Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои экология ва ҳуқуқи инсон

  1. Моҳият ва предмети экология

Ҳанӯз дар миёнаи асри XIX дар натиҷаи тараққиёти саноат дар баъзе давлатҳои Аврупо чун Англия, Германия, Франсия, Италия, Белгия, Австрия, Швейсария ва ғайра вазъи экологии барои ҳаёти одам номатлуб ба миён омад. Проблемаи мазкур гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва олимони ин мамлакатҳоро ба изтироб овард ва зарурати андешидани тадбирҳо баҳри пешгирии фалокати экологӣ ба миён омад. Аммо на ҳамаи давлатҳои аврупоӣ ба ин проблема таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд, зеро онҳо байни проблемаҳои экология ва одам алоқамандиеро намедиданд.

Соли 1966 олими немис Э.Геккел барои муайян кардани самти илмии марбут ба ҳифзи муҳити зист калимаи юнонии «экос» (хона)-ро мавриди истифода қарор дода, истилоҳи илмии «экология» -ро асоснок намуд. Аз ҳамин давра сар карда, то ба имрӯз зери мафҳуми экология илме фаҳмида мешавад, ки предмети тадқиқоташ муҳити биологӣ, ҷаҳони моро фарогирифта мебошад.

Экология илм дар бораи муносибатҳои организмҳои растанӣ ва ҳайвонот ва оилаҳоест, ки онҳо байни худ ва бо муҳити зист ташкил мекунанд.

Дар асри XX назар ба асри XIX таъсири инсон ба табиат боз ҳам пурзӯртар мешавад. Дар натиҷаи тараққиёти басуръати саноат, нақлиёт, истеҳсолот, мавриди истифода қарор гирифтани навъҳои гуногуни маводи сӯзишворӣ, қувваи барқ, дастовардҳои илми кимиё дар хоҷагии халқ хатари экологӣ ба ҷомеа боз ҳам пурзӯртар гашт.

Агар дар ибтидои ташаккули экология ҳамчун илм вай бо ҳифзи муҳити зист, яъне ҳифзи биосфера машғул бошад, дар нимаҳои асри XX маълум гашт, ки аз ифлосшавии муҳити зист одамон ҳам на камтар, балки бештар аз худи табиат зарар мебинанд ва онҳо низ ниёзманди ҳифозатанд. Маҳз ба ҳамин сабаб экология ҳамчун танзимкунандаи асосҳои илмии истифодаи оқилонаи табиат баромад мекунад. Ҳамин тавр, экологияи иҷтимоӣ пайдо шуд, ки предмети тадқиқоташ муносибати байниҳамдигарии ҷомеа, муҳити зист ва ҳифзи табиат мебошад.

? 1. Мафҳуми «экология»-ро шарҳ диҳед.

2.Проблемаҳои экологӣ ба ҳуқуқҳои инсон чӣ иртиботе доранд?

  1. Проблемаҳои глобалии экологӣ ва

ҳуқуқи инсон

Ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо барои рушди саноат, нақлиёт, алоқа, илм, техника, технологияи иттилооотӣ, инчунин барои ҳифзи муҳити зист (экология) бо мақсади нигоҳдории он баҳри наслҳои оянда мекӯшад. Тадбирҳои меандешидаи давлат ва ҷомеа барои ҳифзи муҳити зист ва натиҷаҳои ин кӯшишҳоро пеш аз ҳама бо сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа арзёбӣ кардан мумкин аст.

Шаъну эътибори инсон аз имконияти амалисозии ҳуқуқҳои ӯ ба оби тоза, сиҳатмандӣ ва хӯрокворӣ ҷудонашаванда аст.

Ҳуқуқҳои экологии инсон маҷмӯи ҳуқуқҳои конститутсониии инсон аст, ки инҳоро фарогир мебошад: ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист; ҳуқуқ ба таллофӣ шудани зарарҳое, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии экологӣ ба саломиатӣ ва амволи одам расонида шудаанд; ҳуқуқ ба гирифтани иттилооти боэътимод дар бораи муҳити табиии одамро иҳотакарда.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кард, ки ҳуқуқи мавҷудият дар муҳити солими экологӣ ҳуқуқи то чӣ андоза муҳими инсон аст. Барои таъмини ин ҳуқуқ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ташкилоту муассисаҳо ва ҳаракатҳои махсуси давлатӣ, минҷумла ғайридавлатӣ ҳастанд. Дар ин самт СММ ва муассисаҳои он, ҳаракатҳои ҷамъиятии «Сабзҳо» ва «Гринпис» нақши калон мебозанд.

Дар ҷаҳон мисли ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла бо партовҳои истеҳсолӣ (ба онҳо ҳамчунин партовҳои ҳастаӣ (ядроӣ) дахл доранд), вусъати истеҳсоли яроқи ҳастаӣ, оби ошомиданӣ бисёр проблемаҳои экологӣ мавҷуданд. Гармшавии иқлими кураи замин ба нобудшавӣ ва тамоман аз байн рафтани баъзе навъҳои ҳайвонот, ифлосшавии атмосфера дар шаҳрҳо, афзуншавии техника ва технологияи аз нигоҳи экологӣ хавфнок оварда мерасонад.

? Шумо боз кадом проблемаҳои экологиро медонед?

Оқибатҳои ифлосшавии муҳити зистро пеш аз ҳама, сокинони Аврупо дар худ эҳсос карданд, зеро маҳз дар ҳамин минтақа тараққиёти саноат ва партовҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист таъсири махсусан манфӣ расонданд. Ва ин боиси пайдошавии ҳаракати ҷамъиятии «Сабзҳо» шуд. Дар баъзе мамлакатҳо «Сабзҳо» ба ташкилотҳои пурқуввати ҷамъиятӣ табдил ёфта, ҳатто ҳизбҳои сиёсӣ таъсис додаанд. Чунин ҳизбҳо дар Германия, Австрия, Белгия, Дания ва як қатор давлатҳои дигар мавҷуд буда, байни интихобкунандагон ҷонибдорони диёде доранд.

Дигар ҳаракати машҳури умумиҷаҳонии экологӣ «Гринпис» низ даҳсолаҳои зиёд амал мекунад. Вай барои санҷиши вазъи экологӣ дар ихтиёри худ киштӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дорад. «Гринпис» ба қитъаҳои гуногуни баҳрҳо, уқёнусҳо ва қисми хушкии замин назорат мебарад. Чанд сол пеш, вақте Россия партовҳои ҳастаии худро ба Уқёнуси Ором партофт ва Франсия дар ҷазираҳои Уқёнуси Ором санҷиши бомбаи ҳастаиро гузоранд, ҷаҳон маҳз ба туфайли фаъолияти «Гринпис» аз ин рӯйдодҳо бохабар гашт. Ба «Гринпис» муяссар шуд, ки ифлоссозии минбаъдаи қитъаи Уқёнуси Ором ва санҷишҳои яроқи ҳастаиро дар он минтақа боздорад. Ҳаракати «Гринпис» дар ҷаҳон шумораи зиёди ҷонибдорон ва пайравон дорад.

Чуноне қайд шуд, навъҳои гуногуни партовҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла нерӯи ҳастаӣ ва яроқи ҳастаӣ муҳити зист ва табиатро ифлос мегардонанд. Дар даҳсолаҳои охири асри XX ва ибтидои асри XXI нерӯи ҳастаӣ ба хавфи нисбатан ҷиддие ба сари инсоният табдил ёфт. Фоҷеаи Чернобил, оқибатҳои санҷишҳои ҳастаӣ дар майдонҳои озмоишии Семипалатинск, Зеландияи Нав, Невада ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Бо мақсади ҳифзи инсоният ва муҳити экологӣ аз оқибатҳои ногувори истифодаи қувваи ҳастаӣ Оҷонсии байналмилалии оид ба нерӯи атом (ОБНА) – ташкилоти байналмилалии байниҳукуматӣ барои инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи атом бо мақсади осоишта таъсис дода шудааст. Вай истеҳсол, истифодаи бехавфи нерӯи ҳастаӣ ва паҳн накардани силоҳи ҳастаиро назорат мекунад. ОБНА кори мазкурро дар асоси қонунгузории байналмилалӣ, аз ҷумла дар асоси Созишнома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ амалӣ мегардонад.

Дастрасии инсоният ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Маълум аст, ки беш аз 2 миллиард аҳолии кураи замин ниёзманди оби ошомиданӣ мебошад. Дар баъзе давлатҳои ҷаҳон аҳолӣ маҷбур аст, ки аз оби аз нигоҳи экологӣ ифлос истифода барад, зеро ҳукуматҳои ин мамлакатҳо онҳоро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда наметавонанд. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатӣ алоқаманд буда, иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ метавонад худи мавҷудияти инсониятро зери хавф гузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кард, ки солҳои 2003-2005 солҳои «Оби тоза» эълон карда шаванд. Ин пешниҳоди ӯ аз ҷониби давлатҳои иштирокдор дастгирӣ ёфт. Ҳамин тавр, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон СММ солҳои 2005-2015 –ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об – барои ҳаёт» эълон кард.

Дар натиҷаи ифлосшавии муҳити зист бо айби одам баъзе навъҳои набототу ҳайвонот аз байн мераванд, миқдори онҳо сол то сол кам мешавад. Дар баъзе мамлакатҳо барои барқарорсозии муҳити биологӣ чораҳои пурсамар меандешанд, масалан, мамнӯъгоҳҳои миллӣ бунёд мекунанд. Дар онҳо рустаниҳои нодирро парвариш карда, барои ҳайвонот, алалхусус, ҳайвоноте, ки ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, муҳити мусоиди зист фароҳам меоранд. Чунин боғҳои миллӣ дар ҳимояи давлат мебошанд.

Бо мақсади наҷотбахшии навъҳои нобудшавандаи ҳайвонот ва рустаниҳо номи онҳо ба «Китоби сурх» дохил карда мешавад. Аз Китоби сурх фаҳмидан мумкин аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ кадом навъҳои ҳайвонот дар марҳалаи нобудшавӣ қарор доранду эҳтиёҷманди ҳифзи махсус мебошанд. Онҳоро кӯшиш мекунанд, ки дар боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳо нигоҳ доранд. Баъди барқарории теъдоди муайян як қисми ин ҳайвонот ба муҳити табиии зист сар дода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Китоби сурх»-и миллӣ мавҷуд аст.

Боз дигар усулҳои нигоҳдории муҳити биологӣ мавҷуданд. Масалан, дар баъзе мамлакатҳо бонки тухмии рустаниҳо ташкил мегарданд, ки дар ҳолатҳои камшавӣ ё нобудшавии ин ё он рустанӣ барои аз нав барқарор сохтани онҳо ёрӣ мерасонанд.

? Шумо кадом рустанӣ ва ҳайвоноти ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон дохилшударо медонед?

Дигар проблемаи ҷиддии ҷаҳонии экологӣ гармшавии иқлим мебошад, ки дар натиҷаи ҷудо гардидани миқдори зиёди гармӣ аз истеҳсолоти саноатӣ, истифодаи нақлиёт ва ғайра ба амал меояд. Олимон ба хулосае омадаанд, ки ҳарорати кураи замин ду маротиба баланд шудааст. Обшавии пиряхҳои калони садсолаҳо мавҷуда шурӯъ гардидааст. Ҳатто дар Антарктида обшавии пиряхҳои умрашон беш аз ҳазорсола ба амал меояд. Гармшавии иқлим ба қабатҳои атмосфераи қитъаи яхӣ таъсири манфӣ расонидааст, ин ҷо роғҳои озоние пайдо шудаанд, ки барои мавҷудияти худи замин хавфноканд.

Бо мақсади ташкили фаъолияти байналмилалӣ оид ба пешгирии дигаргуншавии иқлим моҳи июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейро дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд Конвенсияи доиравии СММ оид ба дигаргуншавии иқлим қабул шуд. Протоколи Киот ба Конвенсия дар сессияи сеюми конфронси иштирокдорони Конвенсия (СОР-3) дар шаҳри Киотои Япония 10 декабри соли 1997 қабул гардид. Мақсади асосии ин Протокол муайян кардани принсипҳои сиёсати байналмилалӣ ва кишварӣ дар соҳаи пешгирии гармшавии глобалии иқлим тавассути кам кардани партовҳои антропогении газҳои буғӣ аз ҷониби мамлакатҳои мутараққию саноатӣ ва муқаррар сохтани маҳдудиятҳои доиравӣ ба ин партовҳо мебошад. Мутобиқи ин протокол 38 давлати аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда (рӯйхати №1), ки ба онҳо собиқ мамлакатҳои сотсиалистии Аврупо низ шомиланд, дар солҳои 2008-2012 партови газҳои заҳрнокро назар ба дараҷаи соли 1990 маҷмӯан бояд 5,2 фоиз кам кунанд. Бар асоси ин сатҳи заминавӣ барои ҳар мамлакат ӯҳдадориҳои фардӣ муайян гардида, мутобиқан квотаҳо барои партовҳои имконпазир ҷудо карда шудаанд, зимнан квотаҳоро ба дигар иштирокдорони созишнома фурӯхтан мумкин аст. Аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо бояд партовҳоро 8 фоиз кам кунад, барои Федератсияи Русия бошад, квота аз сатҳи соли 1990 100 фоиз гузошта шудааст, ки ин 17,4 фоизи партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳад. Созишномаи Киото дар ҷаҳон дастгирии калон пайдо кард, аммо баъзе мамлакатҳо ҳамроҳшавиро ба он рад карданд. Масалан, ИМА аз ҷумлаи чунин мамлакатҳост.

Бисёр ғояҳои олимон ва ҳуқуқшиносон, ки марбут ба маҳдудсозии таъсири зараровари инсон ба табиат мебошанд, масалан, рӯйхати маводи кимиёвии барои саломатии одамон ва олами ҳайвонот зараровар ва манъи истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра дар санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таҳким бахшида шудаанд. Вале бо вуҷуди ин баъзе мамлакатҳо қонунҳои байналмилалиро сарфи назар карда, амал менамоянд, ки ба ин васила саломатии инсон низ чун нигоҳдории муҳити зист зери хавфу хатар аст.

Дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мақомоти роҳ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир вазъи экологии шаҳрҳо, воситаҳои нақлиёт, сехҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумиро месанҷанд, гунаҳкорони ифлосшавии муҳити зист ва вазъи санитарии корхонаҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона бар зидди гунаҳгорон дар асоси қонунҳои муқарраршуда парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешаванд.

Чуноне мо этимод ҳосил кардем, дар роҳи амалисозии ҳуқуқҳои инсон ба муҳити тозаи экологӣ душвориҳои зиёде мавҷуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш мекунад, ки баҳри бартарафсозии ин душвориҳо механизмҳои пурсамар ба вуҷуд орад. Вале барои ҳалли чунин проблемаи глобалӣ кӯшиш кардани ҳар давлат ва ҳар сокини сайёра зарур аст.

? 1. Шумо экологияро ҳамчун проблемаи глобалӣ чӣ гуна мефаҳмед?

2.Ба андешаи Шумо, аҳамияти фаъолияти «Гринпис» ва «Сабзҳо» аз чӣ иборат аст?

3.Манбаъҳои ифлосшавии муҳити зистро номбар кунед.

3. Вазъи экологӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, шароитҳои мӯътадили экологӣ дорад. Вале дар мамлакати мо низ бисёр проблемаҳои глобалӣ мавҷуданд.

Дар Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ҳангоми сохтмони иншоотҳои азими истеҳсолӣ ва объектҳои дигар ба проблемаҳои муҳити зист чандон эътибори зарурӣ намедоданд. Масалан, дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе заводи семент сохта шуд, ки ҳар рӯз ба атмосфера миқдори зиёди чанги (партови) семент хориҷ карда, ба муҳити биологӣ ва аҳолии минтақа зарар меоварад. Вале мисолҳои мусбат низ ҳастанд. Кормандони комбинати маъдани Такоб, ки дар километри 45-уми қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, партовҳои истифодашудаи обро бо ингредиентҳои махсус тоза карда, ба дарёи Варзоб равона месозанд. Ба ин васила оби ифлосшуда амалан ба ҳолати табиии аввалааш баргардонда мешавад.

Дар қисмати сарҳадии водии Вахш мавзее бо номи «Бешаи палангон» ҳаст, ки дар замони шӯравӣ мамнӯъгоҳи миллии ҶШС Тоҷикистон эълон шуда буд. Замоне ин ҷо ба сабаби мавҷудияти шароитҳои мусоиди табиӣ навъҳои гуногуни ҳайвоноту паррандагон, аз ҷумла палангҳо, товусҳо, мурғобиҳои ваҳшӣ ва ғайра мезистанд. Вале дар зарфи 30-40 соли охир биосфераи ин мамнӯъгоҳ то андозае коҳид, ки аз «Бешаи палангон» фақат номаш монду бас. Палангҳо, мурғобиҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноту паррандагон тамоман нобуд шуданд, зеро муҳити ҳаёти зисти онҳо комилан аз байн рафт.

Ҳукумат ва шаҳрвандони мамлакат барои нигоҳдорию тозагии муҳити зист тадбирҳои муайян меандешанд. Ҳамасола дар шаҳру деҳот садҳо ҳазор бех ниҳолу буттаҳо шинонда мешаванд, дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳрҳо ва мавзеъҳои аҳолинишин гулгашту боғҳо бунёд мегарданд. Кормандони корхонаҳо ва муассисаҳо ба шанбегиҳои умумихалқӣ баромада, ҳудуди корхонаҳо ва ҷойҳои кории худро аз ифлосиву партовҳо тоза мекунанд. Дар Душанбе қисми нақлиёти мусофиркаш ба гази моеъ гузаронида шудааст, ки пайдошавии гази заҳролудро кам мекунад. Вале бисёр ронандаҳо бензини сифаташ пастро истифода мекунанд, ё ба сабаби вайрон будани баъзе қисмҳои воситаҳои нақлиёт газ аз меъёр зиёд ҷудо мешавад, ки боиси вайроншавии атмосфераи Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат мегардад. Аз баландии теппаҳои шарқии канори пойтахт ё кӯҳҳои водии Ҳисор ҳавои вайроне, ки шаҳри Душанберо иҳота кардааст, равшан намудор аст.

Назорати давлатӣ ба соҳаи ҳифзи табиат дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти махсус амалӣ мегардад. Барои назорати вазъи санитарии ҳамаи объектҳои муассисаҳо ва корхонаҳо дар назди Вазорати нигаҳдории тандурустӣ Стансияи ҷумҳуриявии санитарӣ – эпидемиологӣ бо намояндагиҳояш дар минтақаву маҳалҳо амал мекунад, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад. Дар сохтори Ҳукумат Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат мавҷуд аст. Дар соҳаи ҳифзи муҳити экологӣ ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калон мебозад.

Вазифаи мо ҳамчун шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон аз он иборат аст, ки тозагии максималии экологиро лар маҳалҳои зисти худ ва умуман, дар тамоми мамлакат таъмин намоем. Ба ин васила мо ҳуқуқҳои дастаҷамъии худ ва ҳуқуқҳои ҳар касро ба муҳити тозаи экологӣ таъмин менамоем.

?.1. Бо истифодаи мисолҳои дигар вазъи экологии Тоҷикистонро муайян кунед.

2. Дар бораи вазъи экологии шаҳр (деҳа), маҳалла ва биноятон нақл кунед.

3. Шахсан Шумо барои ҳифзи муҳити зист чӣ корҳо кардаед?

4.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи ҳифзи муҳити зист

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои экология ва ҳифзи муҳити экологӣ аҳамияти калон дода мешавад.

«Ҳар кас ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад… Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад».

Моддаи 38-и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва экология якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Ғайр аз ин дар санадҳои қонунгузории гуногун, ки муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро танзим мекунанд, баробари меъёрҳои дигар меъёрҳои экологӣ-санитарӣ низ таҳким бахшида шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот» (соли 2004), «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (соли 1999), «Дар бораи экспертизаи экологӣ» (соли 2003), «Дар бораи амнияти радиатсионӣ» (соли 2003), «Дар бораи истеҳсол ва муносибати бехавфона бо пеститсидҳо ва агрохимикатҳо» (соли 2003), «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» (соли 2002), «Дар бораи партовҳои истеҳсолот ва истеъмол» (соли 2002) ва ғайра қонунгузориро дар соҳаи экология ташкил медиҳанд.

Қонун «Дар бораи ҳифзи табиат» 27 декабри соли 1993 қабул шуда, ҳадафи он ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи амали байниҳамдигарии ҷомеа ва табиат бо мақсади нигаҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии зисти инсон, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, пешгирии таъсири зараровари экологии фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолиятҳои дигар, солимгардонӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи нишондодашудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва баъдинаи одамон мебошад.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои он, солимгардонии муҳити табиии зист вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми халқ, қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад».

(Дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ҳифзи табиат »)

Қонун ҳуқуқҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати иштирок дар ҳифзи табиат, аз ҷумла дар самтҳои зерин таҳким мебахшад:

— таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи табиат, фондҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист, узви чунин ташкилотҳо ва фондҳо будан;

— иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигар, ки ба муҳокимаи умумихалқӣ (раъйпурсӣ) бароварда мешаванд, муроҷиат кардан ба номаҳо, арзу шикоятҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити табиии зист;

-аз мақомоти дахлдор талаб кардани пешниҳоди иттилооти саривақтӣ, пурра ва боэътимод дар бораи вазъи муҳити табиии зист ва тадбирҳо оид ба ҳифзи он;

-манзур сохтани пешниҳодот дар бораи дигар кардани қарорҳо оид ба ҷойгирсозӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, истифодаи объектҳои зараровари экологӣ, маҳдудсозӣ, боздорӣ, қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо ва объектҳои дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ки ба муҳити табиии зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд;

-ба суд пешниҳод кардани даъвоҳо нисбат ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар бораи таллофӣ кардани зарари расонидашуда ба саломатӣ ва амвол дар натиҷаи таъсиррасониҳои номатлуб ба муҳити табиии зист.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: экология, ҳуқуқҳои экологии инсон, амнияти экологӣ, атмосфера, «Гринпис», «Сабзҳо», протоколи Киото.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *