Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҷазои қатл: ҷонибдорон ва муқобилон

1. Мафҳум ва намудҳои ҷазои қатл

Ҷазои қатл амали аз ҷониби қонун ҷозатдодашуда бобати аз ҳаёт маҳрум кардани одам ба сифати ҷазо барои ҳуқуқвайронкунии содиршуда, одатан ҷинояти махсусан вазнин, аст. Ба андешаи мутахассисон решаҳои пайдоиши ҷазои қатлро дар қасоси муқаррарӣ ё қасосе бояд ҷуст, ки ҳадафаш дар маҷмӯъ барқарор кардани «адолат» аз рӯи мақоли «ҷон ба ҷон» ё «хун ба хун» аст.

Дар таърих марҳалаҳо ва мамлакатҳое маълуманд, ки ҷазои қатлро истифода намекарданд. Дар «Ҳақиқати рус» («Русская правда») — нахустин сарчашмаи хаттӣ оид ба ҳуқуқи русӣ (асри Х) ҷазои қатл зикр нагардидааст. То рӯзҳои мо ин васияти Владимир Мономан расида: «Накушед ва куштан нафармоед, ҳатто агар касе ба марги каси дигаре айбдор бошад». Дар таърихи давлати Рус ҷазои қатл нахустин маротиба (ҳарчанд дар амал, бешак, пештар ҳам вуҷуд дошт) дар навиштаҷоти оинномавии Двина (соли 1389) таҳким бахшида шудааст. Дар Аврупои асрҳои аввали миёна одами озод ҳама гуна ҷинояти содиркардаи хешро, ҳатто агар барои он ҷазои қатл (аз ҷумла куштори барқасдона) раво бошад, харидорӣ карда метавонист. Дар Португалия ҷазои қатлро ҳанӯз соли 1867 комилан бекор карданд. Ин дар Аврупо нахустин мамлакате буд, ки чунин тадбир андешид. Байни дигар мамлакатҳои аз истифодаи ҷазои қатл ҳанӯз дар асри Х1Х дасткашида инҳо ҳастанд: Венесуэла (1864), Коста-Рика (1880), Голландия (1870).

Аммо, умуман, таърих шоҳиди истифодаи усулҳои бераҳмонатарин ва миқёсан калони ҷазои қатл аст. Дар замонҳои қадим ҳатто барои кирдори ночизе, алалхусус агар он аз ҷониби одами тоифаи паст ё ғулом содир мегардид, ҷазои қатлро раво медиданд. Масалан, дар Англияи асрҳои миёна ҳатто барои дуздии ночизе воқеан шумораи зиёди чунин гунаҳкоронро ба дор меовехтанд. Танҳо дар ноҳияи Тайберни Лондон (ҷои қатли одамони оддӣ) дар замони шоҳии Эдварди У1 ҳар сол ба ҳисоби миёна то 560 нафар одамро ба қатл мерасонданд. Гунаҳкоронро барои қонуншиканиҳои интизомӣ дар флот дар сутуни бодбони киштӣ меовехтанд, барои набаҳрасозӣ дар об ё равғани гарм меҷӯшонданд (то асри ХУ11). Умуман, бо ҳукми суд ба содиркардагони 123 навъи ҷиноят ҷазои қатл раво дида мешуд.

Байни усулҳои ҷазои қатли дар асрҳои миёна маъмул инҳо буданд: пора-порасозӣ, аз қабурға овехтан, сӯзондан, дар замин зинда гӯрондан, дар об ғарқ сохтан ва ғайра.

Дар Фаронса соли 1792 мошини сарбурӣ ихтироъ гардид ва минбаъд ҳамаи ҷазоҳои қатл ба воситаи он ба ҷо оварда мешуданд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, чуноне маълум аст, барои иҷрои ҷазои қатл дар асри Х1Х курсии барқӣ (электрикӣ) ихтироъ карданд. Дар мамлакатҳои алоҳидаи Шарқи наздик ҳанӯз ҳам аз усулҳои қадимии ба иҷро расонидани ҷазои қатл, чун бо санг зада куштан (сангборон), буридани сар бо шамшер, ба дор овехтан ва ғайра истифода мекунанд.

Вале ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки дар Германияи гитлерӣ ҷазои қатл бо усули конвейер сурат гирифт. Камераҳои газӣ, ба дор кашиданҳо, тирборон карданҳо, озмоишҳои ғайриинсонӣ бо маҳбусон аз ҷумлаи танҳо баъзе усулҳоеанд, ки бо онҳо дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ миллионҳо одамон ба қатл расонда шуданд.

Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки тавре маълум аст, бо мақсади дигар такрор нагаштани даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қабул гашт, эълом гардида буданд. Ва аз ҳамин лаҳза баҳисобгирии эътирофи арзиши бунёдии ҳуқуқ ба ҳаёт на дар сатҳи мамлакатҳо ва фарҳангҳои миллии алоҳида, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ шурӯъ гардид. Дар ибтидо ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон имконияти истифодаи ҷазои қатлро аз ҷониби давлатҳои иштирокдор истисно накарда, чун масалан, дар моддаи 6-и ПБҲШС маҳдудиятҳо пешбинӣ менамуданд: ҳукми қатл метавонад танҳо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят татбиқ мешуд, бароварда шавад; ҳукми қатл барои ҷинояте, ки аз тарафи ашхоси аз ҳаждаҳсола поёнтар содир карда шудааст, бароварда намешавад ва нисбат ба занони ҳомиладор ба иҷро расонида намешавад; ин ҷазо метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои ҳукмномаи қатъие, ки аз тарафи суди босалоҳият бароварда шудааст, иҷро карда шавад; ва ҳар касе, ки ба ҳукми қатл маҳкум шудааст, ҳақ дорад, афви гуноҳ ё сабук кардани ҳукмро хоҳиш намояд.

Дар айни замон Аврупои баъдиҷангӣ бо он характернок аст, ки дар мамлакатҳои гуногун яке аз паси дигар ҳукми қатл бекор карда шуданд: дар Ҷумҳурии Федералии Олмон – соли 1949, дар Британияи Кабир – соли 1969, дар Испания – соли 1980 ва ғайра. Соли 1980 Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо (АПША) қарор дод ба парлумонҳои он давлатҳои узви Шӯрои Аврупо, ки ҷазои қатлро барои ҷиноятҳои дар замони осоишта содиршуда нигоҳ медоштанд, бо даъвати истисно кардани он аз низоми судию ҳуқуқии худ муроҷиат намояд. Ба ин тариқ, ҳуқуқи дар моддаи 2-и Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон (КАҲИ) кафолатдодашуда ба ҳаёт бо иловасозии Протоколи №6 ба Конвенсия васеъ гардонида шуд. Дар моддаи 1-и Протоколи мазкур омадааст, ки «ҷазои қатл бекор карда мешавад. Ҳеҷ касе наметавонад ба ин ҷазо маҳкум гардад ё қатл шавад». Минбаъд Протоколи №13 ба КАҲИ қабул гардид ва дар айни замон Аврупо «минтақаи озод аз ҷазои қатл» аст.

Соли 1989 Ассамблеяи Генералии СММ Протоколи дуюми факултативиро ба Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қабул кард. Ин протокол давлатҳои ҳуҷҷати мазкурро тасдиқкарда ва ба имзо расонидаро вазифадор месозад, ки аз истифодаи ҷазои қатл дар замони осоишта даст кашанд.

Дар миёнаи соли 2007-ум 87 мамлакат ҷазои қатлро барои ҳама гуна ҷиноятҳо бекор карданд. Ҳанӯз 10 давлат онро барои ҷиноятҳои махсусан вазнини дар давраи ҷанг содиршуда нигоҳ дошта, имконияти истисноии таъин кардани ҳукми қатлро барои кирдорҳои ба ном умумиҷиноятӣ пешбинӣ намудаанд. 30 мамлакат ҷазои қатлро дар амал бекор карданд, яъне ҳукми қатлро дар 10 соли охир ба иҷро нарасондаанд ва минбаъд ҳам мораторияро нигоҳ медоранд ё ба таври расмӣ барои иҷрои ҳукмҳои қатл моратория эълон кардаанд.

Ба ин тариқ, дар айни замон 129 мамлакати ҷаҳон ҷазои қатлро қонунан ё дар амалия бекор кардаанд ва 68 мамлакат онро нигоҳ дошта, истифодаашро давом медиҳанд.

Ғояи бекор кардани ҳукми қатл дар ҷаҳон на танҳо байни элитаҳои сиёсӣ (зеро маълум аст, ки дар бисёр мамлакатҳо қарор дар бораи бекор кардани ҷазои қатл бар хилофи афкори ҷамъиятӣ оид ба ин масъала қабул гаштаанд), балки теъдоди зиёди гурӯҳҳои ҷамъиятии гуногун низ дастгирии беш аз пеш пайдо мекунад. Инак, мисоли ҳайратангези дастгирии афзояндаи ҷамъиятӣ: ҳар боре, ки дар ягон гӯшаи ҷаҳон дар бораи мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми қатл ё дар бораи сабуксозии ҳукм қароре қабул гардад, дар Рим ду шабонарӯз паи ҳам Колизей бо прожекторҳо равшан карда мешавад. Вай ҳамчунин ҳар бор, вақте дар ягон мамлакат ба ҷазои қатл мораторий эълон гардида, ё ҷазои қатл бекор карда мешавад, равшан мегардад.

2.Далелҳои «ҷонибдорон» ва «муқобилон»-и ҷазои қатл

Ба таври анъанавӣ чунин маҳсуб мешуд, ки ҳукми қатл на танҳо чораи ҷазодиҳанда, балки «тарсонанда»-ю ҳифзкунанда низ мебошад. Маҳз нигоҳдории он гӯё паст кардани сатҳи ҷинояткориро имконпазир мегардонад. Далели дигари ҷонибдорони ҷазои қатл дар тасдиқоте ифода мегардад, ки барои навъҳои алоҳидаи ҷиноятҳое чун кушторҳои силсиланоки бо таҷовузи хурдсолон содиршуда ба ҷуз ҷазои қатл ҷазои дигаре буда наметавонад ва ин махсусан бо дар назардошти азиятҳои аз сар гузаронидаи ҷабрдида ва хешовандони ӯ ҷазои аз ҳама одилона аст. Ин боз ба он сабаб ҷазои дурусту арзанда аст, ки чунин категорияи ҷинояткорон махсусан хатарноку дигар ислоҳнашавандаанд ва дар ҳолати маҳрум гардонидан аз озодӣ онҳо метавонанд аз маҳбас фирор намоянду аз нав ба сари ҷомеа таҳдид ба бор оранд. Боз дигар даъвоҳои нигаҳдории ҷазои қатл мавҷуданд, масалан, мисли он ки ҷомеа ҳанӯз ба дараҷаи инсондӯстӣ ва тамаддуни асил «пухта нарасидааст» ва аксари аҳолии мамлакат мавҷудияти ҷазои қатлро ҷонибдорӣ мекунанд ва ба ин сабаб он набояд бекор карда шавад.

Ҷонибдорони бекор кардани ҷазои қатл низ дар навбати худ бисёр далелҳои характери динӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ-маънавидошта ва ғайра меоранд. Масалан, далелҳои динӣ-фалсафӣ бар зидди ҷазои қатл дар ғояе ифода мегардад, ки агар ҳаёт ба одам аз боло (аз Худованд, ақли олӣ ё табиат) дода шуда бошад, пас ҳалли масоили ҳаёту мамот низ дар ҳукми одам нест ва давлат наметавонад функсияи аз ҳаёт маҳрум сохтани одамро соҳибӣ кунад.

Ҷонибдорони бекор кардани ҷазои қатл ҳамчунин дар бораи инсондӯстӣ, арзишмандии ҳама гуна ҳаёти одамӣ, ҳатто одами ҷинояти аз ҳама вазнин содиркарда бо эҳтимолияти ислоҳшавии вай даъвоҳо пеш меоранд. Баъзеҳо вайрон кардани фармоиши динии «Накуш»-ро аз аз ҷониби давлат чун рафтори бадахлоқона маънидод мекунанд. «Агар давлат манъи куштори бадқасдонаро ҷорӣ намояд, пас ҷавобан ба он куштани одами ин манъикуниро вайронкарда аз ҷониби худи давлат бадахлоқӣ асту маъние надорад», — мегӯянд онҳо. «Ҷазои қатл аз он ҷиҳат бефоида аст, ки ба одамон мисоли бераҳмӣ медиҳад», — гуфтааст мутафаккири маъруфи давраи маорифпарварии Италия Чезаре Беккариа, — «ба рӯҳи одам на сахтии ҷазо, балки давомнокии таъсиррасонии ахлоқии он таъсири бештаре мерасонад». Тавре Ташкилоти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи «Афви байналхалқӣ» тасдиқ менамояд, бекор кардани ҳукми қатл дар Аврупо ба бад шудани вазъи ҷиноӣ боис нашуд. Мутахассисон алоқамандии байни ҷинояту ҷазоро таҳқиқ карда, қайд мекунанд, ки ҷазо вазнин нест, балки ногузирии он (тарсу ваҳми дастгир шудан) вазнинтар буда, чун қоида, ҷиноятпешагонро аз содир кардани ҷиноят бозмедорад.

Даъвои дигаре бар зидди ҷазои қатл ба он асос пешниҳод мешавад, ки ин чораи ҷазодиҳӣ ба сабаби истисноӣ буданаш аллакай имконият намедиҳад, ки хатоҳои судии ҳангоми баровардани ҳукми қатли ба амаломада ислоҳ карда шаванд. Ба сифати мисол чунин маълумотҳои «Афви байналхалқӣ» оварда мешавад, ки аз соли 1973 инҷониб дар ИМА 124 ҳукми қатл ба сабаби пайдошавии далелҳои нави тасдиқкунандаи содир нагардидани ҷиноят аз тарафи маҳкумшудагон бекор карда шуданд, ҳол он ки баъзе аз ин ҳукмҳо аллакай ба иҷро расонида шуда буданд.

? Шумо дар бораи ҷазои қатл чӣ андеша донед? Чиҳати «ҷонибдорӣ» ё «муқобилият» ба ҷазои қатл боз чӣ даъвоҳое пешниҳод карда метавонед?

3.Ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) барои 47 навъи ҷиноят ҳукми қатл баровардан мумкин буд. Ин, албатта, хеле бисёр аст. Бо фарорасии сулҳу ризоият мамлакат ислоҳоте гузаронд, ки ба инсонгароии низоми судию ҳуқуқӣ нигаронида шуд. Тадриҷан шумораи навъҳои ҷиноятҳои сазовори ҷазои қатл камтар гардиданд. Кодекси нави ҷиноятии соли 1998 ҳукми амал пайдокарда акнун аз рӯи 15 моддаи КҶ ҷазои қатл пешбинӣ менамояд. Соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид гардида, теъдоди ҷиноятҳои сазовори ҷазои қатл то 5 (куштор, таҷовуз, терроризм, биосид, геносид) кам карда шуданд. Аллакай баъди як сол дар Тоҷикистон моратория (муваққатан боздоштани амал) барои баровардани ҳукми қатл ва ба иҷро расонидани он ҷорӣ карда шуд, ки аз апрели соли 2004 то ба имрӯз амал менамояд. Дар Кодекси ҷиноятӣ тағйироте ворид гардиданд, ки имконият медиҳанд, ба сифати алтернативаи ҷазои қатл ҷазои якумрӣ маҳрум кардан аз озодӣ таъин карда шавад. Ҷорӣ намудани ин навъи ҷазо, ҳамчунин то чи андоза мувофиқи мақсад будани бекор кардани ҷазои қатл чи байни мутахассисон ва чи дар матбуоту дигар воситаҳои ахбори омма боиси баҳсу мунозираҳои зиёде шуданд. Қисми зиёди ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳаҳои дигар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин иқдоми Ҳукуматро дастгирӣ карданд, ҳарчанд ба таври умумӣ мувофиқи натиҷаҳои пурсиши афкори ҷамъиятӣ қисми зиёди аҳолӣ (бо шумораи андаке зиёди овозҳо) бекор шудани ҳукуми қатлро манфӣ арзёбӣ намуд.

Бо вуҷуди ин Тоҷикистон ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ пайравӣ карда, ба шумули мамлакатҳое, ки аз истифодаи ҷазои қатл дар амал даст кашиданд, ҳамроҳ шуд.

Ҷанбаи дигари ҳуқуқ ба ҳаёт, ки марбут ба манъи худсарона аз он маҳрум кардан аст, дар Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои конститутсионӣ ва ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардонда мешавад.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар касе, ки ҳуқуқи ҷудонопазири инсонро ба ҳаёт вайрон мекунад, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии сахттарини ҷиноӣ кашида мешавад. Ҷазо бо дар назардошти амали моратория ба ҳукми қатл метавонад то якумрӣ маҳрум кардан аз озодӣ таъин гардад. Кодекси ҷиноятӣ аз ҷумла чунин навъҳои ҷинояти дар моддаи 104 нишондодашударо чун одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар бо ҳолатҳои вазнинтарин (яъне куштани ду шахс ва бештар аз он; кӯдаки хурдсол ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳкор аён аст; марбут ба одамдуздӣ ё гаравгонгирӣ аст, одам бо бераҳмии махсус кушта шудааст; одам аз ҷониби гурӯҳи ашхос кушта шудааст; одам бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ ё бандитизм кушта шудааст; одам бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ кушта шудааст; одам бо мақсади истифодаи узвҳои одам ё бофтаҳои ҷабрдида кушта шудааст ва дигар ҳолатҳои вазнин) пешбинӣ менамояд.

Кодекси ҷиноятӣ ҳамчунин барои маҳрум кардани одам аз ҳаёт, ки бо шаклҳои дигари ҷиноят содир шудаанд, масалан, моддаи 105- кӯдаки навзоди худро куштани модар, моддаи 106 – одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун) ва дигар ҳолатҳои ба марги одам овардарасонанда, аз ҷумла аз беэҳтиётӣ ба марг расондан чун дар ҳолати расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ҷазоҳо пешбинӣ намудааст.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ҳифзи ҳаёти одамро қарзи муқаддаси хеш дониста, ҳамзамон дигаронро низ вазифадор месозад, ки онҳо ин ҳуқуқи табиии инсонро ҳифз кунанд. Қонун ҳаёти ҳар як одамро, сарфи назар аз синну сол, ҷинсият, миллат ё баромади иҷтимоӣ, ҳифз мекунад.

Инъикоси маънии ҳаёт дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик. Мутафаккирони форсу тоҷик, ки дар бунёди кохи маънавиёти воло ва фарҳанги олӣ яке аз саҳмгузорони беназир маҳсуб мешаванд, дар боби маънии зиндагӣ ва ҳаёти инсон панду андарзҳои зиёде гуфтаанд. Ҳаким Умари Хайём зиндагии инсонро аз паҳлуҳои гуногун таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки надонистани асрори он барои мо номумкин аст:

Асрори азалро на ту дониву на ман,

Ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,

Чун парда дарафтод на ту мониву на ман.

Ё дар ҷои дигар мегӯяд:

Ҳафтоду ду сол фикр кардам ба суҷуд,

Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълумам нашуд.

Дар баробари ин номуайянии будани табиати инсон бузургони мо ба кушодани маънии ҳаёт ҳаргиз бетараф набуданд ва кӯшидаанд, ки инсоният дар ин олами гузаро мавқеи сазовори худро ишғол намуда, барои имрӯзиёну фардоиён хизматҳои арзанда намояд. Бузургвор Рӯдакӣ мефармояд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар он нигарӣ.

Ҳамчу дарёест в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Саъдии бузургвор маънии инсон ва зиндагии ӯро дар хилъати маънавӣ ва накӯӣ дида менависад:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба ҳаёт, эвтаназия, ҷазои қатл, моратория ба ҷазои қатл, куштор.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *