Фанни Ҳуқуқи инсон

Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

1. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ – институти ҷомеаи шаҳрвандӣ

Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар баробари механизмҳои судӣ ва ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақшу мавқеи ба онҳо хосро доро буда, тавассути ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ амалӣ гардонида мешаванд. Ҷомеаи инсонӣ бо вуҷуди он ки барои ҳалли масъалаҳои идоракунӣ давлату ҳукумат созмон додааст, ба муттаҳидшавии одамон берун аз доираи ҳукумат, ки дар баробари ҳукумат проблемаҳои ҷамъиятиро ба манфиати беҳбуди он ҳал мекунанд, ниёзманд аст. Ин ташкилотҳо ба таври ихтиёрӣ аз тарафи одамон созмон дода шуда, ташкилотҳои ғайритиҷоратии пайрави арзишҳои умумибашарӣ мебошанд. Масалан, онҳо проблемаҳои мавҷударо ба давлат ва сохторҳои он маълум сохта, дар меъёрофаринӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар назди ҳукумат оид ба проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқуҳои инсон, экология , тандурустӣ , маориф, фарҳанг масъалагузориҳо мекунанд ва андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамоянд, мониторинги фаъолияти мақомоти давлатиро гузаронида , дар ин хусус аҳли ҷамъиятро хабардор месозанд.

Баъзе ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтаи ҳукуматро амалӣ мегардонанд, Боз баъзе ташкилотҳои ғайриҳукуматие ҳастанд, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро вазифаи асосии худ медонанд. Чунин ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон бисёранд. Масалан, «Бюрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқуҳои инсон ва риояи қонуният», «Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил» , «Ҷавонон ва тамаддун», Маркази таҳлилии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Маркази рушди инсон ва ҷомеа» ва ғайра.

Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар мамлакатҳои дорои анъанаҳои демократӣ дар муносибатҳои байни ҷомеа ва давлат воситае буда, ба беҳшавии ин муносибатҳо мусоидат мекунанд, ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат пешгирӣ менамоянд. Хушбахтона, дар мамлакати мо бо раванди афзоиши теъдоди ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мавқеъ ва нақши онҳо низ бобати банизомдарории муносибатҳои байни ҳокимият ва ҷомеа беш аз пеш вусъат меёбад. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ институти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Барқарорӣ ва инкишофи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба пешрафти босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба арзишҳое чун эътирофи ҳуқуқҳои инсон, дахлнопазирии онҳо, гуногуншаклии моликият, озодии меҳнат ва соҳибкорӣ, худидоракунӣ ва озодии афкор асос мекунад. Бо ташкилёбии асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди он таъсиррасонии давлат ба инсон камтар мегардад ва вобастагии инсон аз давлат аз байн меравад.

2. Асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти

ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ

Асоси ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (1998) мебошанд. Дар моддаи 28-и Конститутсия омадааст, ки «шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба он дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».

Ин меъёри конститутсионӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки дар ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо муттаҳид шаванд. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иттиҳодияи шаҳрвандон ба шумор мераванд ва фаъолияти онҳо бо қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (1998) танзим мегардад.

Шаҳрвандон дар асоси ин қонун бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани ҳуқуқҳои шахсӣ , иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳояшон метавонанд бе гирифтани рухсати пешакӣ аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ муттаҳид шаванд (моддаҳои 3,6-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»).

Давлат ҳуқуқҳо ва манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад ва дар асоси Конститутсия барои иҷрои вазифаҳои оинномавии ин ташкилотҳо шароитҳо фароҳам меорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис ёбанд. Онҳо бо ташаббуси муассисонашон-на камтар аз се шаҳрванд таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ баробари шахсони воқеӣ шахсони юридикӣ низ дохил шуда метавонанд (моддаи 10-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ).

Ташкилотҳои мазкур фаъолияташонро мувофиқи оинномаҳои қабулкардаашон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаронида мешаванд, амалӣ месозанд. Ин ташкилотҳо баробари дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро бечунучаро иҷро кунанд. Прокурори Генералӣ ва прокурорҳои тобеи вай ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби ин ташкилотҳо назорат мебаранд.

Мақомоти бақайдгирӣ низ ба риояи вазифаҳои оинномавӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо назорат карда, ҳатто ҳақ доранд, ки аз аъзои ташкилот оид ба масъалаҳои кори оинномавӣ шарҳу тавзеҳот талаб намоянд.

3. Вазифаҳои ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ

Вазифаҳои асосии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар оинномаҳои онҳо зикр мегарданд. Баъзе аз онҳо вазифаҳои маҳдуди муайян доранд, аммо аксарашон вазифаҳои универсиалие доранд, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон вобастаанд. Онҳо дар раванди қонунэҷодкунӣ ширкат варзида, монитаринги риояи ҳуқуқҳои инсонро мегузаронанд , ба одамони ниёзманд кӯмак мекунанд, бо маърифати ҳуқуқӣ машғул мешаванд, адабиёт ба нашр расонда, конференсия ва семинарҳо мегузаронанд, ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ месозанд.

4. Шаклҳои паҳншудаи фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ

Яке аз навъҳои паҳншудаи фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Дар ин бобат ташкилотҳои ғайриҳукуматие чун «Ҳуқуқ ва некӯаҳволӣ», «Маркази таҳлилии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон» ва ғайра корҳои зиёдеро ба ҷо меоранд. Маҳз бо ёрии ташкилоти ғайриҳукуматии «Ҳуқуқ ва некӯаҳволӣ» бисёр табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои ичтимоии худ муваффақ гардидаанд .

Ташкилоти ғайриҳукуматии «Маркази таҳқиқоти гендерӣ» тавассути гузаронидани конференсияҳо ва семинарҳои гуногун , ҳамчунин чопи китобу брошюраҳо масъалаҳои марбут ба маърифати ҳуқуқии занон ва мардонро ба маълумоти одамон расонида, проблемаҳои оилавиро ҳал мекунад, ба занҳо бо додани маслиҳатҳо ёрмандӣ мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар Россия мебошанд , бо қатъияти тамом дар миён меистад ,чун таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расониданд, ки ба масъалаҳое чун баробарсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Россия ва Тоҷикистон, осон кардани тартиби равуо ба ҳар ду мамлакат дахл мекунанд.

Боз як хусусияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки онҳо қариб маблағгузории дохилидавлатӣ надоранд. Бисёре аз онҳо фаъолияти худро дар асоси грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ёриҳои беруна аз дигар давлатҳо амалӣ месозанд. Сохторҳои тиҷоратии мамлакати мо имкониятҳои молиявии ба ин ташкилотҳо кӯмак расонданро надоранд, ё ба онҳо бовар надоранду муносибати беэътиборона мекунанд.

Пешрафти фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба манфиатҳои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ созгор аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ташкилоти ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *