Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ

1. Риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, тавре мо қайд кардем, намояндагони халқҳо ва этносҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва аз ин лиҳоз эътироф ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо яке аз шартҳои муҳимтарини рушди демократия, таъмини эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ тасдиқ кардааст ва дар сиёсати миллии худ ин стандартҳоро ба роҳбарӣ мегирад.

Дар сатҳи конститутсионӣ характери сермиллатии ҷумҳурии мо таҳким бахшида, ҳуқуқҳои махсуси ақаллиятҳои миллӣ эътироф карда шудаанд, дар сатҳи қонунгузорӣ бошад, ба ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ҳуқуқ ба махсусиятҳои худ пешниҳод гардида, ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона будани амалҳои зӯроварона нисбат ба онҳо эътироф карда шудааст ва вазифаҳои давлат оид ба барқарорсозии ҳуқуқҳои онҳо дар ҳолати вайрон кардан ва ҷуброни зарари расонидашуда дар сурати зарурат муқаррар гардидааст.

«Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ

зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

«Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон

шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд».

«Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон,

эътиқоди динӣ… ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».

«Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ,

нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст».

Аз моддаҳои 2, 6, 17, 30-и Конститутсияи

(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман зиёда аз 15 ҷамоаи миллӣ, яъне созмонҳои ташкилдодаи ақаллиятҳои миллӣ, ки ҳуқуқи худро ба таъсиси ассосиатсияҳо татбиқ сохтаанд, ба қайд гирифта шуда, амал мекунанд. Инҳо ҷамоаҳои озарбойҷониҳо, арабҳо, арманиҳо, гурҷиҳо, яҳудиён, қирғизҳо, кореягиҳо, немисҳо, осетинҳо, тотору бошқирдҳо, туркманҳо, уйғурҳо, русҳо, ӯзбекҳо, украинҳо ва ҷамоаи халқҳои Кавказ мебошанд.

Дар қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаклу имкониятҳое, ки дар доираи онҳо ин ҷамоаҳо амал карда метавонанд, муайян карда шудаанд. Ғайр аз ин муқаррарот оид ба истифодаи забони модарӣ дар қонун «Дар бораи забон» (1991) зикр гардидаанд.

Дар айни замон инҳоро принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст:

• баробарии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

• манъи ҳама гуна шаклҳои табъизи шаҳрвандон аз рӯи аломатҳои нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё мансубияти динӣ;

• ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд баҳри муайян кардан ва нишон додани мансубияти миллии худ бе ҳеҷ гуна маҷбурсозӣ;

• кӯмак кардан ба рушди фарҳангҳои миллӣ ва забонҳои халқҳои Тоҷикистон;

• ҳалли саривақтӣ ва осоиштаи ихтилофот ва низоъҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

• манъи фаъолияти ба суст кардани амнияти давлат нигаронидашуда, барангехтани хусумати нажодӣ, миллӣ ва динӣ, бадбинӣ ё душманӣ.

?. Ба андешаи Шумо оё дар ҷаҳони имрӯза давлати сермиллат бунёд кардан мумкин аст?

2.Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ

дар ҷаҳон ва таҷрибаи ҳалли онҳо

Дар ибтидои ҳазорсолаи сеюм тамоюлҳои глобалие мушоҳида мешаванд, ки онҳоро бо маҷмӯи томи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии, чуноне пешбинӣ кардан мумкин, дар тақдири бисёр наслҳо таҷассумёбанда тафсир бахшидан лозим меояд. Аз ҷумла ҳамгироии идомадоштаи мамлакатҳои аврупоӣ, бавуҷудоии фазои умумиҷаҳонии иттилоотӣ, алоқамандии афзояндаи байниҳамдигарии иқтисодӣ, баланд гардидани нақши илмро қайд кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин кӯшишҳои муқовимат кардан ба равандҳои интернатсионализатсия, болоравии оштинопазирӣ ба ақаллиятҳои миллӣ барало намоён мебошад. Ҳаёт мавҳумотеро, ки кадом як проблемаҳои дохилиро бо ёрии ҷудосозии сиёсӣ ё сарҳадҳои пӯшида ҳал кардан мумкин аст, рад мекунад.

Робитаҳои таърихан ташаккулёфтаи байни фарҳангҳо, муҳоҷират, бойшавии мутақобилаи фарҳангию забонӣ хусусиятҳои табиии ҳаёти имрӯза мебошанд. Маҳз мубодилаи байниҳамдигарии фарҳангӣ миллатҳо ва қавмҳои имрӯзаро ташаккул додааст, робитаҳои доимии забонӣ бошанд, асоси инкишофи бисёр забонҳои дунё гардидаанд. Ҳол он ки халкҳои аз нигоҳи этно-таърихӣ гуногун бисёр вақт ба як дин мансуб мебошанд.

Ҷомеа ва давлатҳои шаклҳои идоракуниашон пешрафта механизмҳои ба ризоияти ҷамъиятӣ мусоидаткунандаро ба вуҷуд меоранд. Қонунгузориҳо дар бораи ақаллиятҳои миллӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дар худ қонунгузориҳои забонӣ, қонунҳо оид ба иштироки ақаллиятҳои миллиро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва маориф фарогиранд.

Манъи табъиз аз рӯи аломатҳои забон имрӯз стандарти аз ҷониби умум эътирофшудаи қонунгузории забонист. Принсипҳои дар санадҳои байналмилалӣ эъломгаштаи баробарҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва манъи табъиз аз рӯи аломатҳои этникӣ барои иштироки ақаллиятҳо дар ҳаёти сиёсӣ дар асосҳои баробар бо миллати номвар асоси муайяни ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аммо, чун қоида, имкониятҳои онҳо гуногунанд ва баробарии расмӣ баробарии аслиро ба вуҷуд намеорад. Баъзе мамлакатҳо оид ба ҳалли ин проблемаҳо аллакай таҷриба ғун кардаанд. Агар сухан дар бораи имкониятҳои ғайрирасмии иштироки сиёсӣ равад, ҳизбҳои сиёсии ақаллиятҳои миллӣ имкониятҳои намояндагии худро дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои умумимиллӣ афзун мегардонанд. Масалан, дар Австрия баъзе ташкилотҳои ҳизбии словенӣ бо ҳизбҳои умумимиллӣ созишномаҳои пешазинтихоботӣ ба имзо мерасонанд.

Механизмҳои ҳуқуқии таъмини иштироки ақаллиятҳо ва ҳифзи манфиатҳои онҳо метавонанд ҳам дар марҳилаи рафти интихобот ва ҳам дар худи парлумон ба вуҷуд оварда шаванд.

Имтиёзҳо дар интихобот пеш аз ҳама озодсозии ҳизбҳои ақаллиятҳои миллӣ аз иҷрои талаботе мебошанд, ки дар роҳи ҳизбҳои камаъзо ба парлумон монеа мешаванд. Чунончи, масалан, агар қонунгузории мамлакат пешбинӣ намояд, ки дар интихобот фақат ҳизбҳои на камтар аз 5 % шумораи умумии овозҳои интихобкунандагонро ҷамъкарда иштирок карда метавонанд, ин қоида ба ҳизбҳои намояндагикунандаи ақаллиятҳои миллӣ паҳн намегардад. Чунин амалия аз ҷумла дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мавҷуд аст.

Усули дигари таъминсозии намояндагии ақаллиятҳои миллӣ, ки ба сабаби камшуморӣ ба парлумон ва дигар мақомоти ҳокимият дар асосҳои умумӣ ворид шуда наметавонанд, бурсияҷудокунӣ (квота), яъне ба ҳизбҳои намояндагикунандаи ақаллиятҳои миллӣ додани ҷойҳои муайян аст. Чунончи, масалан, дар Ҳиндустони аҳолиаш беш аз миллиард нафар барои намояндагони ҷомеаи англо-ҳиндӣ, ки ба сабаби камшумор буданашон ба парлумон пешниҳод намегарданд, ҷойҳои эҳтиётӣ ҷудо карда мешаванд.

Лаҳзаи маърифатӣ дар таҳкиму такмили институти мактабҳои миллии таҳсилоти умумӣ ҳамчун усули нигаҳдорӣ ва рушди фарҳанг ва забони ҳар як халқи дар давлат зиндагидошта ифода мегардад. Ба ин тарз мактабҳое таъсис меёбанд, ки дар онҳо ба ҷуз барномаи таҳсилоти умумӣ хонандагон забони модарӣ ва фарҳанги халқи худро меомӯзанд.

Махсусияти проблемаҳои ақаллиятҳо ва муносибати онҳо бо аксарияти пешоҳанг чун таҳияи амсилаҳои ҳамгироии рушд метавонанд кӯшишҳои иловагӣ талаб намоянд. Ғайр аз ин ба назар гирифтани алоқамандии байниҳамдигарии урфу одатҳо, анъанот ва маросимҳои миллӣ бо дин, дастгирии кӯшишҳои ташкилотҳои динӣ бобати кор бо ақаллиятҳои миллӣ зарур аст.

Тадбирҳои дигари самараноки ба нармсозӣ ва ҳалли проблемаҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидаткунанда инҳо шуда метавонанд:

• таъсиси мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои ақаллиятҳо;

• ташкил кардани чунин шакли иттиҳодияи ҷамъиятӣ чун мухторияти миллӣ-фарҳангӣ (ин ҷо барандаи ҳуқуқҳои миллӣ на ҳудуд, балки иттиҳоди миллӣ аст);

• дар ҷойҳои зисти сарҷамъонаи гурӯҳҳои миллӣ ва этникӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии худидоракунӣ;

• дастгирии таъсиси васоити ахбори умумии миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ба забони модарӣ ва ғайра.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ақаллиятҳои миллӣ аксаран натиҷаи созиши байни гурӯҳҳо ва манфиатҳои ҷамъиятии ҳатто гоҳо бо ҳам оштинопазир аст. Дар чунин ҳолат таъмини манъи табъиз нисбат ба ақаллиятҳои миллӣ ва ҳама гуна ақаллиятҳои дигар барои барпосозӣ ва нигаҳдории ҷамъияти демократӣ, фузунфарҳанг ва сермиллат шарти ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҷамоаҳои миллӣ, мухторияти миллӣ-фарҳангӣ, иштироки сиёсии ақаллиятҳои миллӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *