Фанни Ҳуқуқи инсон

Тавсифи умумии вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

1. Мафҳум ва мундариҷаи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф-давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм — шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо принсипи муҳимтарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути мувофиқату ҳамоҳангии ҳадафҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти якҷоя ва масъулияти талабҳои иҷтимоиро ифода мекунад. Ифодаи «Ҳуқуқ бе вазифа ва вазифа бе ҳуқуқ вуҷуд надоранд» ин ҷо татбиқи худро меёбад.

Мафҳуми «вазифаҳо» мавҷудияти амалҳоест, ки ба зиммаи инсон гузошта шудаанду ҳатмӣ эътироф гардидаанд.

Вазифа чораи бо қонун пешбинишудаи рафтори дурусти инсон (шаҳрванд) аст, ки аз ӯ амалҳои бо қонун муайянгардидаро тақозо мекунад.

Вазифаҳо ба манфиати чи ҷомеа ва чи ҳар инсони алоҳида муқаррар мегарданд.

Бисёр одамон ҳуқуқҳои худро аввалиндараҷа ҳисобида, чунин мешуморанд, ки дар назди касе ягон вазифае надоранд. Ин хатои калон аст. Ҳуқуқ бе вазифадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Мо ҳар рӯз бо ин сару кор дорем. Мисол: духтарча аз мактаб бармегардад ва мегӯяд, ки барои бозӣ кардан меравад. Модараш ба ӯ иҷозат намедиҳад: «Ту дарсҳоятро тайёр мекунӣ». Духтарча ба қаҳр меояд: «Чаро охир? Ман ҳуқуқи истироҳат кардан дорам». Модар мефаҳмонад: «Дуруст аст, ҳуқуқ дорӣ, вале ту ҳамчунин вазифадорӣ, ки хуб хонӣ. Вазифаи ту бояд дар мадди аввал истад».

? Ба фикри Шумо, дар ин баҳс кӣ ҳақ аст?

Яке аз принсипҳои асосии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳкимбахшидашуда чунин аст: «Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардондани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст». Аз ин принсип бармеояд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо баробари ҳуқуқҳо ва вазифаҳо низ доранд.

Мисол: Одамон дар соҳили баҳр истироҳат доранд. Ҳаво хеле гарм аст ва истироҳаткунандагон бисёранд. Байни онҳо ҳам пиронсолон ҳастанд ва ҳам ҷавонон. Карим ин ҷо ҳамроҳи рафиқони худ барои офтоб хӯрда лолагун шудану истироҳат кардан омад. Вай бо худ магнитофони навашро овард ва мусиқии дӯстдоштаашро бо тамоми овоз баланд кард. Мӯйсафеди аз ин садо бедоршуда ғур-ғуркунон гуфт: «Ҷавонҳо аз худ рафтаанд, одамони атрофро умуман ҳурмат намекунанд». Оташи ҷанҷол баланд шуд. Як гурӯҳ ҷонибдори Карим шуда изҳор карданд, ки ӯ ҳуқуқи истироҳат кардан дорад, гурӯҳи дигар мӯйсафедро ҷонибдорӣ карданд.

? Ба фикри Шумо, дар ин баҳс кӣ ҳақ аст?

Аввал мо вазифаҳои худро бояд қотеъона, поквиҷдонона ва бетаваққуф иҷро кунем. Дар ин сурат ҳамаи ҳуқуқҳои мо худ аз худ иҷро мешаванд. Вале агар мо кӯшиш кунем, ки танҳо ҳуқуқҳои худро амалӣ созем, дар ин сурат ҳуқуқҳоямон ситораҳои парронеро мемонанд, ки ҳамаамон дидаему аммо боре ҳам ба даст нагирифтаем».

Маҳатма Ганди

Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳуқуқҳо ва вазифаҳои инсон бо ҳам бархӯрд мекунанд. Мисол; дар баъзе давлатҳо қонунҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо бояд одамони мошинсавор ба худ тасмаҳои амниятӣ банданд. Бисёр одамон бар зидди чунин қонун эътироз баён мекунанд. Онҳо исбот кардан мехоҳанд, ки ин ҳуқуқу озодиҳои онҳоро маҳдуд месозад. Вале ҳукуматҳои ин давлатҳо далелҳо меоранд, ки вақте одамон мошинсаворӣ мекунанд, онҳо дар назди бемористонҳо, духтурон ва дар маҷмӯъ дар назди ҷамъият вазифоранд чораҳое бинанд, ки дар сурати эҳтимолӣ дучори садама шудан ҷароҳат набардоранд. Агар онҳо тасмаҳои амниятӣ набанданд, дар натиҷаи садамаи зарбаю ҷароҳатҳо бардошта, боиси сарф гардидани вақт ва пул мегарданд ва катҳои бемории одамонеро ишғол менамоянд, ки воқеан ҳам беморанд. Ба ин тариқ, онҳо ҳуқуқҳои беморонро барои гирифтани табобат маҳдуд месозанд.

Аҳамияти муқаррар гардидани вазифаҳои дуҷонибаи байни давлат ва инсон ба он оварда мерасонад, ки ҳаёти арзандаи инсон ва шаҳрванд таъмин мегардад ва ин шаҳодати шукуфоии давлат аст.

2. Вазифадории инсон дар таълимоти динӣ ва муқаррароти фалсафӣ

Дар ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ- буддоӣ, яҳудӣ, насронӣ, мусулмонӣ дар назди одамон вазифаи риояи ғояи «Бо одами дигар тавре рафтор нанамо, ки намехоҳӣ бо ту чунин рафтор кунанд» гузошта шудааст. Дар таълимоти зардуштӣ омадааст, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини волидон дар назди фарзандон таълим додани онҳо аст. Яке аз мутафаккирони гузашта мардро вазифадор донистааст, ки зану фарзандонашро бемаълумот нагузорад, то ки ӯ гирифтори пушаймонӣ ва азобу уқубат нагардад.

Дар Ислом низ дар бораи таълим додани занону кӯдакон ибрози ақида карда шудааст. Дар яке аз ҳадисҳои Муҳаммад (с) омадааст, ки «зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» ва дониш гирифтани занон ҳатмӣ дониста шудааст.

Дар Эъломияи умумии исломии ҳуқуқҳои инсон (соли 1990) гуфта шудааст: «Андӯхтани дониш ва ҷустуҷӯи ҳақиқат на танҳо ҳуқуқ, балки вазифаю қарзи ҳатмии ҳар мусулмон аст». Ё худ: «Эҳтироми эҳсосоти динии дигар одамон эътиқоди ҳар як мусулмон аст».

Аз нигоҳи фалсафӣ ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои рӯҳонии универсалианд. Муқаррароти фалсафӣ одамонро вазифадор месозанд, ки низоми муносибатҳои байни одамонро дар тамоми замонҳою давраҳо риоя кунанд.

? Ислом вазифаҳои одамонро чигуна муайян кардааст?

Ҳар як ҳуқуқи дар Эъломия баёншуда ба зиммаи инсон ҳамчунин вазифаҳо мегузорад.

Эъломияи умумии исломии ҳуқуқҳои инсон

3. Вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дар шаклҳои гуногуни давлатдорӣ

Вазифаҳои асосӣ (конститутсионӣ) ва иловагӣ. Дар шароити демократия вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, ихтиёрӣ ва мушаххасӣ муайян гардидаанд, ки ҳар як инсон ва шаҳрванд онҳоро аниқ медонад.

Баъзе вазифаҳое ҳастанд, ки шаҳрванд онҳоро ба зимма дошта, аммо шахси бешаҳрвандӣ чунин ҳуқуқҳо надорад. Масалан, иштирок кардан ва овоз додан дар раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот, иҷро кардани ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва ғайра.

Дар шароити тоталитаризм одам дар ихтиёри худ нест ва ӯ ба фармону фармоишоти нашршудаи мақомоти болоӣ итоат карда, вазифадор аст, ки онҳоро ҳатман ба ҷо орад. Тоталитаризм дар асоси эътиқодҳое амал мекард, ки ҷомеаи муваффақона наметавонад аз рӯи принсипи озодии шахсият арзи вуҷуд кунад.

Ҷиноятҳои бар зидди инсоният дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ содиршуда одамонро ба зарурати таъминоти юридикӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, муайян кардани вазифаҳои ӯ водор сохтанд. Тамоми ҷаҳон бо чашмони худ дид, ки дар сурати рад кардани ҳуқуқҳои табиӣ ва фитрии инсон чӣ даҳшатҳое ба амал меоянд. Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар шаҳодати ба таври ҳуҷҷатӣ баланд бардоштани шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо ҳуқуқҳои инсон ва мутаносибан вазифаҳои ӯ на танҳо ба сифати маънавияти идеалӣ, балки ҳамчунин чун принсипҳои сиёсати байналхалқӣ ва тартиботи нави ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.

Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, ӯҳдадор мебошад.

Моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ашхоси дар қаламрави Тоҷикистон зиндагикунандаро, ки иҷрои ин вазифаҳо барои онҳо ҳатмист, муқаррар кардааст. Дар сурати ихтиёрӣ иҷро накардани онҳо давлат сиёсати маҷбурсозии худро ба кор мебарад.

Вазифаҳои конститусионии шаҳрвандон аз иҷрои талаботи Конститутсия, қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ (санадҳои дар асоси қонунҳо қабулшуда) иборат аст ва мо бояд ҳуқуқҳо ва озодиҳо, шарафу эътибори дигаронро эҳтиром намоем.

Иҷрои қонунҳои соҳавӣ низ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъзе меъёрҳои конститутсионӣ вазифаи манъ карданро муқаррар намудаанд (масалан, манъи тарғиби афзалиятмандии иҷтимоӣ, ранги пӯст, миллат, дин ва забон).

Ба ин тариқ, дар вазифаҳои конститусионӣ масъулияти шахсият дар назди ҷомеа ва инсон дар назди давлат эътироф карда мешавад.

Мафҳуми зеринро ба хотир гиред: вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *