Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқ бо ҳифзи саломатӣ

1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ: мафҳум, аҳамият

Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким бахшида шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгӯи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда шудааст. Қонунгузории амалкунанда мафҳуми мушаххаси саломатиро кушода надодааст, бинобар ин дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Дар Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ саломатӣ ҳамчун «некӯаҳволии пурраи (комили) иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии одам» зикр гардидааст. Ду навъи саломатӣ — алоҳидаи шахсӣ (инфиродӣ) ва саломатии аҳолиро бояд фарқ кард. Саломатии инсонро танҳо дар муқоиса бо беморӣ эътироф кардан нашояд. Вай таркиб ё ҳамоҳангии сифатҳои биологӣ ва иҷтимоӣ аст. Беҳуда нест, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим ба омилҳои муайянкунандаи саломатӣ шароитҳои хуби зиндагӣ, нақшаи гигиенӣ, ғизои пурмаҳсулро шомил медонистанд. Ҳанӯз Суқроти бузург гуфта буд, ки саломатии инсон аз фаъолият, одатҳо ва шароити зиндагии одам вобаста аст.

Нигаҳдории тандурустӣ институти комплексист. Ба он тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, илмӣ, тиббӣ, санитарию эпидемиологӣ ва пешгирикунандае дохил мешаванд, ки давлат ба манфиати шаҳрвандони худ бояд ба амал барорад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (соли 1997) воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ инҳоянд: гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳо дар ҷои истиқомати аҳолӣ; мубориза бар зидди ин бемориҳо; таъмин кардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ; расонидани хизматҳои тиббӣ ва санитарӣ; дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ; масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани хизмати босифати тиббӣ; табобат ва барқарорсозии саломатии одамон.

Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ба мундариҷаи ин ҳуқуқҳо омилҳои зерин дохил мешаванд: 1). Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии касбии тиббӣ. Мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” шаҳрвандон ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ ва ҳолатҳои дигар ба ёрии иҷтимоии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, пешгирикунанда ва ғайра) ҳақ доранд. Чунин ёрии пешгирикунанда бояд дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонида шавад. Мувофиқи нишондоди ин қонун шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои наздиктарини тиббию пешгирикунанда, сарфи назар аз тобеияти ҳудудию идоравии онҳо, бояд таъмин карда шаванд. 2). Ҳуқуқ ба таъминоти саривақтӣ бо доруворӣ тавассути бастани қарордодҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ. 3) Ҳуқуқ ба протезикунонии (ориятии) пулакӣ дар асоси қарордод. 4). Ҳуқуқ ба табобати косметологӣ дар асоси қарордод. 5). Ҳуқуқ ба донорӣ ва трансплататсия. 6). Ҳуқуқи иштирок дар озмоиши тиббӣ. Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додани инсон манъ аст. 7). Ҳуқуқи шаҳрванд ба беҳдошти экологӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва радиатсионӣ. 8). Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи саломатии худ ва омилҳои ба саломатии ӯ таъсиррасонанда. 9). Шаҳрвандон ба таллофӣ карда шудани зарари ба онҳо расондашуда ҳангоми ташхис, озмоиш ё худтабобат ҳақ доранд. 10). Ҳуқуқи шаҳрванд ба муносибати инсондӯстонаи кормандони тиб, интихоби духтур ва муассисаи табобатию ташхискунанда, бо хоҳиши ӯ гузаронидани консилиум ва машваратҳо, ҳуқуқи даъват кардани адвокат барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда.

2. Расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (моддаи 22) ва «Дар бораи фаъолияти тиббии хусусӣ” (моддаҳои 11-13 ва 15 -16) ду навъи ёрии тиббӣ – ёрии тибби ройгон ва ёрии пулакии муассисаҳои хусусии тиббиро (дар сурати мавҷудияти дипломи духтур ва рухсатнома барои чунин фаъолият) ҷудо мекунанд. Расонидани ёрии пулакӣ мувофиқи қарордоде сурат мегирад, ки дар адабиёти ҳуқуқшиносии Россия ва хориҷа номҳои гуногун доранд: қарордод дар бораи расонидани хизмати тиббӣ, қарордоди расонидани хизмати тиббӣ, қарордоди байни духтур ва бемор ва ғайра. Шакли қарордоди расонидани хизмати тиббӣ ба муносибатҳои байни муассисаҳои тиббӣ ва шаҳрвандон монандӣ дорад, зеро он бо дар назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб амалӣ мегардад. Қарордоди расонидани хизмати тиббӣ, чун қоида, ба таври шифоҳӣ баста мешавад, вале шакли хаттии қарордод низ имконпазир аст.

Ҳангоми расонидани хадамоти тиббӣ ба имкониятҳои моддии шаҳрванд умед бастан лозим нест, зеро бо дар назардошти воқеияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ чунин самт метавонад ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда расонад. Сифати ёрии тиббӣ аз сифати таҷҳизоти тиббӣ ҳангоми амалиёти чарроҳӣ, воситаҳои доруворӣ ва лаёқатмандии духтур сахт вобаста аст. Қонун ҳуқуқи беморро барои интихоби духтур муқаррар кардааст. Ҳамчунин дар қонунгузории тиббӣ гурӯҳҳо ва категорияҳои муайяни бемороне муқаррар карда шудаанд, ки ба онҳо бо дастурхати (ретсепти) духтур доруворӣ ройгон ё қисман ройгон дода мешавад. Бояд гуфт, ки таъминот бо доруворӣ яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳаи тиб мебошад. Хеле гарон будани нархи дорувориҳои аз хориҷа овардашаванда боиси он гардидааст, ки бисёр духтурон тарзи расонидани хизмати тиббиро на аз рӯи салоҳдиди тиббӣ, балки бо ризоияти бемор ва ба назар гирифтани вазъи молиявии ӯ ва роҳҳои дигар муайян мекунанд.

Ба ин тариқ, ба ҳифзи саломатӣ дар асоси тадриҷаи инкишоф додан ва баланд бардоштани сифат ва дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бояд кафолат дода шавад. Дар ин қисмат пешгирии беморӣ, сари вақт муайян кардан ва ҷустуҷӯи роҳҳои табобати он, барқарорсозии қобилияти кории бемор аҳамияти махсус дорад. Ба ташкилу гузаронидани тадбирҳои аз бемориҳо пешгирикунандаи кӯдакон, занони ҳомиладор ва наврасон бояд диққати махсус дод.

Дар мустаҳкамшавии саломатии шахсият рушди оммавии тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти калон дорад. Тарбияи ҷисмонӣ, машқҳо ва туризм дар мамлакати мо марҳила бар марҳила ба усули доимии ҳаёти муқаррарии одамон табдил меёбанд.

Ҷамъиятҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон аҳамияти ҷиддӣ касб мекунанд. Дар мамлакати мо оид ба таҳким бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди клубҳои машқкунию тарбияи ҷисмонӣ ва таъмин кардани онҳо бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳо андешида мешаванд.

Амалисозии ҳуқуқ ба саломатӣ бо таъмини шароитҳои мусоиди зиндагӣ зич алоқаманд аст. Бинобар ин як қатор чорабиниҳои хусусияти умумидошта бояд бо манъи ифлоссозии муҳити зист, партофтани партовҳои истеҳсолӣ ба об таҳким бахшида шаванд. Ғайр аз ин, сарфи назар аз шакли моликият корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки мутобиқи техникаи бехатарӣ ва гигиенӣ бояд шароитҳои мусоиди меҳнатро таъмин кунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *