Фанни Ҳуқуқи инсон

Экстремизм ва проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурии тоҷикистон

Фаъолияти ташкилотҳои рӯҳияи экстремистӣ

дошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар айни замон дар мамолики Осиёи Марказӣ миллатгароии ашаддӣ (пантуркизм) ва экстремизми динӣ (панисломизм) – идеологияи ташкил кардани халифат аввал дар водии Фарғона бо минбаъд васеъ кардани ҳудуди он аз Туркия то Қошғар (Хитой) фаъол мегардад.

Панисломизм идеологияи динӣ-сиёсиест, ки асоси онро тасаввурот дар бораи ягонагии мусулмонони тамоми дунё ва зарурати муттаҳидсозии онҳо дар давлати ягонаи мусулмонӣ ташкил медиҳад.

Чунин идеологияро ҷонибдорони ҳизби экстремистӣ, радикалии «Ҳизб-ут-таҳрир» талқин мекунанд. Ҳизб-ут-таҳрир соли 1952 аз тарафи Тақиюддин Набихони Фаластинӣ (1909-1979) дар шаҳри Қуддус ташкил гардида буд.

Ҳизби мазкур дар ягон мамлакати ҷаҳони мусулмонӣ ба таъсири намоёни сиёсӣ муваффақ шуда натавонист. Зиёда аз ин, ҷонибдорон ва пайравони ин ҳизб чи дар мамолики араб ва чи дар дар минтақаҳои дигар ба фишори сиёсӣ ва таъқибот дучор омаданд. Сабаби чунин муносибат ин аст, ки ғояҳо ва вазифаҳои сиёсии ҳизб характери яктарафаи радикалӣ доранд, ҳизб ҳама гуна созишҳо ва гуфтушунидҳоро бо дигар ҳизбҳову ҳаракатҳо рад мекунад. Асоси идеологии Ҳизб-ут-таҳрир панисломизм мебошад. Ҷонибдорони Ҳизб-ут-таҳрир барои барқарорсозии чунин «ҷамъияти эътиқодманд» (таъмири гузашта ва ҳатто бозгашт ба халифат дар назар аст) ва эҳёи чунин диндорие мекӯшанд, ки дар он ба озодии виҷдон, яъне дастовардҳои муҳими тамаддун ва демократияи ҷаҳонӣ, меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар роҳ нест. Зимнан, ҷонибдорони ҳизб аз чунин қафоравӣ, яъне бозгашт ба гузашта шарм ҳам намедоранд.

Халиф (арабӣ, шакли кӯҳнааш калиф) дар як қатор мамолики Шарқи мусулмонӣ мақоми ҳокими олиест, ки ҳокимияти маънавӣ ва дунявиро ба ҳам пайваст сохтааст.

Халифат – давлати асримиёнагии исломӣ бо сарварии халиф (халифати Аббосиҳо, Фотимидҳо, халифат дар империяи Усмонӣ ва ғайра)… Аз асри X сар карда, дар Аврупои Ғарбӣ ҳамчунин давлатҳои дар натиҷаи истилои арабҳо дар асрҳои YII-IX ташкилшударо халифат меномиданд, яъне Халифати араб.

Халифати усмонӣ дар Туркия то моҳи марти соли 1924, вақте халифи охирин Абдулмаҷиди II аз тахт маҳрум карда шуд, вуҷуд дошт.

Аз нигоҳи таърихӣ даъват бо бунёди Халифати исломӣ дар асри XXI характери иғвогарона дошта, амалисозии он бо роҳи ҷиҳод ба хунрезии миқёсан гӯшношунид оварда расонида метавонад. Таъсиси давлати исломии Халифат дар шароити ҳозира боз аз он ҷиҳат имконнопазир аст, ки дар Ислом беш аз 72 ҷараёну тариқатҳои нисбат ба якдигар душманона вуҷуд доранд.

2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи экстремизм

Мутобиқи моддаи 8-и Конститутсияи (Сарқонун)-и мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ инкишоф меёбад. Ягон идеология, аз ҷумла динӣ, наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Ташкилотҳои динӣ, ки аз давлат ҷудоанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар давлати дунявие чун Тоҷикистон муассисаҳои динӣ аз давлат ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат наметавонад ҳуқуқҳои шаҳрвандонро баҳри риояи анъаноту нишондодҳои динӣ маҳдуд созад. Ба таври дигар гӯем, одам аз озодии эътиқод, озодии виҷдон ва озодии шахсият бархурдор аст.

? Оё ба Шумо истилоҳи «давлати дунявӣ» шинос аст?

Ба хотир оред, ки ин мафҳум чӣ маънӣ дорад?

Халқи Тоҷикистон экстремизми диниро қабул карда наметавонад ва ин фикри халқ ба таври қонунӣ дар Конститутсия таҳким бахшида шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон аз чунин шакли радикализми давлатӣ чун атеизм халос хӯрда, шакли дигари радикализм — режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест. Фикри халқ дар моддаи 100-и Конститутсия низ, ки ин ҷо сухан дар бораи имконнопазирии дигаргунсозии шакли сохти давлатии мамлакат меравад, таҳким бахшида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизмро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Кодекси ҷиноятӣ, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ – ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ташкил медиҳанд. Моҳи декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шуд, ки мақсади он пеш аз ҳама риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амал кардани ташкилотҳои экстремистӣ ё созмонҳое, ки ба экстремизм мусоидат мекунанд, тарғиби экстремизм ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Амали экстремистӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, ғасб ё тасарруфи ваколатҳои ҳокимият равона карда шудаанд.

Моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»

Агар шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд дар давлати ҳуқуқбунёде зиндагӣ кунанд, ки ин ҷо ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя шуда, толерантнокӣ на идеали муҷаррад, балки меъёри ҳаррӯзаи ҳаёт бошад, аз нигоҳи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон зарурати бо усулҳои ҳуқуқӣ ва осоишта ҳал кардани ихтилофоту низоъҳо баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон басо муҳим аст.

Анъанаҳои халқи тоҷик, фарҳангу адабиёти ҳазорсолаи он дар алоқамандии зич бо анъанаҳои исломӣ инкишоф ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мамлакате, ки беш аз 90% аҳолиаш мусулмон аст, ҳаргиз ба асосҳо ва анъанаҳои ислом беҳурматӣ зоҳир намекунад. Аммо маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронда шавад.

Ба ман иҷозат диҳед, ба дину фарҳанги бузурги исломӣ эҳтироми бепоёни худро баён намоям. Вай дар тамоми таърихи мавҷудияти худ инсониятро хушахлоқу ғанӣ гардондааст. Дар айни замон он қариб ба миллиард нафар мардону занон эътиқодмандӣ бахшида, барои инсоният қувваи универсиалии маънавӣ гаштааст. Бинобар ин мо ба ошуфтагии зиёде мебинем, ки чӣ навъ гурӯҳҳои экстремистӣ беш аз пеш бо номи ислом ба зӯроварию террор даст мезананд. Онҳо ба нуфузу эътибори ин дин, ки худи номаш маънои осоишро дораду дар он Оллоҳ бахшояндаю меҳрубон аст, доғ меоранд.

Кофи Аннан

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: экстремизм, экстремизми сиёсӣ, экстремизми динӣ, терроризм, экстремизми сиёсии ҷазоӣ, экстремизми сиёсии идеологӣ, экстремизми миллӣ – этникӣ, ваҳҳобизм, ҷиҳод, бунёдгароӣ (фундаментализм), таассуб (фанатизм), гурӯҳҳои иртиҷоӣ, пантуркизм, панисломизм, халифат, фаъолияти экстремистӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *