Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирини иҷборӣ

1. Мафҳуми «муҳоҷирини иҷборӣ»

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирини иҷборӣ ду навъчанд: якум – муҳоҷирини иҷборие, ки аслан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷойҳои истиқомати доимии худро, ки дар ҳудуди давлати дигаранд, тарк кардаанд; дуюм – муҳоҷирини иҷбории дохилӣ, ки муҳоҷирини дохилӣ номида мешаванд. Ин гурӯҳҳои одамонро он, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ва маҷбур шудаанд, ҷойҳои истиқомати доимии худро тарк кунанд, муттаҳид месозад ва мутаносибан муҳоҷирини иҷбории берунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа меоянд; муҳоҷирини иҷбории дохилӣ (муҳоҷирини дохилӣ) аз як маҳали мамлакат ба маҳали дигари он низ на аз рӯи иродаи худ муҳоҷир мешаванд. Агар барои муҳоҷирати иҷбории категорияи якуми муҳоҷирин асоси омадан аз ҷои қаблии истиқомати худ ба Тоҷикистон нисбати ба онҳо содир шудани зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ на танҳо нисбат ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо низ ба сабаби аломатҳои нажодӣ, миллӣ, эътиқоди динӣ ва ғайра бошад, пас барои муҳоҷирини дохилӣ доираи чунин сабабҳо метавонад хеле васеътар бошад ва ба худ ҳамчунин хавфи экологӣ, зарурати иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва ғайраро фаро гирад.

Аммо ҳар дуи ин категорияи одамон ҳам ниёзманди қабул, ҷойгирсозӣ, таъмин кардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои онҳо ва ғайра мебошанд. Дар бораи муҳоҷирини иҷборӣ дар параграфи аввали боби мазкур сухан рафта буд. Биноан, ин ҷо ба муҳоҷирини дохилӣ диққати асосӣ дода мешавад.

? Ба хотир оред, ки муҳоҷирати дохилӣ чист?

Муҳоҷирини дохилиро вобаста ба мӯҳлати муҳоҷират ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст: доимӣ, муваққатӣ, мавсимӣ. Қайд кардан лозим аст, ки дар қонунгузории миллӣ зери мафҳуми «муҳоҷирини дохилӣ» ҳам муҳоҷирини иҷборӣ ва ҳам муҳоҷирини ихтиёрӣ фаҳмида мешаванд.

Ҷойивазкунии доимӣ ҷойивазкунии ашхос барои ҷойгиршавӣ ва зиндагии доимӣ дар дигар мавзеи аҳолинишин бе бозгашти минбаъда мебошад.

Ҷойивазкунии доимӣ – дар дохили мамлакат чи бо ташаббуси давлат ва чи бо хоҳиши худи одамони ҷойивазкунанда амалӣ мешавад. Асоси чунин муҳоҷират метавонад пеш аз ҳама сабабҳои иқтисодӣ гарданд, аз ҷумла азхудкунии заминҳои нав, имконияти пайдо кардани кор, тақсимоти неруи меҳнатии мамлакат бо мақсади истифодаи нисбатан самараноки он.

Ғайр аз ин асоси чунин муҳоҷират метавонад сабабҳои экологӣ, офатҳои табиӣ ва ғайра, яъне сабабҳое бошанд, ки бо иродаи ашхоси ҷойивазкунанда ва давлат алоқаманд нестанд.

Муҳоҷирати муваққатӣ рафтан аз ҷои доимии истиқомат ба ҷои дигар ба вақти муайянест.

Чунин муҳоҷират ҳангоми офатҳои табиӣ, яъне ҳолатҳои фавқулоддаи ба таъсироти инсон тобеънашаванда; ба сабабҳои экологӣ – ифлосшавии ҳаво, об, замин ва ғайра, ки ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид карда, бо мақсади таъмини амният ва осудаҳолии онҳо андешидани тадбирҳои фавриро талаб менамоянд, гузаронида мешаванд.

Муҳоҷирати муваққатӣ дар назар дорад, ки баъди қатъшавии ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдидкунанда онҳо, чун қоида, ба ҷойҳои қаблии истиқомати худ бармегарданд.

Муҳоҷирати мавсимии дохилӣ ҷойивазкунии одамон дар дохили мамлакат барои иҷрои корҳои таъхирнопазири характери мавсимӣ дошта мебошад.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда ашхоси ба таври иҷборӣ дар дохили мамлакат ба мӯҳлати беш аз шаш моҳ ҷойивазкарда мақоми муҳоҷири дохилиро мегиранд. Одатан мавсими корҳое, ки барои иҷрои онҳо ашхоси мазкур ҷалб карда мешаванд, метавонанд чи то шаш моҳ ва чи бештар аз шаш моҳ бошанд

  1. Тартиби амалисозии муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ

тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби амалисозии муҳоҷирати дохилӣ бо санадҳои махсуси меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Тибқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират «Низомнома дар бораи тартиби ҷойивазкунонии хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 ноябри соли 2000 (минбаъд Низомномаи I) ва «Низомнома дар бораи муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 феврали соли 2002 (минбаъд Низомномаи II) ва дигар қарорҳои танзимкунандаи масъалаҳои алоҳидаи муҳоҷират дар дохили мамлакат тасдиқ карда шудаанд.

Низомномаи I тартиби ҷойивазкунонии хоҷагиҳоро аз минтақаҳои хавфноки экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Минтақаи хавфноки экологӣ ҳудудест, ки дар он ҳолати фавқулоддаи ба ҳаёт ва саломатии одамон ва моликияти онҳо таҳдидкунанда ба амал омадааст ё ба амал омада метавонад.

Барои пешгирӣ ё бартарафсозии хавфи ба амал меомада Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамоти давлатии муҳоҷират) ҳамасола рӯйхат ва графики муҳоҷирсозии оилаҳоро аз минтақаҳои хавфноки экологӣ тартиб дода, барои тасдиқ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод менамояд.

Дар ин маврид давлат ба муҳоҷирини экологӣ ҳамаҷониба кӯмак мерасонад: ба онҳо кӯмаки моддии якдафъаина расонида шуда, бо шартҳои имтиёзнок барояшон қарзҳои дарозмӯҳлат ҷудо карда мешавад.

Оилаҳое, ки бояд аз минтақаҳои хавфноки экологӣ муҳоҷир гарданд, анкета – ариза тартиб медиҳанд ва онҳо якҷоя бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти давлатии муҳоҷират фиристода мешаванд. Хадамоти давлатии муҳоҷират баъди санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба сарвари оила шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ медиҳад. Якҷоя бо шаҳодатномаи муҳоҷири экологӣ ҳуҷҷати дахлдоре барои гирифтани кӯмакҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дода мешавад.

Муҳоҷиркунии оилаҳо аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба хоҷагиҳое амалӣ гардонда мешавад, ки он ҷо эҳтиёҷот ба қувваи кории иловагӣ ва ҳамчунин шароитҳои манзилӣ-маишӣ барои зиндагонӣ мавҷуданд. Дар ин маврид корҳои муайяни тайёрӣ барои ҳамлу нақли оилаҳои муҳоҷирин аз минтақаҳои хавфноки экологӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла Хадамоти давлатии муҳоҷират ба он назорат мебарад, ки муҳоҷирин бо ҷои корашон пурра ҳисобӣ кунанд, барои ҳамлу нақли онҳо теъдоди зарурии воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд ва дигар масъалаҳои ташкилиро ҳал мекунад.

Хадамоти давлатии муҳоҷират оилаҳои аз минтақаҳои хавфноки экологӣ муҳоҷиршаванда, навбати муҳоҷиркунии онҳо, ҳамчунин оилаҳои муҳоҷирини экологии аз ҷои муҳоҷиршавӣ фиристодашуда ва ба ҷои нави муҳоҷират ҳозиршударо ба ҳисоб мегирад. Муҳоҷират аз минтақаҳои хавфноки экологӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҳамчунин бевосита бо хоҷагиҳо ба амал бароварда шуда, ин ҳама дар якҷоягӣ бо ташаббуси худи муҳоҷирин имконият медиҳад, ки онҳо дар ҷои нав зуд ҷойгир шаванд, соҳиби кор, кӯмаку имтиёзҳои суроғадор гарданд. Ин ба риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва муҳимтар аз ҳама татбиқи онҳо кӯмак мекунад.

Баробари муҳоҷирати экологии на аз рӯи иродаи худ, яъне иҷборӣ амалишаванда бо мақсади озоду эмин доштани муҳоҷирин аз хавфҳои фарорасида ё чунин хавфу таҳдидҳое, ки оянда ба амал омада метавонанд, қонунгузорӣ, тавре мо аллакай қайд кардем, муҳоҷирати одамон бо тартиби ихтиёриро низ пешбинӣ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 феврали соли 2002 «Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ кардааст, ки тибқи он ҳадафҳои амалисозии муҳоҷирати ихтиёрӣ инҳоянд: таъмини шуғли аҳолии қобили меҳнати ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин; азхудкунӣ ва истифодаи заминҳои партов; паст кардани сатҳи камбизоатӣ.

Муҳоҷирати бо тартиби ихтиёрӣ ба амалоянда ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионии инсон ба озодии ҳаракат, интихоби ҷои зист ва татбиқи ҳуқуқ ба меҳнат мувофиқат мекунанд. Барои ин Хадамоти давлатии муҳоҷират якҷоя бо мақомоти дахлдор ҳамасола рӯйхати муҳоҷирини ихтиёриро тартиб дода, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Муқаррароте басо муҳим аст – мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати ноҳияҳое, ки аз он ҷо оилаҳо муҳоҷир мешаванд, муҳоҷиринро ба ҷойҳои муҳоҷиршавӣ бояд танҳо баъди аз мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гирифтани маълумот дар он хусус, ки онҳо қабул, пешниҳоди ҷои истиқомат, таъмини аъзои қобили меҳнати оилаҳо бо кор, ҳамчунин таъминот бо оби нӯшиданӣ ва вазъи мусоиди санитариро кафолат медиҳанд, фиристанд. Бинобар ин интихоби басо дақиқ, барасмиятдарорӣ ва фиристодани оилаҳои муҳоҷирин ба ҷойҳои нави истиқоматӣ гузаронида мешавад. Шарти асосӣ барои муҳоҷират мавҷудияти камаш ду нафар аъзои қобили меҳнати оила мебошад.

Баробари ин Низомнома имконпазирии рад кардани муҳоҷирати оиларо, ҳатто агар ин оила чунин хоҳиш изҳор намояд ҳам, барои чунин категорияҳои одамон пешбинӣ менамояд:

  1. Ашхоси қаблан муҳоҷиршудаи бе сабабҳои узрнок аз хоҷагиҳои муҳоҷират рафта;
  2. Одамоне, ки барои мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат аз кор сабукдӯш карда шудаанд;
  3. Ашхосе, ки дар ҷойҳои аз онҳо муҳоҷирмешуда қайди истиқомати доимӣ надоранд.

Барои муҳоҷиршавӣ сарвари оила низ ба мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷои истиқомат ё ба ҷамоатҳо-мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо анкета-ариза медиҳад. Ин мақомот дар навбати худ ба ӯ барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ роҳхат медиҳанд. Хамин тариқ, баъди гузаштан аз санҷиши дузинагӣ Хадамоти марказии давлатии муҳоҷират чиптаҳои муҳоҷиратӣ менависанд. Ин чиптаҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи маҳалле, ки он ҷо муҳоҷирин бояд зиндагӣ кунанд, фиристода мешаванд.

Чиптаҳои муҳоҷират барои гирифтани имтиёзҳои дахлдор ва кӯмаки якдафъаинаи пешбиникардаи қонунгузорӣ асос мебошанд. Ҳамлу нақл аз ҷои зисти қаблӣ то ҷои муҳоҷират, ҳамчунин ҳамлу нақли амвол ва чорво аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал меояд, яъне барои муҳоҷир ройгон аст.

Баъди муҳоҷиркунонӣ ва ҷойгирсозии муҳоҷирин Хадамоти давлатии муҳоҷират ва ҳокимияти иҷроияи маҳалли муҳоҷират ба рафти тайёрӣ ба қабул; ҷойгирсозӣ, ҷойгиркунонии хоҷагии муҳоҷирин, кӯмакрасонӣ дар сохтмони хонаҳо, ба муҳоҷирин додани имтиёзҳои муқарраршуда; барои муҳоҷирин ҷудо кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва ғайра назорати доимӣ мебаранд.

Ҳангоми муҳоҷиркунии оилаҳо дар дохили мамлакат, бо ҳар кадом асосе ба амал ояд, қоидаҳои аниқе муқаррар гардидаанд, ки риояи онҳо барои ҳамаи мақомот ва шахсони мансабдор ҳатмӣ ва шарте барои риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахшидашуда, кафолати ҳифзи онҳо мебошанд. Ин ҳамчунин аз он ҳам бармеояд, ки муҳоҷирини иҷборӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ба эътирофи иловагии он ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудаанд, чунон ки масалан, барои гурезаҳо характерноканд, эҳтиёҷ надоранд. Муҳоҷирини иҷборӣ ба сабаби тағйири макони зист онҳоро аз даст намедиҳанд, балки аз онҳо ба таври воқеӣ ҳамарӯза истифода менамоянд ва чун муҳоҷирини иҷборӣ ба таври илова аз ҳуқуқҳое истифода мекунанд, ки барои ҷойгиршавӣ дар маҳалли нав заруранд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: муҳоҷири дохилӣ, муҳоҷирати доимӣ, муҳоҷирати муваққатӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, Хадамоти давлатии муҳоҷират, ҷойивазкунии доимӣ, минтақаи хавфноки экологӣ, муҳоҷирати экологӣ, муҳоҷирати ихтиёрӣ, чиптаҳои муҳоҷират

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *