Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳо ва дурнамои ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчун қисми

сиёсати давлатии Тоҷикистон.

Санадҳои миллии меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи

омӯзиши ҳуқуқҳои инсон

Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият дар раванди доимии ислоҳотӣ ва мукаммал гардонидани механизмҳои қонунгузорӣ ва истифодаи ҳуқуқҳо, институтҳои давлатии ҳокимият, низоми маориф, иқтисодиёт ва ғайра қарор дорад. Ин раванд бо аз нав арзёбӣ кардани арзишҳо ва муқаррароти ҳаётӣ дар одамон давом карда, баъзан дар шаклҳои қатъӣ зуҳур мекунад. Рушди нокифояи фарҳанги ҳуқуқӣ дар сатҳи пасти вазъияти фарҳанги ҳуқуқҳои инсон инъикос меёбад. Байни омилҳои зиёду гуногуни монеъшавандаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар мамлакати мо махсусиятҳои зерини шуури миллии ҷамъиятиро дар назар доштан лозим аст: бартарӣ доштани меъёрҳои ахлоқӣ ва арзёбиҳои маънавӣ, кам донистани нақши ҳуқуқ ва сатҳи на чандон баланди инкишофи шуури ҳуқуқии шаҳрвандон; набудани тартиботи қатъии ҳуқуқӣ, кафолатҳои боэътимоди ҳуқуқҳои шахсият, худсариҳои мансабдорон, муносибат ба кор бо манфиатҳои соф идоравӣ ва шахсӣ ва чун оқибат – нобоварии одамон ба ҳуқуқ, қонун, баррасии судӣ ҳамчун усулҳои ҳифзи манфиатҳои шахсият.

Ба омӯзиши ҳуқуқҳои инсон, тавре қайд кардем, дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон нақши ҳалкунанда дода мешавад. Таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар айни замон қисми сиёсати давлатии таълимӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он асос мекунад, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои аз ҷониби кулли аҳли башар эътирофшуда чун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба сафарбарсозии ҷавонон ва дигар аъзои ҷомеа ба иштирок дар барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд нигаронида шудааст. Рушди ҷомеаи ҳозира аз бисёр ҷиҳат аз тарбия ва таълими хонандагон вобаста аст. Бинобар ин Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ ва бо иштироки мутахассисон барномаи фанни таълимии «Ҳуқуқҳои инсон»-ро таҳия карда, оид ба ин фан барои синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои миёна китобҳои дарсӣ омода кардааст. Таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон қадами муҳимест.

Ҳанӯз дар «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 ба ҳамаи шаҳрвандон ва ашхоси дар қаламрави ҷумҳурӣ зиндагидошта, сарфи назар аз вазъи молӣ, мансабӣ ва вазъиятҳои дигар, мансубияти нажодию миллӣ, забон, ҷинс, эътиқоди сиёсӣ, дин, ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар (банди 10) ҳуқуқҳо ва озодиҳо кафолат дода шуда буданд. Банди мазкур ҳамчунин кафолати ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ эъломгардидаро соҳиб буд. Баъдан Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 характери табиӣ ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои инсон (моддаи 5), бартарии санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва низоми ҳуқуқии мамлакат (моддаи 10) эълом кард.

Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1997) дар ҷумҳурӣ «Барнома дар соҳаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ (моҳи августи соли 1997) «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар кардани омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва фаъолияти ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» тасдиқ карда шуд. Дар барномаи мазкур зарурати омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон таъкид гардида буд. Дар асоси ин санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар вазоратҳо ва идораҳо таҳияи барномаҳо шурӯъ гардида, конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ ва миллӣ даъват карда шуданд. Таҷрибаи кории дар ин соҳа ғунгардида зарурати баланд бардоштани сифати стандартҳои омӯзишро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба миён овард. Ғайр аз ин низоми ягонаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон он замон ҳанӯз ташаккул наёфта буд.

Бо ин мақсад дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 «Дар бораи амиқсозии демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» Барномаи «Системаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд Барнома) қабул гардид. Он дар доираи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон мутобиқан ба принсипҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналхалқӣ, ҳамчунин дар доираи Даҳсолаи эъломгардидаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон (солҳои 1995-2004) таҳия шудааст. Дар таҳияи Барнома Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

  1. Ҳадафҳо ва вазифаҳои таълим ва тарбия дар соҳаи

ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ ва ташкили он

Мутобиқи Барномаи зикргардида таъмини риояи ҳуқуқҳои инсон ва омӯзиши он ба мақоми вазифаҳои муҳимтарин бардошта шудааст. Байни вазифаҳои дигар ба вай аҳамияти афзалиятнок дода мешавад. Барнома бо мақсади амиқсозии раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, татбиқи ҳуқуқҳо ва озодиҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккул додани эҳсоси масъулиятмандӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, дарки ҷудонашавандагии ҳуқуқҳо ва вазифаҳои фардҳо қабул гардидааст. Барнома вазифаҳои зеринро пайгирӣ мекунад: беҳтар кардани фаъолият дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳо; коркарди стратегияҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон; ташкил кардани созмонҳо ва муассисаҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон; пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин соҳа; таҳия ва такмили барномаҳо ва дастурҳои таълимӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон; истифодаи сарчашмаҳои гуногун, методҳои ҳамаҷониба имконпазири дарккунӣ дар раванди омӯзиши ҳуқуқҳои инсон; кӯмак ба иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтаи давлат дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, кӯмак ба мутобиқати (имплементатсияи) талаботи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллӣ; фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ҳамкориҳои созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳои сохтории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалисозии чораҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон; тарғиби санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон алалхусус бо иштироки воситаҳои ахбори омма.

Таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар низоми Вазорати маориф дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ, фармонҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барнома ташкил мегардад. Мутобиқи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият таълими фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои хонандагони синфҳои 8-9-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ, фанни «Ҳуқуқ» дар мактабҳои миёнаи касбӣ, фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» дар ҳамаи мактабҳои олӣ ташкил карда шудааст. Аз соли 1988 сар карда, дар ҳамаи мактабҳои олии мамлакат имтиҳони дохилшавӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ҷорӣ гардидааст. Дар як қатор мактабҳои олӣ факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, шӯъбаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «ҳуқуқшинос – равоншинос», «ҳуқуқшинос-омӯзгор» ташкил гардидаанд. Хулоса, таълими васеи асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба роҳ монда шудааст, ки дар он қисми муайяне ба мақоми ҳуқуқии шахсият бахшида мешавад.

Бо вуҷуди ин, низоми мавҷудаи омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон кофӣ набуд ва такмили минбаъдаи худро талаб дошт, зеро омӯзиши фанни алоҳидаи «Ҳуқуқҳои инсон» дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳанӯз пешбинӣ нагардида буд. Зимнан, таълими ҳуқуқҳои инсон аз ҳадафҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабҳои ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бармеояд ва ҷузъи зарурии фарҳанги ҳуқуқҳои инсонро ташкил медиҳад. Бинобар ин дар Барномаи зикршуда зарурати ҷорӣ кардани омӯзиши фанни «Ҳуқуқҳои инсон» дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъкид шудааст. Дар Барнома ҳамчунин баъзе норасоиҳо дар соҳаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла чун нарасидани кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон, заминаи сусти моддӣ-техникии мактабҳо, нарасидани адабиёти таълимӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, таҳия нагардидани консепсияи таълими ҳуқуқҳои инсон, набудани маҳфилҳо дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ва марказҳои махсуси машваратӣ дар мактабҳо нишон дода шудааст.

Барнома бо мақсади бартарафсозии камбудиҳо дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ва баланд бардоштани сифати таълим андешидани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд: ҷорӣ кардани фанни «Ҳуқуқҳои инсон» дар ҳамаи мактабҳои миёна; таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии таълимӣ-методӣ; фаъол гардонидани истифодаи воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти иттилоотӣ-дарккунӣ; ташкили маҳфилҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Маркази кӯдакону наврасон, мактабҳо, дигар муассисаҳои таълимӣ; ташкили марказҳои машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳо, бо теъдоди зиёд чоп кардани китобҳои дарсӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои кӯдак; таҳқиқи вазъи корҳо дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар ҷумҳурӣ; истифодаи воситаҳои ҳозиразамони техникӣ; омӯзиши таърихи ҳуқуқҳои миллӣ, таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон.

Дар доираи Барнома бо иштироки Вазорати маориф, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ходимони Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ ва дастгирии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон, Маркази САҲА дар шаҳри Душанбе барномаи таълимии фанни «Ҳуқуқҳои инсон» таҳия гардида, нахустин бор дар ҷумҳурӣ китоби дарсии «Ҳуқуқи инсон» барои хонандагони мактабҳои миёна нашр гардид. Мутобиқи барномаи мазкури таълимӣ омӯзиши фанни мустақили «Ҳуқуқҳои инсон» дар мактабҳои миёна (синфҳои 10-11) дар ҳаҷми 136 соат пешбинӣ шудааст.

Аммо ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон танҳо бо омӯзиши ҳуқуқҳои инсон дар мактабҳои миёна маҳдуд намешавад. Раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон аз хурдсолӣ шурӯъ гардида, тӯли тамоми ҳаёт давом мекунад. Омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон категорияҳои гуногуни аҳолии синну солашон гуногунро фаро мегирад. Ба таври дигар гӯем, фарҳанги ҳуқуқҳои инсон фарҳанги тамоми аҳолӣ ва умуман ҷомеа аст. Вай аҳамияти ҳам дохилидавлатӣ ва ҳам байналмилалӣ дорад.

Ба ҷуз ин ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон ҳадди ақали зарурии маълумотнокии ҳуқуқии аҳолиро умуман дар назар дорад. Бо ин мақсадҳо омӯзиши ҳуқуқҳои инсон байни хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, байни кӯдакони ятим, кӯдакони бепарастор, кӯдакони маъюб, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, байни занон, нафақагирон, муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, шахсони боздошт ва дастгиршуда пешбинӣ мешавад.

Ташкили таълими ҳуқуқҳои инсон ва низоми идоракунии раванди таълим дар Тоҷикистон чор сатҳро фаро мегирад: 1) сатҳи ҷумҳуриявӣ – Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои маориф, адлия, корҳои дохилӣ, дигар вазоратҳо ва идораҳо; 2) сатҳи вилоятӣ ва шаҳрӣ (шаҳри Душанбе) – раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, идораҳои вилоятии маориф, адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ; 3) сатҳи ноҳиявӣ – раисони ноҳияҳо, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ; 4) сатҳи худидоракунӣ – ҷамоати шаҳракҳо ва деҳот.

3.Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори

оммаи ватанӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар

таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон

Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон иштироки васеи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, оила, мактаб, аҳолиро дар тарғиби арзишҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқӣ, таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар назар дорад. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон кори тамоми аҳолӣ, умуман ҷомеа, аз ҷумла давлат буда, дар раванди мазкур фаъолона иштирок кардани мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои худфаъолият, воситаҳои ахбор, категорияҳои гуногуни аҳолиро талаб менамояд. Иштироки ташкилотҳои гуногуни сохтории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд дар фазои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, дар шароити гуногунандешии идеологӣ ва сиёсӣ сурат мегирад. Зиёда аз он, ташкил ва идоракунӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ғайримарказонӣ аст. Ҳукумат ва мақомоти марказӣ баъзе салоҳиятҳоро дар соҳаи таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба зиммаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон вогузоштаанд, ки имконият медиҳанд, онҳо ба захираҳои инсонӣ, моддӣ ва молиявӣ озодона соҳибихтиёрӣ кунанд. Дар кори таъмини муташаккилӣ дар соҳаи омӯзиши ҳуқуқҳои инсон фармонҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат, таҳияи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, барномаҳо ва дастурҳои Вазорати маориф нақши муҳим мебозанд.

Дар шароити инқилоби умумиҷаҳонии иттилоотӣ-технологӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон пайваста боло меравад. Воситаҳои ахбори омма дар тарғиби арзишҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда, бохабарсозии аҳолӣ аз ин арзишҳо, тарғиби иттилоот дар байни категорияҳои гуногуни аҳолӣ нақши муҳимеро иҷро мекунанд. Дар асоси кафолати конститутсионии озодии иттилоот истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби аҳолӣ беш аз пеш вусъат меёбад. Таъсиси рӯзномаҳо, маҷаллаҳои нав ба нав, шабакаҳои телевизионӣ, барномаҳои радио аз вусъати тарбия дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар саҳифаҳои матбуот ва барномаҳои дигар воситаҳои ахбори омма гувоҳӣ медиҳад.

Фарҳанги ҳуқуқҳои инсони алъон дар Тоҷикистон ташаккулёбанда қисми фарҳанги умумиҷаҳонии ҳуқуқҳои инсон мебошад. Бинобар он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ (Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон, Маркази САҲА дар шаҳри Душанбе, намояндагии Институти кӯдакона оид ба ҳуқуқҳои инсон ва ғайра) нақши муҳим мебозанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: сиёсати давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, ҳадафҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, вазифаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, марҳилаҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, сатҳҳои омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *