва арзишҳои маънавиест, ки дар раванди омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ташаккул меёбанд.

Донишҳои инсонӣ дар ин соҳа тасаввурот, мафҳумҳо, ақидаҳо ва ғояҳоеро, ки дар шуури инсон дар рафти ҷараёни мақсаднок, муттасил ва муташаккилона ташаккул меёбанд, фаро мегирад. Ҳар як фард баробари гирифтани донишҳои зарурӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон бояд онҳоро ба сифати табиӣ ва дахлнопазир дарк кунад, соҳиби малакаҳо ва лаёқатҳои фаъолона истифода карда тавонистани онҳо дар амалия ва ҳимоя намудан тавассути механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ бошад. Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон баробари донишҳо ҳамчунин арзишҳои ахлоқӣ (адолат, поквиҷдонӣ, масъулиятмандӣ, эҳтироми одамон ва ғайра)-ро дар бар мегирад.

  1. Сиёсати тарбияи насли наврас дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон ва консепсияи байналмилалии омӯзиш дар ин соҳа

Муқаррароти асосии сиёсати тарбияи насли наврас дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон дар як қатор мавод ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ инъикос гардидаанд. Беш аз сӣ сол аст, ки СММ, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ ва Шӯрои Аврупо мунтазам бо масъалаҳои омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ машғуланд. Онҳо дар ин соҳа тавсияҳое таҳия месозанд, ки давлат баъд онҳоро ҳангоми ташкили раванди омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон истифода менамояд. Дар ташкили омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ нақши муҳим мебозанд. Феълан дар мамолики узви Ҷомеаи Аврупоӣ, дар ИМА ва Канада бо ёрии онҳо консепсияи байналмилалии аз нигоҳи илмӣ асоснокгардонидашудаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳия гардидааст.

Зери мафҳуми «консепсияи байналмилалии омӯзиши ҳуқуқҳои инсон» низоми ғояҳо ва ақидаҳое оид ба омӯзиши ҳуқуқҳои инсон фаҳмида мешавад, ки характери фаъолиятмандии дарккунӣ ва амалиро дар ин соҳа муайян карда, дар сатҳи байналхалқӣ амал менамояд. Консепсияи мазкур аз ҷониби СММ, ЮНЕСКО, Шӯрои Аврупо, институтҳои байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ва ғайра тавсия шудааст. Вай ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад; ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳои асосӣ, мундариҷа, методҳо, шаклҳо ва воситаҳои таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон.

  1. Ҳуҷҷатҳо ва маводи асосӣ дар соҳаи

омӯзиши ҳуқуқҳои инсон

Солҳои 60-70-уми асри гузашта дар мамлакатҳои Аврупо, дар ИМА, Канада барномаҳо – лоиҳаҳо дар соҳаи таҳсилоти иҷтимоӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дар солҳои 80-ум барномаҳои алоқаманд бо тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ таҳия карда шуданд. Ҳадафи ҳамаи онҳо тарбияи насли наврас дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд. Дар даҳсолаҳои охир бо иштирок ва кӯмаки бевоситаи созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон барномаҳои нисбатан мукаммал таҳия ва дар раванди таълим ҷорӣ карда шудаанд. Ин барномаҳоро СММ, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Шӯрои Аврупо дастгирӣ мекунанд. Мувозӣ бо ин ҳама ҷамъбасти таҷрибаи ғуншудаи таълими ҳуқуқҳои инсон давом дорад.

Дар ин кор созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ (СБҒҲ) саҳми муносиб мегузоранд. Онҳо бо муассисаҳои таълимӣ шаклҳои гуногуни алоқаро дастгирӣ мекунанд, ба онҳо дар паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқҳои инсон ёрии ҳамаҷониба мерасонанд. Ин созмонҳоро одатан ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Оҷонсиҳои махсусгардонидашудаи ёрирасон (характери дунявӣ ва динӣ дошта), ки марказҳои гуногуни рушди таҳсилотӣ (масалан, Хазинаи наҷоти кӯдакон ва ғайра) доранд; 2) Созмонҳои ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва проблемаҳои сулҳ махсусгардонидашуда (масалан, афв «амнистияи) байналхалқӣ); 3) Созмонҳои алоқаманд бо лоиҳаҳои махсус, марказҳои омӯзишӣ ва гурӯҳҳои корӣ (масалан. Шӯрои оид ба таҳсилоти шаҳрвандии умумиҷаҳонӣ ё Маркази таҳсилоти глобалии Донишгоҳи Йорк дар Британияи Кабир).

Ҳадафҳо ва вазифаҳои таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар ҳуҷҷатҳои сатҳҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ инъикос ёфтаанд. Симпозиуми 17-20 майи соли 1983 дар шаҳри Вена (Австрия) зери унвони «Тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ» барпогардида номгӯи ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар соҳаи тарбияи ҳуқуқҳои инсон муқаррар кардааст. Ба онҳо пеш аз ҳама Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дахл дорад, ки дар он вазифаҳои давлат оид ба ҳамкорӣ бобати эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсон муайян карда шудаанд. Дар Эъломия ҳамчунин ду муқаррароти муҳим эълом гардидаанд: «фаҳмиши умумии характери ин ҳуқуқҳо ва озодиҳо барои иҷрои пурраи ин ӯҳдадорӣ аҳамияти калон дорад»; «ҳар як инсон ва ҳар як мақомоти ҷомеа Эъломияи мазкурро ҳамеша дар мадди назар дошта, бояд бо роҳи таълиму омӯзиш ба эҳтиром кардани ин ҳуқуқу озодиҳо кӯшиш намоянд».

Дар Конфронси генералии СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, ки аз 17 октябр то 23 ноябри соли 1974 дар Париж барпо гардид, масъулиятмандии давлатҳо дар ташкили таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон таъкид карда шуд. Дар конфронс ҳуҷҷате бо номи «Тавсияҳо дар бораи тарбия дар рӯҳи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва сулҳ ва тарбия дар рӯҳи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ» қабул гардид. Вай принсипҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии ин таҳсилотро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон муайян кард, ки дар банди 4-и боби 3 омадаанд. Ба онҳо тааллуқ доранд: а) ҷанбаи байналмилалии таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи сатҳҳо ва дар ҳамаи шаклҳои он, дурнамои глобалии он; б) эҳтироми ҳамаи халқҳо, фарҳанг, тамаддун, арзишҳо ва тарзи ҳаёти онҳо бо фарогирии фарҳангҳои маҳаллии этникӣ ва фарҳанги миллатҳои дигар; в) дарки вобастагии афзояндаи глобалии байниҳамдигарӣ миёни халқҳо ва миллатҳо; г) лаёқати муошират кардан бо дигарон; ғ) дарки на танҳо ҳуқуқҳо, инчунин вазифаҳои ба зиммаи ашхоси алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва халқҳо нисбат ба якдигар гузошташуда; д) фаҳмиши зарурати ҳамраъӣ ва ҳамкории байналмилалӣ; е) омодагии шахси алоҳида бобати иштирок дар ҳалли проблемаҳои ҷомеа ва мамлакати худ ва умуман, ҷаҳон.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсонро баҳри барҳам додани шароитҳое, ки ба некӯаҳволии инсоният халал мерасонанд (нобаробарӣ, ноадолатӣ, истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ (банди 18-и боби 5), равона кардан зарур аст.

ЮНЕСКО ба давлатҳои узви ин ташкилот тавсия медиҳад, ки диққати институтҳои миллии худро ба ин ҳуҷҷати бунёдӣ ҷалб гардонда, ҳамчунин ба СММ оид ба иҷрои тавсияҳо мунтазам ҳисоботҳо пешниҳод намоянд.

Дар тавсияҳо ҳамчунин таърифи зерини истилоҳи «тарбия» омадааст:

Калимаи «тарбия» маънои тамоми раванди ҳаёти ҷамъиятиро дорад, ки тавассути он ашхос ва гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида дар доира ва барои некӯаҳволии ҷомеаи миллӣ ва байналмилалӣ бошуурона инкишоф додани истеъдод, лаёқат, тамоюл ва донишҳои худро меомӯзанд.

Тавсияҳо дар бораи тарбия дар рӯҳи

ҳамдигарфаҳмӣ, амкории байналмилалӣ

ва сулҳ ва тарбия дар рӯҳи эҳтироми

ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ.

Ин ҳуҷҷат алоқамандии байниҳамдигарии тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон ва таҳсилоти глобалӣ (банди 4), тарбияи шаҳрвандӣ ва маънавӣ (бандҳои 10-16), тарбия дар рӯҳи сулҳ (банди 6) ва тарбияи байнифарҳангӣ тавассути омӯзиши фарҳангҳои этникии ватанӣ ва ҷаҳонӣ (бандҳои 4 в, 17, 21, 22, 23)-ро таъкид мекунад. Ҳамчунин зарурати тарбия дар рӯҳи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, таҳсилоти минбаъдаи калонсолон, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа таъкид мешавад.

Тавсияҳо ба сифати раҳнамои асосӣ оид ба тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон эътироф шудаанд. Тавсия мешавад, ки онҳо ҳангоми тайёр кардани барномаҳои миллӣ оид ба таълими ҳуқуқҳои инсон истифода гарданд.

Дар таълими ҳуқуқҳои инсон ҳуҷҷати дигаре бо номи «Нақшаи умумиҷаҳонии амалиёт оид ба тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон ва демократия» аҳамияти калон дорад. Он дар Конгресси байналмилалӣ оид ба тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон ва демократия дар доираи ЮНЕСКО ва Маркази оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ дар Монреал (Канада) моҳи марти соли 1993 қабул карда шудааст. Дар ин ҳуҷҷат зарурати сафарбарсозии қувва дар миқёси глобалӣ – аз инсон, оила, ҷомеа, давлати алоҳида то созмонҳои байналмилалӣ бо фарогирии СММ- бо мақсади таносухи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амсилаи осоишта, ки дар он ҳамаи ҳуқуқҳои инсон эҳтиром карда мешаванд, таъкид мегардад. Ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташаванда, ки ҷорӣ кардани таълими ҳуқуқҳои инсонро дар ҳамаи мактабҳои миёна бо фарогирии муаллимон, шӯроҳои мактабӣ, маъмурият ва волидон кафолат медиҳанд, ба ҳамин мақсад тобеъ гардонда шудаанд.

Дар таълими ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин «Эъломияи Вена ва Барномаи амалиёт», ки дар Конфронси умумиҷаҳонӣ моҳи июни соли 1993 қабул карда шудааст, аҳамияти калон дорад. Он ба зиммаи давлатҳои узви СММ вазифадориро оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон вомегузорад.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои байналмилалии зикргардида созмонҳои минтақавию миллӣ дигар ҳуҷҷатҳои заруриро дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон қабул кардаанд. Дар резолютсияи Шӯрои Аврупо «Таълими ҳуқуқҳои инсон, ки 25 октябри соли 1978 қабул карда шудааст, зарурати омӯзиши ҳуқуқҳои инсон таъкид гардида, нишон дода мешавад, ки омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон кафолати ҳифзи онҳо мебошад. Дар Эъломияи «Оштинопазирӣ – хатар ба демократия», ки Кумитаи Вазирони Шӯрои Аврупо 14 майи соли 1981 қабул кардааст, зарурати донистани ҳуқуқҳои инсон аз синфҳои ибтидоӣ таъкид карда мешавад. Аҳамияти таҳсилоти ибтидоӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин дар ҳуҷҷати дигаре зери унвони «Таҳсилоти ибтидоӣ дар Аврупои Ғарбӣ», ки конфронси Шӯрои Аврупо соли 1981 қабул кардааст, таъкид карда мешавад. Дар ин самт боз ҳуҷҷатҳои дигаре қабул карда шудаанд, масалан: Тавсияҳои Ассамблеяи парлумонӣ «Аҳамияти фарҳанг ва маориф дар камшавии зӯроварӣ», лоиҳаи кор бо омӯзгорон, мутахассисон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ зери унвонҳои «Тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ», «Тавсияҳо оид ба таълим ва омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳо».

Ҳуҷҷатҳо оид ба тарбия ва таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин дар сатҳи мамлакатҳои алоҳида қабул карда шудаанд. Масалан, дар Канада Билл дар бораи ҳуқуқҳои инсон (соли 1960), Конститутсияи Канада (соли 1982), Хартияи канадагӣ дар бораи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосӣ, Санад дар бораи забонҳои расмӣ, Санад дар бораи ҳуқуқҳои инсон (соли 1977) қабул карда шудаанд, ки ҳадафҳо ва вазифаҳои омӯзишро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон муайян мекунанд. Барномаи миллӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин дар ИМА тасдиқ карда шудааст. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин дар мамлакатҳои дигар қабул гардидаанд.

  1. Мафҳумҳои асосӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон

Дар ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда мафҳумҳо ва истилоҳоти дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон зарурӣ истифода мешаванд. «Тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон» ба унсурҳои зерини консепсияи ҳуқуқҳои инсон замина дорад: 1) пешгуфторҳои ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ (Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ғайра), ки дар онҳо зарурат ва аҳамияти таълими ҳуқуқҳои инсон таъкид карда мешавад; 2) номгӯи ҳуқуқҳои умумӣ (ба ҳаёт, ба озодӣ, ба амният, ба адолатнокӣ, ба ҳаёти шахсӣ); 3) номгӯи озодиҳои бунёдӣ (аз шиканҷа, аз ғуломӣ, аз табъиз, аз рондашавӣ). Мақсади тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон муборизаи якҷоя барои адолат ва сулҳ мебошад. Консепсияи марказии ҳуқуқҳои инсон ҳамзистии байни одамони алоҳида, байни одамон ва давлат, байни давлатҳо ва миллатҳо мебошад. Зери мафҳуми мундариҷаи тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон дар мактаби миёна ҳамаи он маводе фаҳмида мешавад, ки хонандагон аз фанни ҳуқуқҳои инсон меомӯзанд. Дар раванди тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон воситаҳо ва методҳои таълим нақши калон мебозанд. Мафҳумҳои асосии ба таълими фанни ҳуқуқҳои инсон шомилкардашуда инҳоянд: ҳуқуқҳои ақаллиятҳо, ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон, вазифадорӣ ва масъулиятмандӣ, тоқатпазирӣ, озодӣ, баробарӣ, адолатнокӣ, адолати судӣ, худмуайянкунӣ, сулҳ, некӯаҳволӣ, низоъ.

Мундариҷаи барномаи фанҳои ҷамъиятиро, ки Шӯрои миллии ИМА пешниҳод кардааст, чор категорияи асосӣ ташкил медиҳанд: донишҳо, маҳоратҳо, арзишҳо ва иштироки ҷамъиятӣ. Маънии онҳо дар Тавсияҳои Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо оид ба таълим ва омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳо баён гардидааст. Донишҳо тасаввуроти ҷавононро дар бораи ҳуқуқҳои инсон мутобиқан ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, маҳорати онҳоро бобати амал кардан дар мавриди зарурати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон фаро мегирад. Мутобиқи Тавсияҳои Шӯрои Аврупо донишҳои хонандагони мактабҳои миёна дар бораи ҳуқуқҳои инсон ба таври зайл тасниф мешаванд: 1) ҳуқуқҳо, вазифаҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулиятмандии инсон; 2) норавоии ноадолатӣ, нобаробарӣ, табъизи ҳуқуқҳо; 3) шахсиятҳои маъруф; ҳаракатҳои оммавӣ, рӯйдодҳои бузурги таърихӣ, ки моҳияти муборизаро барои ҳуқуқҳои инсон ташкил медиҳанд; 4) ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон.

Маҳоратҳо барои фаҳмиши ҳуқуқҳои инсон ва кӯмак кардан ба ин ҳуқуқҳо заруранд. Мутобиқи Тавсияҳои Шӯрои Аврупо маҳорат ё малакаҳое, ки мундариҷаи фанни ҳуқуқҳои инсонро ташкил медиҳанд, ба навъҳои зерин тасниф мешаванд: малакаҳои зеҳнӣ (малакаҳои баёни хаттӣ ва шифоҳии афкор бо фарогирии маҳорати баҳс кардан ва шунидан, ҳимоя кардани фикри худ; малакаи гузоштани мулоҳизоти худ бар асоси ҷамъоварӣ ва таҳлили сарчашмаҳои гуногун бо фарогирии воситаҳои ахбори омма; маҳорати таҳлил кардани ин мавод, дуруст баён кардани хулосаҳо , маҳорати муайян кардани фикри носаҳеҳ, канораҷӯӣ аз мавҳумот ва қолабҳо); малакаҳои иҷтимоӣ (маҳорати дарк кардани фарқиятҳо, муқаррар кардани муносибатҳо бо дигар фикрҳои дурусти ба фишороварӣ асоснаёфта; ҳалли низоъҳо бо роҳҳои ғайризӯроварона; ба зиммаи худ гирифтани масъулият, истифода кардан аз механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ).

Арзишҳо ташаккули арзишҳои маънавиро байни хонандагон дар назар доранд. Ба ин тариқ, арзишҳо озодӣ, тоқатпазирӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон ва ғайра мебошанд.

«Иштироки ҷамъиятӣ» ҷузъҳои зеринро фаро мегирад: 1) фазои демократӣ, ки барои иштироки шахсӣ дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, озодона баён кардани фикри худ, фаъолияти озодона шароит фароҳам меорад; 2) муҳити созгор дар мактаб, ки ба волидон ва дигар аъзои ҷомеа имконият медиҳад дар ҳаёти мактаб иштирок намоянд; 3) фароҳам овардани шароитҳои барои хонандагон зарурӣ барои рушд додани донишҳо ва маҳоратҳои зеҳнии худ дар санъат, мусиқӣ, варзиш ва дар фаъолияти амалӣ.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фарҳанги ҳуқуқҳои инсон, омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, тарбия дар рӯҳи ҳуқуқҳои инсон, донишҳо, маҳоратҳо, арзишҳо, иштироки ҷамъиятӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *