Фанни Ҳуқуқи инсон

Эҳтироми пиронсолӣ – қадр ва шарафи ҳар инсон

Тавре Шумо дар хотир доред, дар Принсипҳои СММ нисбат ба одамони пиронсол таъкид шудааст, ки ба пиронсолон бояд аз ҷониби оила ва ҷамоаҳо нигоҳубин таъмин карда шавад. Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон сухан ронда истода мову шумо вазифаҳои волидонро бобати ғамхорӣ кардан дар ҳаққи фарзандони худ қайд карда будем. Вале вақте фарзандон калон мешаванд, дар онҳо ӯҳдадориҳои ҷавобӣ нисбат ба волидони пиронсоли худ пайдо мегарданд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Қисми 2-и моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин муқаррарот инъикоси худро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ёфтааст. Дар моддаи 88-и кодекси мазкур омадааст: «Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд». Агар онҳо ин ӯҳдадории худро ба ҷо наоранд, волидони пиронсоли эҳтиёҷманд метавонанд тавассути суд масалан, дар ҳолатҳое чун бемории вазнин, маъюбӣ, зарурати пардохти ҳаққи нигоҳубини берунӣ барои худ алимент талаб намоянд. Агар суд муқаррар намояд, ки қаблан волидон аз иҷрои вазифаҳои падарӣ ё модарии худ саркашӣ карда буданд, фарзандони онҳо метавонанд аз вазифаи нигоҳубини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи кӯмаки худ озод карда шаванд.

Эҳтиром ба калонсолон аз анъанаҳои наҷиби қадимии халқи тоҷик аст. Ҳамаи мо аз овони кӯдакӣ ин қоидаҳои рафторро нисбат ба пиронсолон хуб медонем; ба онҳо роҳ додан ё ҷой холӣ кардан дар нақлиёт; аввалин шуда, ба онҳо салом додан; ҳамеша ба кӯмаки онҳо шитофтан; ба онҳо боэҳтиромона муносибат кардан; дуои онҳоро гирифтан; фикри онҳоро ба назар гирифтан ва ғайра. Ва боз бисёр қавонини нонавиштаи эҳтироми калонсолон мавҷуданд, ки ҳатто дар саҳафоти адабиёти классикии тоҷик инъикоси худро ёфтаанд.

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,

Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.

Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,

Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.

Умари Хайём

Дар илми ғарбӣ табъизи ба синну сол асосёфтаро эйҷиз меноманд, сарчашмаҳои он дар бетафовутӣ, муносибати дағалона нисбат ба калонсолон нуҳуфтааст. Мо бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки ин навъи табъиз барои мамлакати мо, ба ҳар ҳол дар сатҳи маишӣ, хос нест.

? 1.Вале оё принсипи иштироки одамони пиронсол дар ҳаёти сиёсӣ, давлатӣ ба андозаи кофӣ риоя мегардад? Оё пиронсолии бофароғати онҳо таъмин карда шудааст? Шумо дар ин хусус чӣ андеша доред?

2.Чун анъанаҳои халқӣ Шумо боз кадом мисолҳои эҳтирому арҷгузориро ба одамони пиронсол оварда метавонед?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: эҳтироми пиронсолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи волидон,, шаъну эътибори одамони пиронсол.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *